Перейти к основному содержанию

Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чин дар солҳои охир хеле густариш ёфтаанд. Ин ду давлатро на танҳо ҳамсоягии ҷуғрофӣ, балки манфиатҳои муштараки иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ низ ба ҳам мепайванданд. Имрӯз Чин яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Чин соли 1992 оғоз гардида, аз ҳамон вақт то имрӯз ҳамкориҳо пайваста рушд мекунанд. Сарони ҳар ду давлат борҳо вохӯриҳои расмӣ баргузор намуда, барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун созишномаҳои муҳимро ба имзо расонидаанд.

Яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин соҳаи иқтисод мебошад. Чин имрӯз яке аз сармоягузорони бузург дар иқтисодиёти Тоҷикистон аст. Бо иштироки ширкатҳои чинӣ роҳҳо, нақбҳо, пулҳо ва дигар иншооти муҳими стратегӣ сохта шудаанд. Аз ҷумла, таҷдиди роҳҳои мошингард ва бунёди хатҳои интиқоли барқ барои рушди иқтисоди мамлакат аҳамияти калон доранд.

Ҳамчунин ҳамкориҳо дар соҳаи савдо низ сол ба сол афзоиш меёбанд. Тоҷикистон ба Чин маҳсулоти гуногун содир намуда, аз он ҷо техника, таҷҳизот ва молҳои саноатӣ ворид мекунад. Ин муносибатҳо барои рушди бозори дохилӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд.

Соҳаи маориф ва фарҳанг низ дар ҳамкориҳои ду кишвар ҷойгоҳи муҳим дорад. Ҳар сол донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои Чин фиристода мешаванд. Омӯзиши забони чинӣ дар баъзе муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои муштарак боиси таҳкими дӯстии байни халқҳои ду кишвар мегардад.

Дар баробари ин, Тоҷикистон ва Чин дар масъалаҳои амният ва мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ ҳамкории зич доранд. Ҳар ду давлат ҷонибдори сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ мебошанд.

Хулоса, ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар ду кишвар аҳамияти бузург доранд. Ин муносибатҳои дӯстона дар оянда низ густариш ёфта, ба нафъи мардумони ҳар ду давлат хизмат хоҳанд кард.

Окимшоева Рухсора - ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон