Перейти к основному содержанию

7-уми январи соли 2025 дар Шуъбаи илмҳои биологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии солона оид ба муҳокимаи фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Шуъбаи илмҳои биология дар соли 2025 ва вазифаҳо дар соли 2026 бо иштироки аъзоёни Бюрои Шуъбаи илмҳои биология, аъзоёни Раёсати АМИТ ва кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии зертобеи Шуъба, мутахассисони муассисаҳои илмии АИКТ, устодони ДМТ, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ДАТ ба номи Ш.Шотемур, магистрантон, докторантони PhD, унвонҷӯён баргузор гардид.

Дар маҷлис ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои биология, доктори илмҳои биология, профессор Мирзораҳимзода А.К. баромад намуда, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-ташкилии муассисаҳои илмии зертобеи Шуъбаро дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дод. Дар муҳокимаи ҳисоботи солона президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академики АИКТ Салимзода А.Ф., раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Давлатзода С.Х., узви вобастаи АМИТ Абдуллоев А. баромад намуда, ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Шуъбаи илмҳои биологияро дар соли 2025 мусбат арзёбӣ намуданд.

Инчунин оид ба натиҷаҳои ҳамкориҳои муштараки судманд бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии зертобеи АИКТ дар самти растанипарварӣ, селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ, омода намудани мутахассисони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои нодири генетика, экология ва биотехнология, пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз рӯи самтҳои афзалиятноки илми биология, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии таҳқиқотҳои илмӣ, татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои самаранок доданд.

Дар идомаи кори маҷлиси Шуъба мудири Озмоишгоњи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Партоев Қурбоналӣ дар мавзуи «Нақши Президенти кишвар дар рушди илмҳои генетика, селексия ва биотехнологияи муосир» дар шакли рӯнамо маърӯза намуд. Дар охири маҷлис ба якчанд нафар кормандони фаъоли муассисаҳои илмии зертобеи Шуъба барои фаъолияти пурсамари илмӣ, илмӣ-ташкилӣ, дастовардҳои назарраси илмӣ дар соҳаи биология ва кишоварзӣ бо “Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.