Перейти к основному содержанию

Наврӯз ҷашни покӣ, меҳрубонӣ ва дӯстӣ мебошад, ки ниёгони мо онро аз қаъри ҳазорсолаҳо ба мо мерос гузоштаанд. Дар ин иди бузург тамоми мардум ба якдигар сулҳу оштӣ, оромӣ ва бахту саодатро таманно намуда, кинаву адоват дар дилашон бударо, аз дилҳо дур менамоянд ва бо ҳам оштӣ мекунанд.

Наврӯз иди қадимӣ ва анъанавии мо тоҷикон аст, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ, яъне 21- уми марти солшумории милодӣ рост меояд.

Наврӯз таърихи чандин ҳазорсола дорад. Чӣ хеле ки дар “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ва “Шоҳнома”- и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ омадааст гузаштаи ин ид бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Чӣ тавре ки маълум аст, дар рӯзи 21 март шабу рӯз ба ҳам баробар мешаванд. Вақте ки Ҷамшед тахти тиллогини худро сохт ва онро ҳангоми баромадани офтоб ба баландии кӯҳ бардошт тиллои он дар нурҳои офтоб ҷило дода, мисли офтоб равшанӣ медод. Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва ӯро ба расму оин дохил кард. Дар ин маросими халқӣ мардум бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, тухмзанак, арғамчинбозӣ ва паҳлавонон гуштингирӣ мекарданд.

Наврӯзи оламафрӯз пеш аз ҳама бо суннатҳояш зебову фараҳбахш аст. Наврӯзи имсола ба Тоҷикистони биҳиштосои мо бо фазои сулҳу салоҳ, ваҳдату ҳамдилӣ фаро расид, ки ин ҳама шаҳодат аз суннатҳои асосии наврӯзӣ аст. Деҳқон аз накҳати Наврӯз барои фаровонии ризқу рӯзӣ ва ободии кишвар ба замин донаи умед мепошад, то мардумро рӯзирасон ва кишварро такядор бошад. Гузаштагони мо зиндашавии табиатро Наврӯз ном ниҳода, ки заминро такон дода, хуфтаҳоро бедор, кӯҳнаҳоро нав ва ранги хазонро ба сабз мубаддал месозад. Одамон бо як умед ба дару деворҳояшон сафедӣ молида, ифлосиҳоро тоза мекунанд ва ҷиҳози хонаро афшонда, либоси нав ба бар мекунанд.

Оре, Наврӯз ҳоло низ метавонад ҳамчун ойини меҳру вафо ва ҷиҳати ҳамгироии мардуми олам ҳисси зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаю адоват ва ҳамдигарбахшӣ, дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамро бедор мекунад.

Имрӯзҳо пиру барно аз ҷоннисориҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бохабаранд. Чаро ки вай ба халқаш бори дигар сарсабз будан, рушду нумӯъ кардан ва зиндагии тинҷу осударо таъмин намуд. Дар арафаи ҷашни бузури ниёгонамон Наврӯзи оламафрӯз Пешвои муаззами миллат ба халқи азизамон ва Сарвари бародаркишвар Қирғистон як дастовези идона ва армуғон тақдим намуданд. Бигзор тинҷию амонӣ, ҳамдигарфаҳмию ҳамдилӣ, сарсабз будани кишварҳоямон ва дӯстию бародарӣ то абад поянда бошанд!

Ба қавли шоири маҳбуб ва қаҳрамони Тоҷикистони биҳиштосои мо Мирзо Туруснзода:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо

Наврӯз ҳамчун фарҳанг, нигоҳдорандаи асолати миллии мо тоҷикону форсизабонони дунё мебошад, яъне забон, урфу одати ҷашнҳо зебоиписандиву ахлоқи ҳамида, андӯхтани дониш ва ҳамсоли онҳоро ташкил медиҳад. Ягона унсуре, ки фарҳанги миллӣ, ё фарҳанги наврӯзиро мустаҳкам нигоҳ дошт, ин забони тоҷикӣ- форсӣ мебошад.

Мо халқи тоҷик хушбахттарин халқ ҳастем. Хушбахтии мо дар он мебошад, ки дар ҷашни Наврӯз тамоми ҳалқҳои Осиёи Миёна ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии “Наврӯз муборак ”табрику муборакбод менамоянд. Ман низ ба ин табрикот ҳамроҳ шуда, дар ин ҷашни бузурги аҷдодиамон ба мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ва ба тамоми ориётаборони дунё “Наврӯз муборак” мегӯям:

Бародар иди Наврӯзат муборак,

Баробар шуд шабу рӯзат муборак.

Муборак бод имсолу ҳама сол,

Ҳумоюн бодат имрӯзу ҳама рӯз.

Алифшоева С.А. ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ