Перейти к основному содержанию

16 марти соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи Фестивали ҷаҳонии “Наврӯзи ҷавонон” бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 конфронси сатҳи байналмилалӣ таҳти унвони “Ояндаи сабз дар дасти ҷавонон” баргузор гардид.

Дар конфронс олимону муҳаққиқони самти пиряхшиносӣ ва ҳифзи муҳити зист аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуда, дар маърузаҳои хеш доир ба ҳали мушкилоти глобалии сайёра, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва норасоии оби ошомиданӣ суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки давоми моҳи сентябр ва октябри соли сипаришуда дар пиряхи Ванҷях экспедитсияи байналмилалӣ бо мақсади гузаронидани корҳои инструменталии саҳроӣ дар қисмати ғизогирии пирях, муайян намудани хатсайри экспедитсионӣ барои таҳқиқотҳои минбаъда ва насби стансияи худкори мушоҳидаи шароитҳои метеорологии қисмати ғизогирии пирях гузаронидашуда ба роҳ монда шуд.

Бояд гуфт, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаи махсус Соли 2025 –ро ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуда, 21 –уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар шуда, солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» эълон гардидааст.

Боиси ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим шинохта шудааст, ки қабул гардидани Соли байналмилалии «Оби тоза, соли 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» далели бебаҳси ташаббускории кишвари мо мебошад.