Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимму сарнавиштсози давлат мебошад, ки заминаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеаро муайян мекунад. Қабули Конститутсия дар ибтидои истиқлоли давлатии Тоҷикистон як рӯйдоди таърихӣ буд ва на танҳо пояи давлатдории навини миллиро гузошт, балки ифодагари иродаи мардум, таҷассумгари арзишҳои миллӣ ва сутуни устувори истиқлоли давлатӣ баромад намуд.
Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ниёз ба Конститутсияи наве дошт, ки бо воқеияти иҷтимоиву фарҳангӣ ва арзишҳои миллии мардуми кишвар мутобиқ бошад, манфиату талаботҳои шаҳрвандонро дар шароити тағйирёбандаи ҷомеа инъикос карда тавонад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ комиссияи махсуси таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис ёфт. Комиссия таҷрибаи ҳуқуқии даврони шуравӣ, ҳувияти ҳуқуқии миллати тоҷик ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалиро омӯхта, онро бо иродаи мардум ва талаботҳои ҷомеаи навин пайваст гардонид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон симои нави давлатдорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ба дунё муаррифӣ кард. хатари аз байн рафтани давлату миллатро пешгирӣ намуд ва заминаи ҳуқуқии сулҳу ваҳдати миллӣ гардид. Он на танҳо муҳити ҳуқуқиро танзим кард, балки ба ташаккули низоми иҷтимоиву сиёсӣ, мустаҳкамсозии пояҳои иқтисод ва тарбияи шаҳрвандии ҷомеа мусоидат намуд. Имрӯз, мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як санади олии ҳуқуқӣ ба рамзи ваҳдати миллӣ, адолати иҷтимоӣ ва кафили зиндагии шоистаю арзандаи шаҳрвандон табдил ёфтааст.
Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «бунёди ҷомеаи муосири озоду демократӣ, дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон, рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ба мо маҳз дар натиҷаи татбиқи бомароми меъёру муқаррароти Конститутсия муяссар гардид».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи аввал давлатро «иҷтимоӣ» эълон мекунад, яъне давлат на танҳо вазифаи ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, балки барои зиндагии арзанда, рушди озодона, ҳифзи гурӯҳҳои осебпазир ва дастгирии иҷтимоӣ шароити ҳуқуқӣ муҳайё месозад. Ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ (моддаи 35), ҳуқуқ ба манзил (моддаи 36), ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ (моддаи 38), ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (моддаи 39) ва ҳуқуқ ба таҳсил (моддаи 41) аз ҷумлаи муҳимтарин кафолатҳои Конститутсия мебошанд, ки сатҳи зиндагии шоистаю сазовори шаҳрвандонро таъмин менамоянд.
Меъёрҳои номбаршудаи конститутсионӣ на танҳо муқаррароти ҳуқуқӣ, балки арзиши иҷтимоии давлат ба ҳисоб мераванд, ки бо зиндагии ҳар шаҳрванди кишвар сахт ҳамбастагӣ дорад. Тибқи Конститутсия, давлат барои ба ҳамаи шаҳрвандон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда дар соҳаҳои шуғлмандии аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, коҳиши камбизоатӣ, рушди маориф ва тандурустӣ татбиқи барномаҳои давлатиро роҳандозӣ намудааст. Ҳамчунин, давлат тавассути меъёрҳои Конститутсия кафолат медиҳад, ки ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз ҷинс, миллат, эътиқод ё вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар назди қонун баробаранд (моддаи 17).
Мақсади ниҳоии Конститутсия ташкили фазои мусоиди иҷтимоӣ барои зиндагии инсон аст, ки аз ҳуқуқи инсон, озодиҳои шахсӣ, масъулиятҳои шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ сарчашма мегирад. Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Маҳз ҳамин ҷанбаи инсонмеҳвар Конститутсияро ба роҳнамое табдил додааст, ки инсонро ба худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамзистии осоишта ҳидоят мекунад.
Ҳамзамон, Конститутсия аз дидгоҳи сотсиологӣ ҳамчун механизми иҷтимоишавии ҳуқуқӣ, худмуайянкунии шахсию касбӣ ва ҷойивазкунии иҷтимоии шаҳрвандон арзёбӣ мешавад, омӯзиши он шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандонро ташаккул дода, тавозуни талаботҳо ва манфиатҳои рӯзафзуни шаҳрвандонро таъмин месозад. Меъёрҳои конститутсионӣ барои рушди неру ва сармояи инсонӣ, амалӣ шудани қобилиятҳои шахсӣ ва иҷрои нақшҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунанд.
Пас аз қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи буҳронӣ ба марҳилаи ваҳдат ва эҳёи миллӣ гузашта, боиси мустаҳкам шудани пояҳои истиқлоли давлатӣ, бозгашти эътимоди мардум ба давлат ва ташаккули ҳувияти миллӣ гардид. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, маҳз амалӣ гардидани меъёрҳои Конститутсия моро ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бурда расонид, иқтисодиёти кишвар рушд намуд ва барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам омад. Бо назардошти нақши калидӣ доштани ҳуқуқ дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа аз ҷониби Роҳбари давлатамон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро пешниҳод намуданд.
Конститутсия танҳо дар он сурат арзиши воқеӣ дорад, ки агар шаҳрвандон онро омӯзанд, дарк кунанд ва муқаррароти онро дар амал татбиқ намоянд, зеро ҷомеаи пешрафта бе маърифати ҳуқуқӣ рушд намекунад. Паст будани донишҳои ҳуқуқӣ сабаб мешавад, ки баъзе ҷавонони аз ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои хеш бехабар ба гурӯҳҳои ифротӣ гаравида, ба амнияти миллӣ хатар эҷод намоянд. Зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён намуданд: «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои муҳимму самараноки таъмини волоияти қонун, риояву иҷрои бечунучарои он ва ҳамзамон бо ин, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад... Дар шароити ҷаҳони имрӯза шаҳрвандон бояд дорои сатҳи баланди донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бошанд, то ки вазъияти кунунии ҷаҳон ва минтақаро ҳамаҷониба дарк карда, мавқеи худро дуруст муайян карда тавонанд».
Ҳамин тариқ, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма гирифта, ба он ҳамоҳанг ва ҳамбаста мебошанд. Аз ин рӯ, волоияти Конститутсия нишонаи волоияти давлат ва эҳтироми шаҳрванд аст. Мо донишҳои аввалини ҳуқуқии худро аз Конститутсия меомӯзем, дар бораи ҳуқуқ, озодӣ, уҳдадорӣ, масъулият, адолат ва баробарҳуқуқӣ маълумот мегирем. Дар ҷомеаи демократӣ Конститутсия рамзи иттиҳоди миллат, асоси давлатдории ҳуқуқбунёд ва кафили адолати иҷтимоӣ мебошад. Он мардумро ба ҳам меорад, дар қалби шаҳрвандон эҳсоси ватандӯстӣ, садоқат ба қонун ва ватанро бедор мекунад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бидонад, ки эҳтиром ба Конститутсия, пеш аз ҳама, эҳтиром ба миллат, давлат ва Ватан буда, риояи меъёрҳои он кафили сулҳ ва суботи кишвар мебошад.
Имрӯз, мо шоҳиди он гаштаем, ки Конститутсия ба қувваи муттаҳидсозанда, роҳнамои зиндагӣ, дастури давлатдорӣ ва сармояи маънавии ҷомеа табдил ёфтааст, ки имрӯзу фардои ҷомеаро муайян карда, моро ба сӯйи ваҳдат, озодӣ, эҳтиром ба инсон, баробарӣ, адолат ва рушди устувор сафарбар менамояд. Конститутсия рамзи давлатдории миллӣ ва рӯҳи миллат аст, он моро аз гузашта ба оянда мепайвандад, аз нооромӣ ба субот мебарад, аз нодонӣ ба маърифат раҳнамоӣ мекунад, дар саҳифаҳои он тақдири Тоҷикистон навишта шудааст. Аз ин рӯ, бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз мазмуну муҳтавои Конститутсия хабардор бошад, муқаррароти онро дар зиндагии ҳаррӯзаи худ риоя ва татбиқ намояд.
Мирзода Фирӯз Сафаралӣ – ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
           
          
          
        
    

