Дар ҳар куҷои ҷаҳон агар аз як тоҷик бипурсанд, ки “куҷоӣ ҳастӣ” ҳатман посух хоҳад дод, ки тоҷик. Чӣ чизе боис мешавад, ки мо худамонро тоҷик ё аҳли Тоҷикистон бидонем ва чӣ чизе боис мешавад, ки вақте аз Тоҷикистон дур ҳастем, диламон барои Тоҷикстон танг бишавад? Оё вақте, ки аз Тоҷикистон дур ҳастем, диламон танҳо барои вожаи “точик” ё “Тоҷикистон” танг мешавад ё чизи дигаре? Мусалламан ҳар касе аввал дилаш барои хонавода, дӯстон ва баъд хотироту макони зисту зодгоҳаш яъне, Тоҷикстон танг мешавад. Ин эҳсоси дилтангӣ нисбат ба хонавода, дӯстон, хотирот, зодгоҳ ва сарзамин аст, ки як шахсро мутааллиқ ба ин арзишҳо мекунад ва ин арзишҳост, ки ҳувиятро месозад. Иштибоҳ нахоҳем кард, агар гӯем ҳувият аз хонавода шуруъ мешавад, сипас дар ҷомеа ба камол мерасад. Нухуст хонавода омӯзандаи ҳувият аст, сипас ҷомеа, яъне инсон аз ҳувияти фардӣ, хонаводагӣ ба ҳувияти ҷамъӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ мерасад ва ҳар инсон ва хонавода аст, ки ҷомеаро ташкил медиҳад ва ҷомеа ҳукуматро. Омӯзиши солим дар хонавода, мактабҳо боиси шакл гирифтани ҷомеаи солим мешавад ва ҷомеаи солим ҷомеаи огоҳ ва донишпарвар аст, ки дар партави дониш ва огоҳӣ посдори арзишҳои миллӣ хоҳад буд.
Арзишҳои миллӣ дар ҳақиқат ҳувияти миллии як ҷомеа аст, ки бо он ҳувияти миллӣ шакл мегирад. Аносири созандаи ҳувияти миллӣ аз назари донишмандон сарзамин, забон, таърих, фарҳанг, ва боварҳову оинҳост. Бақои як миллат дар партави доштани чунин аносире имконпазир аст. Мардуми тоҷик, ки имрӯз аз доштани сарзамин ва Истиқлол ифтихор мекунанд, ҳамин аносири таърихию фарҳангӣ боиси ҳифзи тоҷикон дар тули таърих шудааст.
Агар миллати тоҷик чунон фарҳанги ғанӣ ва таърихи дерина надошт, ҳаргез тобу тавони сахтиҳои рӯзгори гузаштаро надошт ва зери фишори фарҳангҳои бегона дар гузашти рӯзгор об шуда буд. Намунааш ҳамлаҳои бегонагон дар тули таърих ба ин сарзамин аст, ки ҳамлагарон худ дар фарҳанг ва ҳувияти мо зуб шуда ва фарҳанги моро пазируфтаанд. Бо вуҷуди ин зарбаҳое низ дар тули таърих ба пайкари ин фарҳанг ворид шудааст, ки мутаассифона осебҳои он то кунун дида мешавад.
Илова бар ин бархе аз авомил низ имрӯза тахрибкунандаи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои миллист. Яке аз ин авомил бетаваҷҷуҳӣ ба забони меъёр ва истифода аз гӯиш ва лаҳҷаҳо дар расонаҳову телвизён ва мактабҳову донишгоҳҳост. Ҳатто бархе аз ҷавонони мо ор медонанд, ки бо забони худашон суҳбат кунанд. Чунин ҳолатро мо метавонем дар поркҳову маконҳои тафреҳӣ байни ҷавонон ҳатто, бузургсолон бибинем. Ба назар мерасад, ки забоншиносону забондонон бояд таваҷҷуҳи бештар ба забон ва сохтори он дошта бошанд, то мардуми мо битавонанд аз зарфият ва зебоиҳои забони худамон баҳраманд бишаванд. Дувумин омили тахрибкунандаи ҳувияти миллӣ дур нигаҳ доштани ҷомеа аз донишу савод ва огоҳиҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсист.
Имрӯза бо таваҷҷуҳ ба пешрафти дунёи фанноварӣ, техналогия ва ҷаҳонишавии фарҳангҳо ва омехта шудани онҳо бо ҳамдигар ва зуҳури падидаҳои ифротгароӣ, агар ҷомеаи равшанфикр ва зиёии мо натавонад як насли огоҳу босавод тарбият кунад эҳтимоли ин аст, ки насли ҷавони мо бо пайравии кӯркӯрона аз ҳар падидаи навзуҳур, ки бо ҳувияти миллии мо носозгор аст, аз ҳувияти асили худ бегона гардад.
Барои рушди фикрӣ, дониш ва худогоҳии миллӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ ниёз ба бозсозии забон, ниҳодина ва мардумӣ кардани ҷшнҳои куҳан байни мардум, ки дар замони Истиқлол бо кӯшиш ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон эҳё шудаанд, барномаҳои нав дар низоми омӯзиши маориф, бознигарӣ ва ворид кардани мавзӯоти марбут ба рушди ҳуввияти миллӣ дар матнҳои дарсии мактабию донишгоҳӣ ва таъмини имконоти рифоҳии беҳтару хубтар барои муаллимону устодони болиёқат дар мактабу донишгоҳҳост, ки дур аз ҳар ғаразу манфиатҳои шахсӣ ба тарбияти донишомӯзону донишҷӯён бипардозанд, то насли оянда аз таърих, фарҳанг, сарзамин, арзишҳои миллӣ ва ҳувияти миллии худ, ки ваҳдатовару фарҳангсоз ҳастанд, ҳам огоҳӣ дошта бошанду ҳам дар ҳифзу рушду тарвиҷи онҳо кӯшову пӯё бошанд.
Оймаҳмадов Рустам - ходими пешбари илмии шуъбаи фолклори
Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ








