Масъалаи обшавии пиряхҳо яке аз мушкилоти асосии сайёра ба ҳисоб рафта, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Бар асоси гузориши охири Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ бо номи “Вазъи иқлим”, гармшавии ғайримуқаррарии ҳарорати ҳаво дар Осиё болотар аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ мушоҳида мешавад. Паёмадҳои манфии ин раванд, аз ҷумла хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, як падидаи бисёр нигаронкунанда аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 сентябри соли 2024 зимни суханронии худ дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора ибрози назар намуданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ба ин далел кишвари мо таъсири тағйири иқлимро бештар эҳсос мекунад. Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳаводиси табиӣ дар шакли ярч, обхезӣ, хушксолӣ ва тарма рух медиҳад, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хароб шудани биноҳо мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар ин замина Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ аҳамияти хоса медиҳад, ки ҳадафи он такмили низоми огоҳкунии пешакӣ, афзоиши сармоягузорӣ ва расонидани кумаки молӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва сусттараккикарда мебошад. Тоҷикистон яке аз кишварҳои озмоишӣ дар татбиқи ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид – «Огоҳии барвақт барои ҳама» мебошад. Дар ин самт мо омодаем, ки бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои махсуси он ҳамкорӣ кунем.
Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор пиряхи табиӣ ба қайд гирифта шудааст. 60%-и захираҳои оби минтақа дар хоки кишвари мо ташаккул меёбад, мутаассифона, дар Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир зиёда аз ҳазор пиряхҳои табиӣ об шудаанд, ки ин метавонад ба амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба об ва ҳифзи он таъсири манфӣ расонад. Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби ширин аст, тадбирҳои махсус, аз ҷумла таҳқиқот, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот ва ҳамкориҳои амиқи байналмилалиро тақозо мекунад.
Бо ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани “Соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо” ва таъсиси фонди махсус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо пешниҳоди саривақтӣ ва ба манфиати кишварҳо мебошад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар заминаи ин ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ вакилони порлумони Тоҷикистон қонуни “Ҳифзи пиряхҳо”-ро ба тасвиб дароварданд.
Қонуни мазкур дар чаҳорчӯби ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар бахши иқлим ва қатъномаи вижаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эъломияи соли 2025 “Ҳифзи пиряхҳои табиӣ” аз 14 декабри соли 2022 таҳия шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи захираҳои табиии пиряхҳоро муайян мекунад.
Қонуни дар боло зикршуда 4 принсипро дар бар гирифта, инчунин чаҳорчӯби таълим, тадқиқот, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин тадбирҳои сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо танзим менамояд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳои табиӣ таъсис дода шавад ва дар соли 2025 дар Душанбе як конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мешавад.
Азбаски 6 дарсади қаламрави Тоҷикистонро пиряхҳои табиӣ ташкил медиҳанд, дар шароити тағйирёбии иқлим то имрӯз зиёда аз ҳазор пиряхи табиӣ об шуда, ҳифзи онҳо тавассути қабули қонунҳо иқдоми муносиб аст.
Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор пиряхи табиӣ сабт шудааст ва ҳудуди 60 дарсади манобеъи оби Осиёи Марказӣ дар ин кишвар воқеъ аст.
Пиряхи Федченко пиряхи бузурги табиӣ дар кӯҳҳои Помир аст, ки дар шимолу марказии вилояти Бадахшони Мухтори Кӯҳистони Тоҷикистон воқеъ аст. Ин пиряхи дарозу танг ҳоло 77 километр дарозӣ дошта, масоҳати беш аз 700 километри мураббаъро дар бар мегирад. Ин пирях дарозтарин пиряхи табиии ҷаҳон берун аз заминҳои қутбӣ мебошад. Ғафсии максималии яхи он ҳудуди 1000 метр буда, ҳаҷми яхбандии пиряхи асосӣ дар баробари даҳҳо шохаҳои аз он ҷудошуда 144 километри мукааб ҳисоб шудааст, ки тақрибан сеяки ҳаҷми кӯли эраро ташкил медиҳад.
Тағйирёбии иқлим дигар таҳдиди дур нест, балки воқеиятест, ки таъсири онро мо дар саросари ҷаҳон аз пиряхҳои Исландия то хушксолии шадид дар Қораи Осиё мебинем. Рӯзи умумиҷаҳонии метеорологӣ як имконест барои нишон додани аҳамияти илми метеорологӣ ва нақши он дар фаҳмиш, пешгӯӣ ва мубориза бо ин бӯҳрони ҷаҳонӣ. Гарчанде ки технологияҳои нав ва маълумоти илмӣ метавонанд ба коҳиш додани оқибатҳои тағирёбии иқлим мусоидат кунанд, ин кӯшишҳо бидуни тағир додани сиёсатҳо, тарзи зиндагӣ ва равишҳои ҷаҳонӣ кофӣ нестанд.
Чигунае, ки дар боло гуфта гузаштем дар моҳи майи соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе Конференсияи сатҳи балани байналмилалӣ бо иштироки намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва ҳама коршиносону мутахассисони ҳифти пиряхҳо сарҷамъ меоянд ва оид ба ҳифзу нигаҳдории пиряхҳо пешниҳоду натиҷигирӣ хоҳанд намуд, ки ин иқдоми Тоҷикистон на фақат ба хотири манфиатҳои як миллат ё давлат балки хусусияти ҷаҳонӣ касб мекунад, ки ба манфиати ҳама халқиятҳову миллатҳо мебошад.
Қурбонзода Фарида, - ходими илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ