Перейти к основному содержанию

12 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 11- март Рӯзи матбуоти тоҷик маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҳфили навбатӣ китоби “Истиқлолият ва журналистикаи тоҷик”- и мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов рӯнамоӣ карда шуд.

Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.

Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш ҳозиринро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният хонда, таъкид дошт, ки таҷлили ҷашн ва арзишҳое, ки барои боло бурдани маърифати аҳли ҷомеа хизмат мекунанд, аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Бо баракати ин сиёсат ва Истиқлолияти давлатӣ ҳамасола дар кишварамон рӯзи 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик – рӯзи нашри шумораи аввалини рӯзномаи “Бухорои шариф” аст, ҷашн гирифта мешавад.

Гуфта шуд, ки “Бухорои шариф” нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар Осиёи Миёна буда, ҳадафаш бедор кардани мардуми тоҷик дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ буд. Ин танҳо ҷашни матбуотчиён нест, балки ҷашни ҳама аҳли ҷомеа мебошад. Таҷлили ин ҷашн як навъ эҳтиром ба аҳли қаламу сухан, ба аҳли фарҳангу адаб аст. Ин ҷашн бузургдошти хотира ва ёдоварии хизматҳои мондагору таърихии ҳама рӯзноманигорони ҷумҳурӣ мебошад. Зеро рӯзноманигорон сарбозони роҳи худшиносии миллат, солноманависи таърихи миллат ҳастанд. Маҳз рӯзноманигорон ҳастанд, ки моро новобаста, бо ҳама бурду бохтҳои ҷомеа, ба ояндаи нек умед мебахшанд.

Таъкид гардид, ки дар доираи маҳфили имрӯза китоби дотсент Сангин Гулов - устоди Донишгоҳи миллиро, ки 33 сол боз ба таълиму тарбияи рӯзноманигорони оянда машғул аст, бо номи “Истиқлолият ва журналистикаи тоҷик” рӯнамоӣ менамоем.

Ин китоб, ки маҷмуи мақолаҳо буда, аз 2 қисм иборат аст. Қисми аввал мақолаҳои солҳои охир навиштаи муаллифро дар бар гирифта, дар онҳо роҷеъ ба таҳаввули журналистикаи тоҷик дар замони муосир, фаъолияти расонаҳо дар пасманзари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши ВАО дар муборизаҳои иттилотӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ сухан меравад.

Дар қисми дуввум муаллиф рӯйхати ҳама рисолаҳои илмии дар самти журналистика дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳимояшударо ҷой додааст, ки теъдоди онњо беш аз 100 адад мебошанд. Ин бахш дар шароити имрӯза барои муаррифии мактабҳои илмии журналистика, мубрамиву такрор нашудани мавзуъҳои илмии таҳқиқшаванда мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки маҷмуаи барои омўзгорону муҳаққиқони соҳаи журналистика пешбинӣ шудааст.

Зимни суханронии хеш мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов дар мавзуи “Нақши матбуоти тоҷик дар замони Истиқлолият суханронӣ намуда, доир ба рушду пешрафти матбуоти тоҷик ибрози андеша намуд.

Сипас, раиси Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода дар суханронии хеш ҳозиринро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният хонда, доир ба таърихи таъсисёбии нашри шумораи аввалини рӯзномаи “Бухорои шариф” ва дигар паҳлуҳои он маъруза намуданд.

Инчунин, директори Академияи васоити ахбори омма Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” суханронӣ намуда, доир ба мазмун ва муҳтавои китоби мазкур андешаҳои хешро баён намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як зумра аз журналистони муваффақ барои саҳми арзишманд гузоштан дар муаррифии илмӣ ватанӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамзамон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо “Ифтихорнома”- и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадршиносӣ гардид.