Перейти к основному содержанию

(Дар ҳошияи Аҳдномаи дӯстии Тоҷикистону Қирғистону Узбекистон дар Хуҷанд ва аввалин ҳамоиши расмии «Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо» дар шаҳри Самарқанд)

Баҳори соли 2025 бо машъали фурӯзони сулҳу дӯстӣ аз шаҳри бостонии Хуҷанд дар партави мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон оғоз гардида, дар натиҷаи он санаи 3-4 апрел дар шаҳри таърихии Самарқанд аввалин ҳамоиши расмии «Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо» бо ҳузури сарони кишварҳои Осиё Марказӣ, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта баргузор гардид. Муносибатҳои гуногунҷанба ва ҳамкории амалии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Осиё, Африқо ва Амрикову Аврупо ба таври ҳасана рушд ёфта, пайваста мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ ва афзоиши гардиши мол, пешбурди барномаҳои муштарак ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсия, энергетикаи сабз, саноати истихроҷ, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва рақамисозӣ, идомаи табодули фаъол дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, илму маориф ва дигар соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки минтақаи Осиё аз қораи бузуртарини ҷаҳон, шомили арзишҳову манобеии табиӣ ва дорои аҳамиятҳои стратегӣ баррасии масоилу ҳаводиси таърихии он хело муҳим арзёбӣ гардида, фарозу нишебҳои ҳаводиси геополитикии минтақа ва сулҳу субот ягона воситаи беҳбудӣ дар рушди иқтисодиву тиҷорат дар минтақа мебошад.

Бояд қайд кард, ки баъзе аз шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Душанбе, Хуҷанд, Тошкант, Бишкек, Ашхобод, Бухорову Самарқанд дар ташкилу мизбонии форумҳои минтақавиву фароминтақавӣ саҳми сазовор мегузоранд, ки аз аҳамияти афзояндаи геосиёсии Осиёи Марказӣ ҳамчун "ҳаб"-и нави муносибатҳои байниминтақавӣ шаҳодат медиҳад.

Дар ин замина, сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон, охири марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд мулоқоти судманд доштанд, ки дар соли нави хуршедӣ он як рӯйдоди муҳим таърихӣ баҳри ҳифзи наслҳову васлҳои мардумони минтақа ва ҷаҳон маҳсуб мешавад. Он заминаи хубро дар ҳамкориҳои дохили минтақа дар фазои сулҳу дӯстӣ фароҳам оварда, шароити нави рушди устувори иқтисодӣ ва фарҳангиро таъмин намуд.

Осиёи Марказӣ мардумони гуногунро муттаҳид сохта, бо мероси муштараки таърихӣ ва маънавии худ дар тӯли асрҳо чун минтақаи Мовароуннаҳр маъруфият пайдо карда, маркази муҳими тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар масири Роҳи Бузурги Абрешим саҳм гузоштаанд. Пас аз фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои минтақа бо мушкилоти печида аз ҷумла муайян кардани сарҳадҳои давлатӣ бо назардошти хусусиятҳои қавмӣ ва ҷуғрофӣ дучор гардида буданд. Вале дар партави эҷоди мактаби сулҳу созандагии Тоҷикистон тавонистанд муносибатҳои худро дар асоси эҳтироми мутақобил ва ҳамсоягии нек бунёд кунанд.

Ҳамин тариқ, санаи 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аввалин нишасти сетарафаи кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ки аз сабаби аҳамияти сиёсиву амниятӣ доштан қадами устувор дар раванди ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Тибқи коршиносони соҳа нишасти Хуҷанд ба коҳиш додани масоили мубрам кӯмак намуда, соҳаҳои амният, экология ва фарҳанг имкониятҳои нави лоиҳаҳои муштаракро тақвият мебахшад. Сарони кишварҳо дурнамои лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инфрасохториро баррасӣ намуда, аҳамияти ҳамгироии минтақавиро баъд аз дарёфти Истиқлоли миллии худ як амри зарурӣ дар шароити шаклгирии низоми нави ҷаҳонӣ шуморида, таъкид карданд, ки аз тавсеа ва амиқсозии равобити мутақобилан судманд заминаҳои хуб бо кишварҳои ҷаҳон бо шумули Осиёи Ҷанубӣ, Африқову Амрикову Аврупо бештару беҳтар пайдо шуда, аҳамияти қабули “харитаи роҳ”-и муштарак мавриди қабули ҳамагон гардид.

Робитаҳои байни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ замони муноқишаву бозиҳои геополитикии Русия ва Британия дар канор монда, бо таъсиси давлатҳои соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ эҳё шуда, талошҳои барқарор намудани робитаҳо бештар роҳандозӣ шуд. Кишвари Покистон аз ташаккули давлатҳои нави Осиёи Марказӣ истиқбол намуда, шарикии геостратегиро бо Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар самти бозорҳои нави фурӯш ва манбаъҳои ашёи хом ва инчунин дастрасии умедбахш ба фазои Авруосиё қадами хуб медонад.

Мавриди зикр аст, ки масири Транс-Эрон минтақаи Осиёи Марказиро танҳо бо Ҳиндустон ва масири Транс-Чинӣ бо Покистон мепайвандад, ки дар рушди робитаҳои байниминтақавӣ зарур аст.Бо вуҷуди идомаи фазоҳои геополитикии минтақаҳои ҷаҳон роҳбарони кишварҳои ОМ саъй доранд то тарҳҳои банақшагирифтаро амалӣ карда, талошҳои ба даст овардани созиш бо кишварҳо дар мавриди бунёди роҳҳои иртиботӣ, бо бозидиду мулоқоти роҳбарони кишварҳо тавсеа ва таҳким мебахшанд.

Миёни кишварҳои ҷаҳони раванде бо номи “сиёсати сабз” ё ба ибораи дигар “энергияи сабз” хело шуҳрат ёфтааст, ки фарогири ҷанбаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ буда, ташаббускорони он барномаҳоро баҳри рушди устувор таъкид карда, амалӣ месозанд.

Ба андешаи муҳаққиқ ва коршиноси покистонтабор Ҳамна Ғиёс Шайх матну мағзу мафҳум ва коркарди сиёсати энергияи сабз асосан аз иқлимшиносӣ, зистшиносӣ ё экологизм иборат буда, ҳадафи асосиаш ба даст овардани қонунгузории муфиду самарабахш бо дарназардошти коҳиш додани ифлосшавӣ, ҳифзи муҳиту атроф, ҳифзи нобудшавии ҷангалҳо ва ҳавасмандгардонии истифодаи такрорӣ дар ҳама ҷанбаҳои муҳими ҳаёти башар мебошад.

Ҳамин тариқ, сиёсати энергияи сабз дар асл ба он равона шудааст, ки кишварҳо бояд ба ҳадафҳои устувор барои ба даст овардани пешрафти экологӣ ноил гарданд. Бо вуҷуди пешрафти технология, нигарониҳо дар бораи ҳифзи муҳити атроф бештар гардидааст. Барои пешгирӣ аз он сиёсати сабз ҳамчун роҳи наве баҳри ҳифзи муҳит ва коҳиш додани олудагиҳо барномаҳоашро амалӣ месозад. Бояд қайд кард, ки раванду равиши иқтисодӣ бо арзишҳои инсонӣ муштарак аз корҳои дорои аввалиндараҷа маҳсуб шуда, бо иҷори саривақтии барномаҳои қабулшуда метавон сиёсати энергияи сабз муҳити атрофро тавсеаву тақвият бахшида, лоиҳаҳои муфиду созандаро барои зиндагии солими шаҳрвандон пешкаш кард.

Зимнан, санаи 17-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд 18-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар нишаст ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни ду минтақаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ гардид, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша шуд. Кишварҳо атрофи дурнамои равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ ва дигар мавзуҳои мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯ доштанд.

Тибқи гузориши Форуми Умумиҷаҳонии Иқтисодӣ дар соли 2018 аксари шаҳрҳои олудаи ҷаҳон аз ҷумла Гвалиор, Аллоҳобод, Райпур ва Деҳлӣ ба Ҳиндустон тааллуқ дошта, ин кишвар дорои барномаи энергияи сабз марбут ба муҳити зистро ба таври хубу муассир роҳандозӣ накардааст. Бештари мардуми Ҳиндустон ин созмонҳоро чун фаъоли иҷтимоӣ медонанд, ки бе ягон барномаи сиёсӣ фаъолият мекунад.

Молдив хурдтарини кишвари минтақаи ОҶ буда, тақрибан 1200 ҷазираро дар бар гирифта, аз марказҳои сайёҳӣ мебошад, ки шумораи сайёҳон аз тамоми ҷаҳон аз он дидан мекунанд. Дар сурати афзоиши сатҳи баҳр, ифлосшавӣ ва баланд шудани ҳарорат кишвар зери об хоҳад монд. Бангладешу Шри-Ланка аз ҷиҳати ҷуғрофӣ хурд буда, аҳолӣ зиёд доранд. Покистон, ки дар феҳрасти кишвари осебпазиртарин ба тағйирёбии иқлим шомил буда, дар сатҳи расмӣ ва ҳам дар сатҳи ғайрирасмӣ бо фарогирии обу ҳаво ҷиддӣ мубориза мебарад. Ҳукумат ташаббус нишон дод, ки дар бораи тағйирёбии иқлим ҷиддӣ иқдоми саросарии ниҳолшинонӣ ба сӯи муҳити амаласозии энергияи сабз барои наслҳои ояндаи Покистон ба роҳ монад.

Ҳамин тариқ, мулоқоти нахустини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои рушди муколамаи созандаи сиёсӣ ва шарикии гуногунҷанба дар рушди соҳаҳои рақамикунонӣ, коммуникатсияҳои нақлиётӣ, энергетика ва идоракунии обу иқлим таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегирад. Ҳамин тавр, лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ дар соҳаи таҳсилоти оливу касбӣ ва системаи энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ оғоз гардида, форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ, иқтисодӣ ва ҷаласаҳо бо идомаи муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мунтазам баргузор мешаванд.

Иттиҳоди Аврупо, ки шомили 27 давлат бо шумули се кишвари бузурги иқтисодии G7 Олмон, Фаронса ва Италия аз бузургтарин иттиҳоди ҳамгироие мебошад, ки ҳамкориҳои системавиро бо бештари минтақаҳо, аз ҷумла Осиёи Марказӣ дар сатҳи байниминтақавӣ роҳандозӣ кардааст. Ҳамин тавр, мақсуду мавзӯъҳои аслии нишасти Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Самарқанди бостонӣ савдову сайёҳату саноат, истифодаи энергияи сабз, истихроҷ ва коркарди маъданҳо буда, Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст, то бастаи бузурги сармоягузориро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбарӣ намояд, ки сармоягузорӣ барои нақлиёт, захираҳои муҳими табиӣ, интиқоли барқ ​​ва рақамикунонӣ аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок маҳсуб меёбанд.

Дар Саммити мазкур намояндагони олии Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен, раиси Шурои Аврупо Антонио Коста ширкат карда, иброз намуданд, ки саммит ҷузъи стратегияи аврупоӣ буда, ба захираҳои бузурги ашёи хоми кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушди истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тоза бештар таваҷҷӯҳ дода шуда, сармоягузорӣ мегардад. Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен таъкид кард, ки “Аврупо дар пайи эҷоди як занҷири фарогири пурарзише аст, ки на танҳо шомили ашёи хоми минтақа буда, балки барои таъсиси ҷойҳои кории маҳаллӣ ва таъмини стандартҳои баланди экологӣ ва иҷтимоӣ низ муҳим арзёбӣ мегардад”.

Ноамниву ноустувории геополитикӣ, афзояндаи хатарҳои иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим аз кишварҳои ҷаҳон шаклҳои нави ҳамкориҳои байналмилалиро тақозо мекунад. Зеро чунин хатарҳо бештари кишварҳоро бо шумули Аврупо мавриди таҳдид қарор медиҳад. Яке аз мавзуҳои рӯзномаи саммити Самарқанд масоили мубрами Афғонистон ва амнияту бехатарии минтақаи Осиёи Марказӣ буда, мавқеи расмии Тоҷикистон сулҳу субот ва ҳукумати фарогир буда, равандҳои иқтисодии байналмилалӣ ва тавсеаи бахши сармоягузорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикон ҷиҳати пешбурди некуаҳолии мардум муҳим арёзбӣ шуда, баҳри ҳамкории минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар хулоса бояд зикр кард, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар ҳамкорӣ бо сармоягузории Иттиҳоди Аврупо метавонанд, аз захоири фаровони худ хуб истифода карда, бо амалисозии сиёсати энергияи забз ва ҳифзи муҳити зист лоиҳаҳои қабулшударо хубтару беҳтар амалӣ намуда, мардумону диёру Ватани худро зери сояи озодӣ, оромӣ ва ободӣ ба суи пеш роҳнамоӣ хоҳанд намуд. Ҳамин тариқ, ҳамгироии минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи хубест дар рушди ҳамкориҳо бо давлатҳои ҷаҳон, ба хусус Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд.

Дар ниҳоят тавсия дода мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ чун узви фаъоли форуму созмонҳои байналмилалӣ ба хусус СММ ва СҲШ дар ташвиқу тарғиби сулҳу дӯстӣ, иқтисод, амалисозӣ, ҳамкорӣ ва маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа тавсеаву тақвият бахшанд.

Мирсаид РАҲМОНОВ - ходими калони шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ