Перейти к основному содержанию
Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолият ба шумор меравад, ки на танҳо сулҳу суботро дар кишвар барқарор кард, балки заминаи ҳуқуқии устувореро барои рушди давлатдории муосир фароҳам овард. Раванди расидан ба Ваҳдати миллӣ дар заминаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997, ки бо талафоти зиёди ҷонӣ, харобии инфрасохтор ва парокандагии ҷомеа ҳамроҳ буд, шакл гирифт. Ин раванд на танҳо як дастоварди сиёсӣ, балки як падидаи ҳуқуқӣ аст, ки дар асоси санадҳои муҳими миллӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997), Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои мушаххас амалӣ гардид.

1. Заминаи таърихии Ваҳдати миллӣ

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, Тоҷикистон ба як давраи пурталотуми сиёсӣ ва иҷтимоӣ ворид шуд. Истиқлолият, ки дар моҳи сентябри ҳамон сол эълон гардид, бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳ буд. Нобаробарии иқтисодӣ, ихтилофоти идеологӣ ва минтақавӣ боиси танишҳои дохилӣ гардиданд, ки дар ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 оварда расонд. Ин низоъ, ки тақрибан 150,000 кушта, зиёда аз 55,000 кӯдаки ятим ва зарари иқтисодии 10 миллиард доллари амрикоиро ба бор овард, ҷомеаи Тоҷикистонро ба парокандагӣ ва давлатро ба вартаи нестшавӣ наздик кард.

Дар чунин шароити бӯҳронӣ, зарурати таҳкими сулҳ ва барқарорсозии низоми ҳуқуқӣ ба миён омад. Раванди Ваҳдати миллӣ бо як силсила музокироти сулҳ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иштироки Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва кишварҳои миёнҷигар сурат гирифт, оғоз ёфт. Ин музокирот дар ниҳоят ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва (27 июни 1997) анҷомид, ки нуқтаи гардиши муҳим дар таърихи муосири Тоҷикистон гардид.

2. Асосҳои ҳуқуқии Ваҳдати миллӣ

1. Созишномаи сулҳи соли 1997. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун санаде, ки заминаи ҳуқуқии Ваҳдати миллиро таъмин кард, дар таърихи Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дорад. Ин санад, ки бо миёнҷигарии СММ ва кишварҳое чун Русия, Эрон ва Узбекистон ба имзо расид, якчанд ҷанбаҳои муҳими ҳуқуқиро дар бар мегирад:

-қатъи амалиёти низомӣ. Созишнома ҷонибҳои даргирро муваззаф кард, ки амалиёти низомиро қатъ намуда, ба раванди барқарорсозии сулҳ ҳамроҳ шаванд. Ин меъёр ба коҳиши таниш ва боздоштани хунрезӣ мусоидат кард.

- интегратсияи мухолифин. Яке аз вижагиҳои муҳими созишнома фароҳам овардани шароит барои ҳамгироии мухолифини мусаллаҳ ба ҳаёти сиёсӣ ва низомии кишвар буд. Ин раванд ба онҳо имкон дод, ки ҳамчун як қисми ҷомеаи муттаҳид фаъолият кунанд.

- ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ. Созишнома заминаро барои тағйироти конститутсионӣ ва ислоҳоти қонунгузорӣ муайян кард, ки ба таҳкими арзишҳои демократӣ, баробарии ҳуқуқи шаҳрвандон ва рушди низоми ҳуқуқбунёд нигаронида шуда буд.

Созишномаи сулҳи соли 1997 на танҳо як санад барои хотима додан ба низоъ, балки як ҳуҷҷати стратегӣ буд, ки роҳро барои бунёди давлати муосири Тоҷикистон боз кард. Ин санад бо ҳадафҳои Оиномаи Созмони Милали Муттаҳид (1945), бахусус моддаи 1-и он, ки ба "ҳифз ва нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ" даъват мекунад, мувофиқ аст.

2. Тағйироти конститутсионӣ. Барои амалисозии Созишномаи сулҳ, зарурати ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) ба миён омад. Ин тағйирот, ки асосан дар солҳои 1999 ва 2003 ба тасвиб расиданд, ба таҳкими низоми ҳуқуқии давлат мусоидат карданд:

- таъсиси парлумони касбӣ. Тағйироти соли 1999 имкон дод, ки парлумони касбӣ таъсис ёбад, ки намояндагии сиёсии гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро таъмин намуд. Ин ислоҳот ба фарогирии сиёсӣ ва пешгирии танишҳои минтақавӣ мусоидат кард.

- кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон. Конститутсия ҳуқуқи баробари шаҳрвандонро новобаста аз мансубияти миллӣ, динӣ ва сиёсӣ таъмин кард. Моддаи 5-и Конститутсия эълон мекунад, ки “инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ” мебошанд, ва давлатро муваззаф мекунад, ки ин арзишҳоро ҳифз намояд.

- мустақилияти судҳо. Барои таъмини адолати судӣ, ислоҳоте ҷорӣ карда шуданд, ки мустақилияти низоми судиро тақвият бахшиданд. Ин меъёр ба барқарорсозии эътимоди ҷомеа ба низоми ҳуқуқӣ мусоидат кард.

Моддаи 1-и Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун “давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона” муайян мекунад, ки “барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Ин меъёр нишон медиҳад, ки таъмини сулҳ ва суботи иҷтимоӣ дар сатҳи конститутсионӣ ҳадафи асосии давлат аст.

3. Санадҳои байналмилалӣ ва Ваҳдати миллӣ. Раванди Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо дар асоси санадҳои миллӣ, балки бо такя ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ гардид. Якчанд санадҳои муҳими байналмилалӣ, ки ба ҳифзи сулҳ ва пешгирии низоъҳо нигаронида шудаанд, дар ин раванд нақши муҳим бозиданд:

- Оиномаи Созмони Милали Муттаҳид (1945): Моддаи 1-и Оинома ба ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ даъват мекунад, ки бо ҳадафҳои Созишномаи сулҳи Тоҷикистон мувофиқ аст.

- Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948): Ин санад ҳуқуқи инсонро ҳамчун асос барои сулҳи ҷаҳонӣ муайян мекунад, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон низ инъикос ёфтааст.

- Конвенсияи Женева (1949): Ин санад ба ҳифзи қурбониёни ҷанг нигаронида шуда, дар раванди сулҳи Тоҷикистон барои танзими низоъҳо ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аҳамият дошт.

- Декларасия дар бораи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ (1970): Ин санад сулҳро ҳамчун принсипи асосии ҳамкорӣ байни давлатҳо муайян мекунад, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ инъикос ёфтааст.

Ин санадҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар раванди Ваҳдати миллӣ на танҳо ба манфиатҳои дохилӣ, балки ба арзишҳои умумибашарӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такя кардааст.

3. Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асосгузории Ваҳдати миллӣ

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ нақши муҳим ва муайянкунанда доштанд. Аз замони интихобашон ҳамчун Сарвари давлат дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992), онҳо бо садоқат ва фидокорӣ барои барқарорсозии сулҳ ва субот дар Тоҷикистон мубориза бурданд. Нақши онҳо дар ин раванд чандин ҷанбаи муҳимро дар бар мегирад:

- Роҳбарии музокироти сулҳ. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар музокироти сулҳ бо мухолифини мусаллаҳ иштирок карда, бо сабру таҳаммул ва сиёсати мутавозун ба имзои Созишномаи сулҳи соли 1997 муваффақ гардиданд. Ин созишнома нуқтаи кафили барқарорсозии сулҳ дар кишвар буд.

- Сиёсати фарогирӣ ва оштии миллӣ. Баъди имзои созишнома, Пешвои миллат сиёсати оштии миллиро пеш бурданд, ки ба ҳамгироии собиқ мухолифин ба низоми сиёсӣ ва ҷомеа мусоидат кард. Ин сиёсат ба коҳиши танишҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ягонагии миллӣ кумак намуд.

- Таҳкими давлатдорӣ. Таҳти роҳбарии онҳо, ислоҳоти муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ амалӣ гардиданд, ки заминаи устувори давлатдории муосирро фароҳам оварданд. Ин ислоҳот ба таъмини адолат, баробарӣ ва субот дар ҷомеа нигаронида шуда буданд. Мувофиқи моддаи 2 Қонуни конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016, № 1356 “ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқи аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад”. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ нақши беназир доштанд, ки на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ низ эътироф шудааст. Роҳбарии хирадмандона ва сиёсати мутавозуни онҳо дар давраи бӯҳрони ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) ба Тоҷикистон имкон дод, ки аз вартаи парокандагӣ наҷот ёфта, ба субот ва рушд ноил гардад.

- Рамзи ягонагии миллӣ. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути фаъолияти худ ба рамзи Ваҳдати миллӣ табдил ёфтанд. Эълони Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27 июн) ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ барои таҳкими эҳсоси ягонагӣ дар байни мардуми Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Ин иқдомот ба пешбурди фарҳанги сулҳ ва ҳамзистии осоишта мусоидат карданд.

- Ташаббусҳои байналмилалӣ. Сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ натиҷаҳои назаррас дод. Профессор Ҳайдарзода Рустам таъкид мекунад: “Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Сарвари сиёсии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва бонуфузи глобалӣ буда, на танҳо дар муайян кардани рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ, балки барои ҳалли масъалаҳои доғи глобалӣ қодир ҳастанд” [2]. Ташаббусҳои онҳо, аз қабили “Даҳсолаи таҳкими сулҳ”, бо ҳадафҳои Оиномаи СММ (1945) ва Эъломияи Миллениуми СММ (2000) мувофиқ буда, ба пешгирии низоъҳо ва таъмини суботи ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд.

- Таҳкими сохти конститутсионӣ. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Конститутсияи соли 1994 қабул гардид, ки асоси ҳуқуқии давлатдории муосири Тоҷикистонро ташкил дод. Моддаи 11-и Конститутсия, ки “ташвиқоти ҷанг”-ро манъ мекунад, мавқеи сулҳҷӯёнаи Тоҷикистонро инъикос намуда, бо моддаи 1-и Оиномаи СММ, ки ба ҳифзи сулҳ даъват мекунад, ҳамоҳанг аст.

4. Нақши қонунгузорӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

Қонунгузории миллӣ дар давраи пас аз сулҳ барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии суботи ҷомеа нақши муҳим бозид. Якчанд қонунҳои калидӣ қабул гардиданд, ки ба ҳамгироии ҷомеа, пешгирии низоъҳо ва рушди демократӣ нигаронида шуда буданд:

-Қонун дар бораи авф: Ин қонун ба садҳо иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандӣ имкон дод, ки ба ҳаёти осоишта баргарданд ва дар бунёди ҷомеаи муттаҳид саҳм гузоранд. Ин иқдом ба коҳиши танишҳои иҷтимоӣ ва барқарорсозии эътимод мусоидат кард.

-Қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ: Ин қонун фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро танзим намуда, ба онҳо имкон дод, ки дар равандҳои демократӣ иштирок кунанд. Ин меъёр ба фарогирии сиёсӣ ва пешгирии ихтилофоти идеологӣ кумак кард.

-Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ: Ин қонун ба таъмини ҳуқуқи динӣ ва пешгирии низоъҳои мазҳабӣ нигаронида шуда, ба ҳамзистии осоиштаи гурӯҳҳои мухталифи динӣ мусоидат намуд.

Ин қонунҳо дар якҷоягӣ бо ислоҳоти конститутсионӣ заминаи ҳуқуқии устувореро барои таҳкими Ваҳдати миллӣ фароҳам оварданд. Моддаи 1-и Конститутсия, ки Тоҷикистонро ҳамчун “давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона” муайян мекунад, асоси идеологии ин қонунҳоро ташкил медиҳад.

5. Аҳамияти санадҳои байналмилалӣ дар таҳкими сулҳ

Раванди Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо такя ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ гардид, ки ба ҳифзи сулҳ, пешгирии низоъҳо ва мусоидат ба ҳамкорӣ байни давлатҳо нигаронида шудаанд. Баъзе аз санадҳои муҳими байналмилалӣ, ки дар ин раванд аҳамият доштанд, иборатанд аз:

-Оиномаи Созмони Милали Муттаҳид (1945): Моддаи 1-и Оинома ба ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ даъват мекунад, ки бо Созишномаи сулҳи Тоҷикистон (1997) мувофиқ аст.

-Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948): Ин санад ҳуқуқи инсонро ҳамчун асос барои сулҳи ҷаҳонӣ муайян мекунад, ки дар моддаи 5-и Конститутсияи Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

-Конвенсия дар бораи пешгирӣ ва муҷозоти ҷинояти генотсид (1948): Ин санад ба пешгирии низоъҳое, ки метавонанд ба фоҷиаҳои инсонӣ оварда расонанд, нигаронида шудааст.

-Созишномаи умумии сулҳ (Дейтон, 1995): Ин санад намунаи муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ тавассути созишномаҳои сулҳ буд, ки барои Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаи муфид хизмат кард.

Ин санадҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар раванди сулҳсозӣ ба арзишҳои умумибашарӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ такя карда, мавқеи худро ҳамчун давлати сулҳҷӯй дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд.

6. Таҳлили низоъҳои ҷаҳонӣ ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ

Барои дарки аҳамияти Ваҳдати миллӣ, таҳлили низоъҳои ҷаҳонӣ аз соли 1991 то апрели 2025 муҳим аст. Ин давра бо афзоиши низоъҳои дохилӣ ва байналмилалӣ хос аст, ки ба наслҳои оянда таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод карданд. Баъзе аз низоъҳои асосии ин давра иборатанд аз:

-Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992–1997): 150,000 кушта, зиёда аз 55,000 кӯдаки ятим, 10 миллиард доллари амрикои зарар.

-Генотсид дар Руанда (1994): Беш аз 540,000 кушта, аз ҷумла даҳҳо ҳазор кӯдак.

-Ҷанги Сурия (2011–2025): Тахминан 500,000–600,000 кушта, аз ҷумла 100,000+ кӯдак.

-Ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ (2020): 7,646 кушта, аз ҷумла садҳо кӯдак.

Тибқи маълумот, аз соли 1991 то 2025 тахминан 2–3 миллион нафар дар ҷангҳо ҷон бохтаанд, ки садҳо ҳазор нафарашон кӯдакон буданд. Ин рақамҳо зарурати таҳкими сулҳро равшан мекунанд. Таҷрибаи Тоҷикистон дар расидан ба Ваҳдати миллӣ намунаи муваффақи ҳалли низоъҳо тавассути музокирот ва ислоҳоти ҳуқуқӣ аст, ки метавонад барои дигар кишварҳои даргир дар низоъҳо сабақи арзишманд бошад.

Моддаи 38-и Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак (1989) ва моддаи 26-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) ба таълими сулҳ ва ҳифзи кӯдакон дар низоъҳо таъкид мекунанд. Ин меъёрҳо бо ташаббуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ”, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод шудааст, мувофиқ буда, нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ низ ба ҳифзи сулҳ саҳм мегузорад.

Ҷанбаҳои ҳуқуқии ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим дар таҳкими сулҳ, барқарорсозии низоми ҳуқуқӣ ва рушди демократӣ бозиданд. Созишномаи сулҳи соли 1997, ислоҳоти конститутсионӣ, қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ заминаи устувори ҳуқуқиро барои расидан ба субот фароҳам оварданд. Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ҳамчун омили асосии муваффақият барҷаста аст, зеро роҳбарии хирадмандона ва сиёсати фарогири онҳо Тоҷикистонро аз парокандагӣ наҷот дод. Ваҳдати миллӣ на танҳо як дастоварди таърихӣ, балки арзиши пойдорест, ки барои ояндаи Тоҷикистон заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Таҷрибаи Тоҷикистон дар расидан ба сулҳ метавонад барои ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи ибратбахш бошад.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор