Меҳргон ҷашни миллии бостонии тоҷикон буда, муаррифгари фарҳанги кишоварзӣ ва падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар мадди аввал, дар арафаи таҷлили ин ҷашн аҷдодонамон ба унсурҳои оташу ҳавою замин эҳтиром мегузоштанд ва бад-ин васила фарҳанги кишоварзро тарғиб мекарданд. Чунки табиату замин аз шеваи муқаддас маҳсуб меёфт.
Модели ҷашнгирии Меҳргон бозгукунандаи тарҳи ҳамзистию ҳамкории осоиштаи кишварҳо ва халқҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мебошад. Меҳргон ҳамчуни ҷашни аҷдодӣ аз хурофот ё дину идеология берун буда, воқеиятро инъикос медорад. Тамоилҳои он мардумро ба ҳувияту худшиносии миллӣ, баҳамоии мардум ҳидоят менамоянд. Ба дигар маънӣ, дар ҳар як нукта як хусусиятгирӣ, як арзиши волои фарҳангӣ, як рукни муҳимми ба ҳамзистию ҳамкорӣ даъват кардани инсонҳоро ифода медоранд.
Дар фарҳанги гузаштаамон Шаҳриваргонро нишоне аз анҷомёбии тобистон ва оғоз шудани рӯзҳои сардӣ ба ҳисоб мерафт. Махсусан, барои кишоварзон ва боғпарварон вақти захира кардани дастоварди ба ранҷ ва заҳмат парварида, ҷашни сари хирман, ки давраи бод кардани коҳ ва ҷудо намудани зироати донагӣ аз он мебошад, маҳсуб меёфт.
Дигар хусусияти хосси ин ҷашн он буд, ки сарватмандон ба қишри бенавои аҳолӣ кумак мерасониданд, ба онҳо ғизо медоданд то онҳо хушнуд шаванд. Зеро хушнудии раият ин хушнудии шаҳриёрони куҳани мардуми ориёӣ ба ҳисоб мерафт.
Меҳргон иртибот ба фариштаи меҳр дорад, ки ӯро дар китоби муқаддаси «Авесто» Митро меноманд. Мувофиқ ба боварҳои мардумӣ ин ҷашн рӯзе барпо карда мешуд, ки подшоҳи пешдодӣ - Фариддун бар парварандаи неруи нопок ва зишти аҳриманӣ - Заҳҳок пирӯз омада, дар кӯҳи Дамованд ӯро ба банд мекашад ва тоҷи шаҳриёрии Эронзаминро бар сар мениҳад. Ё худ ориёитаборон Митроро ба сифати «Худои дӯстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммул ва дар асри сеюми қабл аз милод ҳамчун Худои Офтоб шинохтаанд. Ҳаками тавонгари наҷотбахши байни қувваҳои некӣ (Ҳурмузд) ва бадӣ (Аҳриман) медонистаанд».
Хусусиятгириҳои хосси ин ҷашнро пеш аз ҳама дар чунин нуктаҳо месазад нишон дод:
1. Гузаштагонамон ин ҷашнро рӯзи шонздаҳуми моҳи меҳр мутобиқ ба солшумории куҳан ва даҳуми моҳи меҳрмоҳ бо солшумории имрӯза (дуюми октябр) таҷлил мекарданд. Маъниҳои меҳр, муҳаббат, самимият, рамзи дӯстию бародарӣ, ризоият, ҳамдилӣ ва ғайраро ифода мекард.
2. Таҷлили он шаш рӯз давом карда, рӯзи аввали онро «Меҳргони омма» ва рӯзи охиринашро «Меҳргони хосса» меномиданд.
3. Суннатҳои ҷашни мазкурро бо зикри якчанд таомули хусусияти инсонгароидошта риоя карда мешуданд:
- мардумон дар ин рӯз либоси нав ба бар карда, худро зебову ороста мегардониданд. Яъне либосҳои миллии худро муаррифӣ менамуданд. Ин таомул ифодакунандаи он маънӣ мебошад, ки насли имрӯз низ аз либоси миллии худ ҳимоят кунанд ва аз майл ба фарҳанги бегона худро боз доранд;
- барои болидахотир гардидан ба ҳамдигар орзӯҳои нек мекарданд ва ҳадяҳо медоданд;
- дасторхони идона ороста, онро бо ҳафт дона муруд, хушаи ангури сафед, себ, биҳӣ, нилуфар, шакар ва лимӯ оро медоданд. Ба дигар шакл, рӯзи «Меҳргон» мардум дастархоне аз матоъи сурх ороста мекарданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол парварида оро медоданд. Аз ҳафт анвоъи зироат: гандум, ҷав, арзан, ҷӯворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё нон мепӯхтанд. Гоҳо шумораи навъи зироатҳо ба дувоздаҳ ҳам мерасид.
- агар дар рӯзи баргузории ҷашни «Меҳргон» дар хонае аз мардуми тифли навзод таваллуд шавад, ба хотири эҳтиром ва арҷ гузоштан ба ин ҷашн ба номи ӯ вожаи меҳрро зам мекарданд. Аз қабили: Меҳрнӯш, Меҳрин, Меҳрдод, Меҳрнигор, Меҳрангез, Меҳрбону ва ғайра.
- «Меҳргон» иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ки гармиро мутеи сардӣ мегардонад, ҷашни захиранамоии маҳсули яксолаи парваридаи деҳқон, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундории кишоварз будааст.
Бобоҷон Самиев - мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институи фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ