Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян карда, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22майи соли 2016 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Мусаллам, ки бунёди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро майлу иродаи мардум оид ба сохти давлатдорӣ ташкил медиҳад, ки он ҳама аз истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат сарчашма мегирад. Маҳз ба шарофати Истиқлолият тақдири Ватану давлати аҷдодии худро ба даст гирифта, бо азму иродаи созандагӣ сӯйи ояндаи обод ва ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандии сулҳпарвар меравем.
Қобили зикр аст, ки дар чунин шароит дар назди кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳалли вазифаҳои муҳимми ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, хотима додан ба нооромиҳои сиёсӣ, ба вуҷуд овардани заминаи зарурии ҳуқуқӣ ва ниҳоят, ба ҳаёти осоишта баргардонидани тамоми мардум қарор дошт, ки ба таври мусбӣ бартараф намудани онҳо, танҳо дар сурати ҳар чӣ зудтар таҳия ва қабули қонуни асосии давлат-Конститутсия имконпазир буд.
Бояд тазаккур дод, ки қабули Конститутсия дар соли 1994 ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, “амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Дар воқеъ муҳимтарин омилҳое, ки давлати демократӣ будани Тоҷикистонро ифода мекунад ин истифодаи шакли демократияи бевосита мебошад. Халқ дар давлати демократӣ ҳокимиятдории худро ё бевосита ва ё ба воситаи вакилони интихобнамудаи худ ба мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба амал мебарорад.
Давлати демократӣ унсури муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор рафта, ба озодии одамон асос меёбад. Дар чунин давлат халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ҳокимият аст. Давлати демократӣ бо падидаи дигари пешқадам, давлати ҳуқуқӣ дар иртибот аст. Шакли ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ таърифи анъанавии давлати ҳуқуқӣ маҳсуб мегардад. Ҳамзамон ҳуқуқи инсон дар назария ва консепсияҳо оид ба зарурияти сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикос меёбад. Ҷустуҷӯи роҳи беҳтарини эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон боиси таҳкими ғояи ҷомеаи демократӣ мегардад. Давлати демократӣ гуфта, давлате дар назар дониста мешавад, ки сохтор ва тарзи фаъолияти он бо иродаи инсон мувофиқ буда, ба ҳуқуқу озодиҳои умумиэътирофгаштаи инсон ва шаҳрванд мухолифат наменамоянд. Давлати демократӣ унсури муҳимтарини мардумсолорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон асос ёфтааст. Дар ҷомеаи демократӣ халқ манбаи асосии ҳокимият маҳсуб мешаванд. Ин танҳо эъломия набуда, балки як воқеият мебошад.
Мафҳуми давлати демократӣ бо мафҳумҳои давлати конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ зич алоқаманд аст ва то ҳадде ин мафҳумҳо метавонанд синоним бошанд.
Вазифаи асосии давлати демократӣ таъмини манфиатҳои умумии шаҳрвандон мебошад.
Нишонаҳои муҳимми давлати демократӣ ин демократияи воқеии намояндагӣ, таъмини ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд.
Нишонаи дигари давлати демократӣ-таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар давлати демократӣ принсипи волоияти қонун амал мекунад, ки баробарии ҳама пеши қонун, мустақилияти низоми судӣ, мавҷудияти институтҳои ҳифзи ҳуқуқ ва кафолатҳои зидди сӯиистифодаи ҳокимиятро дар бар мегирад.
Ҳамин тавр, давлати демократӣ на танҳо давлатест, ки дорои мақомоти интихоботӣ мебошад, балки низоми институтҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буда, иштироки шаҳрвандонро дар идоракунии давлат, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳоро дар шароити рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин менамояд.
Ҳамин тариқ моҳияти демократия дар он аст, ки ин шакли идориро худи халқ муайян мекунад, вале маъмулан идоракунии он аз ҷониби сиёсатмадорони касбӣ амалӣ карда мешавад.
Давлати демократӣ - ин давлати ҳуқуқбунёдест, ки принсипи таҷзияи ҳокимиятро риоя намуда, кафолатҳои воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро фароҳам меорад. Муҳимтарин принсипи он истиқлоли халқ мебошад, ки дар асоси интихоботи озод ва шаффоф амалӣ карда мешавад.
Муҳаққиқ Холиқзода А.Ғ. иброз медорад, ки “..... дар чунин шароити ноороми олам моро мақомоти қонунбарор ва шаҳрвандони озодидӯстро, зарур аст, ки дар кори пешгирӣ аз ин харҷу марҷи фикрӣ ва бадбахтиҳои эҳтимолӣ, ки ба сари аксари кишварҳои олам борида аст, талаботи моддаҳои 1,6, 8, 10,12 ва 100-и Конститутсияи кишварамонро чун сипари устувори ҳуқуқӣ ва маънавӣ дуруст дарк, ҳазм ва татбиқ намоем. Дар сурати дарк накардани паҳнои таносуби ин озодиҳо ва неруи ин қудратҳо рӯ овардан ба ҳикмати ҳамин моддаҳои номбаршудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафкураи моро бо ғизои солими ҳуқуқӣ дар роҳи ҳифзи якпорчагию одилии кишварамон таъмин менамояд”. (Холиқзода А.Ғ. Давлати демократӣ. Китоби 1. Душанбе “ЭР-граф” 2025, саҳ. 422).
Ҳамин тариқ метавон иброз намуд, ки Конститутсия - ҳомии ҳуқуқҳои инсон ва маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда мебозад.
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, н.и.ф., ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии ИОМДОА АМИТ

