Перейти к основному содержанию

“Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонони солим, донишманду бомаърифат ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори рушду тараққиёт ва пешрафти ҷомеа, муҳимтар аз ҳама ояндаи миллату давлат мебошанд. Ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта, яъне аввали даврони соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ фишангҳои давлатдориро суст намуда, ба раванди таълиму тарбия, муносибату муошират ва кору амали ҷавонон таъсири манфӣ гузошт.

Талаботи қонунҳо, бахусус Конститутсия, поймол ва фаъолияти сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида буд. Қисмате аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша шомил шуда, даст ба ҷиноятҳои сангин мезаданд. Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудани давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, нақш ва иштироки онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва нигоҳдошти мавқеи устувор дар ҷомеа баъд аз соҳибистиқлол эълон гардидани давлат моҳи майи соли 1997 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон эълон гардид, ҳамчунин солҳои баъдӣ Шӯрои миллии кор бо ҷавонон созмон дода шуда, бо мақсади таҳкими бештари нақши ҷавонон дар ҷомеа соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид.

Боиси тазаккур аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, Қонуни барои ҷавонон муҳим “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” – ро қабул кард. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.

Таҳияи санадҳои танзимкунандаи ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расида, вобаста бо тақозои замон ва рушди ҷомеа такомул ёфта истодаанд.
Дар баробари ин, аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон”, “Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2015 ва 2016 - 2018”, “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015 - 2020”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020” заминаи мусоидро барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам овардаанд.

Тибқи таҳлилҳои Хазинаи афзоиши аҳолии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад ва дар асоси таҳлилҳо ва маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд.

Бо назардошти чунин нишондиҳандаҳо, Пешвои миллат зимни суханронии худ дар мулоқот бо ҷавонони кишвар санаи 21 майи соли ҷорӣ қайд намуданд, ки “...маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад”.

Дар воқеъ, ҷавонон имрӯз шумораи зиёди аҳолии кишвари азизамонро ташкил дода, ташаббускорӣ ва иқдомҳои тозаву таконбахши онҳо ба инобат гирифта шуда, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон гардиданд ва доимо ба насли ҷавон такя мекунанд.

Дар ин раванд, ба масъалаи баланд бардоштани маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ, пеш аз ҳама илмҳои дақиқ, кашфиёту навоварӣ мароқ зоҳир намудан, ҳамчунин ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибистеъдод стипендия ва ҷоизаҳои гуногун, аз ҷумла стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯён, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон” барои омода намудани мутахассисони ҷавон дар сатҳи байналмилалӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шуданд.

Барои ҳар чӣ бештар ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ солҳои 2020 - 2040 бистсолаи омӯзиши ин фанҳо эълон гардид.

Ба ин масъала боз ҳам диққати ҷиддӣ зоҳир гардида, соли 2020 шумораи Стипендияи президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 400 ба 3000, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва аспирантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 то 50 расонида шуда, аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст.

Шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ низ зиёд карда шуда, ҳар сол 12 нафар бо ин ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд ва то имрӯз зиёда аз 160 нафар олимони ҷавон сазовори ин ҷоиза гаштаанд.

Дигар аз иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат ин таъсиси Квотаи президентӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ва писарони лаёқатманд аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба шумор меравад, ки барои соҳибмаълумот гаштани ҷавонон такони ҷиддӣ бахшид. Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар муддати 24 соли амали квоати мазкур, аз 61 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвари мо зиёда аз 22 ҳазору 200 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд ва ҳоло шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз 200 то 1252 расонида шудааст.

Бо чунин иқдомҳои наҷибона қаноат накарда, Пешвои миллат зимни баромадашон таъкид намуданд, ки бо мақсади дастгирии вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо ҳаҷми стипендияҳои онҳо аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Эътибори ҷиддӣ ба раванди таълим ва касбинтихобкунӣ равона гардида, рушди муносибатҳо бо дигар давлатҳо баҳри омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба роҳ монда шуд. Ин гуна заминагузорӣ дар чунин давраи ҳассосу сарнавиштсоз боис гардид, ки имрӯз дар хориҷи кишвар беш аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр, аспирант ва докторантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Бояд таъкид намуд, ки танҳо дар соли 2019 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳое, ки бо ибтикори Пешвои миллат таъсис ва рушд ёфтааст 16 нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд, ки аз дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлат ва сохторҳои амалкунандаи зертобеъи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Боиси қайд аст, ки дар фазои сулҳу субот, оромии ҷомеа ва пойдории ризоияти миллӣ баргузор гаштани мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо насли ҷавони кишвар ба онҳо рӯҳияи наву илҳоми тоза бахшида, барои боз ҳам эмин нигоҳ доштан ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият такони ҷиддӣ мебахшад.

Бояд таъкид намоям, ки ҷавонон имрӯз самараи истиқлолияти давлатӣ ва нерӯи тозаи пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро дар ҳар вохӯриҳояшон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол ва ояндаи миллату давлат мебошанд.

Тавре аз суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад». Ин сиёсати Пешвои миллату Ҳукуматро халқи Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, бо иродаи бевосита дар раъйпурсии умумихалқӣ мутобиқи тағйироти санаи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи ҶТ сину соли ба вазифа таъин ва интихоби узви ММ МОҶТ, номзад ба мансаби Президенти ҶТ, судяҳои Суди конститутсионӣ аз 35 ба 30 муқаррар карда шуд. Ин ҳама боварӣ ба нақши тақдирсоз, пешбар ва дорои сатҳи баланди илму дониши мо-ҷавонон аз ҷониби Президенти ҶТ, Ҳукумати ҶТ ва халқи азизи кишварро нишон медиҳад, ки вазифаҳои муҳим ва масъули давлатиро ба мо – ҷавонон вогузор менамоянд. Fалабаи пай дар пайи наврасону ҷавонони мо дар озмунҳои мухталиф, дастболо гаштани ҷавонон дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар хориҷи кишвар ва дар маҷмӯъ музаффариятҳои наврасону ҷавонон падидаҳоест, ки меваҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Масъалаи ҷавонон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Истиқлолият неъмати бебаҳои миллат аст. Ҷавонон имрӯз бояд таблиғгари мероси арзандаи ниёгон бошанд. Дурӣ ҷустан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш намудани анъанаҳои неки ниёгони худ бузургтарин иштибоҳ дар шинохти ҳуввияти миллӣ хоҳад буд.

Дар баробари ғамхориҳои Пешвои миллат месазад, ки ҳар як ҷавони мамлакат ҷавобан ба давлату миллати худ содиқу ғамхор бошанд. Роҳ ба сӯи ояндаи пурсаодатро пеш гиранд.

Ситора АБДУМУМИНЗОДА, - мудири шӯъбаи магистратура докторантура PhD ва унвонҷӯёни ИФСҲ АМИТ.