Перейти к основному содержанию

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)

Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам. Эмомалӣ Раҳмон

Дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мавриди таҳлил қарор додани масъалаҳои муҳимму рӯзмарраи ҷомеаи муосири тоҷик, инчунин ба вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ аҳамияти хоса зоҳир намуданд.

Мусаллам аст, ки худшиносӣ аз фазилатҳои муҳимми инсон аст, ки барои ташаккули шахсият ва ҳувияти ӯ мусоидат менамояд. Маҳз тавассути худшиносӣ инсон метавонад на танҳо ҷанбаҳои гуногуни шахсияти худро муайян кунад ва норасоиҳои ҷисмониву равонии худро ислоҳ намояд, балки шахсиятҳои дигарро шиносад ва дар робита бо онҳо мавқеи худро дар ҷомеа устувор созад.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳар гоҳ ин фазилати инсонӣ коҳиш ёбад, фасоду касоди ахлоқӣ, нооромиву бенизомӣ дар ҷомеа авҷ мегирад. Ҳодисаҳое, ки пас аз фурӯпошии давлати Шӯравӣ дар ҷумҳурии мо ба вуқуъ омаданд, гувоҳи ҳаминанд. Онҳое, ки аз худшиносӣ дур гашта, ба мафкураву ҷараёнҳои бегона гаравидаанд, яке аз сабабгорони нооромиҳо дар ҷомеа мебошанд. Набудани худшиносӣ боиси низоъҳои байнихудии мардум мегардад.

Хушбахтона, пас аз дарёфти истиқлоли сиёсиву давлатӣ таваҷҷуҳ ба худшиносӣ ривоҷ ёфт ва ин барои таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи мусоидат фароҳам намуд.

Сазовори ёдоварист, ки яке аз воситаҳои худшиносии миллӣ - арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавии ниёгонамон мебошад. Маҳз дар давраи истиқлол ҷашну оинҳои бостонии ниёгонамон Наврӯзу Меҳргон, Садаву Тиргон эҳё гардиданд.

Дарвоқеъ таҳкими раванди худшиносӣ ва худогоҳӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон барои густариши тафаккури навини миллӣ замина фароҳам овард, ки ҷавҳари онро ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат ва сарҷамъиву ваҳдати тоҷикон дар пояи андешаи миллӣ ташкил медиҳанд.

Худшиносӣ - дарки шахс дар бораи шахсияти худ, ниёзҳо ва манфиатҳои ӯ, озодии интихоб ва масъулият барои қабули қарорҳо мебошад. Худшиносӣ ин раванди омӯзиши симои берунӣ ва ҷаҳони ботинии шахс мебошад. Ба ибораи дигар худшиносӣ ин огоҳии субъект дар бораи худаш аз субъектҳои дигар ва умуман ҷаҳон буда, дарки одам аз таъсири мутақобила бо олами объективӣ ва олами субъективӣ (равонӣ), ниёзҳои ҳаётан муҳими инсон, андешаҳо, ангезаҳо, инстинктҳо, таҷрибаҳо ва амал мебошад.

Инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсола қайд намуданд, ки ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пеш аз ҳама, маънои гиромӣ доштану ҳифз намудани таърих ва анъанаву суннатҳои миллӣ мебошанд. Ташаккули давлати миллӣ ва эҷоди пояҳову анъанаҳои давлатдории миллӣ бо раванди тавсеаи ҳисси худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шинохти таърих ва арзишҳои ахлоқии ниёгонамон робитаи мустақим дорад.

Ҳувияти миллӣ ин ҳисси мансубият ба миллат ва фаҳмиши он аст, ки арзишҳои муштараки фарҳангӣ, забон, таърих ва эҳтимолан сарҳадҳои умумии ҷуғрофӣ ва сиёсӣ доранд. Дар он эътиқоди ботинӣ, аҳамияти миллати худ, майлу хоҳиши мустаҳкаму инкишоф додани он ифода меёбад.

Ҳувияти миллӣ ё худшиносии миллӣ яке аз ҷузъҳои ҳувияти инсон аст, ки бо мансубияти дарки ба як қавм ё миллати муайян алоқаманд аст. Ҳувияти миллӣ - ин ҳисси «миллат ҳамчун як кулли муттаҳид, ки бо анъанаҳо, фарҳанг ва забони нотакрор ифода ёфтааст» мебошад.

Чуноне, ки дар Паём омадааст, “соли 2026 барои мо соли таърихӣ - соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст.” Бо ибораи дигар Тоҷикистони тозаистиқлол 35-сола мешавадДар ин замина метавон гуфт, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистон асоси ташаккули ҳувияти миллӣ, таъмини соҳибихтиёрии сиёсӣ ва пешбурди сиёсати мустақили хориҷӣ гардид. Он ба мардум имкон дод, ки бо такя ба урфу одат ва фарҳанг мустақилона сарнавишти кишварро муайян созанд, мушкилоти дохилӣ (камбизоатӣ, маориф), ҳалли иқтисодиёт (ҷалби сармоягузорӣ, диверсификатсия)-ро пеш баранд, ваҳдатро тақвият диҳанд ва ояндаи устуворро бунёд намоянд.

Дар воқеъ, дар ин самт бояд тазаккур дод, ки сиёсати таҳаммулпазири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки неруҳои гуногуни сиёсиро муттаҳид намуда, онҳоро дар атрофи як ҳадаф, як ғоя, яъне таъмини сулҳу амният ва рушду пешрафти ҷомеа муттаҳид созад. Худшиносии амалии мо имрӯз вобаста ба он аст, ки оё метавон дар атрофии як мафкураи умумимиллӣ, як ҳадаф, як мақсад - истиқлолият, озодӣ, тараққиёт муттаҳид шавем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истиқлолият на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки равандест, ки рушду субот ва ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷаҳон таъмин хоҳад намуд.

Ҳамин тариқ метавон хулоса намуд, ки Паёмҳои ҳамасола ва нақши худшиносии миллӣ дар замони соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон, ҳифз ва густариши арзишҳои фарҳангӣ, таҳкими ифтихор ва ҳувияти миллӣ - нуқтаи ибтидоии таърихи муосир гардида, ба халқи тоҷик имконият дод, ки бидуни тобеъияти таъсири беруна мустақилона низоми сиёсӣ ва сиёсати дохилию хориҷии худро бунёд кунад.

ДАВЛИЁРОВА Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент