Перейти к основному содержанию

19 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Наврӯзи ҷаҳонафрӯз” баргузор гардид.

Дар сухани ифтитоҳии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз намуд, ки ҳамасола дар айёми баҳори нозанин таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз шукуҳу шаҳомати хосса дошта, мардумро ба дӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои ниёгон, меҳнату заҳмати асил ҳидоят менамояд. Густурдани дастархони идона, ки имрӯз аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмӣ сурат гирифтааст, яке аз суннатҳои муҳимми наврӯзӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ касб намудани он дар баробари эҳёи арзишҳои дигари моддию маънавии мо - тоҷикон аз ибтикороти наҷиб ва сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои муаррифии шоистаи давлату миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Вобаста ба ин, дар бораи моҳияти ин ҷашни бузург Роҳбари давлат таъкид менамоянд, ки “Наврӯз рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузаштаи имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарсатӣ инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррам мебошад”.

Дар воқеъ, тоҷикон ҳамчун мардуми ориёӣ, дар масири таърихи зиёда аз шаш ҳазорсолаи худ Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтанд, ки он далели куҳанбунёд будани мардуми тамаддунофар ва фарҳангсолор будани тоҷикон, омили пояндагии миллати сарбаланди мо дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ мебошад.

Яке аз нуктаҳои муҳимтарин дар таърихи пайдоиш ва таҷлили ҷашни Наврӯз дар он аст, ки мазмуну муҳтавои дар он мавҷуда ба хеҷ як дину мазҳаб марбут набуда, меҳвари онро эҳтиром ба мардум, шинохти вақт, бузургдошти табиат ва арҷгузорӣ ба неъматҳои моддӣ ташкил медиҳад. Маҳз дарки ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, тавсеаи фарҳанги ахлоқии ҷомеа бевосита мусоидат менамоянд.

Дар идома олимону муҳаққиқон доир ба таърихи пайдоиши ҷашни байналмилалии Наврӯз ва моҳияту арзишҳои сунатии миллати куҳанбунёди тоҷик баҳри ҳифзи анъана ва ҷашну маросимҳои бостонии ниёгон маърӯза намуданд.