Перейти к основному содержанию

03 марти соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паём таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо иштироки роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ машварати корӣ доир гардид.

Зимни ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба масъалаи таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса равона гардид.

Гуфта шуд, ки мо бояд базаи техникии муассисаҳои илмиро мустаҳкам намуда, барои олимону кормандон ва хусусан муҳаққиқони ҷавон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварем.

Ҳамзамон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ироаи Паём бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи Институти химия озмоишгоҳи наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.

Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024 масоили мубрами пайванди илм бо истеҳсолотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани илм ва расидан ба натиҷаҳои илмии бозоргир ба муассисаҳои дахлдор аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа ҷиҳати пайванди илм бо истеҳсолот ин таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техинкаву технологияҳои муосир дар пояи муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои пурра таъмин намудани заминаи модиву техникии муассисаҳои илмӣ, харидории озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техникаву технологияҳои нав иқдомҳои муҳим рӯи кор омада истодаанд.