Дар раванди ҷаҳони босуръат рушдёбанда, дипломатияи «иқтисоди сабз» ҳамчун омили муҳимми таъминкунандаи рушди устувор дар меҳвари сиёсати давлатҳои ҷаҳон қарор гирифта, як низоми хеле мукаммали муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мегардад. Ба қавли коршиносон «иқтисоди сабз» ҳамчун яке аз самтҳои муосир дар ояндаи наздик соҳаҳои мухталифро фаро хоҳад гирифт. Бо назардошти ин таи даҳсолаҳои охир таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи мазкурро роҳандозӣ намуда, ба мақсади истифодаи муассир аз бартариҳои муҳити табиӣ ва манбаъҳои саршори обию энергетикӣ, барои гузариш ба дипломатияи «иқтисоди сабз» қадамҳои устувор гузоштааст.
Таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди «иқтисоди сабз» дар пайвастагӣ бо ҳадафҳои стратегии кишвар, аз он ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул амалӣ мегардад. Ба хотири ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегии соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар моҳи сентябри соли 2022 Пешвои миллат «Стратегияи рушди иқтисоди сабз»-ро барои солҳои 2023–2037 ба имзо расониданд.
Ҳадафи асосии қабул намудани стратегии рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чи тавре зикр кардем, ин таъмини рушди иқтисодиёт ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва суботи иҷтимоӣ мебошад.
Чи тавре аз муҳтавои стратегияи мазкур бармеояд татбиқи амалии барои ноил шудан ба рушди устувор дар раванди «иқтисоди сабз» Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал ба самтҳои зерин такя менамояд:
– риояи меъёрҳо ва санадҳои байналмилалии танзимкунандаи ташаккули «иқтисоди сабз»;
– таҳким ва тақвият бахшидан ба раванди мутобиқшавии институтсионалӣ ба талаботи «иқтисоди сабз»;
– ҳавасманд сохтани фаъолияти инноватсионӣ дар самти самараҷӯӣ ва сарфаҷӯӣ;
– таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҷалби захираҳои молиявӣ ва интиқоли технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба «иқтисоди сабз»;
– баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии кишвар тавассути зиёд намудани теъдоди табақаи миёнаи аҳолӣ;
– тақвият бахшидан ба баробарҳуқуқӣ дар дастрасӣ ба хизматрасонии экологӣ;
– ҷорӣ намудани тамсилаҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсоли маҳсулот;
– таъмини алоқамандӣ байни рушди иқтисодӣ ва устувории экологӣ;
– таъмини мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳамбастагӣ бо «иқтисоди сабз»; [1]
Имконоти баъдии татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар самти «иқтисоди сабз» ба қарори зайл мебошанд:
– нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ ва афзуншавии сармояи табиӣ;
– истифодаи васеи технологияи инноватсионӣ ва каммасраф;
– истеҳсоли васеи маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза (органикӣ) ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ;
–баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологӣ ва сифати хизматрасониҳои экологӣ;
– истеҳсол ва фуруши неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергияи сабз;
– мавқеи кишвар аз руйи татбиқи усули «иқтисоди сабз» ва воридшавии сармоя ба кишвар;
– ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи 20 кишвари ҷаҳон бо нишондиҳандаи беҳтари индекси болоравии инклюзивии «иқтисоди сабз» ва ғайра.
Мутобиқ ба таҳлилҳои коршиносони ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид, “иқтисоди сабз” чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорист, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.
Қобил ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи энергетикӣ буда, миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро ишғол менамояд.
Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ба таҷдиду сохтмони неругоҳҳои обӣ идома бахшида, дар солҳои наздик дар ҷумҳурӣ истеҳсоли электромобил, электробус ва троллейбус оғоз мегардад, ки ин худ идомаи мантиқии сиёсати ҳукумат дар роҳи пешбурди рушди «иқтисоди сабз» мебошад.
Болотар аз ин доир ба ташаккул ва рушди ояндаи «иқтисоди сабз» ёддовар гардида, ҳанӯз дар Паёми худ аз 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки «бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз» равона карда шавад».[2]
Дар ин замина, дар Паёми соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид карданд, ки «Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил хоҳад ёфт, зеро иқлими ҷумҳурии мо барои ба мамлакати сабз табдил додани он мутобиқ буда, то соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида, дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад».
Дар иртибот ба гуфтаҳои боло Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёд кардани истеҳсоли «энергияи сабз» таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «бо назардошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ, мо ният дорем, ки иқтидорҳои худро оид ба истеҳсоли «энергияи сабз» то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳем».
Ҳамин тариқ, дар масъалаи саҳми Пешвои миллат дар рушди дипломатияи «иқтисоди сабз» метавон чунин натиҷагирӣ намуд:
- дар амал татбиқ намудани консепсияи иқтисоди сабз ба сатҳи иҷтимоию иқтисодии давлат ва тафаккури фарҳангӣ ва техникии аҳолӣ таъсири мусбӣ хоҳад гузошт;
- иқтисодиёти сабз ба истеҳсоли «энергияи сабз» вобаста буда, афзун гардонидани он дар кишвар талаботи иқтисоди глобалӣ ва ворид гаштани Тоҷикистон ба ин низоми нави иқтисодӣ мебошад.
Дар охир бояд қайд намуд, ки нақши Пешвои миллат дар рушди «иқтисоди сабз» барои Тоҷикистон ва барои ҷаҳон яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъалаи муҳими тағирёбии иқлим дар сатҳи сайёра маҳсуб меёбад. Татбиқи он моро водор месозад, ки корҳои илмӣ таҳқиқотии худро ҷиҳати рушди иқтисоди кишвар, аз ҷумла дар самти рушди иқтисоди инноватсионӣ, истифодаи технологияҳои навтарини муосир, рушди нерӯ, захира ва сармояи инсонӣ, ҷонок намуда, барои омода намудани кадрҳои баландихтисоӣ илмӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва иқтисодии аҳолии кишвар, такмил додани бештари касбияту дониш ва таҷрибаи худ талош варзем.
МУҲАММАДАЛИЗОДА П.М – н. и. и., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе
САРЧАШМАҲОИ ИСТИФОДАШУДА:
1. Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037
2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» https://www.president.tj (санаи муроҷиат 08.11.2025)

