Перейти к основному содержанию

(дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, 4 августи 2025)

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон ҳамчун давлатҳои мустақили пасошӯравӣ, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, дар раванди бунёди сиёсати хориҷии худ ба густариши муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя аҳамияти аввалиндараҷа доданд. Дар натиҷаи пеш гирифтани чунин сиёсати хориҷӣ, барои онҳо мушарраф гардид, ки аввало робитаҳои дипломатиро миёни ҳам барқарор намоянд.

Муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистону Туркманистон 27 январи соли 1993 расман барқарор гардид, ки аз он замон то имрӯз ин муносибатҳо ба таври пайваста ва босубот рушд мекунанд. Заминаи шартномавӣ – ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 133 санад ташкил медиҳад, аз ҷумла Созишнома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳоро ба танзим медароранд.

Бо гузашти беш аз се даҳсола аз истиқлолият, равобити Тоҷикистону Туркманистон аз сатҳи дипломатӣ ба марҳилаи шарикии стратегӣ расидааст. Таҳкими равобит ва ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани онҳо зина ба зина, асосан дар замони пас аз соли 2000 сурат гирифтааст. Созишномаи расмии шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон дар таърихи 2-уми ноябри соли 2017 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон, Эъломияи оид ба тақвияти шарикии стратегӣ байни ду кишвар ба таври расмӣ дар таърихи 10–11 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе қабул гардид, ки дар доираи он боз 23 қарордоду ёддошти тафоҳумро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиёт, амният, фарҳанг ва таълим дарбар мегирифт, ба имзо расиданд.

Тоҷикистону Туркманистонро муносибатҳои деринаи таърихиву фарҳангӣ мепайванданд. Ҳамчунин ҳарду миллат решаҳои муштараки тамаддуни Осиёи Марказиро доранд ва мубодилаи фарҳангиву илмӣ миёни онҳо таърихи чандинсадсола дорад. Аз нигоҳи сиёсӣ, муносибатҳои ду кишвар бар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ, дахлнопазирии марзҳо, ҳалли масъалаҳо бо роҳи гуфтушунид ва манфиатҳои мутақобилан судманд бунёд ёфтаанд.

Ҳар ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲИ ва дигар ташкилотҳо ҳамкории зич доранд. Тоҷикистон ҳамеша мавқеи Туркманистонро ҳамчун кишвари бетараф (нейтралӣ) эҳтиром мекунад ва аз ташаббусҳои он ҷонибдорӣ намудааст.

Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар — нақлиёт ва логистика мебошад. Туркманистон ҳамчун кишвари дорои дастрасӣ ба баҳри Каспий ва тавассути он ба бозорҳои ҷаҳонӣ, барои Тоҷикистон як роҳу василаи муҳими тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон, ҳамчун як кишвари дар муҳосираи хушкӣ қароргирифта (бе дастрасӣ ба баҳр), барои рушди иқтисод ва густариши савдо ба роҳҳои транзитии кишварҳои ҳамсоя ниёз дорад. Дар ин замина, Туркманистон бо ҷойгиршавии стратегии муҳими географӣ, метавонад нақши калидӣ дар васл намудани Тоҷикистон бо бозорҳои ҷаҳонӣ бозӣ кунад. Истифодаи роҳҳои транзитии Туркманистон барои Тоҷикистон имкониятҳои нави логистикӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ фароҳам меорад.

Дар шароити тағйирёбии сиёсиву иқтисодии минтақа, ин ду кишвар ба таҳкими ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Ин лоиҳаҳо на танҳо барои рушди инфрасохтори дохилӣ муҳиманд, балки метавонанд омили таҳкими ҳамгироии иқтисодии тамоми Осиёи Марказӣ шаванд.

1. Роҳи оҳани Қазоқистон – Туркманистон – Эрон

Яке аз лоиҳаҳои калидии минтақавӣ, ки Тоҷикистону Туркманистон дар он манфиатҳои умумӣ доранд. Ин масир:

1. Қазоқистонро аз тариқи Туркманистон ба бандарҳои баҳри Уқёнуси Ҳинд (Бандар Аббос, Эрон) мепайвандад;

2. Барои Тоҷикистон як алтернативаи муҳими транзитӣ барои содироту воридоти мол ба бозорҳои Ховари Миёна ва берун аз он мебошад.

2. Лоиҳаи долони нақлиётии “Шимол – Ҷануб”

Ин долон, ки чандин кишварро дар бар мегирад, аз Русия ба Эрон тавассути Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон мегузарад. Тоҷикистон метавонад бо Туркманистон ва Эрон ҳамкорӣ намуда, ба ин долони муҳими байналмилалӣ пайванд шавад.

3. Долони нақлиёти Транскаспий (Долони Миёна).

Ин лоиҳаи минтақавӣ барои ҳарду кишвар хеле муҳим буда, натанҳо кишварҳои иштирокдор аз он манфиатдоранд, балки тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро ба меҳвари нави логистикӣ табдил медиҳад.

4.TUTAP. Ин лоиҳа идомаи мантиқии CASA 1000 буда, дар оянда системаҳои энергетикии Туркманистону Ӯзбекистон ба CASA 1000 пайваст мешавад, ки ин имкон медиҳад то чаҳор фасли сол кишварҳои Осиёи Ҷанубиро бо қувваи барқ таъмин хоҳанд кард.

Дар арсаи сиёсӣ, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ байни президентон ва ҳайатҳои давлатӣ пайваста баргузор мегарданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба Ашқобод сафарҳои расмиву давлатӣ анҷом додааст ва ҳамчунин Президенти Туркманистон низ ба Душанбе ташрифоти расмиву давлатӣ ворид шудааст, ки боиси таҳкими эътимоди сиёсӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба гардидаанд. Сафари кории навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон дар таърихи чоруми августи соли равон боз як саҳифаи наверо дар муносибатҳои дӯстонаву шарикии ду кишвар боз хоҳад кард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳҳамедов гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ин сафар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 3-юмин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок менамоянд.

Бо дарназардошти муносиботи дӯстона ва манфиатҳои муштарак, дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон мусбат арзёбӣ мешавад. Гузариш ба сатҳҳои нави ҳамкорӣ, бахусус дар самтҳои иқтисод, технологияҳои нав, мубодилаи рақамӣ ва экология, метавонад ба манфиати ҳар ду кишвар бошад. Муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар даврони муосир дар рӯҳияи дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳусни ҳамкорӣ рушд меёбанд. Шарикии стратегии ин ду кишвар на танҳо ба манфиати миллии ҳарду давлат, балки барои суботи минтақаи Осиёи Марказӣ низ муҳим мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати “дарҳои боз” ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа содиқ аст ва дар ин росто, Туркманистон яке аз шарикони муҳими стратегии он дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.

ШАРИФОВ Искандар, ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ