Перейти к основному содержанию

(дар ҳошияи Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе, 8-10 октябри соли 2025)

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рўзҳои 08-09 октябри 2025 меҳмонони олимақом – сардорони давлатҳои узви ИДМ-ро барои иштирок дар Саммит пазируфт.

Рўзи 9 октябри соли 2025 дар бостонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саммити “Осиёи Марказӣ – Русия” баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки дар кори Саммит сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларусия Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян иштирок намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа иброз доштанд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба такмили фаъолияти Созмон, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётиву логистикӣ, ҳамгироии рақамӣ, ҳамчунин таъмини суботи энергетикӣ ва пешбурди фаъолонаи ҳамкории башардӯстона равона гардидааст. Ҳамзамон, ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аҳамияти хоса дода шуд.

Сарони давлатҳо дар идомаи ҷаласа суханронӣ намуда, андешаҳои худро оид ба масъалаҳои муҳимми рӯзмарраи ҳамкории минтақавӣ иброз доштанд. Аз ҷумла, бо Президенти Беларус муҳтарам Александр Лукашенко вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти бахшҳои тиҷорату иқтисод ва саноату кишоварзӣ, ки дар доираи Комисияи байниҳукуматӣ анҷом меёбад, мулоқот намуда, бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳои Алиев дар мавриди фаъолияти муштарак дар минтақаҳои озоди ду кишвар, бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Ҷапаров дар хусуси ба эътидол омадани масъалаҳои ҳамкорӣ ва эҷод намудани фазои мусоиди дӯстиву якдигарфаҳмӣ, бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба дурнамои ҳамкориҳҳои стратегӣ, бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Токаев дар самти тақвияти тиҷорату логистика, бо Президенти Ҷумҳурии Туркманистон муҳтарам Седар Бердимуҳамедов оид ба соҳаи логистикӣ ва неруи “сабз” ва бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, бахшҳои фарҳангу маориф ва ҷавонон муколамаи сиёсиву дӯстона анҷом дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки иштироки фаъолонаи сарони давлатҳо ва мақомоти дахлдор аз иродаи устувори ҷонибҳо ҷиҳати густариши муколама ва ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳои минтақа ва Федератсияи Русия гувоҳӣ медиҳад.

Дар ҷараёни кори Саммит ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва башардӯстона, инчунин ба талошҳои муштарак барои таъмини субот ва амният дар минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Паҳлуҳои асосӣ ва муҳимми ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил минбаъд низ ҳамчун маҳаки асосӣ барои пешрафту шукуфоии кишварҳо ва зиндагии шоистаи мардуми минтақа хизмат хоҳанд кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба муносибатҳои дӯстонаву ҳамсоягӣ ва сиёсати хирадмандонаву мавқеи устувордоштааш, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои Осиёи Марказї ва Русия нек ва дурбинона маънидод намуд. Сарони давлатҳои ИДМ дар навбати худ масъалаҳои мубрами дар ҳамоиш гузошташударо матраҳ намуданд. Бо изҳори боварӣ ва ба хотири оромии минтақа, муколамаҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказї ва Русия ҷиҳати амалишавии натиҷаҳои мусбат дар кори ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Русия”, Эъломияи ҷамъбастӣ қабул гардида, нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025-2027 қабул гардид.

Пас аз имзои санадҳо Михаил Швидкой, ҳамраиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи (ХБҲБ) кишварҳои узви ИДМ, узви Шурои ИДМ оид ба ҳамкориҳои башардӯстона, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона Қарори Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои ИДМ-ро дар бораи сарфароз гардонидани Раиси Шурои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона” эълон намуд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ҷамъбастӣ ба ХБҲБ ИДМ барои қадрдонӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки ин ҷоизаро эътирофи баланди саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил медонанд.

Дар анҷоми кори Саммит муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои муҳокимаҳоро ҷамъбаст намуда, аз иштироки созанда ва натиҷабахши ҳамаи ҷонибҳо изҳори сипос карданд.

Бо ҳамин навбати Раисии Шурои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи баланди ҳамкориҳои судманд анҷом пазируфт.

Абилзода Гуландом Сардор-номзади илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Назар Мумин Абдуҷалол-доктори илмҳои фалсафа, сарходими илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ.