Перейти к основному содержанию

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ буда, асоси муқаддасоти миллӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллиро таҷассум намуда, ҳамчун ифодагари рамзи соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ, сулҳу ороми, дӯстию рафоқат, садокату муҳаббат ва муаррифгари давлату миллат мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандони кишварро ба зиндагии ором, осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафаи миллатдорӣ ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Барои ҳар як давлати мустақил, Парчам, Нишон ва Суруди миллию асъори миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат ба ҳисоб меравад. Дар асл, Парчами давлатӣ дар фаъолияти давлатдорӣ гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, инчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ба ору номуси миллат мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

Парафшонии парчам ифтихори миллии ҳар як фарди бо нангу номус ва соҳибватан мебошад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистони азиз аст.

Парчам аз муқаддасоти миллӣ буда, рамзи асосии соҳибдавлатӣ ва ифтихори ҳар як халқу миллат мебошад. Таърихи тамддуни давлатдории оламиён шаҳодат медиҳад, ки инсоният ҳамчун нишони давлатдорӣ ва ҳастии халқу миллат рамзҳо ва нишонҳоро эҷод ва қабул намудааст. Ҳамаи рамзҳои қабул намуда ифодагару равшантари саргузашти халқу миллатҳо ва эҳтиром ба муқаддастарин ашёи оламу табиати атроф аст.

Парчам аз се ранг, ки ифодакунандаи сулху вахдат садокату мухаббат ба ватани азизамонро дорад:

Ранги сурх рамзи мубориза барои озодӣ, истиқлолият ва қаҳрамонии мардуми тоҷик аст. Он ба таърихи пурмоҷарои миллат ишора мекунад, ки бо талошҳо ва фидокориҳо барои истиқлолият ва ҳифзи ваҳдат алоқаманд аст. Сурх инчунин рамзи нерӯи ҷисмонӣ, иродаи қавӣ ва қаҳрамонии миллатро таҷассум менамояд. Ҳамин тавр, ранги сурх нишондиҳандаи он аст, ки халқи тоҷик дар муборизаҳои худ барои зиндагии беҳтар қадамҳои устувор гузоштааст.

Ранги сафед рамзи сулҳ, покӣ, адолат ва равшанӣ мебошад. Дар фарҳанги тоҷикон, сафед ҳамчун рамзи тозагии рӯҳу покизагӣ маънидод мешавад. Ин ранг ҳамчунин ба соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ, ишора мекунад, ки як бахши муҳими иқтисодиёти кишвар аст. Пахта ҳамчун рамзи сарват ва некуаҳволии иқтисодӣ баёнгари саҳми бузурги мардуми тоҷик дар соҳаи истеҳсолот мебошад. Сафед дар фарҳанги миллӣ инчунин рамзи ростқавлӣ ва сулҳомезии миллатро ифода мекунад.

Ранги сабз рамзи ҳаёт, табиат ва рушду инкишофи кишвар аст. Сабз ин рамзи кишоварзӣ, ки соҳаи калидии иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад, ба шумор меравад. Сабз ҳамчунин рамзи рушд ва ҳаёт аст ва маънии навсозии иқтисодӣ ва барқарорсозии муваффақияти Тоҷикистонро дорад. Дар фарҳанги тоҷикон сабз инчунин рамзи ҷавонӣ, шукуфоӣ ва шодобии зиндагӣ мебошад. Бахусус, сабз баёнгари муҳити зебои табиати кишвар ва алоқамандии мардуми тоҷик бо табиат аст.

Дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир шудаанд. Тоҷ рамзи соҳибихтиёрӣ, ҳокимият ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Он рамзи худшиносӣ ва мақоми баланди миллати тоҷикро ифода мекунад. Ҳафт ситора, ки дар болои тоҷ ҷойгир шудаанд, рамзи хушбахтӣ, саодат ва камолоти миллат мебошанд. Дар фарҳанги тоҷикон рақами ҳафт дорои маънои хос аст, ки ба нишони камолоти рӯҳӣ, муваффақият ва фаровонӣ ишора мекунад. Ин рақам дар мазҳаб ва фолклори мардуми тоҷик мақоми махсус дорад ва рамзи саодат, комёбӣ ва пешрафт мебошад.

Ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амиров Зайниддин Гадомадович

Мудири Шуъбаи ихтиология ва гидробиологияи Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Мирзоев Нуриддин Маҳмадович