Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии ҳар давлат пояи ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаро муайян месозад. Дар ин санади тақдирсози давлатӣ ҳадаф, ормон, ҳуқуқу озодиҳо, сохтори ҳокимият ва роҳҳои пешрафти миллат акс меёбанд. Дар Тоҷикистон низ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастури ягонаи ҳаёти давлатдорӣ ва ҷомеа, 6 ноябри соли 1994 аз тарафи мардуми кишвар тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Аз ҳамин рӯ, ҳар сол 6 ноябр, ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Илова бар ин санаи мазкур, рамзи оғози давраи нави давлатдории тоҷикон, таҳкими истиқлолият, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки нақши Конститутсия дар давлатсозии навини тоҷикон мақоми махсус дорад. Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соли 1991 ба марҳилаи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ворид шуд. Набудани ҳуҷҷати асосии муттаҳидсоз ва ҷангҳои дохилӣ вазъро мушкил гардонид. Қабули Конститутсия дар ин давраи ҳассос барои муқаррар намудани сохти давлатдорӣ, барқарорсозии сулҳу субот, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, муайянсозии ҳадафҳои стратегӣ аҳамияти бузург дошт. Дар Конститутсия шакли давлат “Ҷумҳурии демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона” муайян гардидааст. Ин таъриф роҳнамо барои тамоми сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Аз тарафи дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон, меҳвари асосӣ маҳсуб мегарданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсонро арзиши олӣ эълон намуда, ҳуқуқу озодиҳои ӯро бевосита эътироф ва кафолат медиҳад. Маҳз ҳуқуқбунёдӣ будани давлат аз ин ҷо сарчашма мегирад. Ҳуқуқҳои зерин ҳамчун асоси ҳуқуқии шаҳрвандон дар Конститутсия сабт шудаанд: ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодӣ ва дахлнопазирии шахс, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба иштирок дар идоракунии давлат, озодии виҷдон, сухан, эътиқод, эҷод ва дигарҳо. Ин меъёрҳо Тоҷикистонро ба самти ҷомеаи адолатпеша ва мардумсолор раҳнамоӣ мекунанд.
Агар дар мавриди тағйиру иловаҳо дар Конститутсия сухан бигӯем, чунин ба назар мерасад, ки барои мутобиқ сохтани Конститутсия ба талаботи замон дар 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиротҳо ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди иқтисод ва беҳтар гардидани идоракунии давлат мусоидат намуданд. Конститутсия ҳамчун санади зинда бо такя ба таҷриба ва шароити воқеии ҷомеа такмил меёбад.
Акнун дар бораи Рӯзи Конститутсия бояд гуфт, ки 6 ноябр дар баробари як ҷашни бошукуҳ буданаш, рамзи хирадмандӣ ва интихоби тарихи миллат, ҷашни ҳуқуқу озодиҳои инсон, нишонаи давлатдории миллии тоҷикон, ҳавасмандкунандаи ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот низ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Рӯзи Конститутсия ҳар сол бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатию таълимӣ таҷлил мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои кушод, конференсияҳо ва мулоқотҳо доир мегарданд, то насли нав ба қадри арзишҳои конститутсионӣ расад.
Албатта нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди қабули Конститутсия ва барқарории сулҳу субот нақши таърихӣ бозидааст. Бе роҳбарии ӯ ҳеҷ гоҳ имкони ташкили системаи муосири давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии ҷомеа вуҷуд надошт. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи ӯ Тоҷикистон тавонист, ки ҷанги шаҳрвандиро хотима диҳад, аҳди сулҳро ба даст орад, пояҳои давлати мустақилро бунёд кунад, рушди устувори иқтисодиро таъмин намояд.
Аз ин рӯ, Рӯзи Конститутсия ҳамчунин арҷгузорӣ ба заҳмат ва ҷоннисории халқи Тоҷикистон дар роҳи сулҳу ваҳдат низ мебошад. Албатта Конститутсия дар зиндагии имрӯзаи мардум, нақши бисёр ҳам муҳим дорад. Конститутсия ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон чунин имкониятҳоро ба монанди: иштирок дар интихобот, таъсиси ташкилотҳои ҷамъиятӣ, рушди фарҳангу забон, истифода аз манфиатҳои иҷтимоӣ, таҳсил ва пешрафт дар шароити озодро фароҳам меорад.
Хулоса, имсол 2025 аз рузи қабул гардидани Конститутсия 31 сол сипарӣ мегардад. Илова бар ин бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки ҳар қадар риояи қонун баланд гардад, ҳамон қадар ҷомеа ба пешрафт ва суботи устувор мерасад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади тақдирсозе мебошад, ки ҳадафҳои бунёдии давлатро муайян карда, роҳнамои ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон аст. Рӯзи Конститутсия на танҳо ҷашни давлатӣ, балки ҷашни ҳар як шаҳрванди озодандеш ва соҳибғурури тоҷик ба шумор меравад. Таҷлили ин рӯз ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба қонунро дар ҷомеа тақвият мебахшад. Маҳз тавассути риоя ва амалисозии меъёрҳои Конститутсия, Тоҷикистони азизи мо ба сӯи рушду тараққиёт қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Беков Дидавар ходими илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

