Перейти к основному содержанию
16 декабри соли 2025 дар толори Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа намуданд. Ин Паём, ҳамчун ҳуҷҷати барномавии стратегӣ, на танҳо ҷамъбасти дастовардҳои соли 2025, балки дурнамои рушди минбаъдаи кишварро муайян мекунад. Барои кормандони илмӣ, аз ҷумла аъзои Академияи хурди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин Паём манбаи муҳимми роҳнамоӣ ва илҳомбахш аст, зеро дар он ба масъалаҳои рушди илм, технологияҳои нав, маориф ва захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст.

Соли 2025 бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар ҳаёти миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон фарқ мекунад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин солро соли пешрафтҳои бузург дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ намуданд. Дар Паём таъкид шудааст, ки дар ин сол иқтисоди миллӣ бо суръати 8,4% рушд карда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 173 миллиард сомонӣ расидааст. Даромадҳои буҷаи давлатӣ дар панҷ соли охир 65% афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 19% коҳиш ёфтааст. Умри миёнаи аҳолӣ ба 77 сол расида, аҳолӣ беш аз 10,7 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо заминаи мустаҳками рушди илмро фароҳам меоранд, зеро илм бе иқтисоди пешрафта ва аҳолии солим пеш рафтан наметавонад.

Дар Паём Президенти мамлакат ба рушди саноат, энергетика ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Дар ҳафт соли охир зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, соли 2025 танҳо 400 корхонаи нав кушода шудааст. Амнияти озуқаворӣ ба 85% расида, ҳосили кишоварзӣ бо вуҷуди тағйирёбии иқлим 8,5% афзоиш ёфтааст. Ин дастовардҳо мустақиман ба илм пайванданд, зеро рушди саноат ва кишоварзӣ бе таҳқиқотҳои илмӣ, технологияҳои нав ва кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст.

Яке аз нуктаҳои муҳими Паём – масъалаи энергетика мебошад. Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва Тоҷикистон ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ мерасад. Ин охирин зимистони душвор хоҳад буд ва аз соли 2027 сар карда, мушкилоти маҳдудияти барқ ҳалли ниҳоӣ меёбад. Барои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин супориш фурсати бузург аст, зеро таҳқиқот дар соҳаи энергетикаи нав, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи манбаъҳои барқароршаванда метавонад саҳми муҳим гузорад. Академияи хурд, ки ҷавонони боистеъдодро ҷамъ овардааст, метавонад дар лоиҳаҳои илмии марбут ба «Роғун» ва дигар неругоҳҳо фаъолона иштирок намояд.

Президенти мамлакат ба Ҳукумат ва Парлумон супориш доданд, ки барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оранд. Инчунин, ба Хадамоти алоқа супориш дода шуд, ки «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия намоянд. Ҳадаф – таъмини интернетӣ баландсуръат барои ҳамаи аҳолӣ ва васеъ кардани хатҳои нахи нурӣ мебошад.

Барои кормандони илмии Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ин самт афзалияти муҳим аст. Зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ ва инфрасохтори алоқаи муосир ояндаи илмро муайян мекунанд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аллакай дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар самти зеҳни сунъӣ ва омӯзиши криосфера (пиряхҳо) корҳои муҳим анҷом медиҳад. Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат эълон гардидааст. Ин иқдоми ҷаҳонӣ имконият медиҳад, ки олимони тоҷик дар таҳқиқотҳои глобалӣ нақши пешсаф гузоранд. Академияи хурд метавонад дар таҳияи лоиҳаҳои марбут ба мониторинги пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои об фаъол бошад.

Дар Паём ба баланд бардоштани сатҳи маориф, ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст. Президенти мамлакат изҳори нигаронӣ намуданд, ки либоси бегона ва фаромӯш кардани анъанаҳои миллӣ ба ҳувияти миллӣ таҳдид мекунад. Ин супориш ба олимон ва муҳаққиқони соҳаи гуманитарӣ вобаста аст, зеро таҳқиқоти фарҳангӣ, таърихӣ ва ҷомеашиносӣ метавонад дар ҳифзи мероси миллӣ саҳм гузорад.

Инчунин, супориш дода шуд, ки барномаи нави идоракунии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия шавад ва стратегияи рушди бозори сармоя амалӣ гардад. Ин барои илмҳои иқтисодӣ ва молиявӣ имкониятҳои нав мекушояд.

Паёми Президенти мамлакат аз 16 декабри соли 2025 барои кормандони Академияи хурди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даъвати амал аст. Мо, ҷавонони илмпарвар, вазифадорем, ки дар татбиқи супоришҳои Паём фаъолона иштирок намоем: таҳқиқот дар самти зеҳни сунъӣ, энергетикаи сабз, ҳифзи пиряхҳо, рушди рақамӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ анҷом диҳем. Ин Паём моро ба корҳои нав, ташаббусҳои илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ ҳидоят мекунад. Бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба сӯи ояндаи пешрафта қадамҳои устувор мегузорад, ва мо – ҷавонони илмӣ – қувваи пешбарандаи ин рушд хоҳем буд.

Шарифзода Сурайё – мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ