Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 06 май дар толори Маркази “Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат” вохурии докторантони Phd бо сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи Phd-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ Салим баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории суҳбату вохуриҳо дар амал татбиқ сохтани Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 мебошад. Дар ин замина бояд гуфт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин ва бонуфузтарин муассисаи илмӣ дар ҷумҳурӣ буда, кадрҳои сатҳи баланди илмиро омода менамояд. Дар Академияи миллии илмҳо кадрҳои илмӣ дар зинаҳои магистратура, аспирантура, докторантураи Phd ва постдокторантура ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Зимни вохурӣ масъулин иброз доштанд, ки барномаи мазкур дар асоси принсипҳо ва талаботе, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир ба дурнамои рушди дарозмуҳлати низоми илму маорифи ҷумҳурӣ мустаҳкам шудааст, таҳия гардидааст.

Гуфта шуд, ки дар он пеш аз ҳама ба принсипҳои тарбияи васеи кадрҳои илмӣ, ки рақобатпазирии иқтисодиёти кишварро таъмин менамояд, ба низоми тайёр намудани кадрҳои илмии рақобатпазир дар бозори меҳнат, бунёди иқтидори инноватсионии рушди илм, ташаккулёбии дониш ва малакаи зарурӣ ҷиҳати рушди устувор мусоидат менамояд, афзалият дода шудааст.