Қабл аз ба масъалаи таърихи таъсисёбии Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз ҳудуди он (Общество для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами)[1], ки дар таърихнигории миллии мо сад сол муқаддам арзи ҳастӣ намуда, аз нахустмаркази тадқиқотии таъриху фарҳанги тоҷикон ҳисоб меёбад, аз заминаҳои рӯи кор омадани ин Ҷамъяти ёдовар шудан аз диди мо ба мақсад мувофиқ аст.
Бояд аз чунин ҳақиқат сарфи назар накард, ки оғози омӯзиши воқеан илмии таърихи халқи тоҷик ба замони дигаргунсозиҳои баъдиинқилобӣ рост омад. Азбаски дар минтақа мактаби расмии тайёр намудани мутахассисони соҳаи таърих вуҷуд надошт, ҳалли ин масъаларо олимони рус ба зимма гирифта, чандин корҳоро ба ҷо оварданд, ки ба ин раванди гузариш аз донишҳои таърихи ба илм дар минтақа бетаъсир буда наметавонист.
Масалан, бо ташаббуси ховаршиносон зери роҳнамоии академик Н.Я Марр тирамоҳи соли 1918 дар асоси Институти (пажуҳишгоҳ) Лазареви забонҳои Шарқи Москва, Институти Шарқи Наздик ва баъди чанде Институти Масквагии забонҳои зиндаи Шарқ (Институти москвагии шарқшиносӣ ё ховаршиносӣ) ташкил ёфт, ки дар омӯзиши таъриху фарҳанги Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон ҷиддан фаъолият мекард. Сипас бо кӯшиши ховаршиносони Москва ва Петроград (Ленинград, Санкт-Петербург) дар Шаҳри Тошканд марказҳои шарқшиносӣ таъсис ёфтанд.
Нахуст маркази тадқиқоти моҳи ноябри соли 1918 бо унвони Институти Шарқ ташкил ёфта ба фаъолият шурӯъ намуд. Ба сифати роҳбари ин муассисаи илмию таълимӣ муарриху мардумшиноси бузург М.С.Андреев таъйин гардид. Дар пешбурди фаъолияти илмиву таълимии он, ба замми роҳбар хизмати шарқшиносони дар ҷаҳони илм эътирофгашта, В.В.Бартолд, С.Ф.Олденбург, Е.Э.Бертелс, А.А.Семёнов, И.Д.Ягелло, Н.И.Умняков ниҳоят равшану ҳалкунанда ба назар мерасад.
Ба иқдоми дар минтақа ташкил намудани маркази илмию таълимӣ роҳбарияти марказии давлати навбунёди Шӯравӣ мусоидат мекард. Аввалин иқдоми назаррас дар ин самт таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Туркистон 7 сентябри соли 1920 дар шаҳри Тошканд ҳисоб меёбад, ки шарқшиносони дар он фаъолият дошта, ба таърихи тоҷикон ҷиддан марок зоҳир намудаанд.
Аз нахустин таърихшиносони маҳаллӣ дар ин ҷода бояд хизмати устод Садриддин Айниро эътироф намуд, ки дар мақолаҳои илмии он замон ба забони тоҷикӣ таълифнамудаи ин адибу муаррихи дақиқназар равшан ба назар мерасад. Маҳз бо ташаббуси ӯ ва роҳбарияти Ҷумҳурии мухтори Туркистон соли 1919 дар Самарқанд маҷаллаи илмӣ-омавии «Шӯълаи инқилоб» ба табъ расид, ки нахустин нашрияи тоҷикӣ ҳисоб меёфт. Фақат солҳои 1920-1921 дар ин маҷалла 27 очеркҳои устод бо унвони «Таърихи хонадони манғития» рӯи чоп диданд, ки ин нахустин таҳқиқоти ҷиддии таърихӣ аз тарафи муаррихони маҳаллӣ ҳисоб меёбад. Баъди чанде соли 1923 ин мақолот дар шакли китоби мукаммал – «Таърихи амирони манғития» пешкаши хонандагон гардид. Ин асари воқеан ҷанбаи ҷиддии тадқиқотӣ доштаро бояд чун падидаи ба фазои илмӣ гузаштани омӯзиши таърихи миллӣ бояд ҳисоб кард.
Соли 1922 А.А.Семенов «Намунаҳои ҳуҷҷатҳои расмии тоҷикӣ»-ро ба чоп расонд. Дар китобхонаи Институти Шарқ то соли 1923 5 300 нусхаи китобҳои дастнависи нодире, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шуда буданд, ҷамъоварӣ шуда, дастраси мутахассисон гардиданд. Соли 1924 ин Институти Шарқ расман ба Донишгоҳи Давлатии Осиёи Миёна омезиш ёфт.
Яке аз вазифаҳои авалиндараҷаи он давраи гузариш ба ҷомеаи навбунёд, ҳифзу омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ҳисоб меёфт, ки аз солҳои 20-ум дар Осиёи Миёна бо ташаббуси ховаршиносони номбурда, ба сиёсати давлатӣ табдил ёфта буд. Роҳбарияти марказӣ ва маҳаллӣ ба ташкили экспедитсияҳои (сафарҳо) илмӣ ҳаматарафа кӯмак мекарданд. Дар ин ҷода махсусан хизмати В.В.Бартолд хеле бузург буд. Ӯ солҳои 1920-1928 борҳо барои фаъолияти муштараки осорхонаву нуқтаҳои бостоншиносиро бо муассисаҳои илмии марказӣ ба роҳ мондан ба Тошканд сафар карда, бевосита дар Донишгоҳи давлатии Туркистон (сипас Осиёи Миёна), курсҳои махсуси таълимӣ ва илмӣ гузаронидааст.
Ба зарурати омӯзиши илмии таъриху фарҳанги минтақа, аз ҷумла тоҷикон ишора намуда, В.В. Бартолд дар ҳисоботи сафарҳои кории худ дар Туркистон соли 1920 аз ҷумла чунин навиштаст: «Дар ҳоли ҳозир нисбат ба замони қабл аз инқилоб барои омӯзиши таъриху фарҳанги халқҳои кишвар шароити бештар мусоид фароҳам омадааст. Акнун хотираи таърихии халқро, ки аз он сиёсатмадорони русикунонии марказ метарсиданд, зинда кардан хавфи ҷудоиандозӣ надорад. Бештар кӯшидан лозим аст, ки корҳои тадқиқотиро дар хонигариҳои собиқи Бухоро ва Хева ба роҳ монем»[2].
Соли 1921 дар назди Комиссариати вилоятии маорифи Самарқанд Комиссия доир ба ҳифзи ёдгориҳои қадима таъсис дода шуд. 23 майи ҳамон сол дар назди Комиссариати халқии маорифи Ҷумҳурии мухтори Туркистон Кумита доир ба фаъолияти осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои қадимӣ, маданӣ ва табиӣ (Туркомстарис) таъсис дода шуд, ки дар он ташаббуси ҳалкунандаи В.В. Бартолд бараъло эҳсос мешуд.
Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ (1924) Туркомстарис соли 1925 ба Комитет доир ба кори осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои қадимӣ, фарҳангӣ ва табии дар назди Комиссариати халқии маорифи Осиёи Миёна фаълияти илмиву тарғиботии худро бо унвони Средазкомстарис то соли 1928 идома бахшида, дар омӯзиши таърихи минтақа, алалхусус таърихи тоҷикон, хизмати босазое кардааст.
Моҳи январи соли 1925 бо ташаббуси В.В.Бартолд, М.С.Андреев, ва А.А.Семёнов, бо дастгирии бевоситаи ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки ба тозагӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфта буд, Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз ҳудуди он[3] бо марказаш дар Тошканд таъсис дода шуд. Маҷлиси муасисони ин Ҷамъият, ки бо ташаббуси роҳбарияти ҶМШС Тоҷикистон ва гурӯҳи олимони тоҷикшинос – профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи осиёимиёнагии Тошканд, 9 январи соли 1925 баргузор гардид. Ҷамъият сараввал дар назди Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас аз 2 декабри соли 1926, баъди интихоботи Кумитаи Марказии Иҷроияи ҶМШС Тоҷикистон, бевосита бо мусоидат ва дастгирии моддии он фаъолият намудааст[4].
Ибтидои моҳи феврали соли 1925 барномаи кории Ҷамъият тасдиқ гардид. Дар асоси он тадқикоти илмӣ дар самтҳои мардумшиносӣ (этнография), забону адабиёт (филология), таърих, физикаву ҷуғрофия ва иқтисодӣ ба роҳ монда шуд. Чунин тадқиқотҳо бояд дар ҳудуди Тоҷикистон ва дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна, ки макони зисти тоҷикон буданд, сурат мегирифтанд.
Ин нахустин ташкилоти илмии кишваршиносӣ дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб меёфт. Ҳамон сол аъзоёни ин Ҷамъият дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Осиёимиёнагӣ доир ба кори осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои таъриху табиат (Средазкомстарис), ки чӣ тавре дар боло ишора рафт, соли 1921 дар назди Комиссариати халқии маорифи Ҷумҳурии мухтори Туркистон (Туркомстарис) таъсис ёфтаву, баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, соли 1925 бо унвони Средазкомстарис тағйири ном карда буд, экспедитсияи (сафари илмӣ) чормоҳаи ҷамъияти номбурдаро ташкил намуданд. Аз рӯи нақша сайрхати омӯзиши экспедитсия Ӯротеппа – Водии Зарафшон – Фалғар – Яғноб – силсилакӯҳҳои Ҳисор – Ағбаи Анзоб – Душанбе – Қаротегин – Дарвоз – Помир – Ошро фаро мегирифт. Ба ин сафари дарозмуддати илмӣ М.С.Андреев роҳбарӣ мекард. Аъзоёни экспедитсия беш аз ҳазор ашёҳои гуногун этнографӣ ба даст оварданд. Баъди анҷоми сайрхати сафарӣ дар водии Зарафшон, аъзоёни экспедитсия ба Қаротегин, Дарвоз водиҳои Ванҷ, Язгулом, сипас ба Хоруғ сафар карда, сентябри соли 1925 дар он ҷо филиали Ҷамъиятро ташкил намуданд, ки ба ӯҳдаи он омӯзиши таърихӣ-ҷуғрофӣ ва мардумшиносии Бадахшони Кӯҳи гузошта шуд[5]. Дар асоси маводи таърихиву мардумшиносии аъзоёни ин экспедитсия ҷамъоварда, чандин мақолаву маҷмӯаҳои илмӣ таълиф шудаву ба чоп расидаанд.
Намоишгоҳи Тошканд, ки дар асоси ин дастовардҳо ташкилёфта буд, аҳли илмро дар ҳайрат гузошт. Фақат аз Ӯротеппа, Хуҷанд, Риштон, Конибодом зиёда аз 200 маводи аҳамияти баланди таърихиву мардумшиносӣ дошта, ҷамъ оварда шуданд. Дар рафти экспедитсия олимон маводи зиёди эпиграфӣ (сангнавиштаҳо)-ро пайдо намудан, ки дар оянда олимон, аз ҷумла А.Мухторов, бевосиста ба таҳқиқи онҳо машғул шуданд.
Ин Ҷамъияти илмӣ-кишваршиносӣ диққати олимони зиёди марказиро ба худ мекашид. Дар фаъолияти он намояндаи Комиссариати халқии корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Миёна А.А.Знаменский, сайёҳи машҳур, кашфиётчии чандин қуллаю пиряхҳои Помир Н.Л.Корженевский, геолог И.И.Бездека ва В.В.Бартолд, ки ба сифати аъзои фахрии Ҷамъият интихоб шуда буд, бевосита ширкат доштанд.
Соли 1925 мақолаи машҳури барномавии В.В.Бартолд «Омӯзиши Шарқ – вазифаи муҳимтарини академия» аз чоп баромад. Дар он аз ҷумла қайд шудааст, ки ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ноҳияҳои канори шимоли ҷаҳони тамаддун шомиланд, аз ин лиҳоз имконияти мо барои омӯзиши он бештар аст. Омӯзиши илмии минтақа барои кашфиёти ҳамбастагӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо дар рушди тамаддун роҳ мекушояд. «Ба таърихи Осиёи Миёна, – ишора намудааст олим, – натанҳо русҳо таваҷӯҳ зоҳир мекунанд. Вале аз ҳама бештар русҳо ин минтақаро барои илм кушодаанд ва бе таҳқиқоти бевоситаи олимони рус омӯзиши Осиёи Миёна ғайри имкон аст»[6].
Фаъолияти илмии Ҷамъият дар ду шуъба сурат гирифта буд: 1) физикаю ҷуғрофиё ва иқтисодӣ; 2) таъриху фалсафа ва мардумшинсӣ (этнография). Роҳбарии шуъбаҳо ба олимони шинохта И.И. Бездека ва М.С. Андреев гузошта шуд. Мавриди ёдоварист, ки роҳбари Кумитаи инқилобӣ ва аз декабри соли 1926 – раиси Кумитаи Иҷроияи ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ба сифати иштирокчии бевоситаи ташкилёбии Ҷамъият, ба ҳайси Раиси фахрии ҷамъият интихоб шуда, ба фаъолияти он иртиботи бевосита дошт[7]. Дар давраи аввали фаъолияти Ҷамъият раиси Киссияи илмии Тоҷикистон дар назди Наркомати маорифи ҶШС Ӯзбекистон Ниссормуҳаммадов хизмати зиёдеро ба ҷо овардааст[8].
Фаъолияти амалии Ҷамъият солҳои 20-м дар гузаронидани як қатор экспедитсияҳои илмӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чопи мақолаву маҷмӯаҳо зоҳир мешуд. Дар тӯли фаъолияти худ (1925-1929) аз тарафи Ҷамъият 4 экспедитсияи илмӣ гузаронида шуда, 14 корҳои ҷиддии илмӣ ба табъ расидаанд. Аъзоёни экспедитсия аз боби кашфиётҳои илми худ дар Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна садҳо лексияю гузоришҳо додаанд. ҳамчунин доир ба ин дастовардои илмӣ, дар байни аҳолии Тоҷикистон муттасил оид ба аҳамияти омӯзиши таърихи халқи тоҷик тарғибот гузаронида худшиносии миллиро бедор мекарданд.
Соли 1925 дар Душанбе филиали (шуъбаи) ҷамъияти номбурда таъсис ёфт, ки дар ташкили он М.С.Андреев бевосита ширкат дошт. Дар ҳайати Ҷамъият 4 филиал ва 2 маҳфили илмӣ фаъолият мекарданд. Аз ҷумла дар Бухоро бо 13 аъзо, Самарқанд - 24, Душанбе – 30 аъзо ва дар Хоруғ амал мекарданд. Дар асоси Филиали тошкандии Ҷамъият, соли 1928 Институти тоҷикии маориф (Тоҷикинпрос) таъсис ёфт. Чанде аз олимони ояндаи тоҷик ба доираҳои фаъолияти он кашида шуданд. Аз ҷумла муаррихи шинохта, академик Б.И.Искандаров фаъолияти касбии худро аз ҳамин муассисаи илмиву таълимӣ оғоз намудааст.
Натиҷаи назаррастарини Ҷамъият барои тоҷикон дар ибтидои фаъолияти худ (соли 1925) тайёр намуда ва ба чоп расонидани маҷмӯаи мақолаҳо бо унвони «Тоҷикистон»[9] ҳисоб меёбад. Дар он 13 очерки олимони шинохтаи самтҳои гуногуни илмӣ: М.С. Андреев, В.В. Бартолд, И.И. Бездека, Н.Л. Корженевский, Л.А. Молчанов, А.В. Панков, Ди-Мур, Д.Н. Кашкаров, Н.В. Колоссовский, М.Г. Попов, Ю.И. Пославский, А.А. Семёнов , ки ба самтҳои гуногуни илмӣ бахшида шуда буданд, ворид гаштаанд.
Очерки таърихии В.В.Бартолд, «Тоҷикон», ки махсус барои ин маҷмӯа таълиф шуда буд, бешак падидаи бузургтарини илмӣ дар таърихнигории Ҷумҳурии мухтори навтаъсиси Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин бо як фасоҳати борикбинонаи таҳлили воқеан илмӣ, таърихи мухтасари 24 асраи тоҷикон ғунҷонда шудааст. Падидаи дуюми фаъолияти Ҷамъият дар соли аввали фаъолият аз тарафи А.А. Семёнов тарҷума ба забони русӣ ва ба чоп тайёр намудани сафарномаи вазири ҳарбии Афғонистон аз тарафи Бурҳонуддини Кушкакӣ «Қатаған ва Бадахшон», ки соли 1926 аз чоп баромад, ҳисоб меёбад[10]. Баъди аз тарафи А.А. Семёнов ва В. В. Бартолд ба академик И. Крачковский фиристодани ин ду китоб ӯ дар мактуби худ (16 ноябри 1926) аз фаъолияти Ҷамъият изҳорӣ миннатдорӣ ва хурсандӣ намудааст[11].
Дар номгӯи маҳсулоти чопии Ҷамъият солҳои 1926-1927 номгӯи чанде аз корҳои ҷидди доир ба таъриху мардумшиносӣ омадааст. Аз ҷумлаи онҳо чунин таълифот: М.С. Андреев – “Материалҳо доир ба истеҳсоли маҳсулоти сафолии Осиёи Миёна” (“К материалу о среднеазиатской керамике”) ва “Коркарди оҳан дар водии Ванҷ” (“Выработка железа в долине Ванча”), А.Семёнов – “Доир ба догматикаи исмоилизми Помир” (“К догматике памирского исмаилизма”), академик В.В. Бартолд – “Эрон” (“Иран”), Материалҳои экспедитсияи соли 1925 бо унвони “Дар ҳадди Тоҷикистон” (“По Таджикистану”) , М.Ф.Гаврилов – “Шоир ва сӯфии осиёимиёнагӣ Ҳувайдо” (“Среднеазиатский поэт и суфий Хувайдо”), “В.В. Бартолд (маҷмӯаи мақолаҳо)” ва ғайра[12] дар таърихнигори миллии миёнаи солҳои 20-ми асри гузашта мақоми хосаеро соҳибанд.
Маҳз барои фаъолияти баланди илмӣ дар омӯзиши мардумшиносии Яғноб соли 1927, ки натиҷааш матнҳои Яғноб ва омӯзиши Помир, хосатан водии Хуф соли 1929, ки бо маблағгузории Академияи ИҶШС экспедитсия ташкил шуда буд, бо пешниҳоди академикҳо В.В.Бартолд, С.Ф.Олденбург, Ф.И.Шербатский ва И.Ю.Крачковский тоҷикшиноси бузург М.С.Андреев узви вобастаи АИ ИҶШС интихоб гардид.
Фаъолияти Ҷамъият на фақат дар ҳуди Иттиҳоди Шӯравӣ ин чунин дар доираҳои илмии ҷаҳони мақому манзалати хосаеро бархурдор гардид. Ҷамъият бо 47 ташкилоту муассисаҳои илмии хориҷӣ аз ҷумлв Туркия , Ҳидустон, Олмон, ЙМА, Англия, Шведсия, Норвегия, Фаронса ва соири дигар мамлакатҳо алоқа, ҳамкорӣ дошта, баҳрабардорӣ аз маводи чопии ҳамдигарро ба роҳ монда буд[13], ки аз эътирофу эътибори он аз тарафи марказҳои ховаршиносии сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медод.
17 июни соли 1927 Ҷаъияти умумиитифоқии алоқаҳои фарҳангӣ бо хориҷа бо мактуб ба Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз он, хабар медиҳад, ки ба сурағаи онҳо чандин китобҳо (номгӯи онҳо низ оварда шудааст), ки бояд дастраси шумо гарданд[14]. Даҳҳо чунин мактубҳои аз ивазкунии китобҳо ва дигар маводи чопии Ҷамъият бо марказҳои илмии хориҷӣ даркдиҳанда дар Бойгонии давлатии Тоҷикистон(Ф. 1434) маҳфузанд. ки идораи Бюрои китобивазкунӣ ба суроғаи Ҷамъият ирсол намудааст.
Албатта метавон доир ба фаълияти бисерсамтаи илмии Ҷамъият дар нимаи дуюми солҳои 20-ум мисолҳои зиёде овард. Аз сабаби маҳдуд будани ҳаҷми гузориш, аз маълумоти муфасал сарфи назар намуда, фақат барои намуна аз қарори протоколи ҷаласаи Ҷамъият аз 27 августи соли 1929 № 38 (дар арафаи таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон) доир ба ташкил намудани шуъбаҳои (сексия) иқтисодӣ ва педагогӣ чанд нуқтаеро пеш орем. Дар он аз ҷумла қайд шудааст, ки аз сабаби дар Тоҷикистон набудани иқтидори зарурии илмӣ, ба зиммаи Ҷамъият иҷрои чунин вазифаҳо гузошта шуд:
- бояд дар назди ҷамъият ду сексия – иқтисодӣ ва педагогӣ ташкил ёфта, барои дар ҳадди зарурӣ ба роҳ мондани кори таълим мутахассисон аз ҷумлаи тоҷикони дар Тошканд буда, ҷалб карда шаванд;
- барои ҷалби онҳо ба яке аз аъзоёни фаъоли Ҷамъият супориш дода шавад, ки матни муроҷиатномаро тайёр намояд;
- нақша доир ба фаъолияти ашхоси ба корҳои педагогӣ ҷалбшавандаро тайёр карда пешниҳод намояд;
- дастур ва барномаҳои тадқиқотӣ доир ба корҳои кишваршиносӣ (ба забони тоҷикӣ) тайёр намуда, дар асоси онҳо муаллимон ба маводи зарурӣ таъмин карда шаванд;
- барои ба роҳ мондани ин кор филиали дар Душанбе будаи Ҷамъият бештар фаъолият намояд;
- бо назардошти чунин зарурат ба Душанбе намоянда Ҷамъият ба сафари кории якмоҳа-думоҳа фиристода шавад;
- азбаски барои пешбурди ин кор маблағгузории муайян лозим меояд, аз Комиссариати маориф хоҳиш карда шавад, ки барои нимсолаи аввал онро на дертар аз 1 октябр муайян ва тасдиқ намояд[15].
Далелҳои дар боло зикрашон рафта, бешак аз пайдоиши шароити нисбатан мусоид барои ба фазои воқеан илмӣ ворид гаштани фаҳмиши таърихии муаррихони тоҷик ҳисоб меёбад. Бо маънии дигар солҳои 20-ми асри XX солҳои воқеан қолабшикании фаҳмиши таърихии халқи тоҷик буд, ки хизмати Ҷамъият доир ба омӯзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронии берун аз он чун яке аз омилҳои муҳимми ҳалкунанда ҳисоб меёбад. Ин ба ибтидои эҳёи давлатдории халқи тоҷик, ки барои таҳқиқи таърихи миллат пояҳои устувори илмӣ мегузошт, рост омад. Дар он, чӣ тавре ишора рафт, хизмати устод Садриддин Айнӣ возеҳу барҷаста ба назар мерасад.
Баъди таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон барои рушди самтҳои гуногуни илмӣ заминаи нисбатан мусоид фароҳам омад. Акнун зарурати дар ҷумҳурӣ рӯи кор овардани марказҳои ба талаби замон ҷавобгӯ, ҳар чӣ бештар эҳсос мешуд. Дар ин ҷода матни протоколи ҷаласаи раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 28 январи соли 1930 “Доир ба дар назди КИМ Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфтани Кумитаи илм”, ки Шӯрои Комисариати халқии ҶШС Тоҷикистон пешниҳод намудаву аз рӯи он Раиси Шӯрои Комиссарони халқ (ШКХ) А. Ҳоҷибоев маърӯза карда буд, равшан гувоҳӣ медиҳад. Зарурати чунин пешниҳод аз воқеияти ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон бармеомад.
Ба сифати раиси ин кумита, аъзои КИМ Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳод ва интихоб гардид. Табиист, ки маҳаки илмии онро аъзоёни Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз он ташкил мекарданд.
6 сентябри соли 1930 дар Тошканд маҷлиси аъзоёни Ҷамъият даъват шуда, баъди шунидани ҳисоботи Носирмуҳаммадов доир ба фаъолияти Ҷамъият ба дастовадҳои илмии он баҳои баланд доданд. 9 сентябр дар рӯзи ниҳоии ҷаласа, бо назардошти дар Тоҷикистон ташкил ёфтани Институти тадқиқотӣ, қарор қабул карда шуд, ки Ҷамъият ба сифати шуъба ба ин институт ҳамроҳ карда шавад[16]. Ин маънои қатъ шудани амали мустақилонаи Ҷамъият доир ба омӯзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронии берун аз ҳудуди он ва дар ҳайати Институти Тадқиқотии навтаъсиси ҶШС Тоҷикистон ба роҳ мондани фаъолияти Ҷамъиятро дошт.
Ҳамин тариқ, барои ташкил намудани маркази воқеан илмӣ дар Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат шароити мувофиқтаре ба вуҷуд омад. Бо назардошти ин, 10 марти соли 1932 маҷлиси Шӯрои Комиссарони Халқи (ШКХ) ҶШС Тоҷикистон доир ба дар ҷумҳурӣ кушодани Пойгоҳи (база) Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС, зери роҳбари академик С.Ф. Олденбург қарор қабул карда шуд. Дар оянда рушди назарраси тадқиқотҳои гуногунсамта дар шуъбаҳои (сектор) илмии он (геологӣ-геохимиявӣ, биологӣ ва таъриху лингвистӣ (забоншиносӣ), ба ташкилёбии марказҳои (институтҳо) нисбатан қавӣ, аз ҷумла тибқи қарори Пойгоҳ аз 13 сентябри соли 1940 ташкилёбии Институти ботаника ва Институти таърих, забон ва адабиёт аз дастовардҳои илмии ин Пойгоҳи Тоҷикистонии АИ ИҶШС бараъло гувоҳӣ медиҳад. Бо назардошти нишондиҳандаҳои баланди илмӣ, тибқи қарори ҳамин ҷаласа пешниҳод гардид, ки Пойгоҳи Тоҷикистонӣ Академияи илмҳои ИҶШС ба Филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС тадил дода шавад, дар оянда, дар заминаи воқеан қавии ин филиал, соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (феълан Академия милии илмҳои Тоҷикистон), ташкил ёфт.
Хулоса ба итминони қавӣ бояд қайд кард, ки дар саргаҳи марказҳои илмии ҷумҳурӣ, ки солҳои 20 – 40-ми асри гузашта фаъолият доштанд ва сипас Академия илмҳои ҶШС Тоҷикистон (феълан Академияи миллии илмии Тоҷикистон), ки соли 1951 ташкил ёфтаву дар фазои илми ҷаҳонӣ муосир мавқею манзалати равшан пайдо намудааст, ҳамон Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз он қарор дошт. Боиси ифтихору хурсандист, ки дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмии Тоҷикистон бахшида 100-солагии таъсисёбию фаъолияти ин Ҷамъият 17 октябри 2027 Конференсияиилмӣ-амалӣ баргузор гардида, мутахассисон бо маърӯзаю гузоришҳои ҷолибу даделҳои қавӣ ба самтҳои гуногуни фаъолияти илмии он баҳои воқеъбинона доданд. Аз тарафи дигар, иштирокдорони конференсия хулосае бардоштанд, ки зарурати ба таърихи фаъолияти илмии Ҷамъияти номбурда таҳқиқоти хоса бахшидан дар таърихнигории муосири миллӣ ҳар чи бештар эҳсос мешавад ва рӯи кор омадани он бояд дар мадди назари мутахассисони соҳа қарор ёбад.
Ҳайдаршо Пирумшо - узви вобастаи АМИТ
________________________________________
[1] Минбаъд ихтисоран бо ибораи “Ҷамъият” оварда мешавад.
[2] Бартольд В.В. Отчет о командировках в Туркестан с 1920 г. // Изв. РАИМК. – Т.2. – Пг.,1922. – С.21.
[3] Минбаъд бо номи Ҷамъият ишора мегардад.
[4] Шагалов Е.С. Первое научное общество Таджикистана. – Душанбе, 1966. – С. 7.
[5] Андреев М.С. По Таджикистану. Краткий отчет о работах этнографической экспедиции в Таджикистане в 1925 г. // Общество для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами. – Вып. I. – Ташкент, 1927. – С. 20.
[6] Бартольд В.В. Изучение Востока – главнейшая задача Академии // Сочинения. Т. IX. – М.: «Наука», 1977. –С.581.
[7] Наврузов Г. Формирование Научного центра в Таджикистане (1924-1950 гг). – Душанбе: «Маоиф», 1992. – С. 24.
[8] Ниг.: Наврузов Г. Формирование Научного центра в Таджикистане. – С.31-32.
[9] Таджикистан. Сб. ст. Под редакцией Н.Л.Корженевского. – Ташкент,1925. – 283 с.
[10] Бурхан-уд-Дин-Хани Кушкеки. Каттаган и Бадахшан. – Ташкент, 1926. – 248 с.
[11] Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1024 - 1941. Сборник документов. – Т. 2. – Документ № 156. – Душанбе: “Ирфон”, 1966. – С. 329.
[12] Ниг.: Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1024 - 1941. Сборник документов. – Т. 2. – Документ № 158. – С. 331-332.
[13] Известия Общества для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами. – Т. – Ташкент, 1928. – С. 240.
[14] Письмо Всесоюзного общества культурной связи с заграницей в Общество для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами об установлении обмена изданиями с рарубежными научными учреждениями // Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1924-1941 гг.. Сборник документов. – Т. I. – Документ № 157. – Душанбе: «Ирфон», 1966. – С. 157.
[15] Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1924 - 1941. Сборник документов. – Т. 2. – Документ № 160. – С. 335-336.
[16] Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1024 - 1941. Сборник документов. – Т. 2. – Документ № 163. – С. 338.