Перейти к основному содержанию

(Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисион муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ - Ҷопон»)

Дар замони муосир, махсусан дар шароити тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, шакл ва қолабҳои нави дипломатия мавриди истифода қарор мегиранд, ки нишастҳо ва ё платформаҳое чун «С5+1» аз ҳамин қабиланд. Ин нишастҳо метавонанд дар сатҳи минтақа ва ё ҷаҳон сурат гиранд ва фарогири масъала ва мавзӯъҳои умдаи рӯз бошанд. Аслан чунин нишастҳо баёнгари тағйирот ва навгониҳо дар мазмун ва муҳтавои геополитикаи замони муосир ва архитектураи нави низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд. Зарурати ҳарчи зудтар ва муассиртар ҳаллу фасл намудани масъалаҳои марбут ба таъмини амният, суботи сиёсӣ ва рушди устувор чунин қолабу шаклҳои нави нишастҳоро ба миён меоварад.

Нишастҳои «С5+1» (Осиёи Марказӣ + ШМА, Осиёи Марказӣ - Россия, Осиёи Марказӣ - Чин, Осиёи Марказӣ - Кореяи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ - Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ - Ҷопон, Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо) платформаи минтақавии дипломатиест, ки бо назардошти равандҳои ҳамгироии замони муосир ва тақозои мусоидат ба ин равандҳои созанда арзи вуҷуд кардааст. Ин нишастҳо панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва яке аз давлатҳои алоқамандро ба хотири ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак дар самтҳои муҳиму калидӣ муттаҳид мекунад. Ин нишастҳо фарогири масъалаҳои марбут ба таъмини амният (мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ, кибертаҳдидҳо), иқтисод (рушди тиҷорат, сармоягузорӣ, инфрасохтори нақлиётӣ), беҳдошти муҳити зист (коҳиш додани тағирёбии иқлим), масъалаҳои иҷтимоӣ (ҳуқуқи занон, ҳифзи кӯдакон ва маъюбон, илму маориф) ва амсоли он мебошанд.

Саммити "Осиёи Марказӣ + Ҷопон " идомаи ташаббуси сиёсиест, ки соли 2004 расман дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) оғоз ёфтааст. Ин ташаббус бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба ва баровардани муносибатҳои Ҷопон бо кишварҳои минтақа ба сатҳи нав роҳандозӣ шудааст. Туркманистон, бо назардошти сиёсати бетарафии худ ҳамчун нозир иштирок мекунад[1].

Мақсадҳои асосии саммити "Осиёи Марказӣ+ Ҷопон " чунинанд:

Таъмини сулҳ, субот ва демократия дар Осиёи Марказӣ

Тақвияти пояҳои иқтисодии минтақа, пешбурди ислоҳот ва рушди иҷтимоӣ, аз ҷумла кам кардани нобаробариҳои дохилиминтақавӣ

Тақвияти ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ

Гузаронидани ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ

Ҳамкории Ҷопон бо кишварҳои минтақа дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, масъалаҳои экологӣ, энергетика, тиҷорат ва нақлиёт [2].

Мароми саммит ва диалог

Ташвиқи рушди устувор бо таваҷҷуҳ ба сармоягузорӣ ба нерӯи инсонӣ ва "сифати рушд"

Дастгирии ташаббусҳои минтақавӣ барои диверсификатсияи иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии минтақа

Кӯмак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо истифода аз таҷрибаи Ҷопон

Пуштибонӣ аз ташкили роҳҳои нави тиҷоратӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла тавассути Каспий, ки минтақаи Осиёи Марказиро бо Аврупо мепайвандад ва вобастагиро аз Русия коҳиш медиҳад

Пешбурди ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳими амниятӣ, экологӣ ва энергетикӣ [3]

Хулоса, саммити "Осиёи Марказӣ +Ҷопон" ҳамчун як платформаи бисёрҷониба барои таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ миёни Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, ҳадафи асосии он аз таъмини субот, рушди устувор ва диверсификатсияи муносибатҳои байналмилалии минтақа иборат мебошад.

Сафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон барои иштирок дар саммити аввали сатҳи раҳбарон дар чаҳорчӯбаи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» (CA+JAD) баргузор мешавад, ки як қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва дуҷониба ба шумор меравад. Ин сафар метавонад паёмадҳои стратегии матлуби геополитикиро ба бор оварад, аз қабили таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар миёни шарикони ғайринизомӣ ва диверсификатсияи робитаҳои беруна. ​

Дар назар аст, ки дар чаҳорчӯбаи сафар мулоқот бо Императори Ҷопон ва Нахуствазири кишвар Санэ Такаичи баргузор мешавад, ки имкониятҳои сармоягузорӣ ва рушди тиҷоратро афзоиш медиҳад. Ҳамчунин, вохӯрӣ бо намояндагони тиҷорати Ҷопон барои Тоҷикистон имкони ҷалби сармояҳои нав дар соҳаҳои инфрасохтор, гидроэнергетика ва технологияҳои навро фароҳам меорад. Ин амал ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ мусоидат мекунад, ки аз соли 2004 тавассути формати CA+JAD дар ҷараён аст [4]. ​Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” паёмадҳои назарраси минтақавиро ба бор меоварад, чун дар доираи ин чорабинии муҳими сиёсӣ баҳсҳои сатҳи олӣ дар бораи рушди мустақил ва устувори Осиёи Марказӣ, аз ҷумла масъалаҳои об, сарҳадҳо ва иқтисодиёт сурат хоҳанд гирифт. Аз тарафи дигар, ин ҳамоиш мавқеъ ва мақоми Ҷопонро ҳамчун шарики ғайрирақобатӣ мустаҳкам мегардонад. Барои Тоҷикистон ин платформа барои ҳамоҳангсозии манфиатҳои минтақавӣ бо шарикони Ғарбу Шарқ муҳим аст, ки дар ниҳояти кор вобастагии пурраи кишварро аз Россия ва Чин коҳиш медиҳад. Ҷопон тавассути чунин ҳамоишҳо ҳамчун шарики боэътимод, васлгар ва таконбахши равандҳои созанда ва бозсозиҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муаррифӣ мегардад [5].​

Ниҳоят, сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷопон ва иштирок дар ҳамоиши мазкур ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар шароити рақобати қудратҳои бузург мавқеи мувозинатиро нигоҳ дорад, сиёсати дарҳои боз ва гуногунқутбии хешро тавсеъа ва тақвият бахшад, ба рушду такомули баъдии низоми байналмилалии замони муосир мусоидат намояд. Кишвари Ҷопон бо таваҷҷуҳ ба амният, суботи сиёсӣ ва рушди устувори минтақа метавонад намунаи хуби шарикии ғайринизомиро пешниҳод намояд, ки барои Душанбе ва манфиатҳои геополитикии он дорои аҳамияти бузурги стратегӣ мебошад. Аз тарафи дигар, сафари мазкур ба таҳкими нақши Тоҷикистон дар дипломатияи минтақавӣ ва ҷалби сармояҳои назаррас барои таъмини рушди устувор ва шукуфоии бештари кишвар мусоидат хоҳад кард.

Шамсиддин Каримов - сарходими илмии шуъбаи Иттиҳоди

давлатҳои мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

САРЧАШМАҲO

Central Asia plus Japan //

https://en.wikipedia.org/wiki/Central_Asia_plus_Japan

Central Asia plus Japan //

https://en.wikipedia.org/wiki/Central_Asia_plus_Japan

«В фарватере американской политики»: как Япония намерена усилить свои позиции в Центральной Азии //

https://russian.rt.com/.../1352141-yaponiya-centralnaya...

to Japan of President of the Republic of Tajikistan // https://www.mofa.go.jp/erp/ca_c/tj/pageite_000001_01424.html

Visit

C5+ Solution: Japan’s Minilateral Diplomacy and Central Asia’s Balancing Act //

https://astanatimes.com/.../c5-solution-japans.../