Перейти к основному содержанию

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16.12.2025)

Таърих кам шахсиятҳоеро ёд дорад, ки чун Пешвои муаззами миллати мо дар роҳи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ хизматҳои шоиста намуда бошад.

Аз ҷониби ҳар шаҳрванди кишвар мояи ифтихор донистани ин нобиғаи арсаи сиёсат ва давлатдории муосир арҷгузорӣ ба хидматҳои барҷастаашон мебошад. Хуб ба хотир дорем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне, ки аксарият ба ояндаи худ бовари надоштанд, лаҳзаҳое, ки туфанг мақоми ҳукмфармоиро дошт, рӯзгоре, ки ақлу инсоф, дӯстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинасофию нобаробарӣ ва хиёнат иваз карда буданд, зимоми давлатдориро ба зимма гирифтанд. Дар замири ин шахсияти беназир хизматҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзию ҷасорат, хоксорию ғурури миллӣ ва бо риояи одобу тавозуни хирад манфиати миллату Ватан ба ҳам омадаанд.

Раванди минбаъда нишон дод, ки Пешвои миллати мо ба сухану ваъдаҳояшон содиқ ва устуворанд. Тамоми ибтикороташон аз зовияи мардумсолориву қонунмеҳварӣ сурат мегирад. Дар ин замина, тавонистанд, ки умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум эҳё намуда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад.

Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.

Ташаббуси дигари Пешвои муаззами миллати мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул гардид.

Инчунин, ин ҳам боиси ифтихор аст, ки 12 – уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” қабул гардид.

Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва солҳои 2025 – 2034 “Даҳсолаи илмҳои криосфера” эълон гардиданд.

Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.

Дастовардҳои таҳти роҳбарии Пешвои миллат бадастомада хеле зиёданд, ки зикрашон дар доираи як матлаб имконнопазир аст.

Бо зикри он иктифо мекунем, ки дар соли 2025 – ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 173 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,4 фоиз расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар соли 2026 суръати рушди иқтисоди миллиро на кам аз 8,0 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем.

Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона карда шуд.

Дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ва 87 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат рӯз ба рӯз хубтару беҳтар гардида истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст. Танҳо дар соли 2025 - ум 400 корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст. Соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.

Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтумони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон – оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.

Инчунин, моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии мамлакат таъмин мегардад.

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти сатҳи байналмилалии об ва ҳифзи муҳити зист низ арзанда аст.

Чунонеки аз муҳтавои Паёми Сарвари давлат бар меояд: «ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.

Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафта вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.

Бо ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 – ум 25, 4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015 – ум панҷуним баробар зиёд мебошад».

Бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон чандин қарори глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об қабул гардид. Мо аз он ифтихор дорем, ки дар ҳамоишҳои бузурги сатҳи глобалӣ Президенти Тоҷикистонро дар ин самт низ ҳамчун лидер ном мегиранд.

Дар ҷаҳони муосир эътироф ва муттаҳидии халқ дар атрофи пешвоён ва бунёдгузорони давлатҳо падидаи маъмул, муҳим ва муфид буда, мавҷудияти чунин симои таърихӣ миллатро ба фардои нек раҳнамоӣ месозад. Мо вазифадорем, ки манфиатҳои миллатро дар ҳамбастагӣ ҳифз намоем.

Ҳамин тариқ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саршор аз ҳикматҳои дурандешона, созандагиву бунёдкорӣ, даъват ба некиву нексириштӣ, садоқат ба Ватан, дар руҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани мардуми кишвар, махсусан ҷавонону наврасон иборат мебошад. Ин ҳама суханҳои нек, ҳадафҳо, дастуру супоришҳои Пешвои миллат мардуми моро ба сӯи музаффариятҳо, рушди босубот, донишу маърифати баланд, хайрхоҳиву саховатмандӣ ва фатҳи қуллаҳои баланд бурда мерасонад. Паёми Пешвои миллат барои тамоми намояндагони соҳаҳои гуногуни мамлакат бояд барнома ва дастурамал гардад. Ҷанбаҳои ахлоқию таърихӣ, ки бисёр самимонаю хирадмандона пешкаш гардиданд барои худшиносии миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърихи гузашта, муттаҳидӣ ва ваҳдати миллӣ аҳамияти бағоят калон доранд.

Темурзода Фаррухшоҳ Сироҷиддин мутасаддии кор бо магистрантон ва докторантони

PhD-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ