«Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ буда, сипари боэътимоди Ватан, ҳомии истиқлолият ва кафили сулҳу суботи ҷомеа мебошанд.»
Эмомалӣ Раҳмон
Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар давлати соҳибистиқлол на танҳо сохтори низомӣ, балки рукни муҳими давлатдорӣ, омили асосии таъмини амнияти миллӣ ва рамзи устувории сиёсиву иҷтимоӣ мебошанд. Маҳз тавассути нерӯи мудофиавии худ давлат метавонад истиқлолият, тамомияти арзӣ ва оромии ҷомеаро ҳифз намояд. Таҷрибаи таърихии давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки бе нерӯи низомӣ ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва суботи давлатдорӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимоди Ватан ва такягоҳи устувори давлат мавқеи хос ва сарнавиштсоз доранд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ бо мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ аҳамияти ҳаётӣ дошт. Дар солҳои аввали соҳибистиқлоли, вақте ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини суботи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дошт, зарурати таъсис ва мустаҳкам намудани нерӯи низомӣ баробар бо ҳифзи истиқлолияти кишвар буд. Маҳз дар ин давра пояҳои аввалини Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуданд, ки нақши калидӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи истиқлол бозид.
Таъсиси нерӯи низомӣ на танҳо як иқдоми ташкилӣ, балки қадами муҳими сиёсӣ ва стратегӣ маҳсуб меёбад, ки заминаи боэътимод барои таҳкими сохтори давлатдорӣ фароҳам овард. Фарзандони содиқи миллат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба хизмати Ватан камар бастанд ва дар шароити душвор бо садоқат ва фидокорӣ рисолати муқаддаси худро иҷро намуданд. Ҷасорат ва матонати онҳо нишон дод, ки ҳифзи Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба як нерӯи муназзам, касбӣ ва қобили дифоъ табдил ёфтаанд, ки дорои сохтори мукаммал ва имкониятҳои зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои мудофиавӣ мебошад. Сарбозону афсарон дар минтақаҳои куҳистонӣ ва сарҳадҳои душворгузар бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат хизмат мекунанд ва ҳамеша барои ҳифзи марзу буми кишвар омода мебошанд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар омилҳои нооромкунанда ба миён меоянд, ки нақши Артиши миллӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо марзу буми кишварро ҳифз мекунанд, балки барои таъмини суботи сиёсӣ, оромии ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамзамон мактаби муҳими тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандӣ мебошад. Ҷавонон дар ин мактаб эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, садоқат ба Ватан, интизом ва матонатро меомӯзанд ва ҳамчун шаҳрвандони фаъол ва ватандӯсти ҳақиқӣ ба камол мерасанд.
Артиши миллӣ инчунин омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносии ҷомеа мебошад. Дар муҳити хизмати ҳарбӣ намояндагони минтақаҳо ва қишрҳои гуногун ба ҳам меоянд ва ҳамчун фарзандони як Ватан муттаҳид мегарданд, ки ин ба таҳкими ҳисси ягонагӣ ва ҳамбастагӣ мусоидат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Навсозии заминаи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ба баланд бардоштани қобилияти мудофиавии кишвар мусоидат мекунанд.
Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти таҳкими Артиши миллӣ ба таъмини амнияти дарозмуддат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона гардидааст. Ин сиёсати хирадмандона нишон медиҳад, ки давлат нақши неруи низомиро ҳамчун кафили истиқлол, субот ва рушди устувори ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ менамояд.
Мавҷудияти Артиши миллӣ ба ҳар як шаҳрванди кишвар эҳсоси амният ва итминон ба ояндаи устувор мебахшад. Сарбозону афсарон бо хизмати содиқона, интизоми намунавӣ ва ҷасорат исбот мекунанд, ки онҳо муҳофизони ҳақиқии Ватан мебошанд.
Ҳифзи Ватан на танҳо вазифа, балки рисолати муқаддас ва масъулияти бузурги шаҳрвандӣ мебошад. Ин арзиши олӣ ҳар як фарди ҷомеаро водор месозад, ки ба амнияту суботи кишвар бетараф набошад ва дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳм гузорад. То замоне ки фарзандони содиқу далер бо рӯҳияи ватандӯстӣ, интизоми намунавӣ ва иродаи қавӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарор доранд, сулҳу субот, оромӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон устувор боқӣ хоҳад монд.
Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонӣ Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ








