Перейти к основному содержанию
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурси қабул шудааст, ки аз 10 боб ва аз 100 модда иборат мебошад. Дар моддаи якум чунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки бо назардошти шароит ва талаботи замон, барои боз ҳам беҳтар намудани шароит ва ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Конститутсия 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шуд. Ин тағйиру иловаҳо воқеан дар давраи рушди давлатдорӣ, пойдории ҳаёти конститутсионӣ, ҷустуҷӯи ва интихоби роҳи нави инкишоф пас аз пошхӯрии ҷамъияти сотсиалистӣ буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои миллӣ махсусан ба Конститутсияи давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар маърузаҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки раванди нави таърихӣ ба души давлати соҳибистиқлоли мо вазифаи басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар ҳалли ин вазифа Конститутсияи давлатӣ нақши ҳалкунанда дорад. Конститутсия ҳуҷҷати сарнавишту тақдирсоз буда, аз марҳилаи нави таърихӣ оғоз гардида, дар он роҳҳои мушаххаси рушди минбаъдаи кишвар муайян гардидааст.

Қабули чунин санади муҳими сиёсиву таърихӣ як дастоварди бузурги арзишманди миллати тоҷик мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва мутамаддин дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ месозад. Конститутсия ҳуҷҷати асосии миллати тоҷик, ҳамчун шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути доштани чунин санади муҳими сиёсӣ яъне Конститутсия ҳамчун кишвари мутамаддин, сулҳпарвар, ташаббускор ва демократӣ пазируфтаанд ва мешиносанд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳуқуқи зану мард, шароити орому осудагӣ, сулҳу субот, зиндагии осоишта, озодии баён ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кафолат дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки мавқеъ ва ҷойгоҳи Конститутсияи давлатӣ баланд арзёбӣ гардида, моҳияти он дар он зоҳир мегардад, ки сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ буда, дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ҷойи баландтаринро ишғол намудааст. Қабули Конститутсия муайянкунандаи омилҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсати ҷамъиятӣ буда, шаклҳои моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати шахс бо давлат ва муҳимтарин ҳуқуқу вазифаҳои онҳо, таносуби қувваҳо гуруҳҳои иҷтимоии ҷамъиятиро дар низоми сиёсӣ аниқ сохта, таъйинот, вазифаҳо, таркиби дохилӣ ва сохтори мақомоти худидора дар маҳалҳо-ҷамоатҳо инъикос менамояд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Конститутсия кафолати пойдории адолат ва ҳифзи ҳуқуқии давлату миллат мебошад.

Конститутсияи давлатӣ ҳуҷҷати юридикӣ буда, дар он асосҳои сохтори давлат, қонунҳо ва тартиботи ҳуқуқӣ муаяйн гардидааст. Ҳамзамон Конститутсия ҳуҷҷати сиёсӣ низ ба шумор меравад, ки таъсири муносибатҳои сиёсиро бо ҷамъият танзим менамояд. Конститутсия шиносномаи давлат буда, таъмингари ҳуқуқу озодиҳои шахс, давлат буда, кафолати зиндагии осоишта дар фазои сулҳу шукуфоии кишвар мебошад.

Дар асоси меъёрҳои Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва рушди озодонаро фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, тақвияти таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат ба шумор меравад. Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волояти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятнок буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии шоистаи ҳар як сокини кишвар мебошад.

Қобили зикр аст, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, махсусан ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Коститутсия такмил дода шавад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ва фарҳангии ҷомеа мусоидат менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар баланд гардида, Тоҷикистон боз ҳам бештар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётӣ рушд намояд. Вобаста ба ин соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд, ки “муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад”.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди чунин давлати мустақил ва дорои арзишҳои бузурги сиёсиву таърихӣ, ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардида, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳо ва меъёрҳои асосии давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи комилҳуқуқ муқаррар гардидааст, ки асосан самтҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии давлатро дарбар мегирад. Маҳз кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун халқи куҳанбунёд, мутамаддин ва дорои фарҳанги қадима эътироф намудаанд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Конститутсия дар сиёсати давлатӣ ва пешрафти кишвар нақши калидӣ мебозад. Вазифаҳои асосии Конститутсия ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Конститутсия шоҳсутуни асосӣ ва меҳвари асосии давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Маҳз Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини зиндагии осоишта дар фазои сулҳу суботи кишвар ва пурқувват намудани амнияти кишвар кафолат дода шудааст. Боиси ифтихор аст, ки тамоми он меъёрҳои ҳуқуқие, ки дар Конститутсия дарҷ гардидааст, дар амал татбиқ шуда истодааст. Имрӯз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осоишта ва амну субот умр ба сар мебаранд, ки шаҳодат аз доштани чунин санади муҳими сиёсӣ ва соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Бори дигар собит гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми он меъёрҳо ва сандҳои Конститутсия дар фаъолияти ҳаррӯза пайваста амалӣ гардидааст. Ҳар як сокини кишвар бо як иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳадафҳои сиёсиву миллӣ ва арзишҳои миллии хешро ҳифз намуда, барои баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Файзуллаева Нигора - ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон