Перейти к основному содержанию

19 марти соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Қабл аз оғози чорабинии идона дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Наврӯзи ҷаҳонафрӯз” баргузор гардид.

Пас аз анҷоми конференсия дар саҳни бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби олимону кормандони муассисаҳои илмӣ хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмим, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хуришҳои баҳорӣ ороста шуд, ки тамошобинон аз онҳо ҳаловат бурданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамроҳи олимону кормандон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ аз хони наврӯзӣ ва маҳорати эҷодию ҳунарии олимону муҳаққиқон боздид намуда, ба омодагии ҷашни онҳо баҳои баланд доданд.

Дар идомаи чорабинӣ президенти академия ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, таъкид дошт, ки Наврӯз покиву покизакорӣ ва осудагиву накӯкориро дар ҳама давру замон талқин намуда, мардумро ба созандагиву бунёдкориҳо даъват мекунад. Ҳамин аст, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо мақоми расмиро соҳиб гардид, балки бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалиро касб карду ҳамчун омили ҳамгироӣ дар замони ҷаҳонишавӣ пазируфта шуд.

Гуфта шуд, ки имрӯз бо сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат кулли башарият маҳаки асосии Наврӯзро, ки инсонмеҳварӣ, ободкорӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилист, умқан дарк намуда, онро ҷузъе аз фарҳанги хеш пиндоштанд ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Сипас, дар чорабинии идона ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо сурудҳои рангинашон хотири ҳозиринро шод намуданд. Дар фарҷом ғолибони мусобиқаи варзиши шоҳмот аз ҷониби роҳбарияти академия бо ҷом ва туҳфаҳои хотирмон қадршиносӣ гардиданд.