Перейти к основному содержанию

“Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шуъла бардорем. Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва ойини давлатдориаш расида наметавонад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз аз куҳантарин ва шукуҳмандтарин ҷашни миллии ниёкони аҷдодиамон маҳсуб меёбад. Маҳз ба шарофати кӯшишҳои гузаштагонамон, ки дар тӯли садсолаҳо ба харҷ додаанд, забону фарҳанг ва ҳувияти миллии мо - тоҷикон то - имрӯз пойдору устувор монд. Бо вуҷуди мушкилоти рӯзгор, харобкориҳо ва таъсиру фишори аҷнабиён, аҷдоди мо ин арзишҳои волои миллиро аз умқи ҳазорсолаҳо ба ояндагон ҳамчун ганҷи бебаҳо ба мерос гузоштаанд.

Наврӯз ҷашни баҳор ва эҳёи табиат буда, яке аз ҷашнҳои дӯстдоштатарини мардуми ориёитабор, ки аз қадимулайём аз гузаштагони дурамон ба мо мерос мондааст, маҳсуб меёбад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯзро на танҳо дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, балки дигар миллатҳо ҳам бо диду назари ҷадиду анъанаҳои хоси минтақаи худ таҷлил менамоянд. Мардуми тамаддунпарвару донишманди тоҷик аз замонҳои қадим иди Наврӯзро ҳамчун ҷашни оғози соли нав, рӯзи нав бо орзуву ормонҳо, бо дилу нияти нек, бо либоси идона истиқбол намуда, таманно менамуданд, ки пайю қадами соли нав бо файзу баракат шавад.

Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ - ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас - дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқ пайдо кардаанд, зеро Наврӯз ҳамчун шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аз ҷониби дигар, маҳз неъмати соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки Наврӯз бо ин ҳама шукӯҳу шаҳомат ва расму ойинҳои неку созандааш дар сарзамини мо дигарбора эҳё ва таҷлил гардад. Бино бар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифода аз суннату анъанаҳои неки миллиамон ба хотири шукуфоиву рушди кишвари азизамон ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ талоши созанда намоем ва тамоми имконияту неруи худро ба бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон- равона созем (аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Наврӯз 2024).

Дар воқеъ, рӯ овардан ба ойинҳои ниёгон ва дубора эҳё намудани расму русуми аҷдодӣ бе муҳобот метавонад, дар тарбияи наврасону ҷавонон таъсири амиқ гузорад. Онҳоро аз шомил шудан ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои хатарзо даҳшатафкан эмин медорад.

Боиси сарфарозист, ки риояву дар ҳаёт татбиқ намудани расму ойинҳои наврӯзӣ барои ояндаи миллат ва бақои инсоният дастури нодиру беназир аст. Дар ҳақиқат эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегиранд. Зикр намудани он бомаврид аст, ки Наврӯзи имсола бо хусусиятҳои хоси худ аз дигар Наврӯзҳои ватани соҳибистиқлоламон бо он фарқ мекунад, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ, бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон, 21- уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муқаррар карда шуд, ки ин падидаи нек мебошад.

Лоиқи зикри хос аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаллу арзёбии масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба ояндаи инсоният муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва соли 2025-ро “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кард. Ҳамчунин, тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, аз соли 2025 ба баъд ҳар сол 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” таҷлил мешавад. Навиди дигар ин аст ва боиси ифтихору сарбаландии тоҷикони олам мебошад, ки бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ, эҳёи расму ойинҳои бостонии мардуми тоҷик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардидааст, ки бар тибқи он ҳар сол 1-уми июл “Иди Тиргон” ҷашн гирифта мешавад. Мардуми тамаддунофару соҳибдили тоҷик минбаъд низ суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии “Сада”, “Наврӯз”, “Тиргон” ва “Меҳргон” - ро бо тамоми нозукиҳои хоси ориёӣ пос дошта, ба наслҳои оянда ба мерос мегузорад.

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалии оламафрӯз барои баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ, аз нав эҳё намудану ба замони муосир мутобиқ намудани расму ойинҳои ниёгонамон заминаи боэътимод мегузорад.

Наврӯзатон фирӯз бод,

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, - ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент