Перейти к основному содержанию

Баррасии ҷойгоҳи зан дар густураи жарфи таърих аз ду зовия сурат мегирад: аз назари ҷинсият (gender) – шакли иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равоншинохтӣ ва нишон додани тафовут миёни мардон ва занон; аз лиҳози қудрат (authority) - қудрат/иқтидор бартарии иҷтимоӣ, табиӣ дар ҷомеа аст.

Зан зеботарин вожаи офариниш, муассиртарин омили саломатии ҷисмиву равонии фарзанд, ҳамсар ва ҷомеа аст. Вожаи зан аз ҷании [jani]-и эронии бостон ва guenī-и ҳиндуаврупоӣ маншаъ гирифта, имрӯз дар бархе аз забонҳои эронӣ ба гунаҳои ҷан (балуҷӣ), жин (курдӣ), жан (гуронӣ) роиҷ аст.

Тахминан даҳ ҳазор сол пеш аз мелод занон нигаҳбони оташ буданд. Дар ҳазораҳои ҳафту ҳашт дар умури зиндагӣ вазоифи гуногунро иҷро намуда, ба мақоми илоҳӣ расида, ҳамчун намод парастиш мешуданд. Дар ҳазораи панҷуми п.м. занон корҳои сафолгарӣ, бофандагӣ ва кишоварзиро анҷом медоданд. Дар ҳазораи дувуми п.м. мевачинӣ, домпарварӣ аз вазоифи хонадории занон маҳсуб меёфт.

Зан дар аҳди бостон корҳои хона ва хонаводаро идора мекард ва аз неруи шигифтангезе бархурдор буд, зеро дар ҷомеаи модарсолор ба неруи қудрат, ҷавҳари ҳаёт ва устурагуна будани ӯ қоил шуда, ӯро ба мақоми эзадӣ расонида буданд, ки мавҷудияти эзадбону Аноҳито гувоҳи ин гуфтаҳост. Аноҳиторо эзадбонуи обҳои ҷаҳон, илоҳаи ҳосилхезӣ ва борварӣ мешумурданд ва дар Яшти панҷуми Авесто - Ардвисур Аноҳито яшт (обон яшт) парастиш шудааст:

126.Намоён ситод' аст [ин дам]

‐ Ардвии сурҳан Аноҳита

духтаре нозанин, зебо,

рехтаву баландболо,

таҳам, камар баста баланд,

тандуруст, озода, ройманд,

ҷомаи бад гарон бар тан

зарнигор бо ҳазор озин.

127. Бад-он барсуми дар дар даст-ш,

ба гушвори зар, чортарка,

баростӣ шигарфу зебосту

бонуи бас фарҳехта[`ст] Адвисура Аноҳита (3).

Аммо оғози асри хирад поёни нақши устураӣ ва сутурги занро рақам мезанад. Дар даврони Ҳахоманишиён вазоифи занон маҳдудтар шуд, аммо мақоми онҳо дар умури сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳамчунон боқӣ монд. Ёдгориҳои лавҳаҳои гилини девони Тахти Ҷамшед аз нақши пуррангу муассири занони хонадони салтанатӣ ба мисли маликаҳо Ртастана, Апокиш, Отусо – духтари Куруши кабир ва ҳамсари Дориюш, амлоку коргоҳҳои бузургро идора кардани онҳо ёдовар мешаванд. Тибқи нигораҳои ин лавҳаҳо духти либос, яъне дӯзандагӣ ба зиммаи занон буда, дастмузди занону мардон баробар буда, зан метавонист барои таваллуди кӯдак мураххасӣ гирад. Лавҳаҳои гилини Тахти Ҷамшед аз мақоми зан дар замони ҳукмронии Дориюши бузург ва назир надоштани он дар миёни дигар мардумони ҷаҳони бостон гувоҳӣ медиҳанд (1;5).

Дар даврони Ашкониён дар хонадони салтанатӣ бисёрзанӣ роиҷ буд, аммо танҳо як зан нигаҳдории конуни хонаводагиро бар уҳда дошт ва дар сурати норозӣ будан аз ҳамсар метавонист талоқ бигирад. Дар миёни авом доштани як зан маъмул буд, зеро мард наметавонист ба осонӣ ҳамсари худро талоқ диҳад. Дар ин давра занон дар сари қудрат ва умури ҳукуматдорӣ ширкат доштанд ва дар таърих исми шаҳбону Музо ба унвони подшоҳ боқӣ мондааст.

Дар ҷомеаи мардсолори Сосониён сарварии хонавода ба зиммаи мард буд, аммо тасмимот дар мувофиқа бо зан гирифта мешуд. Дар китоби фиқҳи зардуштӣ “Ривояти Озарфарнбағи Фаррухзодон”, ки иборат аз 148 пурсишу посух аст, дар мавриди солории мард дар хонавода омадааст:

“1. Пурсиш: Марде, ки ӯро духтаре ҳаст ва вайро ду мард ба занӣ мехоҳанд ва падар ба марде диҳад, духтар бо он мард мувофиқ набошад ва майлаш ба марди дигар бошад, (оё) ихтиёр бо падар аст ё бо духтар? Ва агар падар ба майли духтар рафтор накунад, оё духтар ихтиёри солор гирифтан ва шавҳар кардан дорад? Ва агар бигирад, (оё он) духтар подшоҳзан аст ё на?

Посух:

Чунон ки ман медонам, падар ихтиёри солорӣ додан дорад (ва) то вақте зинда аст, ҳар гоҳ лозим бошад, ихтиёри бозистодани солориро (ҳам) дорад, аммо бо мувофиқати зан ва солор ғайр аз он нест, то падар зинда аст, шавҳар фақат бо мувофиқати падар аст ва пас аз падар фақат бо мувофиқати солор ҷуз он натавон кард” (4,18).

Ва бо ризояти падар ихтиёр – солорӣ ба духтар дода мешавад:

“19.Пурсиш:

Марде, ки духтари хешро гӯяд, ки туро ба тани хеш солор ва подшоҳ кардам, (дар сурате ки) духтар болиғ ё ноболиғ (бошад), он гоҳ солориаш бо кист?

Посух:

Чунон ки ман медонам, агар духтар болиғ бошад ва (падараш) гӯяд, ки туро ба тани хеш солор ва подшоҳ кардам, солорӣ ба ин духтар мерасад, (аммо) агар духтар ноболиғ бошад, он гуфтаро набояд ба чизе дошт (эътибор надорад)” (4,21).

Дар ин даврон ҳуқуқи занон дар хонавода низ кам набуд, зеро ӯ ҳаққи моликият дошт ва аз бадрафтории шавҳар ба додгоҳ метавонист шикоят барад ва талоқ танҳо бо ризояти тарафайн сурат мегирифт.

Паймонномаҳои издивоҷ дар миёни ақвоми эронӣ роиҷ буда, намунаи чанде аз онҳо ба забонҳои форсии миёна, суғдиву бохтарӣ то замони мо боқӣ мондааст ва ин суннат аз даврони Ҳахоманишиҳо омадааст. Ногуфта намонад, ин гуна паймонномаҳо (брачный контракт/ marriage contract) дар ҷаҳони муосири мутамаддини Ғарб дар авохири қарни ХХ пайдо шудаанд. Ҳадаф аз ин паймонномаҳо ҳифзи ҳуқуқи тарафайн буд. Паймонномаҳои шаҳрвандон маъмулан дар шакли хаттӣ ва ақди динӣ шифоҳӣ анҷом мешуд. Дар ин паймонномаҳо масъалаи вазоифи мард, ҳаққи мерос, ҳуқуқи тарафайн ва шартҳои талоқ сабт шудааст. Дар паймонномаи суғдӣ зан ҳаққи талоқ талаб карданро аз шавҳар дошта, молики амволи шавҳар буда, ҳангоми ҷудо шудан ба ними амволи шавҳар ҳақ дорад. Ҳамчунин дар ин паймонномаҳо аз мамнуъ будани бисёрзанӣ сухан меравад.

Дар санади дигари суғдӣ, ки исми санад ё ваколатномаи арус (vuδkarnē ət nāmē- “bride’s document”)-ро дорад, домод вазоифи худро ба зимма гирифта, ба сарвари хонаводаи арус онро месупорад (9).

Шавоҳиде низ аз рӯзгори сахти занҳо дар хонавода бар ҷой мондааст. Инҳо ёдгориҳое аз забони суғдианд, ки рӯзгори талхи зани суғдӣ ва ҳаёти номуваффақи ӯ пас аз издивоҷ ва кашидани заҷру ранҷ дар муҳоҷиратро бозгӯйӣ мекунад. Ду номаи пур аз ҳасрати ҷудоӣ ва мусофирати зани суғдӣ – Меванӣ ба модар ва шавҳараш аз Чин ба Суғд, ки дар авҷи фақру ноумедӣ қарор дошт, хеле ғамангез аст:

Ба бағ (соҳиб, ҷаноб)-и ман Нанҳидоти баландмартаба, барои адои эҳтиром бар зону афтодан, ҳамон гуна ки бар арбобони илоҳӣ тақдим мешавад! Барои касе ки мумкин аст, Шуморо солим, шод, орӣ аз беморӣ ва бо ҳама бубинад, рӯзи хубе хоҳад буд ва вақте хабари саломатии шуморо мешунавам, ҷаноб, худамро дерина (дарозумр) медонам. Аммо бубин, ман ба унвони як овора, фақир, нохуб, бадбахт зиндагӣ мекунам. Ва худамро мурда медонам. Борҳо ва борҳо барои Шумо нома мефиристам, аммо номае аз Шумо дарёфт намекунам. Пас ман аз Шумо ноумед шудам. Бадбахтии ман ин аст, ки ман ба хотири алоҳазрат се сол дар Дунҳвонг сокин ҳастам. Сафаре ба хориҷ аз бори аввал, дувум то панҷум буд. Аммо Шумо аз берун овардани ман худдорӣ кардед. Сипас, аз раҳбарони хонавода дархост кардам, ки аз ҳимояти ман ба Фарнхунд расонанд ва ӯ чунин мегӯяд: Ман на хидматгори Нанесат ҳастам ва на сармояи ӯро дорам”.

Ман низ чунин дархост кардам: “Агар ӯ аз бурдани ман ба шавҳарам дасткашӣ кард, пас барои муроқибат аз ман ба чунин ҳимояте ниёз дорам, то ӯ маро назди модарам бубарад”...

Шахси наҷибе Оберғдӣ ризоияти чиниҳоро гирифта, ба ман либос дода, маро солим нигаҳ медорад. Ва Шумо дар посух дар бораи ман ҳама дастури худро бинависед, то ман мунтазири Шумо бошам. Ва ман бояд бидонам, чӣ гуна фикр кунам ва агар мунтазири Шумо набошам, пас Шумо бароям бинависед, то бидонам бояд ба чиниҳо хидмат кунам. Дар хонаи обо ва аҷдодиям он чунон ки дар канори Шумо ҳастам (маҳҷур, муҳим) набудам. Фармони Шуморо бар сарам пазируфтам (итоат кардам) ва ба Дунҳвонг омадам ва ба гуфтори модару бародаронам гӯш надодам. Арбобони илоҳӣ аз рӯзе, ки ман дустури Шуморо анҷом додам бо ман хашмгин шуданд! Ман тарҷеҳ медодам, зани саг ё хук бошам, то зани шумо! Ва ман ... шинохтам. Фиристодаи бандааш Меванӣ...” (10).

Замони салтанати Сосониён иқтидори сиёсиву иҷтимоӣ бар дӯши мардон буд, ки шукуҳу шаҳомату эътибори мардони ин сулоларо метавон дар осори гузашта ба монанди “Таърихи Табарӣ” дид, аммо дар радифи мардони қудратманд занон ҳам ба сари қудрату салтанат омадаанд ва аз худ номи нек бар ҷой мондаанд. Аз ҷумла маликаи сосонӣ Пурондухт – духтари Хусрави Парвиз нахустин шаҳбонуи зан аз соли 630 то соли 632 мелодӣ ва пас аз ӯ хоҳараш Озармидухт дар Эрон ҳукумат кардаанд ва дар умури роҳбариву давлатдорӣ муваффақ буданд. Бино бар қавли шаҳбону “нияти хайр дорам ва бар адолат фармон медиҳам”. Дар “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ адолатхоҳии Бурондухт чунин тавсиф шудааст:

Чунин гуфт пас духти Пурон, ки ман

Нахоҳам парокандан анҷуман.

Касеро, ки дарвеш бошад зи ганҷ,

Тавонгар кунам, то намонад ба ранҷ.

Мабодо зи гетӣ касе мустаманд,

Ки аз дарди ӯ бар ман ояд газанд.

Зи кишвар кунам дур бадхоҳро,

Бар ойини шоҳон кунам гоҳро.

Фирдавсӣ фармонравоии Озармидухтро низ ситоиш мекунад:

Ҳама кор бар доду ойин кунед

Аз ин пас ҳама хишт болин кунед...

Аммо дар адабиёти мо баъзан абёти занситезонае, он ҳам аз номи шоирони номдор, ворид гардидааст, ки мусалламан маншаи он фарҳанги миллӣ нест, ба монанди

Занонро ҳамин бас бувад як ҳунар,

Нишинанду зоянд шерони нар.

Дар фарҳанги асрҳои миёна мақоми зан, ҳуқуқи хонаводагии зану мард фалсафаи хосе дорад ва он бар пояи аҳкоми шариат бунёд ёфтааст. Ҷойгоҳи зан ва ҳуқуқи ононро дар ояти зер мебинем: “Ва занонро бар мардон ҳаққе аст. Ҳамчунон ки мардонро бар занон, бар асоси он чи ки саҳеҳ аст, ва мардонро бар онон ба мизоне бартаре аст” (Сураи Бақара, ояи 228).

Дар китоби “Низоми ҳуқуқи зан дар Ислом” омадааст, ки “ҳуқуқ ва вазоифи як зан мусовии як мард аст, аммо илзоман мушобеҳи онҳо нест. Мусовот (баробарӣ) ва мушобеҳот (якнавохтӣ) ду мафҳуми комилан мутафовит ҳастанд”, зеро зану мард шабеҳи ҳам нестанд, аммо баробар халқ шудаанд. Аз нигоҳи Ислом дар умури хонаводагӣ, зан рисолати модарӣ ва мард рисолати падариро анҷом медиҳад; зан барои аъмоли некаш подоши арзанда мегирад; зан барои таҳсилу дониш андухтан, озодии баён бо мард ҳуқуқи баробар ва ҳаққи мерос дорад (8,75).

Намунаи боризи мақому манзалати занро дар шарқи асримиёнагӣ метавон дар китоби “Симои ду зан”-и адабиётшинос Алиакбар Саидии Сирҷонӣ дид, ки ба шарҳи образҳои Лайлӣ ва Ширини достонҳои “Лайлӣ ва Маҷнун” ва “Хусрав ва Ширин”-и Ганҷавӣ бахшида шудааст: “Дар диёри Лайлӣ ҳукумати мутлақ бо хушунат аст ва мардонагӣ ба қабзаи шамшер баста аст. Ҳатто ба маросими латифе чун хостгорӣ ҳам бо табли ҷанг ва тири хаданг мераванд. Лайлӣ парвардаи ҷомеае аст, ки дилбастагӣ ва тааллуқи хотирро муқаддимаи инҳироф мепиндорад, ки натиҷааш суқуте ҳатмӣ аст. Дар муҳите чунин як лабханди кӯдакона мумкин аст ба доғе нанг шавад бар ҷабини афроди хонавода ва ҳатто қабила.

Аммо дар диёри Ширин ҳатто бар мусоҳибату муоширати марду зан монеае нест. Писарону духтарон бо ҳам менишинанд ва бо ҳам ба гардишу шикор мераванд ва бо ҳам дар ҷашнҳо, меҳмониҳо ширкат мекунанд. Духтарҳо, модарон ва пирони хонаводаро мушовирони некандеши хештан медонанд. Духтаре саршинос якаву танҳо пушти асп менишинад ва бе ҳеч мулозим ва посдоре аз нофи Арманистон то қалби Тисфун метозад” (6,56). Ин ҷо муҳити зист ва ҳуқуқу озодии духтарони ориёӣ дар муқобили Лайлии қабилае аз аъроб бармалост.

Дар Инглистон асрҳои XVII-XVIII андешаҳое дар мавриди ҳуқуқи башар баён шуда, дар соли 1688 ҳуқуқи иҷтимоӣ ва сиёсии одамон дар эъломияе зикр гардид. Сад сол баъд (1776) дар конгресси Филоделефияи Амрико эъломияе дар бораи истиқлоли умумӣ мунташир шуд. Дар асри ХХ Ғарб, ки гаҳвораи демократия аст, аввалин бор ба ҳуқуқи зан таваҷҷуҳ намуда, онро бо ҳуқуқи мард баробар эътироф кард. Ахиран, дар соли 1948 эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз ҷониби Созмони милали муттаҳид қабул ва мунташир шуд, ки дар муқаддимаи он омадааст: “Аз он ҷо мардуми милали муттаҳид бовари худро ба ҳуқуқи башар ва мақому арзиши фарди инсонӣ ва тасовии ҳуқуқи марду зан дар маншур эълон кардаанд...”

Рӯйдоди муҳимме, ки ба мақоми иҷтимоии зани тоҷик ва рӯзгори суннатии ӯ тағйироти куллӣ ворид кард, ин инқилоби октябр ва бунёди ҳукумати шуравӣ буд. Ҳанӯз як моҳ пас аз инқилоби соли 1917 ҳукумати шуроҳо тамоми қонунҳои Империяи Русияро бекор карда, қонун дар бораи ҳуқуқу озодии занон ва раҳоии онҳо аз зери зулму истибдодро қабул кард ва дар соли 1918 дар моддаи 64 Конститутсияи шуравӣ “баробарҳуқуқии мардону занон дар интихобот” дарҷ гардида, минбаъд дар тули 70 сол дар тамоми асноди қонунгузорӣ иловаҳое дар масоили занон ворид мешуд. Ба занҳо ҳаққи интихоби касбу кор ва таҳсил дода шуд.

Дар кишварҳои Осиёи Миёна кӯшиши шикастани қолабҳои суннатии зисту зиндагонии мардум ва дур кардани мардум аз қонуну қоидаҳои шариат анҷом шуд. Акнун дар ҷомеаи сотсиалистӣ се вазифаи муҳими иҷтимоӣ бар дӯши занҳо вогузор шуд: шаҳрвандӣ, меҳнаткашӣ (труженица), рисолати модарӣ.

Рӯйдоди муҳимме, ки ба мақоми иҷтимоии зани тоҷик ва рӯзгори суннатии ӯ тағйироти куллӣ ворид кард, ин инқилоби октябр ва бунёди ҳукумати шуравӣ буд. Тамоми масоили марбут ба занон дар сатҳи давлатӣ ва дар мадди назари давлат қарор дошт, зеро ин масоил тавъам бо масоили рушди ҷомеа – индустрикунонии мамлакат, коллективонидани хочагии кишлок, барҳам додани бекорӣ, бархам додани бесаводӣ, барқарор намудани хочагии халк баъд аз Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941—1945 буд. Аммо қонуни баробарии зану мард ҳалли мушкилоти хонаводагии занонро осон намекард, зеро зан рисолати модариро низ дар баробари вазоифи ҷамъиятӣ иҷро мекард, аз ин рӯ баробарии воқеии зану мард ҳангоми ба зан додани имтиёзҳо мебоист амалӣ мешуд. Мувофиқи модда 35-и Конститутсияи ИҶШС (соли 1977) ба занҳо на танхо имкониятҳои баробар дар таълиму тарбия дода шуд, инчунин дар додани музди меҳнати баробар, инчунин муроқибат аз саломатии занон, муҳофизати хукукӣ, таъминоти моддию маънавии модару кӯдак, аз ҷумла додани рухсатиҳои пулакӣ ва дигар имтиёзҳо ба занони хомила ва модарон, тадриҷан кӯтоҳ кардани вакти кории занони кӯдакдор пешбинӣ шуд.

Дар солҳои 80-уми асри гузашта теъдоди занони коргару хизматчӣ дар миқёси шуравӣ 51% ва дар Тоҷикистон 39% -ро ташкил додааст. Дар натиҷаи фаро гирифтани занон ба таҳсил теъдоди омӯзгорон аз ҳисоби занон ба 71% расид, ҳамчунин аз ҳар се муҳандис якеаш зан ва аз шумори 4 табиб се нафарашон зан буд......

Занҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар низ нақши намоён доштанд. Дар интихоботи соли 1980 зиёда аз як миллион нафар занон – коргарон, колхозчиён, духтурхо, муаллимон, муҳандисон, коркунони маданият ва санъат, роҳбарони муассисаю корхонаҳо ба вакилии Шуроҳои маҳаллӣ, Шуроҳои олии Ҷумҳурӣ ва ИҶШС интихоб гардиданд, ки 50%-ро аз шумораи умумии вакилон ташкил карданд (2, 68).

Рисолати модарӣ замони шуравӣ ҳамчун вазифаи иҷтимоии зан дониста мешуд, аз ин рӯ барои модарони серфарзанд унвони махсуси фахрии «Кахрамонмодар» ва ордени «Шарафи модарӣ» ва «Медали модарӣ» муқаррар шуда буд. Дар ҳамин давра зиёда аз 4 миллион нафар занон бо ордени «Шарафи модарӣ» ва зиёда аз 10 миллион нафар модарон бо медали «Нишони модарӣ» мукофотонида шуданд (2,75).

Имрӯз феминистон иддао доранд, ки Иттиҳоди Шуравӣ ба занон тамоми ҳуқуқҳоро додааст ва замоне озодиҳои занони шуравӣ барои феминистҳои ғарбӣ намунаи ибрат гардида буд. Аммо, ба андешаи ҷомеашиносон, баробарии гендерӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ нашуд. Чунонки гуфтем, зан дар замони шуравӣ се вазифаро бар дӯш дод: шаҳрвандӣ, меҳнаткашӣ, модарӣ. Натиҷа ин шуд, ки аксари кори вазнин аз қабили фаррошӣ, ҳамшираҳои шафқат, коргарони фабрикаву анборҳо, кори колхозу савхозҳо ба зиммаи занон афтид. Он чизе, ки бояд занро озод мекард, бо номи индустриализатсия ба маҷбуркунӣ табдил ёфт. Дигар ин ки, ба истеҳсолот кашидани зан ва иҷтимоӣ кардани ӯ бо ҷомеаи суннатии патриархалӣ носозгор буд. Аз ин ҷост, ки дар колхозу савхозҳо, ки аксари заҳматкашонаш занҳо буданд, бригадиру раис ҳатман мард буд.

Дар соли 1988 дар як мубоҳисаи оммавӣ Михаил Горбачёв гуфт, ки "ба зан сарнавишти воқеии занонаи ӯро комилан баргардонидан лозим аст". Ин паёми инсондӯстонаи М.Горбачев амалинашуданӣ буд, зеро оилаи миёнаи советӣ бо як маоши сарвари хона рӯзгорро пеш бурдан наметавонист.

Ҳукумати шуравӣ сарчашмаи нобариро дар хонаводаҳои патриархалӣ- мардсолорӣ медид, ки акнун вазифаи солорро давлат ба уҳда дошт ва дар шахси комитетҳои партиявӣ, иттифоқи касаба ва коркунони милитсия занон пуштибони худро медиданд ва метавонист аз болои шавҳари худ шикоят кунад. Мардон накши саробон ва муҳофизи худро бо тамоми имтиёзҳо дубора барқарор карда натавонистанд ва дар буҳрони амиқи муносибатҳои хонаводагӣ қарор гирифтанд.

Пас аз пошхурии ИҶШС шароит ба маротиб душвортар гашт, зеро таҳввули иқтисод ба иқтисодиёти бозаргонӣ пеш аз ҳама ба занон зарбаи сахт зад. Онҳое, ки имкони кор накарданро доштанд, хонашин шуданд. Бархе аз занҳо аз рӯйи ҳоҷат ва таъминоти маишии хонавода ба соҳибкории хурд – тиҷорат ва кашидани борхалтаҳои молу колои хурд аз хориҷ ба кишвар машғул шуданд. Қисми боқимондаи бонувони коргар ба муасиссаҳои буҷавии кишвар рӯй оварданд. Мардҳо ба сектори соҳибкории хурду бузург худро заданд. Муҳаққиқон замони бозсозиро замони эҳёи мардсолорӣ (патриархатный ренессанс) номиданд. Иддае фикр мекарданд, ки ин як стратегияи наҷоти муваққатӣ дар шароити номуайянӣ аст. Ба ин ё он роҳ ба «мақсади ҳақиқӣ» баргаштани зан ба амал омад. Дар давоми қариб сад сол дар «масоили занон» шуруъ аз даъватҳо барои озод кардани занон аз «ғуломии ошхона» ва ҷалби онҳо ба сохтмони ҷомеаи нав ба поён расид.

Дар шароити кунунӣ мо дар давлати демократӣ вожаҳои “гендер”, “баробарии гендерӣ”-ро омӯхтаем. Пажуҳишҳои гендерӣ оғоз шуданд, дар муассисаву марказҳо ба омӯзиши он машғул ҳастанд – ин ҳам як қисми сиёсати давлатист.

Бо ба даст овардани Истиқлол таваҷҷуҳи сарвари давлат ва ҳукумат ба қадру манзалати занон дар ҷомеаи мустақили миллӣ ва иштироки онҳо дар умури хонаводагиву иҷтимоии ҷомеа равона гардид ва пайҳам қонунҳои мутааддиде ба тасвиб расиданд.

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994;

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5;

- Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;

- Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);

- Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890;

- Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030).

Албатта, Президенти муҳтарам ва институтҳои давлатӣ, чуноне ки мебинем, дар ин росто чораҳои зиёде андешидаанд, аммо ҷомеа бо гузаштани сӣ сол аз бунёди давлати соҳибистиқлол ба мақому манзалати зан назари ҳамгун надоранд: бахше аз афроди ҷомеаи мо ба самти сохтори мардсолорона (бар пояи суннатҳои гузашта), бахше ба самти назарияи феминистии шуравӣ ва бахше ба самти баробаргароёна (гендерӣ) ва инсонгароёна ҳаракат мекунанд. Дар тули солҳои истиқлоляти ҷумҳурӣ мақоми зан то ҳол дар маърази таҳаввулот қарор дорад ва шояд як сабаби носозгории ҷавонони тоза оила бунёдкарда дар бархурди ҳамин дидгоҳҳои мухталиф дар ҷомеа нисбати ҷойгоҳи зан ҷойдошта бошад. Умед аст, ҳар чӣ зудтар ин дидгоҳҳо бо гузашти замон, хираду заковати афроди ҷомеа ва таҷрибаи андухтаи рӯзгор суфтаву рехта шуда, шакли устувору меъёрии ба ҷомеи тоҷикӣ муносибро касб кунанд.

Сарвари давлат дар ҳар мулоқоту вохуриҳояш аз фидокории занони тоҷик, меҳнату заҳмати содиқонаи онҳо таърифу тавсиф мекунанд. Аз ҷумла дар Паёми имсола қайд карданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо афроде ҳастанд, ки ба зан ҳамчун ҷинси дувум назар мекунанд ва бояд ҷомеа ба самте равад, ки ин нигоҳро тағйир диҳад. Албатта, занони тоҷик дар бахшҳои мухталифи ҷомеа нақшҳои муассире иҷро кардаанд ва минбаъд ҳам бояд талош бикунанд, то дар масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ширкат карда, нақши пурранг дошта бошанд. Зан бояд дониш, истиқлоли фикриву иқтисодӣ дошта бошад, то эътимод ба нафсаш боло равад ва дар корҳои хонаводаву ҷомеа ибтикору иқтидор дошта бошад, зеро зани босавод як хонаводаро босавод мекунад. Занон сангинтарин бор – тарбияти хонавода ва ба навъе ҷомеаро бар уҳда доранд.

Муҳимтарин ва арзишмандтарин вазифаҳое, ки зан метавонад иҷро кунад, вазифаи модарӣ ва ҳамсарӣ аст, ки дар пайи садсолаҳо бар пояи суннатҳову фарҳанги миллӣ устувор шудаанд, зеро ниҳоди муқаддаси хонавода рукни асосии бунёди ҷомеаи солим аст. Агар чунин набошад, бахши зиёде аз ҳувияти иҷтимои инсонӣ нобуд мешавад. Сарвари давлат ҳам борҳо ин таъкид кардаанд, ки “мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад” (Паёи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2022).

Масъулияти хонаводагии зан бояд аз ҳама муқаддамтар бошад ва агар ҳузури зан дар ҷомеа боиси ба ҳам пошидани хонаводае гардад, пас ин омил боиси пасравӣ ва заволи ҷомеа мегардад. Зан метавонад масъулияти иҷтимоии муассире дар ҷомеа дошта бошад, ва ҷомеа наметавонад аз неруи кори занон бениёз бошад.

Қолаби суннатии хонавода дар ҷомеаи мо, ки дар он падар – коргар ва модар – хонадор тағйир накардааст, аммо ин қолаби хонавода ниёз ба мушорикат ва баробарӣ дорад. Зани асри ХХI мутаваҷҷеҳ мешавад, ки барои хушбахтии худ ва хонаводааш бахшҳои аслии зиндагии худ – хонавода ва кори иҷтимоиро бо ҳам таркиб кунад.

Шеъри шоири равоншод Фурӯғи Фаррухзод паёми возеҳу рушан баҳри пешрафту шукуфоии занон дар хонаводаву ҷомеа аст.

Аз баҳри ҳуқуқи хеш мекӯш эй зан,

Бинмой зи иффату шараф ҷома бар тан.

Аз илму ҳунар вуҷуди худ зинат кун,

То марди наку бипарварӣ дар доман.

Шарифзода Фарангис – директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ

Адабиёт:

1. Ғафуров Б. Тоҷикон.- Душанбе, 1989.-413с.

2. Вестник статистикию – Москва,1982, № 1- С. 68-70.

اواستا.گزارش و پژوهش جلیل دوستخواح.ج.1،2ـ تهران، 1371. 3

روایت آذرفرنبغ فرخزادان. – تهران،1384. – 402 ص.4

زن و فرهنگ(مجموعه مقالات).- تهران,1382.-1015 ص.5

سیرجانی ع. سمای دو زن.- تهران,1988.-195ص. 6 

مطعری. م.نظام حقوق زن در اسلام.- تهران,1359.-359ص.7

ملایری م. تاریخ و فرهنگ ایران.ج. 4تهران:انتشارات توس، 1380.-436 ص.8

9. Asha R. Marriage Contracts.-Paris,2021.-152c.

10. Livshits V.The Sogdian “Ancient Letters” (I, III) //Iran and Caucasus. № 2.- Brill.- Pp. 289-293.