Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Муҳиба Якубова аз зумраи олимони барҷастаи кишвар мебошад, ки фаъолияти чандинсолаи ӯ бо рушди илми биология, ташаккули мактаби илмии миллӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос пайванди ногусастанӣ дорад. Роҳи илмии ӯ намунаи заҳматкашӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба арзишҳои илмӣ буда, фаъолияти пурмаҳсулаш дар тӯли солҳои зиёд ба пешрафти илми ватанӣ мусоидат намудааст.
Фаъолияти илмии академик Муҳиба Якубова аз солҳои аввали фаъолияти касбӣ бо ҷустуҷӯҳои пайвастаи илмӣ ва таваҷҷуҳи амиқ ба масъалаҳои муҳими биология оғоз ёфта, дар марҳилаҳои гуногуни рушди илмӣ ҳамчун муҳаққиқ, омӯзгор ва роҳбари илмӣ идома ёфтааст. Ӯ бо баррасии масоили мубрами соҳа, пайгирии равишҳои муосири таҳқиқот ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ ба амалия саҳми назаррас гузоштааст. Тадқиқотҳои ӯ бо асоснокии назариявӣ, навоварӣ ва аҳамияти амалӣ фарқ карда, дар рушди самтҳои гуногуни илми биология мавқеи хос доранд.
Натиҷаҳои корҳои илмии академик Якубова Маҳина дар шакли мақолаҳои илмӣ, монографияҳо ва дастурҳои таълимӣ ба табъ расида, ҳамчун манбаи боэътимод барои мутахассисон, омӯзгорон ва муҳаққиқон хизмат мекунанд. Асарҳои ӯ дар маҷаллаҳои илмии ватанию хориҷӣ интишор ёфта, дар конфронсҳо, симпозиумҳо ва ҳамоишҳои илмии сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ шудаанд, ки ин аз эътирофи васеи фаъолияти илмии ӯ дар ҷомеаи илмӣ шаҳодат медиҳад.
Дар баробари фаъолияти таҳқиқотӣ, академик Муҳиба Якубова дар соҳаи омӯзгорӣ низ саҳми арзанда дорад. Ӯ солҳои тӯлонӣ ба тарбияи донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва олимони ҷавон машғул буда, бо эҳсоси баланди масъулият дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва касбии онҳо саҳм гузоштааст.
Зери роҳбарии илмии ӯ даҳҳо рисолаҳои илмӣ ҳимоя гардида, шогирдонаш имрӯз дар муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва таҳқиқотии кишвар ва берун аз он фаъолият доранд ва мактаби илмии устодро идома медиҳанд.
Фаъолияти ташкилӣ ва ҷамъиятии академик Муҳиба Якубова низ ҷузъи муҳими кори ӯ ба шумор меравад. Ӯ ҳамчун академик ва узви шӯроҳои илмӣ дар таҳия ва татбиқи сиёсати илмӣ, баррасии барномаҳои таҳқиқотӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ дар доираи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон саҳми муассир дорад. Ҳамчунин, фаъолияти ӯ ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва таълимии ватанӣ ва хориҷӣ, рушди инфрасохтори илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи таҳқиқот равона шудааст.
Иштироки фаъол дар лоиҳаҳои илмӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва ҷалби равишҳои муосири таҳқиқот ба рушди илми биологияи тоҷик мусоидат намудааст. Ин ҳамкориҳо имконият фароҳам овардаанд, ки дастовардҳои илмӣ ба амалия ворид гардида, сатҳи рақобатпазирии таҳқиқот боло равад.
Фаъолияти илмӣ ва хизматҳои шоистаи академик Муҳиба Якубова аз ҷониби ҷомеаи илмӣ пайваста қадрдонӣ гардида, унвонҳои илмӣ ва масъулиятҳои баланд нишонаи эътирофи саҳми ӯ дар рушди илми биология мебошанд. Ӯ дар миёни ҳамкасбон ва шогирдон ҳамчун олими соҳибтаҷриба, шахсияти бофарҳанг ва масъулиятшинос эҳтироми хоса дорад.
Дар маҷмӯъ, фаъолияти чандинсолаи академик Муҳиба Якубова дар рушди илми биология, ташаккули мактаби илмии миллӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ нақши муҳим бозида, мероси илмии ӯ барои наслҳои ояндаи муҳаққиқон ҳамчун сарчашмаи дониш, таҷриба ва ибрат хизмат хоҳад кард.
@Шуъбаи матбуот ва робита бо ҷомеаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ИФТИТОҲИ ҲУҶРАИ КОРИИ АВВАЛИН ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ФАНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
Имрӯз, 3 ноябр, дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ифтитоҳи ҳуҷраи кории аввалин Президенти Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбоби бузурги илму фарҳанг, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва аҳли адабу фарҳанг иштирок намуданд. Таваҷҷуҳ ба шахсияти устод Айнӣ ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва хидмат ба илму маърифат зикр гардида, қайд карда шуд, ки фаъолияти илмӣ-адабии ӯ заминагузори давраи навин дар адабиёт ва худогоҳии миллии тоҷикон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки устод Садриддин Айнӣ ба унвони нахустин академик фаъолияти кории худро соли 1951 дар ҳамин ҳуҷра оғоз кардааст. Ба ин муносибат ҳуҷраи кории устод бозсозӣ шуда, лавҳи ёдгорӣ ва мизу курсии кории ӯ бо намунаи осор ва аксҳои хотиравӣ барқарор гардид.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи ҳуҷраи кории ӯ ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои бузурги устод ва арҷгузорӣ ба таърихи ташаккули илм дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки ин иқдом барои ташаккули муҳити таърихӣ-фарҳангӣ дар Академия, боло бурдани эҳсоси худшиносии миллӣ дар миёни насли ҷавон ва омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси устод Айнӣ аҳамияти вижа дорад.
Дар ҷараёни маросим инчунин таъкид гардид, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба мутафаккирони миллӣ ва эҳёи мероси адабӣ баҳри бозсозӣ ва муаррифии чунин гӯшаҳои таърихӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки ҳуҷраи корӣ ҳамчун маркази омӯзишӣ ва илмӣ таҳқиқотӣ барои магистрантон, муҳаққиқон ва меҳмонон фаъолият намояд ва маводи таърихӣ, нусхаҳои дастнавис, аксҳо ва ёдгориҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти устод Айнӣ мунтазам ғанӣ гардонда шаванд.
Имрӯз, 3 ноябр дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва мероси адабии тоҷику форс машварати корӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш зикр доштанд, ки ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ, нигоҳдорӣ ва омӯзиши мероси ғании адабии тоҷику форс яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Академия ба ҳисоб меравад. Таъкид шуд, ки бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир барои рушди илм, таҳқиқи таъриху адабиёти классикӣ ва муосир, таҳияи нашрияҳои илмӣ ва омӯзиши забони давлативу забонҳои бостон имкониятҳои фаровон муҳайё гардидаанд.
Инчунин, қайд гардид, ки олимону муҳаққиқон вазифадоранд дар баробари омӯзиши илмии мероси адабӣ, дар ҷомеа ҳисси миллӣ, худшиносиву ифтихор аз фарҳанги ниёгонро тақвият бахшанд ва бо корҳои илмӣ-амалӣ саҳми худро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузоранд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои марбут ба омодасозии нашрияҳои илмӣ, баргузории ҳамоишҳои илмӣ-фарҳангӣ, таҳияи пажӯҳишҳои вобаста ба забон ва адабиёт, инчунин роҳандозии барномаҳои тарғиботии оммафаҳм баррасӣ шуданд.
2 ҶОЙИ ЯКУМ: ҒОЛИБИЯТИ ЯК НАФАР МАГИСТРАНТ ВА ЯК НАФАР ДОКТОРАНТИ PhD - И АМИТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
![]()
2 ҶОЙИ ЯКУМ: ҒОЛИБИЯТИ ЯК НАФАР МАГИСТРАНТ ВА ЯК НАФАР ДОКТОРАНТИ PhD - И АМИТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
Имрӯз, 1 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур як нафар магистрант ва як нафар докторанти PhD - и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардиданд.
ҒОЛИБОН:
Ҳусайнов Шоҳрух - докторанти курси якуми Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз номинатсияи математика ғолиби ҷойи аввал гардид.
Муродова Макнуна - магистри курси дуввуми Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз номинатсияи Физика - астрономия сазовори ҷойи якум гардид.
ТАҚДИМИ ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» АЗ ҶОНИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ
Имрӯз, 1 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, инчунин ба ғолибони озмун ҷоизаҳо супориданд.
Имрӯз, 1 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандон ва олимони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуданд. Қабл аз оғози чорабинии идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону кормандон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои назди Академия, инчунин дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии олимони соҳаи кишоварзӣ боздид намуданд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш бори дигар тамоми олимони кишварро ба фарорасии ҷашни Меҳргон табрик намуда, таъкид кард, ки ин иди бостонӣ ифодагари фарҳанги куҳан, меҳнатдӯстӣ, фаровонӣ ва эҳтиром ба заҳмати деҳқон мебошад. Таъкид гардид, ки дастовардҳои илмии олимони кишвар, бахусус дар самти инноватсияҳои кишоварзӣ, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ нақши муҳим доранд.
Гуфта шуд, ки ҷашни Меҳргон на танҳо рамзи фаровонӣ ва ҳосили пурбаракат аст, балки ҳамчун ҷузъи муҳими тамаддуни ориёӣ ҷойгоҳи хоса дар фарҳанги миллӣ дорад. Таъкид гардид, ки арзишҳои Меҳргон, аз қабили меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба табиат, фазилати накӯкорӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати деҳқонон, дар шароити муосир низ аҳамияти хоса доранд ва барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Дар идома барои болидарӯҳии кормандон барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он сарояндагони ҷавон бо суруду навозишҳои миллӣ фазои идона ва рӯҳбаландро фароҳам оварданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ "ПУЛИ СОМОНӢ - РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ" ДАР БОНКИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 30 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Пули сомонӣ — рукни давлатдории миллӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронс роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва як қатор иқтисодчиёни маъруфу олимони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории ҳамоиш зикр карда шуд, ки пули миллӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои муҳими соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими иқтисод, баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба низоми молиявӣ ва ҳифзи суботи макроиқтисодӣ нақши калидӣ дорад. Қайд гардид, ки солҳои охир сиёсати пулию қарзӣ ва ислоҳоти низоми бонкии кишвар бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими иқтидори иқтисодии давлат, рушди бозори молиявӣ ва устувории сомонӣ мусоидат намудааст.
Ҳамчунин иштирокчиён зарурати таҳкими низоми мукаммали молиявӣ, боло бурдани фарҳанги иқтисодии ҷомеа, тавсеаи низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва ворид кардани технологияҳои муосирро дар фаъолияти бонкӣ таъкид карданд.
Дар анҷом, ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи иқтисод қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Имрӯз, 30 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба фаъолияти илмии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло бахшида шуд.
Дар ҷараёни маҳфил иштирокдорон оид ба саҳми арзандаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар рушди илми иқтисодиёт, таҳқиқоти муҳими ӯ дар самти сиёсати иқтисодӣ, ислоҳоти молиявӣ ва роҳҳои баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ андеша баён намуданд.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид. Зикр кард, ки маҳфили илмӣ-адабии “Хирад”, ки бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт роҳандозӣ гардидааст, яке аз иқдомҳои муҳим барои муаррифӣ ва қадршиносии хизматҳои олимони кишвар мебошад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки дараҷаи рушди илми муосир дар кишвар ба фаъолияти шахсиятҳои илмпарвар ва олимони соҳибтаҷриба вобастагии ногусастанӣ дорад. Ӯ таъкид намуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамеша ба дастгирӣ ва қадрдонии олимони босалоҳият ва ҳавасмандсозии насли нави муҳаққиқон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаб ва босуръати ҷаҳони муосир, масъалаҳои рушди иқтисодӣ ба яке аз мавзӯъҳои меҳварии тадқиқоти илмӣ табдил ёфтаанд. Имрӯз иқтисод на танҳо соҳаи истеҳсол ва тақсимоти неъматҳои моддӣ аст, балки як низоми мураккаби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва зеҳнӣ мебошад, ки бо тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа алоқаманд аст.
Гуфта шуд, ки ҷаҳони имрӯза дар давраи нави инқилоби илмӣ ва технологӣ қарор дорад. Иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсияҳои молиявӣ ва иқтисоди сабз, ҳамаи ин падидаҳо иқтисоди муосирро дигаргун сохтаанд. Аз ин рӯ, таҳлили консепсияҳои асосӣ, баррасии вазъи кунунӣ ва муайян намудани дурнамои рушди иқтисод барои ҳар як кишвар, бахусус барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои охир бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати давлатӣ ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, татбиқи барномаҳои стратегӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Дар натиҷа, зина ба зина заминаҳои қавии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омада истодаанд.
Зикр гардид, ки ин ҳамоиши илмӣ минбари муҳимест, ки барои мубодилаи таҷриба, муаррифии дастовардҳои илмӣ ва таҳкими робитаҳои ҳамкории байни олимони дохиливу хориҷӣ, ки барои рушди илми иқтисод дар Тоҷикистон ва берун аз он аҳамияти бузург дорад, дар фаъолияти пурсамари узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор, устоди муҳтарами мо Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дид.
Дар идомаи маҳфил олимону муҳаққиқони соҳаи иқтисод профессор Шариф Раҳимзода, профессор Сафаров Б.Г, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ, профессор Мирбобоев Р.М, дотсент Солеҳзода А.А, профессор Мирсаидов А.Б, д.и.и. Бобозода К.О доир ба ҳаёти илмӣ, фаъолияти омӯзгорӣ ва хизматҳои арзандаи профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва таҳкими мактаби иқтисодшиносии кишвар андеша баён намуданд. Баромадкунандагон бо таъкид аз он изҳор доштанд, ки таҳқиқоти илмии ӯ дар самти сиёсати иқтисодӣ, идоракунии давлатӣ, рушди бозорҳои молиявӣ ва таҳкими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ дастовардҳои назарраси илмиро фароҳам овардааст.
Ҳамзамон қайд шуд, ки профессор Саидмуродзода дар тӯли солҳои зиёд ҳамчун муҳаққиқ, устод ва роҳбар ба тарбияи насли нави олимон ва иқтисодшиносони ҷавон саҳми босазо гузошта, бо ҷаҳонбинии васеъ ва маданияти баланди илмии худ мактаби хоси илмиро ташаккул додааст. Иштирокчиён таъкид карданд, ки идомаи пажӯҳишҳои илмӣ, нашри асарҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои таҳқиқотии ӯ метавонанд ба таҳкими амнияти иқтисодии кишвар, боло бурдани сатҳи таҳлилҳои иқтисодӣ ва рушди фанҳои иқтисодӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мусоидат намоянд.
Имрӯз 30.10.2025 сол дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни илмӣ-маърифатии “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар озмун магистрантон, докторантон ва унвонҷӯёни Институт фаъолона иштирок намуда, дониши худро нисбат ба меъёрҳо ва арзишҳои конститутсионии давлат муаррифӣ намуданд.
Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои конститутсионӣ ва таҳким бахшидани эҳтиром ба Қонуни асосии кишвар миёни магистрантон, докторантон ва унвонҷӯён роҳандозӣ гардид.
Иштирокчиён дар рафти озмун донишу малакаи худро доир ба муҳтавои меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи қабул ва нақши он дар рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ баён намуданд.
