Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 6 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (солҳои 2025-2030), “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” (солҳои 2025-2034), эълон гардидани соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид намуд, ки баргузории «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар шароити муосир аҳамияти муҳимро касб менамояд. Гуфта шуд, ки илми академӣ ҳамчун заминаи боэътимоди рушди устувори давлат ва ҷомеа баромад намуда, дар татбиқи самараноки стратегияҳои миллӣ, пешбурди иқтисодиёти рақамӣ, тавсеаи равандҳои инноватсионӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар нақши калидӣ дорад.

Таъкид гардид, ки дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи илму маориф шароити мусоид фароҳам оварда шуда, имрӯз олимони тоҷик метавонанд дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар ин замина, густариши таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ҳамкориҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.

Қайд гардид, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир, густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифодаи дастовардҳои илми муосир яке аз омилҳои асосии таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, ҷалби неруи зеҳнии ҷавонон ба илм, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар муддати ду ҳафта идома ёфта, дар доираи он баргузории конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои гирд, намоишҳои дастовардҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи ин чорабиниҳо олимон, магистрантон ва докторантон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти хешро муаррифӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки ин раванд барои рушди тафаккури илмӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ миёни насли гуногуни муҳаққиқон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идома олимону муҳаққиқон дар баромадҳои хеш оид ба натиҷаҳои илмии бадастовардаашон дар самтҳои гуногуни таҳқиқот, аз ҷумла фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, технологияҳои муосир, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.