Перейти к основному содержанию

Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишвар мебошад, ки арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ кардаанд.

Таърихи куҳанбунёди тоҷикон саршор аз руйдодҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоиест, ки дар тамадуни халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Ин гуна воқеаҳо ҳам дар таърихи гузашта ва ҳам дар Тоҷикистони муосир рух доданд, ки боиси ифтихору сарфарозии мардуми кишвар мебошад. Руйдоди сиёсии нисбатан муҳимтаре, ки дар даврони навини таърихи тоҷикон ба вуқуъ пайваст, ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997» ифода мегардад, зеро ин Созишноами тақдирсоз тавонист, ки мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ раҳо намояд. Хушбахтона, имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, аз насли ҷавон то калонсолон аҳамияти ваҳдатро хуб дарк менамоянд ва қадру манзалати онро пос медоранд. Дар ин асос 27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Бояд тазакур дод, ки дар давоми 34 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи наҷотбахши миллат, рӯйдоди нодири таърихӣ, омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи ҷомеа, унсури асосии андеша ва худшиносии миллӣ, омили асосии таҳкими давлатдории навини тоҷикон гардид.

Ваҳдат ва амну суботи миллӣ дар ҳар давру замон, новобаста ба давраҳои таърихӣ, ҳамеша мазҳари идеалу ормонҳои волои инсон буда, кафили муттаҳидию ягонагии мардуми заҳматкашу хирадманд, фидокору ватандӯст ва василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.

Ин падидаи беназиру муқаддаси даврони Истиқлолият, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат буда, дар сиришти миллати тоҷик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро барои ояндаи неку дурахшон тақвият мебахшад.

Масири Ваҳдатофарии миллати сарабаланд ва куҳанбунёди тоҷик аз умқи таърих сарчашма мегирад. Лозим ба ёдоварист, ки дар баробари дигар рукнҳои асосии давлатдории миллӣ аз ҷумлаи «Истиқлолият», «Забони давлатӣ», «Конститутсия» ва «Рамзҳои давлатӣ», Ваҳдати миллӣ мавқеи басо муҳими таърихиро касб кардааст ва мо метавонем нақши ин ҷашни воқеанҳам миллию аҷдодии хешро дар рушди давлатдоии миллӣ бо якчанд далелҳо асоснок намоем:

Якум, бояд қайд намуд, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Ватанамон душвору пурпечутоб буд, зеро ҷанги шаҳрвандӣ минтақаҳои гуногуни кишварамонро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсию ҳарбӣ кашида буд. Дар ин шароити барои давлати тозаистиқлоли тоҷикон хавфноктарин бо баргузории Иҷлосияи таърихии тақдирсози ХVI Шурои Олии ҷумҳурӣ ва Раиси Шурои Олии кишвар интихоб шудани фарзанди наҷотбахши миллату давлат, меъмори сулҳу Ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон, давраи нави ташаккул ва рушд эътироф гардид. Дар сухани нахустини худ Эмомалӣ Раҳмон чун Раиси Шурои Олии Тоҷикистон чунин иброз намуда буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…. Ман ҷонибдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Ҳар чӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором кунем».

Ҳукумати навтаъсис бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба ҳаллу фасли масъалҳои зерин, ки мушкилоти муҳимтарини руз ва проблемаҳои аввалидараҷа буданд, оғоз намуд: Ҳар чӣ зудтар гирифтани роҳи хунрези, хотима додан ба ҷанги харобиовар ва барқарор кардани ҳаёти осоиштаи мардум, барқарор кардани шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият ва кори муътадили мақомоти давлатӣ аз марказ то маҳалҳо, пурра ба Ватан ва ҷойи зисти доимӣ баргардонидани гурезаҳо ва фирориён, барқарор намудани фаъолияти мунтазами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлати ва таҳкими ваҳдати милли, истифодаи муассир ва ҳамаҷонибаи воситаҳои сиёси ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои самарабахши байналмилалӣ.

Дуюм, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро бе якдигар тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чунки яке ба ҷумҳурӣ ва ҳалқи тоҷик соҳибихтиёрӣ бахшида бошад, дуюмин тавонист, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш созад. Бо шарофати ин рукни асосии давлатдории миллӣ, шохаҳои ҳокимият дар тамоми манотиқи мамалакат барқарор гардид, зеро чуноне, ки қайд намудем фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо қариб, ки фалаҷ шуда буд.

Сеюм, таҳкими ҳокимияти конститутсиони ва ба шароити нав мутобиқ намудани он. Бо ин мақсад ба Конститутсия ва қонунҳои мавҷуда тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи давлат ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дар доираи салоҳияти худ ба сифати ҳокмияти мустақили давлатӣ фаъолият дорад.

Чорум, масъалае, ки ҳалли бетаъхирро талаб мекард ин таъсис додани артиши милли ва қушунҳои сарҳадӣ ба хотири пурзур кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амияти давлати ва пуштибонии дастовардҳои истиқлолият буд. Пушида нест ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрванди надоштанаи артиши милли ифода мегардад, ки бо ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 » ин масъала ҳалли пурраи худро ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси созандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши милли ба як нерӯи пурқувват табдил ёфта, аз лиҳози техникию моддӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

- Панҷум, Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускори ҳалли як қатор масъалаҳои хусусияти глобалидошта эътироф шудааст. Давлати Тоҷикистон муаллифи чор ташаббуси бузург дар соҳаи об, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» мебошад, ки имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта ва амалӣ шудааст истодааст.

Ҳамзамон ташаббуси навбатӣ дар сатҳи байналмилалӣ ин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгири ёфтани пешниҳоди навбати оид ба эълон гардидани солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” (яхшиносӣ) ифода мегардад, ки дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи обу иқлим заминаи мусоид фароҳам оварда барои ҳалли мушкилоти рӯзмарраи рушди “иқтисоди сабз” ва пешрафти босубот заминаи боэътимод фароҳам меоварад.

Шашум, Эҳё ва эҳтироми суннату арзишҳои миллӣ, зинда гардонидани номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, муттафакирони оламшумули тоҷику форс, чеҳраҳои шинохтаи динӣ ва аҳли илму адаб. Чунончӣ санаи 11 июни соли 2025 дар қароргоҳи Юнеско дар идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конфронси илмӣ-назариявии байналмилалӣ баргузор гардид.

Ҳафтум, бунёди давлати иҷтимои ва зина ба зина боло бурдани сатҳу зинадагонии мардуми кишвар. Асоси давлати иҷтимоиро таъмини шароити арзанда ва муносиби зиндагонии хуррам ва пурнишоти мардуми кишвар, дастгирии ҳамешагии маъюбону ятимон, бепарасторону бенавоён ва кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд такшил медиҳад.

Ҳаштум, бунёду таъмир ва ба истифода додани роҳҳу нақбҳои нав барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам овард, ки дар чор фасли сол миёни тамоми минтақаҳои кишвар рафту омади сокинони он таъмин карда шавад. Бунёди роҳҳои байналмилалӣ барои пайвастшавии бемайлони Тоҷикистон ба кишварҳои дунё ва бозори ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Нуҳум, такмили фаъолияти мақомоти қонунгузор ва бунёди парламенти касбӣ дар кишвар. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни бунёдии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аз аввали ташкилёбиаш асолати таърихии хешро то кунун дар сатҳи баланди корӣ, ташкилӣ ва суботкорӣ ба пеш бурда истодааст.

Даҳум, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд. Маҳз расидан ба Ваҳдати миллӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар вазъияти воқеӣ ба амал бароварда шавад.

Ёздаҳум, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат.

Дар воқеъ, тарибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамин тавр, бо шарофати саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи матин, нангу номуси ватандорӣ, меҳанпарасти ва ҷонибдории тамоми мардумӣ Тоҷикистон, мо тавонистем аз парокандаги ва ноумеди раҳои ёфта, иродаву иқдоми сулҳофарии мардумамонро ба самти созандагию бунёдкори равона созем, сулҳу ошти, оромиву суботро дар кишвари азизамон таъмин намоем. Сулҳу Ваҳдати тоҷикон ба ҷомеаи башар исбот намуд, ки мардуми мо соҳиби ақлу заковати воло, иродаи нек буда, баҳри ҳадафҳои олӣ ҳамеша омода аст.

Ҳамин буд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузоштем. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллии нав гардид. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда бо аксари кулли мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститусионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромада шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки мафҳумҳои истиқлолият ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, ободии Ватан ва созандагӣ на танҳо ҳамчун ғояҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд, балки ба ҳайси қутбнамо дар тафаккури мардумамон ҷой гирифтаанд.

Аз ин рӯ мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Давлатзода Комрон Давлат, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими хурди илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ