Ба ифтихори рӯзи ғалаба
Номи аслии падарам Наврӯзшоҳ номи падарашон Муҳаммадамин ва амакҳояшон Муҳамадшоҳ, Одинашоҳ, Шоҳусейн, Шоҳаскарӣ яъне номҳои муборакашон бо калимаи шоҳ оғоз ва анҷом меёфтанд. Аммо номи мубораки қиблагоҳи ман таърихи хеле аҷиб дорад. Замоне , ки падарам ба дунё омад синну соли падарашон аз 70 боло будаасту модарашон ҳамагӣ 16 сола буданд. Бобоям аз оилаи пешинаашон 7 писар доштанд, ки аллакай синну соли онҳо низ ба ҷое расида буд. Падарам танҳо ду бародарашонро ба ёд доштанд, ки якеро Шоҳаншоҳ мегуфтанд, дигарашро Лангаршоҳ. Лангаршоҳ мисли падарам дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуда, алайҳи фашизм мубориза бурдааст.
Қиблагоҳи мо дар овони хурдсолӣ аз волидайнашон ятим монда, дар дари хонаи амакҳояш то синни 12 солагӣ ба войя мерасад. Баъдан , соли 1934 бо супориши Хукумат дар минтақа ятимбачаҳои бепарасторро ба интернатҳои давлатӣ сафарбар менамоянд. Падарамро бо ҳамроҳии Мирзо Табаров, Соҳиб Табаров (баъдан мунаққиди шинохтаи тоҷик) ва боз чанде дигарон аввал ба интернати Тудакавши болои шаҳри Кӯлоб мебаранд ва баъдан ба дигар интернатҳои дигар тақсим мекунанд. Азбаски «харидорон»-и ин бачаҳо миллатҳои гуногун будан кӯшиш мекарданд, ки бачаҳои боқувваттарро ҷудо карда гиранд.
Хамин хел ҳам шуд падари моро , ки қомати хеле баланду боло ва қадду басти паҳлавонӣ дошт муаллимаҳои рӯс ҷудо карда ба интернати Кангурт бурданд. Дар он замон аз ҳама минтақаи обод, ки дар онҷой русҳо ва осетину дигар миллатҳо иқомат доштанд шаҳри Кӯлоб ва шаҳраки Кангурт будааст. Падарамро дар гурӯҳи русӣ бо фарзандонашон ҷой додаанд. Ӯ тахминан соли 1941-1942 мактаби ҳафтсоларо ба итмом расонида, як вақти муайян дар колхози Данғара фаъолият намуда, соли 1942 ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ сафарбар карда шудааст.
Қиблагоҳам, маъюби гурӯҳи дараҷаи дуюми Ҷанги Бузурги Ватанӣ собиқадори ҷангу меҳнат, роҳбари коллективҳои гуногуни меҳнатии замони Шӯравӣ ва соҳиби ордену медалҳои зиёде буданд, ки ӯро аз муҳаббати бепоён доштан, то охири умр мардум Раиси Наврӯз мегӯфтанд. Ӯ марди кам гап, бовиқор, кордон, паҳлавон ва сурату сирати хеле зебо дошт, ки аксари одамон ба эшон эҳтироми хосса доштанд. Дар баробари ин, сифатҳо бисёр одами оддӣ ва шикастанафс буданд ва ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки баъзе сифатҳои беҳтаринашонро дигарон надонанд.
Ӯ аз назари ҷисмонӣ хеле қавӣ буданд, ки бағайр аз хонавода ва баъзе хешу таборони наздик дигарон намедонистанд. Масалан замоне, ки ман донишҷуи бахши якум будам синну соли падарам аз 57 гузашта буд, вале ҳамон замон 90 кг гандумро дар назди мо ба болои асп бардошта гузошт. Падарам забони рӯсиро мисли забони модариашон медонистанд ва ҳамеша аз муррабиён ва хоку диёри Кангурташон ба некӣ ёд мекарданд. Мегуфтанд, ки дар байни тоҷиконе, ки да шаҳри Орехо Зуевои назди Москва машқ мекардем мо ҳамвгӣ ду кангуртӣ забони русӣ медонистему халос. Ҳамаи ин аз шарофати Интернати давлатӣ ва муррабиёни мо буданд, ки мо дигаронро дар ҷанг роҳбаладу роҳнамо будем.
Ба рости замоне, ки дар бораи қиблагоҳам сухан оғоз менамоям мурғи хайёлам ба баландиҳои осмони беканор парвоз намуда, давраи бачагӣ ва гӯфтаҳои падари меҳрубонам пеши назар меоянд. Қиблагоҳи мо марди хеле ҷасуру ботамкин, донишманд ва соҳибиродаву кордон буданд. Тарҷумаи ҳолашон ҳам мисли зиндагониашон саршори воқеаҳои гуногуни ҳаётӣ буданд, ки гоҳ-гоҳ дар сини пиронсолагиаш онро ба ёд меоварданд. Хусусан давраи ятим мондану ба азобҳои зиёд ба воя расиданашро хеле бо ғаму андуҳ ривоят мекарданд.
Деҳаи Хоки Пири падарам аз қадиммулаём дар Дуоби миёнаи Муъминобод деҳаи номдоре буд ва мардумонаш дар ғайрату матонат беҳамто буданд. Аслан. мардуми таҳҷоии деҳаи Хоки Пир ва қисми Сафедбанди Дуоб қисман Дахбедӣ ва қисман ёхсучӣ мебошанд. Даҳбедиҳояшон мардумене буданд,ки аз Даҳбеди Самарқанд омада дар деҳаҳои Дашти Гулҳо, Дашти канак, деҳаи Звайри Сари Хосор ва баъдан деҳаҳои Сиёҳфарку Срроҳои Ёхсу умр басар бурда баъдан ба ин ҷо омадаанд. Рафтуомад ва хешутабории ин мардумон то солҳои 1950 канда нашуда будааст, чанд нафар авлодони падарам аз деҳаҳои Сарихосор зан доштанд ва ба он мардум духтарони деҳаҳояшонро ба шавҳар ҳам дода буданд. Ҳатто дар минтақаи Дуоби миёна то имрӯз ангури номдори сурхиеро медонанд, ки хешу таборони падарам дар нимаи дуюми асри 19 аз деҳаи Звайри Сарихосор оварда будаанд ва то имрӯз ин ангурро сурхии звайрӣ ҳам мегуянд.
Ин деҳахо дар мавқеии баландие ҷойгир шудаанд, ки як роҳи баромаду даромад дошта, бегонагон ба он чой камтар ворид мешуданд. Мардумонашон бештар баландболо ва сурати зебо доштанд. Ҳатто дар замони амири Бухоро ба касе бочу хироч ҳам намесупориданд. Мардуми саркаш ва ба гуфти худашон хеле якфуға будастанд.
Мардумони ин деҳа бо босмачиҳо низ муқовимати махсус доштанд. Аввалин мардумоне, ки муқобили босмачиҳо ва русҳо дар ҳамон замон муқовимат нишон дода тавонистанд фарзандони хамин диёр буданд. Сардори яке аз гурӯҳхои зидди босмачиҳо аз хешу таборони падарам Сафаров Хол –« Холи камандир» (1896-1984) буданд, ки уро дар тамоми ҷумҳурӣ дар ҳамон замонҳои пурошӯб аз ҷаззабаву далериаш бо тахаллуси «Холи Гург» мешинохтанд. Дар бораи рӯзгори ин марди ҷасур дар китоби Гурез Мирзошоев бо номи «Хол –командир» , ки соли 2003 чоп шудааст, ки охирсухани онро нобиғаи рузгор устоди зинданом, мунаққиди нуқтасанҷ Соҳиб Шуҳратиевич Табаров навиштааст.
Соҳиб Шуҳратиевич азиз менависад, ки « Банда соли 1943 Институти давлатии омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм намуда ба зодгоҳам назди бародарам рафтам…Бародарам дар Архабиён ба муносибати инистутро хатм намуданам баъзе ҳамдиёронамон,аз ҷумла Хол Сафаров, Бозор Салимов, ки яке дар он рӯзҳо раиси колхози деҳаҳои Сафедбанд ва Хоки Пир ва дигаре раиси шӯрои деҳоти Кундошаҳр буданд ва аз Сарихосор ҳофизи шуҳратманд ва гӯрғулихони машҳур Ҳақназарро, ки дар сину сол аз ҳамаи меҳмонон калонсолтар буд, даъват намуданд…
Дар он шабнишинӣ, дар ҳавлии бародарам бори нахуст Хол Сафаровро аз наздик дидам ва ба ӯ ҳамсуҳбат шудам» (Гурез Мирзошоев.Хол-командир.Душанбе.2003.-с 128.) Рузноманигори шинохта Гурез Мирзошоев ҳам аз зиндагиномаи ин марди шҷоъ Хол – командир хеле воқиф буд ва аксарияти навиштаҳояш аз нақли зиндаи Хол командир сарманшаъ мегиранд. Ӯ менависад, ки «Ин дастаи низомии армияи сурх , ки бо сардории Хол –командир дар Дуоби миёна охири соли 1929 ташкил ёфта буд , дар ҳарбу зарбҳо барои нест кардани дастаҳои гуногун и босмачиён хеле хуб обутоб ёфт. Гарчанде, ки аскарони сурх ҷавонони беҳтарини худро дар давоми солҳо талаф дод, лекин сарзамини куҳистонро аз қадами нопоки душманони Ҳокимияти Шӯравӣ пок намуд. Охирин дастаи босмачён Зиё –қурбошӣ буд, ки соли 1931 торумор карда шуд» ( Хамон чо.-С 84.)
Мардумони деҳаи Хоки Пир дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам шуҷоатмандиҳои зиёде кардаанд. Падарам ба ду нафар ҷавонмардони деҳаашонро, ки аз ӯ 10 -12 сол калонтар буданд хеле баҳои баланд медод. Баъди чанд вақт онҳоро боз ба дигар ятимхонаҳои Панҷакенту Самарқанд ва Кангурт тақсим мекунанд. Падари ман ба ятимхонаи Кангурт меафтад ва мактаби миёнаро соли 1941 дар онҷо ба итмом мерасонад ва охири ҳамон сол уро ҳамроҳи 18 нафар ҳамдеҳагонашон ба Ҷанги Бузурги Ватани сафарбар менамоянд. Ӯ ҳамагӣ 19 сола буданд ва дар ҳамон замон забони русиро хуб медонистанд. Аз ин ру чанд моҳ дар ш. Орехово-Зуевои назди Маскав бо мардумони нав ба ҷанг даъватшуда аз Осиёи Марказӣ машқ медоданд. Баъдан то соли 1944 дар фронти 2-юми Белоруссия ба ҳайси пулемётчик фаъолият карданд. Падарам ду маротиба дар ҷанг ярадор шуда, соли 1944 ба ақибгоҳ фиристода шудааст.
Умуман аз соли 1939 то 1941 танҳо аз як деҳаи Хоки Пир, ки авлодони падару модарам зиндагӣ мекарданд 30 нафар дар чанги Финландия ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудаанд, ки 9 нафарашон хешу табор ва авлодони мо будаанд. Ба хотири номи неки онҳо мехоҳам дар арафаи рӯзи галаба номхои онхоро ёдовари намоям.
1.Маҳмадов Лангаршоҳ
2.Маҳмадов Наврӯз
3.Маҳмадов Одинашоҳ (Гадоев О)
4.Худоиев Шариф (писари амаки модарам)
5.Сафаров Музаффар (писари тағои падарам)
6.Ҳабибов Аминҷон ( авлоди падарам ) соли 1945 даъват шудааст.
7.Қурбонов Набӣ (авлоди модарам)
8.Шарифов Сайидакбар ( Писархолаи падарам) аз ҷанг барнагашт.
9.Сафаров Шакаралӣ (авлоди падарам) аз ҷанг барнагашт 10.Худойназаров Азим (авлоди модарам) аз ҷанг барнагашт. Ҳамдеҳагони падарам.
11. Мираков Раҷабалӣ
12.Муқимов Давлатҳусайн.
13.Шарипов Зариф . Аз ҷанги Филандия то Ҷанги Бузурги Ватанӣ
14.Қодиров Файзулло. -//-
15.Шарипов Ҷалил. -//-
16. Тағоев Амиршо-//-
17.Гулов Убайд-//-
18. Давлатов Ҳасан-//-
19 . Зарипов Шариф. -//-
20. Носиров Мизроб. -//-
21. Сафаров Раҷабалӣ. Аз ҷанг барнагашт.
22.Шокиров Барот. - барнагашт
23.Давлатов Ҳисайн. – барнагашт.
24.Зарипов Зариф. – барнагашт.
25.Қурбонов Сафар. – барнагашт аз ҷанги Филандия 26.Нематов Музаффар. – барнагашт.
27.Достиев Сафар. – барнагашт.
28.Достиев Одина. – барнагашт.
29 Холиқов Маҳмадсултон. – барнагашт.
Баъзан, қиблагоҳамон аз хотираҳои ҷангӣ ва истодагарӣ намудан алайҳи фашистон қиссаҳои ҷолиб менамуданд. Бештар васфи ҷангалу заминҳои паҳновари Белоруссия, хотираи мардумони оддиву одамдӯстии мардумони он кишвар уро ба ваҷҳ оварда, афсуси зиёде аз валонгор шудани шаҳру деҳ ва мардумони он мекарданд. Қиссаҳои падарам дар бораи ҷанг бештар хусусияти тарбиявӣ доштанд
Қиблагоҳам Маҳмадов Наврӯз соли 2008 дар синни 86 солагӣ ба дунёи рушан падруд гуфтаанд ва мо фарзандон ба он кас барои захматхои бепоён ва таълиму тарбияашон минатдори баён мекунем. Корнамоихои падарам дар Чанги бузурги Ватани мисли корнамоии фарзанди сарсупурдае буд, ки дар баробари хамдехагону хамватанонаш хамеша медурахшанд ва мо тасмим гирифтаем , ки хотирахои он касро рӯи қогаз оварда, аз хаёту фаъолият ва чонбозихояшон барои ояндаи фарзандону рушди кишварамон ёддоште дошта бошем. Ёдашон бахайр.
Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз – узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессо








