Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе

Ҳар пойтахте ба таври куллӣ бо пойтахтҳои дигар кишварҳо шабеҳ мебошад, чунки тамаддунҳо дар таърихи башар бо якдигар шабоҳат доранд. Гузашта аз ин, ҳар пойтахте зимни баррасиҳои пайваста ба таври куллӣ бо мардумаш мушаххас мешавад, чунки шаҳрҳоро тибқи анъана тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии сокинонаш баҳогузорӣ мекунанд. Аз ин хотир, масали мардумӣ низ ҳаст, ки агар хоҳед аҳволи миллате ва давлатеро пай бубаред, ҳатман ба бозорҳояш равед, чунки дар бозорҳо одамон ҷамъ шуда, авзоро баррасӣ мекунанд. Илова бар ин, дар шаҳрҳое, ки мақоми пойтахти давлатҳоро соҳиб мебошанд, ё худ бо ҳар баҳона диққати хориҷиҳоро ба хеш ҷалб намудаанд, аз лиҳози тартиби иқоматкунандаҳояш ба аносири милливухориҷӣ ҷудо мешавад, аммо хориҷиҳое, ки дар дилхоҳ пойтахт зиндагӣ мекунанд, дар асл ба хориҷиҳо монанд намебошанд. Аз рӯйи ин шабоҳатҳо метавон шаҳри Душанберо бо дигар шаҳрҳо ва пойтахтҳо муқоиса намуд, ки дар гузашта тибқи сарчашмаҳои таърихӣ маркази тамаддун ва иқоматгоҳи афроди шуҷову матинирода буда, имрӯз ба мартабаи ҷанини илму маърифат ва ҷавлонгаҳи фарҳанги миллӣ баррасӣ мешавад.

Яке аз китобҳое, ки ин андешаро исбот мекунад, бо унвони “Душанбе - қалби Тоҷикистон” III. - Душанбе соли 2021 нашр гардидааст ва ҳадафи камина аз ин навиштаҳо мақолаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо номи “Бунёдкорӣ - рукне аз фарҳанги миллии тоҷикон” маҳсуб мешавад. Ба қавли муаллиф, Душанбе чун пойтахти кишварамон дар замони муосир ба яке аз шаҳрҳои соҳибнуфуз ва зебоманзари дунё табдил ёфтааст. Маҳз соҳибфарҳангӣ ва аз тамаддун бохабар будани тоҷикон онҳоро дар шаҳрсозӣ муваффақ гардонидааст: “Мусаллам аст, ки тоҷикон дар паҳнои таърих ҳамчун миллати шаҳрдору шаҳрсоз эътироф шудаанд ва ба гаҳвораи тамаддуни инсоният шоҳкориҳои нодиреро мерос мондаанд. Хушбахтона, ин асолатро онҳо давоми садсолаҳо боз побарҷо нигоҳ дошта, бо риояи накутарин анъанаҳо то ба замони мо расондаанд. Ба таври дигар, тоҷикон ҳар куҷое пой ниҳоданд, он маконро дар партави сарҷамъиву иттиҳод ва нангу номуси миллӣ ба мавзеи ободу зебо табдил доданд. Ҳамин аст, ки миллати моро Ҷаҳониён ба сифати мардуми ободгару созанда ва шаҳрсозу шаҳрдор мешиносанд ва эҳтиром мекунанд” (саҳ. 68).

Айни замон бобати шаҳрсозиҳо бештари муҳаққиқон машғул гардида хоҳишҳое пайдо мешаванд, ки тибқи онҳо таҳияи илми воҳид дар бораи пойтахтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Масалан, ибораи “шаҳри оқил” имрӯз дар аксар шаҳрҳо мушоҳида шуда, раванди навсозии шаҳрсозӣ падид омадааст. Шаҳр ҳамҷун як падида мавзӯи омӯзиши амиқ буд ва боқӣ мемонад, зеро маҳз дар шаҳр соҳаҳои асосии ҳаёти инсон мутамарказ шудаанд. Дар илм тамоюлҳое ҳастанд, ки мувофиқи онҳо хусусиятҳои рушди пойтаҳт ва шаҳрҳои музофотӣ дар мавзуъҳои алоҳида баррасӣ карда мешаванд ва ин бо он шарҳ дода мешавад, ки мақоми шаҳр бештар тақдири тараққиёти онро муайян мекунад. Бисёр шаҳршиносон таҳқиқоти ҳудро ба омӯхтани пойтахтҳо бо мақсади ташхиси хусусиятҳои маданию таъриҳии дар он ба амаломада мебахшанд. Чунки тибқи анъана, пойтаҳт на танҳо шаҳри асосии ҳар як давлат, балки ҳамҷун маркази иқтисод, фарҳанг ва ҳамҷун ташаббускори фаъолияти инноватсионӣ дар кишвар маҳсуб мешавад. Пойтахт ҳамҷун як падидаи гуногунҷанба аз мавҷудияти равишҳои зиёде ба омӯзиши он шаҳодат медиҳад. Дар ин бобат, ки Душанбе чун маркази бунёдкорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ кадом дигаргуниҳоро ба худ касб намудааст, профессор Қобилҷон Хушвахтзода чунин менигорад: “Дар ин миён шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маркази воқеии ташаббусҳову бунёдкориҳо табдил ёфта, симои ҳудро комилан дигар намуд. Акнун он ба шаҳри умеду орзуҳо табдил ёфта, аз шаҳрҳои замонавии давраи нави инкишофи инсоният мондание надорад. Душанберо имрӯз ҷаҳониён ҳамҷун маркази бузурги илму фарҳанг ва таъриҳу тамаддуни давлати Тоҷикистон мешиносанду медонанд ва орзуи боре ҳам ба он сафар кардану аз наздик шиносоӣ бо онро доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик ба бузургшаҳрҳои кишварҳои гуногуни Ҷаҳон ҳампо гашта беҳтарин анъанаҳои шаҳрсозии тоҷиконро дар худ инъикос мекунад” (саҳ. 68).

Муаллиф дар мақола нақши Сарвари давлатро дар рушду такмилёбии меъморӣ ва шаҳрсозӣ таъкид намуда, ба хулосае меояд, ки дар бартариҳои пойтахт саҳми сокинонаш кам нестанд. Чунки ҳар шаҳре тибқи мавқеъ ва тарзи зисту зиндагонии сокинон муаррифӣ мешавад. Зимни баррасӣ ва таҳқиқи хусусиятҳои хосси пойтахтамон, метавон хулоса кард, ки тафовути он аз шаҳрҳои минтақавӣ дар татбиқшавии фарҳанги пешқадам аст. Пойтахт ҳамчун намуна ва рамзи ҳама чизи пешқадам ва идеалӣ ғояву зебоии худро тавассути замону фазо мебарад, ба пеш саъй мекунад ва монеаҳои сари роҳро пай намебарад. Маҳз ҳамин омил, ки нақши созандаро дорост, ба шаҳри Душанбе нисбат дода мешавад ва ба ибораи профессор Қобилҷон Хушвахтзода, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ, ки дар пойтахт қомат афрохтаанд, омили ҷалбшавии ҷавонони минтақаҳо ба пойтахт мегардад: “Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки миёни ин ҳама ташаббусу корҳои созандагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва хусусан шаҳри Душанбе, таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба таъмиру таҷдид ва сохтмони муассисаҳои таълимии сатҳҳои гунотун махсус арзёбӣ мешавад. Хосатан, дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ин масъала чораандешиҳои саривақтӣ амали гардида, шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олин касбӣ сохта ба истифода дода шуданд. Худ қазоват намоед, ки агар дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ миқдори донишгоҳу донишкадаҳо дар саро- сари кишвар ҳамагӣ 13 ададро ташкил медоданд, имрӯз танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе 19 мактаби олии тахассусӣ фаъолият доранд” (саҳ. 69).

Бинобар андеша ва баррасиҳои муаллиф, дар рушди ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе нақши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле қобили қабул ва бо қаноатмандии хос арзёбӣ гардидааст. Дар воқеъ, аксар биноҳои баландошёна ва тарҳи нави муассисаҳо бо дарназардошти меъморӣ ва намуди зоҳирии онҳо дар солҳои охир пазируфта шуда, пойтахтамонро дар қатори бузурггарин пойтахтҳои ҷаҳон муаррифӣ хоҳад кард. Бинобар ин, профессор Қобилҷон Хушвахтзода нақши калидии Раиси шаҳрамонро дар самти бунёдкориҳои камназир таъкид намудааст: “Бо ибтикору раҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба яке аз пойтахтҳои зеботарини дунё табдил хоҳад ёфт, ки ин иқдоми наҷиб барои рушду такомули илму фарҳанги миллати сарбаланди тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад. Симои пойтахт ба таври куллӣ дигаргун гардида, бунёди инфрасохтори муосир шароити зисти бошандагони ин шаҳри биҳиштосоро беҳтару хубтар месозад” (саҳ. 69).

Тағйироти босуръати иҷтимоӣ боиси мушкилисозии эътимоди шахс гардида, ҳангоми кӯшиши муайян кардани шахсияти худ, одамон ба таснифоти равшантарин, аз ҷумла ҳудудӣ муроҷиат мекунанд. Ин, дар навбати худ, масъалаи ҳуввияти шаҳрнишиниро актуалӣ месозад. Хусусияти шаҳр ҳамчун субъекти иҷтимоӣ мавҷуд набудани як ҷомеаи ягонаи шаҳрӣ ҳамчун манбаи намунаҳои якхела барои муайянкунӣ мебошад. Ҷомеаи иттилоотии муосир танҳо гуногунии мавҷудаи сокинони шаҳр ва ҷамоатҳоро афзоиш медиҳад. Аз ин рӯ, ғояҳои аслии шахсият аслан ғояҳо дар бораи шаҳр мебошанд. Яъне, шаҳр макони густариши ҳуввият аст ва инсон дар шаҳр зиста, чун шахсият такмил меёбад. Бинобар ин, фақат пойтахт имкон фароҳам меорад, ки тафаккур ва ҳуввияти миллӣ ташаккул ёфта, маркази ҳимояи манфиатҳои миллӣ гардад. Ба ибораи дигар, пойтахти кишварамон маркази бунёдкориҳо буда, имкон фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон на аз рӯйи мансубияти маҳалли, балки аз дидгоҳи созандагӣ мавқеи сазоворро интихоб кунанд. Яке аз вижагиҳои ҳуввияти шаҳрнишинӣ дар замони муосир мубориза алайҳи падидаҳое маҳсуб мешавад, ки мафкураи рустоиро дар шаҳр тақвият мебахшанд. Аз ин хотир, бунёдкорӣ роҳи асосии пешрафти шаҳрамон буда, тибқи андешаҳои муаллиф, роҳи таъмини рушди бемайлон шинохта мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки баррасӣ ва таҳқиқи худогоҳии миллӣ тибқи андешаи сокинони пойтахт сурат гирифта, таваҷҷуҳ ба он торафт меафзояд, чунки имконоти пойтахт назар ба минтақа фарқ карда, хусусиятҳои ободкорӣ бештар дар шаҳрҳо густариш ёфтаанд. Бинобар падидаҳои навин дар сохтори меъморию корезии шаҳрҳо усули такмил додани бахши ақлии шаҳрҳо нуфуз пайдо кардааст ва ин омилҳоро ба инобат гирифта, метавон пойтахтамонро ба яке аз шаҳрҳои муосиртарин табдил дод.

Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе!

Рӯзи пойтахт муборак, ҳамшаҳриҳои азиз!

Ширин ҚУРБОНОВА, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих

Рӯйхати адабиёти истифодашуда:

Душанбе қалби Тоҷикистон III. - Душанбе, 2021. - 344 саҳ.

(дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”)

Санаи 3-юми апрели соли 2025 дар масири ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо боз як марҳалаи ҷадиди таърихӣ роҳандозӣ гардид, ки барои Тоҷикистон низ ҳамчун саҳифаи нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ мегардад.

Дар қаринаи баргузории Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон рӯи кор омад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта ва Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд.

Аз моҳият ва мундариҷаи мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони олимақоми Иттиҳоди Авурпо бармеояд, ки ҷонибҳо вобаста ба рушду таҳкими самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, ҳам дар доираи роҳбурдҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҳам дар чорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоссаи густариши ҳамкориҳоро доранд. Дар иртибот ба ин маҳз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “мо Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем” ва “Тоҷикистон аз ташаббуси ба сатҳи стратегӣ баровардани муносибатҳо ҷонибдорӣ менамояд”. Дар ин замина, тавсеаи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои нави аврупоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоту афкори тарафайн қарор гирифт.

Боиси тазаккур аст, ки Иттиҳоди Аврупо солҳои охир ҷиҳати таҳким ва тақвияти робитаҳои гуногунапаҳлу бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ бо минтақа ҷаҳду самтгириҳои ҷиддӣ ва устувор дорад. Аз равиши феълии сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо чунин ба назар мерасад, ки Осиёи Марказӣ дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Иттиҳод дар радифи стратегияҳои қишварҳои абарқудрат ба мисли Россия ва Чин қарор дорад.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон, яке аз кишварҳои калидӣ дар минтақаи Осиё Марказӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар қаринаи равандҳои геосиёсӣ ва геофарҳангии муосир дар маркази таваҷҷуҳи Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои устувор қарор дорад.

Аслан, баррасӣ ва нишондоди дурнамои ҳамкориҳо байни кишварҳои ҷаҳон дар марҳалаи мураккабшавии низоми кунунии муносибатҳои байналмилалӣ то андоза пешгӯинашаванда ба назар мерасад. Аммо бо иртибот ба тамоюл ва таҳлили заминаҳои таърихӣ ва ҳолати кунуни муносибатҳои Тоҷикистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дурнамои рудши ҳамкориҳоро метавон мутақобилан судманд байни ҷонибҳо дар самтҳои зерин:

- иқтисоди рақамӣ;

- зеҳни сунъӣ ва нерӯи зеҳнӣ;

- иқтисоди сабз;

- технологияҳои саноатӣ;

- амнияти энергетикӣ;

- технологияҳои коммуникатсионӣ;

- илмҳои муҳити зист;

- низомҳои устувори нақлиётӣ;

- тиб ва пешгирии бемориҳои сироятӣ;

- илм ва маориф, математика ва илмҳои бунёдӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани таҳқиқот дар соҳаи физикаи назариявӣ ва истифодаи математика дар ояндабинии равандҳои техногенӣ ва табиӣ, ки ҳамчун самтҳои афзалиятноки таҳқиқотӣ илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2023 пешбинӣ гардидаанд арзёбӣ намуд.

Илова бар ин, Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо метавонанд ҳамкориҳи муассирро дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ба монанди СММ, ЮНЕСКО, САҲА ҷиҳати таҷлили чорабиниҳои байналмилалии муштарак, ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, робитаҳи илмиву адабӣ, таҳкими амнияти минтақа, масоили экологӣ, об, тағйирёбии иқлим ва ғайра тақвият бахшанд.

Аз ҷумла, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз мавзӯҳои меҳварӣ дар доираи муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо маҳсуб меёбад. Зеро ҷонибҳо имконоти бузурги роҳандозии тиҷорат дар бахшҳои мухталиф доранд, ки истифодаи он барои кишварҳо ва мардуми онҳо суд хоҳад овард. Масалан, иқтидори бузурги энергетикӣ, маъданҳои куҳӣ, кишоварзӣ, туризм. Аз ин рӯ, ҷалби сармоя ва технологияи аврупоӣ ба ин бахшҳо манфиатбор барои кишвар арзёбӣ мешавад ва татбиқи лоиҳоҳои муштарак дар ин ҷодаҳо саривақтӣ мебошад.

Самти илму маориф дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, бо инобати имконоту таҷрибаи пешқадами ин соҳаҳо дар Аврупо ва дарёфти мусоидати амалии кишварҳои узви Иттиҳод дар роҳи инкишофи низоми маориф ва илми Тоҷикистон ва омодасозии кадрҳои баландихтисосу муосир барои кишвари мо судманд ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Яке аз самтҳои дигари мубрам ин тавсеаи тақвияти ҳамкориҳои илмӣ дар доираи ниҳодҳои таҳқиқотии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва нерӯи зеҳнӣ, иқтисоди сабз, технологияҳои саноатӣ, илму инноватсия ба ҳисоб меравад, ки ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Ҳамин тариқ, дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои густурдаи мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дорои тамоюли шарикии стратегӣ арзёбӣ гардида, Тоҷикистон дар доираи самти аврупоии сиёсати хориҷии худ, тақвияти ҳамкориҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо тақвият мебахшад. Илова бар ин, масъалаи муҳим дар низоми нави равобити байналмилалӣ масъалаи рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҷалби сармояи кишварҳои аврупоӣ метавонанд ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намоянд. Дигар ин ки, тақвияти ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои амалигардонии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, ҳамзамон Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 дар кишвар ба манфиат хоҳад буд. Бо ин назардошт, рушди ҳамкориҳо хусусан дар самтҳои тиҷорат, иқтисод, илм, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, санъат, адабиёт ва ғайра дар солҳои оянда дар доираи муносибатҳои Тоҷикистону кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо судманд арзёбӣ мегардад.

Ардамеҳр Ашурзод- номзади илмҳои таърих, Котиби илмии

Институти омӯзишимасъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар шароити имрӯза масъалаҳои обу иқлим дар сархати хабарҳои расонаҳои маъруфи дохилу хориҷ қарор доранд. Равандҳои ҷаҳонишавӣ як қатор мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳоро, ба бор овардаанд. Ин мушкилот ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, ки дар якҷоягӣ садди роҳи инҳоро бигиранд. Агар ин раванд чунин идома ёбад, пас аз чанд даҳсола сокинони сайёра аз истифодаи оби тозаи ошомиданӣ маҳрум мегарданд. Тағйирёбии иқлим боиси босуръат об шудани пиряхҳо мешавад, ки дар навбати аввал, ҷараёни дарёҳоро тағйир дода, сипас боиси камобӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин мушкилот истисно нест ва мебояд бо тадбирандешиҳои дуруст аз ин ҳодисаҳои ногувор пешгирӣ кард.

Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ояндаи миллат ва инсониятро фикр карда, масъалаҳои зиёдеро ба миён гузошта, барои ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд.

Қайд карданд ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то соли 2021 оиди ин масъала 5 ташаббусҳои ҷаҳониро пешбарӣ намуданд: “Соли байналмиллалии оби тоза 2003”, “Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013”, “Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти об барои ҳаёт 2005-2015”, “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор 2018 - 2028” ва хушбахтона дар соли 2025 ташаббускори раванди азими байналмилалӣ “Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ” ва 21 март ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо мебошанд. Ҳар яке аз ин ташаббусҳо барои саломатии инсон аҳамияти ҳаётан муҳим доранд.

Об манбаи ҳаёт ва нерӯдиҳандаи инсон ба шумор рафта, 80 % бадани инсонро ташкил медиҳад. Дар солҳои охир бо афзоиши нуфузи аҳолӣ дар ҷаҳон ва тағйирёбии иқлим норасогии оби ошомиданӣ бошиддат афзуда, талаботи аҳолӣ ба он зиёд мегардад.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ бо сабаби сифати пасти об ва норасогии оби сифатнок 4,5 миллион одамон ҳалок гашта, тақрибан як миллиарду 200 миллион аҳолӣ ба бемориҳои мухталиф гирифтор шудаанд. Об аз як намуди захираи оддию дастраси табиӣ ба захираи ҳаётан муҳимми иқтисодӣ мубаддал шудааст. Аллакай маълум аст, ки об ҷузъи сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ маҳсуб шудааст.

Дар атрофи ин масъала, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, ҳанӯз дар таърихи 30 сентябри соли 2003, Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид чунин ибрози андеша намуданд: [1]

“Нарасидани оби тоза яке аз проблемаҳои ҳазорсолаи нав мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Дар саросари олам ҳар сол барои истеҳсоли миқдори зарурии озуқа, торафт бештар об лозим мешавад. Барои исботи ин далел чунин рақамҳоро мисол меорам, дар миқёси ҷаҳон тақрибан як миллиарду 200 ҳазор нафар аз истифодаи оби тоза маҳрум мебошад, ҳар сол зиёда аз панҷ миллион нафар аз бемориҳое вафот мекунанд, ки ба истифодаи оби ифлос вобастаанд. Аз рӯйи ҳисоби муассисаҳои озуқа ва кишоварзии СММ баъди 30 сол барои бо озуқа таъмин намудани аҳолӣ нисбат ба давраи ҳозира зарурати 60 фоиз бештари об ба миён хоҳад омад. Пешгӯйӣ карда мешавад, ки то соли 2030 ҳар панҷумин мамлакати рӯ ба рушд аз нарасидани об ба душвориҳои калон рӯ ба рӯ хоҳанд гашт”.

Тавре, ки маълум аст, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин бо суръат об шудани пиряхҳо мебошад ва Тоҷикистон низ дар ҳалли ин мушкилот худро бетараф гузошта наметавонад.

Вобаста ба масъалаи мазкур дар таърихи 3 марти соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас, Президенти Маҷористон Янош Адер, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ нахустин ҷаласаи пешвоёни эътилофи обу иқлим сурат гирифта буд. Дар ҷаласа Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: [2] ки “дар натиҷаи гармшавии иқлим обшавии пиряхҳо ба назар мерасанд”. Обшавии пиряхҳо ҳатто дар Антарктида, Арктика ва Гренландия низ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин баъзе аз пиряхҳое, ки дар хушкӣ ҷойгир шудаанд ба обшавӣ дучор шуда истодаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мисол оид ба пиряхи калонтарин дар Тоҷикистон – Пиярхи Федченко гуфта баромаданд. Пиряхи Федченко яке аз калонтарин пиряхи куҳӣ дар ҷаҳон аст, ки дар шимолу ғарбии Помир ҷойгир аст.

Дарозии он зиёда ба 75 километр бараш 1700 то 3100 м ва ғафсии сатҳи миёнааш ба 100 м мерасад.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми 70-80 соли охир пиряхи Федченко 1 км пушт рафтааст ва майдони он ба 44 километри мураббаъ кам шудааст.

Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, обшавии босуръати онҳо метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Дар ин робита Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар натиҷаи обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида баландшавии сатҳи уқёнуси оби ҷаҳонӣ ба назар расида истодааст, ки ин омил метавонад ба ҳаёти садҳо миллион сокинони рӯи замин ва ба минтақаҳои хурди ҷазиранишин хатари ҷиддӣ таҳдид намояд”.

Барои пешгирии ин масъалаи муфид, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025, “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи он маълум карда шавад. Бо ҳамин 14 декабри соли 2022 Маҷмуаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, пешбарӣ кард. [3]

Дар қатънома зикр гардидааст, ки се рӯз пайи ҳам аз санаи 21 то 23 март ҷашнҳои марбут ба об, яъне Рӯзи пиряхҳо, Рӯзи захираҳои об ва Рӯзи обуҳавошиносон таҷлил карда мешавад. Инчунин, дар дар асоси ин қатънома ва пешниҳодҳои ироашудаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинои СММ Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряҳо таъсис дода мешавад. Дар назар аст, ки дар соли ҷорӣ дар шуҳри Душанбе, “Конфронси байналмиллаӣ оид ба ҳифзи пиряҳо” гузаронида мешавад. Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат аз тарафи 153 кишвари узви Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ карда шуд.

Ҳадафи пешниҳод аз “Эълон гардидани соли 2025 - Соли ҳифзи пиряхҳо” ин пеш аз ҳама ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад. Ин пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф ба ташаккул додани сиёсати экологии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида бошад, аз тарафи дигар ташаккул додани фазои илмӣ баҳри дарки омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон мебошад. Чунки Тоҷикистон кишвари саргаҳи об мебошад ва коршиносони соҳаро зарур меояд, ки дар заминаи ташаббусҳои Сарвари давлат ба омӯзиши ин масъалаи мубрами байналмиллаӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Достиева Дилафруз, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Сарчашмаҳо:

1. Эмомалӣ Раҳмон “Суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” https:// pr esident. tj/ event _ by _t heme/ international_structures/un/14900. 19.09.2017 . Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

2. Сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ. https:// mfa.tj/ tg/ 7222/ emomali-rahmon-soli-2025-soli-umumijahonii-hifzi-piryakhho-elon-gardad.

3. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар Конфронси 27-уми Тарафҳои Конвенсияи Чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) аз 07.11.2022. //http:// president.tj/event/foreign_trips/26985.

Технологияи ҳастаӣ, ки яке аз дастовардҳои бузурги илмии асри муосир аст, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз тиб то энергетика, нақши муҳим бозида истодааст. Дар ин раванд, Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) ҳамчун созмони калидии байналмилалӣ барои пешбурди истифодаи осоишта ва бехатари ин технология фаъолият мекунад.

Ба гуфтаи мутахассисон, технологияи ҳастаӣ дар илм барои кашфиётҳои нав роҳ кушодааст. Дар соҳаи тиб, дастгоҳҳои ташхиси бемориҳо ва радиотерапия барои муолиҷаи саратон аз ин технология истифода мебаранд. Дар энергетика бошад, нерӯгоҳҳои ҳастаӣ барои ҳазорҳо хонаводаҳо барқ тавлид мекунанд ва дар муқоиса бо манбаъҳои анъанавӣ камтар ба муҳити зист зарар мерасонанд. Ҳамчунин, дар кишоварзӣ, усулҳои радиатсионӣ барои беҳтар кардани ҳосили зироатҳо ва мубориза бо ҳашароти зараррасон кӯмак мерасонанд.
АБНА, ки соли 1957 таъсис ёфтааст, дар пешбурди ин технология ва ҷилавгирӣ аз истифодаи он барои ҳадафҳои низомӣ нақши муҳим дорад. Созмони мазкур тавассути санҷишҳои мунтазам барномаҳои ҳастаии кишварҳоро назорат мекунад, то итминон ҳосил шавад, ки онҳо танҳо барои мақсадҳои осоишта истифода мешаванд.

Инчунин, АБНА ба кишварҳои рӯ ба инкишоф барои татбиқи технологияи ҳастаӣ дар соҳаҳои тиб ва кишоварзӣ кӯмакҳои техникӣ мерасонад. Дар баробари ин, созмон стандартҳои байналмилалии бехатариро ҷорӣ карда, аз хатарҳои радиатсионӣ ва садамаҳои эҳтимолӣ пешгирӣ мекунад.
Мутахассисон мегӯянд, ки технологияи ҳастаӣ ҳам имконият ва ҳам хатар дорад. Аз ин рӯ, нақши АБНА дар ҳамоҳангсозии ҷаҳонӣ ва таъмини истифодаи он барои беҳбуди зиндагии инсонҳо беш аз пеш муҳим мешавад.

Самти дигари муҳими АБНА ин омӯзиши мутахассисон аст. Дар ин раванд, мутахассисони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чорабиниҳои ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, донишҳои худро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ, амнияти ядроӣ ва истифодабарии технологияи ҳастаӣ дар илм такмил медиҳанд. Нишастҳои мазкур ба баланд бардоштани сатҳи касбияти олимони тоҷик низ мусоидат мекунад.

Мутахассисон ба ин назаранд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо АБНА на танҳо ба рушди илм ва тиб, балки ба таъмини бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ, инчунин ҷалби сармоягузорон ба кишвар мусоидат мерасонад. Бо дастгирии АБНА, Тоҷикистон метавонад аз имкониятҳои технологияи ҳастаӣ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ истифода бурда ва дар ин раванд мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам созад.

Илҳом Мирсаидзода - профессор, директори Агентии амнияти

ХБРЯ-и АМИТОлимҷон Азизов - н.и.т., мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 20 соли охир таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои марбут ба об ва муҳиммияти истифодаи оқилонаи захираҳои об ҷалб намудааст, ки ба рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд.

Дар доираи ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани “Соли оби тоза (соли 2003)”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба сифати кишвари ташаббускор дар соҳаи ҳалли мушкилоти об боло бурд.

Об яке аз муҳимтарин моддаҳои рӯи замин аст, ки бидуни он ҳаёт, тавре, ки мо медонем, ғайриимкон аст. Он тақрибан 71% сатҳи сайераи моро ташкил медиҳад ва асоси тамоми организмҳои зинда мебошад.

Ғайр аз он, об барои равандҳои фотосинтез муҳим аст, ки дар он растаниҳо энергияи офтобро ба энергияи кимиёвӣ табдил дода, оксиген ва моддаҳои органикӣ истеҳсол мекунанд, ки барои организмҳои дигар ғизо мебошанд. Барои инсон об манбаи ҳаётан муҳим аст. Он барои нӯшидан, пухтупаз, кишоварзӣ, саноат ва энергетика зарур аст. Инсоният обро барои обёрии заминҳои кишоварзӣ истифода мебарад, ки ба истеҳсоли ғизо барои аҳолии афзоянда имкон медиҳад.

Аммо, дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад. Мувофиқи маълумоти созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, зиёда аз чандин миллион одамон ба оби бехатар дастрасӣ надоранд, ки боиси паҳншавии бемориҳо ва фавти баланд мегардад.

Сарфи назар аз аҳамияти он, об бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешавад:

1.Ифлосшавӣ: партовҳои cаноатӣ, кимиёвии кишоварзӣ ва канализатсияи маишӣ манбаъҳои оби тозаро ифлос мекунанд, ки ба саломатии одамон ва экосистемаҳо таҳдид мекунанд.

2.Хароҷоти зиёдатӣ: истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои об, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат, боиси кам шудани обанборҳо ва бад шудани сифати об мегардад.

3.Тағйиребии иқлим: Тағйирёбии иқлим ба тақсимот ва мавҷудияти захираҳои об таъсир расонида, боиси хушксолӣ дар баъзе минтақаҳо ва обхезӣ дар минтақаҳои дигар мегардад.

Об на танҳо захира, балки асоси ҳаёт дар рӯи замин аст. Аҳамияти онро аз ҳад зиёд арзёбӣ кардан ғайриимкон аст ва ҳифзи захираҳои об бояд барои тамоми инсоният афзалият дошта бошад. Идоракунии устувори захираҳои об, ҳифзи экосистемаҳо ва дастрасӣ ба оби тоза барои ҳама вазифаҳое мебошанд, ки саъйи муштаракро дар сатҳи ҷаҳонӣ талаб мекунанд. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем ояндаеро таъмин кунем, ки дар он об барои ҳама дастрас ва бехатар бошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пирияхҳои бузургтарин аз қабили Федченко (651,7 метри мураббаъ), Грумм-Гржимайло (143 метри мураббаъ), Гармо (114,6 метри мураббаъ) ва даҳҳо пиряхҳои дигар, ки зиёда аз 30 метри мураббаъ - ро фарогиранд дар нуқтаҳои баландтарини Тоҷикистон бо номҳои Исмоили Сомонӣ (7495 метр) ва Абу Алӣ ибни Сино (7134 метр) ҷойгир мебошанд.

Дар ҳақиқат ҳам пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, ташаббусҳои Сарвари давлатамон оиди ҳифзи пиряхҳо ва ҳалли мушкилоти норасоии об, сари вақт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда, мардумро аз тағйироти ҷиддии табиат ҳушдор мекунад. Аз ҷумла, иқдоми навбатии Пешвои миллат – сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии хатари обшавии пирияхҳо, кишварҳои ҷаҳонро водор сохт, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир ва муҳим андешанд. Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар суханрониҳои худ ба ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, махсусан, тағйирёбии иқлим ва норасоии оби нушокӣ таваққуф мекунанд. Сарвари кишвар зимни яке аз суханрониҳояшон теъдоди пиряхҳои ҳудуди кишварро 14 000 ном бурданд ва чанд пешниҳоди дигари муҳим, ба монанди дастгирии ҳамаҷонибаи истифодаи васеи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, ки заминаи мусоидро барои рушди иқтисоди «сабз» мегузорад.

Қайд кардан ба маврид аст, пиряхҳо дар натиҷаи гарми обро ба миён меоранд. Об ин нерудиҳандаи инсон ба шумор рафта, 80% бадани инсонро об ташкил медиҳад. Агар инсон аз об танқисӣ кашад пас он зиндагонӣ карда наметавонад. Воқеан, вобаста бо афзоиши нуфуси аҳолӣ дар ҷаҳон ва тағйирёбии иқлим норасогии оби ошомиданӣ бошиддат меафзояд. Он рӯз дур нест, ки об мавқеи нафту газро, ки асбоби танзимкунандаи сиёсати ҷаҳониянд, иваз намояд. Бояд гуфт,ки об ҷузъи сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ маҳсуб шудааст. Бинобар ин чи дар бобати беҳтар намудани технология ва чи идораи захираҳои об барои таъмини тараққиёти иқтисодӣ ва сабуктар сохтани бори гарони камбизоатӣ гузоштани маблағҳои зиёд зарур аст.

Ҳамаи моро зарур аст, ки аз таҳлилҳо ва суханрониҳои Пешвои миллат оиди об ва ҳифзи пирияхҳо саривақтона ва оқилона истифода барем, зеро масъалаи об ва пирияхҳо аз назари коршиносон имрӯзҳо муҳим арзёби мешавад.

Махмедов Муҳаммадҷон, ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупои Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Барномаи EMIS (Educational management information system - Системаи иттилоотии идоракунии маориф) як воситаи электронӣ ва муосир барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва идоракунии маълумоти марбут ба соҳаи маориф мебошад. Ин барнома, ки барои беҳтар кардани равандҳои идоракунӣ ва равиши иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти маорифи кишварҳо таҳия шудааст, имконият медиҳад, ки маълумот дар бораи муассисаҳои таълимӣ, хонандагон, устодон ва дигар марбутот бо соҳаи маориф зуд ва самаранок дастрас ва идора карда шаванд.

1. Натиҷа ва мақсадҳои барномаи EMIS

Барномаи EMIS дар пайи ташкили як системаи иттилоотӣ мебошад, ки барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва интиқоли маълумоти маориф дар тамоми сатҳҳои мактабӣ, олии касбӣ ва муассисаҳои таълимӣ кӯмак мекунад. Мақсадҳои асосии барнома инҳоянд:

- Ҷамъоварии маълумоти марбут ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи кишвар.

- Қобилияти таҳлил ва арзёбии сифати таълим.

- Пешбурди сиёсати маориф ва беҳсозии раванди таълим бо истифода аз маълумот.

- Ба роҳ мондани иттилоот дар бораи устодон, донишҷӯён ва манбаъҳои таълимӣ.

Барномаи EMIS барои роҳбарони соҳаи маориф, мактабҳо ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи таълим кӯмак мерасонад, то онҳо кӯшиш кунанд, ки қарорҳо ва тадбирҳои таълимиро бар асоси маълумоти воқеӣ ва эътимоднок қабул кунанд.

2. Тафсири барномаи EMIS

Барномаи EMIS ҳамчун як системаи электронӣ омода шудааст, ки дар он маълумоти гуногуни марбут ба таълим ва муассисаҳои таълимӣ ҷойгир карда мешаванд. Системаи EMIS бо модулҳо ва бахшҳои гуногун тақсим мешавад:

- Модулҳои хонандагон: Маълумот дар бораи баёнот, сабти хонандагон, натиҷаҳои таҳсил ва ҳуҷҷатҳои марбут ба онҳо.

- Модулҳои омӯзгорон: Маълумот дар бораи устодон, таълими онҳо, тахассус ва нишондодҳои касбӣ.

- Модулҳои муассисаҳои таълимӣ:

Маълумот дар бораи муассисаҳои таълимӣ, шумораи муассисаҳо, шароити таълим, мутахассисон ва дигар маълумотҳо.

- Модулҳои захираҳои таълимӣ: Маълумот дар бораи манбаъҳои таълимӣ, китобхонаҳо, воситаҳои таълимӣ ва технологияҳои истифодаи таълим.

Барнома ба кормандони маориф ва муассисаҳои таълимӣ имконият медиҳад, ки маълумотро аз манбаъҳои гуногун ҷамъоварӣ ва таҳлил кунанд. Ҳамчунин, ин система миқдори аниматсионӣ, таълим ва маълумоти ба маблағгузорӣ ёрӣ мерасонад.

3. Воситаҳо ва имкониятҳои барномаи EMIS Барномаи EMIS як қатор воситаҳои муосир ва аниматсионӣ барои кӯмак дар равандҳои таълим ва таҳлил пешниҳод мекунад:

- Шумориш ва мониторинг: Ин барнома ба роҳбарони таълим имконият медиҳад, ки шумораи хонандагон, омӯзгорон ва дигар маълумотҳоро дар як ҷой ҷамъоранд ва мониторинги замонавии сифати таълимро таъмин кунанд.

- Таҳлил ва арзёбӣ: Барномаи EMIS ба роҳбарон кӯмак мекунад, ки маълумотро таҳлил намуда, натиҷаҳоро баҳогузорӣ кунанд. Ин таҳлилҳо барои дастгирии қарорҳои стратегӣ дар соҳаи маориф ва беҳтар кардани сифати таълим кӯмак мерасонад.

- Рақобатпазирӣ ва тарғиб: Бо истифода аз маълумоти ҷамъшуда, метавон нишондодҳои муассисаҳои таълимиро барои рақобатпазирӣ дар минтақа ё кишвар таҳлил кард. Ҳамчунин, барнома барои баргузории ҳамоишҳо ва тарғиб дар соҳави таълим кӯмак мекунад.

4. Таъсири барномаи EMIS дар рушди соҳаи маориф

Барномаи EMIS барои рушди соҳаи маориф дар кишварҳо, бахусус дар кишварҳои рушдкунанда, таъсиргузор буда, ба муваффақиятҳои зерин оварда мерасонад:

- Беҳтар кардани сифати таълим: Бо кӯмак аз таҳлилҳои дуруст ва саривақтӣ, муассисаҳои таълимӣ метавонанд дар шенасоии нуқсонҳо ва беҳбудии сифати таълим чораҳо андешанд.

- Роҳбарии самаранок: Барои роҳбарони соҳа, барномаи EMIS дар қабули қарорҳои дуруст ва ба нақша гирифтани стратегиҳо дар соҳаи маориф кӯмак мерасонад.

- Рафтани сӯи равиши технологӣ: Ин барнома самаранокии таъсир дар соҳаҳои маориф ва пешниҳод дар технологияҳои иттилоотиро беҳтар мекунад.

5. Масъалаҳо ва чолишҳо

Барномаи EMIS, гарчанде ки барои беҳтар кардани роҳбарӣ ва сифати таълим кӯмак мерасонад, бо чанд масъала ва чолишҳо рӯбарӯ аст. Ба монанди:

- Набудани имкониятҳои молиявӣ: Ҳалли дастрасии барнома ба як нуқтаи мукаммал эҳтимолан бо манъҳои молиявӣ пайванд дорад.

- Дастрасии маҳдуд ба технологӣ: Дар баъзе минтақаҳо дастрасӣ ба интернет ва технологиҳои муосир, ки барои иҷрои барнома зарур аст, маҳдуд мебошад.

- Амалиёти ифшои маълумот: Барои фаъол кардани барнома ва кор кардани он, зарур аст, ки маълумот аз ҳамаи муассисаҳои таълимӣ баробар ва дуруст пешниҳод карда шавад.

Хулоса

Барномаи EMIS як воситаи муосир ва самаранок барои идоракунии маълумот дар соҳаи маориф мебошад. Бо кӯмак аз ин барнома, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти маориф ва омӯзгорон метавонанд маълумоти худро дар бораи ҷараёнҳои таълим ва раванди омодасозии хонандагонро таҳлил ва идора кунанд. Бо вуҷуди баъзе мушкилот ва чолишҳо, рушди EMIS метавонад ба беҳбудии сифати таълим ва равишҳои идоракунӣ дар муассисаҳои таълимӣ кӯмак кунад.

Шарипов Ҳокимҷон Балаҷонович

Магистранти соли аввали инистути

метематикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ

Дар замони муосир, ки ҷаҳонишавӣ ва вобастагии мутақобилаи давлатҳо афзоиш ёфтааст, сафарҳои кории сарони кишварҳо на танҳо воситаи дипломатӣ, балки воситаи муҳими ташаккули заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гардидаанд. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон рӯзҳои 3-4 апрели соли 2025 барои иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” намунаи равшани ин раванд аст. Ин чорабинӣ, ки бо ҳузури роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд, платформаи муҳим барои муҳокимаи масъалаҳои стратегӣ ва таҳкими ҳамкориҳо, аз ҷумла дар сатҳи ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад.

Яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият сиёсати хориҷии мустақили он аст, ки бар асоси сиёсати дарҳои кушод бунёд ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ санаи 28 декабри соли 2024 такид намуда буданд, ки: “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад. Бо ин мақсад, мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем”.

Таърихи муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аз солҳои 90-уми асри гузашта, пас аз пошхӯрии ИҶШС ва эълони истиқлолияти Тоҷикистон оғоз меёбад. Тамосҳои расмӣ соли 1992 барқарор шуданд, вале ташаккули заминаи ҳуқуқии пурраи шарикӣ марҳилаи баъдӣ буд. Соли 2004 Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба имзо расид, ки аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор гирифт. Ин санад ҳамчун асоси ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба хидмат карда, принсипҳои ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ муайян намуд. Созишнома уҳдадориҳои ҷонибҳоро оид ба ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрӣ, пешбурди муколамаи ҳуқуқи инсон ва таъмини суботи минтақавӣ муқаррар мекунад. Ин муносибатҳо бо Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ (бори аввал соли 2007 ва амалкунанда 17 июни соли 2019 қабул гардидааст) пурра гардиданд, ки барои таҳкими низомҳои ҳуқуқӣ ва дастгирии ислоҳоти судӣ дар кишварҳои минтақа равона гардидааст. Яке аз ҳадафҳои асосии Стратегия таъсиси шароити ҳуқуқӣ барои мубодилаи иқтисодӣ аст. Тоҷикистон талош дорад ба низоми имтиёзҳои тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ҳамроҳ шавад, ки мутобиқати қонунҳои миллиро бо стандартҳои байналмилалии экологӣ, меҳнатӣ ва ҳуқуқи инсон талаб мекунад. Иттиҳоди Аврупо инчунин дар рушди низоми судии Тоҷикистон ва таҳкими волоияти қонун саҳм мегузорад. Барномаҳои мисли “Ташаббуси волоияти қонун” омӯзиши ҳуқуқшиносон ва табодули таҷриба бо муассисаҳои аврупоиро дар бар гирифта, ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии сухан ва баробарии ҷинсӣ, диққат медиҳанд. Дар самти амният, Барномаи идоракунии сарҳадҳо дар Осиёи Марказӣ (BOMCA) ва Барномаи амалиёти мубориза бо маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (CADAP) воситаҳои ҳуқуқиро барои муқовимат бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм ва гардиши маводи мухаддир такмил медиҳанд. Дар солҳои охир музокирот оид ба Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оғоз шудааст, ки ҳамкориро дар соҳаҳои рақамисозӣ, энергетикаи “сабз” ва рушди устувор амиқтар мекунад. Ин санад Тоҷикистонро водор месозад, ки низоми ҳуқуқии худро ба стандартҳои Иттиҳоди Аврупо мутобиқ созад, ки як қадами муҳим дар рушди ҳуқуқии кишвар хоҳад буд.

Санаҳои 3-4 апрели соли 2025 Пешвои миллат бо сафари корӣ дар шаҳри Самарқанд ҳузур доштанд. Дар доираи сафар мулоқотҳои дуҷониба бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Узбекистон баргузор шуданд. Дар мулоқот бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта масъалаҳои шарикии стратегӣ ва заминаи ҳуқуқии лоиҳаҳои энергетикӣ баррасӣ шуданд. Мулоқот бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен ба созишномаҳои ҳуқуқӣ оид ба рақамисозӣ ва технологияҳо нигаронида шуд. Дар мулоқот бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено –Бассо асосҳои ҳуқуқии 184 лоиҳаи муштарак бо арзиши беш аз 1 миллиард доллар таҳлил гардид. Бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рӯзи 4 апрели соли 2025 Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронӣ, Президенти Тоҷикистон рушди муносибатҳоро афзалиятнок номида, ба аҳамияти ҳуқуқии “Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобит” ишора карданд, ки асоси танзими ҳамкориҳоро ташкил медиҳад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди муттасили муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупоро дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд. Таъкид гардид, ки Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобит миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо санади калидӣ гардида, ҳамкории байниминтақавиро танзим менамояд. Дар робита ба вазъи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иброз доштанд, - “мо ҳадаф дорем, ки содироти маҳсулотро аз истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои Аврупо, аз ҷумла тавассути истифодаи имтиёзҳои тиҷоратии ба ҳамдигар боз ҳам густариш бахшем”. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкону захираҳои табиии кишвари мо, иқтидорҳои бахши саноат, энергетика ва кишоварзӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид кардани технологияҳои навини аврупоӣ ва истифодаи таҷрибаи ширкатҳои бонуфуз ҳавасманд мебошад. Иштироки Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва инфрасохтори коммуникатсионӣ муҳим дониста шуд. Ҳамоиш аз нигоҳи ҳуқуқӣ заминаи муҳим барои таҳкими шарикӣ фароҳам овард. Президенти Тоҷикистон таъкид карданд, ки созишномаҳои ҳуқуқӣ бо Иттиҳоди Аврупо барои рушди иқтисодӣ ва суботи минтақавӣ заруранд. Ин равиш ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар чаҳорчӯбаи ҳуқуқии байналмилалӣ технология ва сармояи аврупоиро ҷалб намояд. Дар суханронӣ масъалаи энергетикаи “сабз” ва асосҳои ҳуқуқии он мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Президенти Тоҷикистон ба созишномаҳои мавҷуда оид ба гидроэнергетика (масалан, неругоҳҳои “Норак” ва “Қайроққум”) ишора карда, даъват намуданд, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи ташаббуси “Дарвозаҳои глобалӣ” шартномаҳои нави ҳуқуқӣ барои сохтмони иншооти энергетикӣ имзо кунад. Нақшаҳои ҳуқуқии афзоиши истеҳсоли энергияи офтоб ва шамол то 10% ва табдили Тоҷикистон ба кишвари “сабз” то соли 2037 низ эълон шуданд. Президенти Тоҷикистон ба ташаббусҳои ҷаҳонии худ, аз ҷумла Конфронси ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе (майи 2025) таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ин ташаббус дар чаҳорчӯбаи қатъномаҳои СММ амалӣ шуда, ҳамкориро бо Иттиҳоди Аврупо дар танзими масъалаҳои экологӣ тақвият медиҳад. Сарвари давлат ба лоиҳаи КАСА-1000 ишора намуданд, ки асоси ҳуқуқии он созишномаҳои байналмилалии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Ҷанубист. Ин лоиҳа талаб мекунад, ки шартномаҳои нави ҳуқуқӣ барои интиқоли энергияи “сабз” таҳия шаванд. Дар соҳаи маориф пешниҳоди кушодани филиалҳои донишгоҳҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон ва афзоиши бурсияҳо ба созишномаҳои ҳуқуқии дуҷониба такид гардид. Дар бахши сайёҳӣ низ таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкории фарҳангӣ ва иқтисодӣ зарур дониста шуд.

Ҳамоиш нишон дод, ки Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкориҳои ҳуқуқӣ бо Иттиҳоди Аврупо фаъол аст. Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо заминаи ҳуқуқии ин равандро ташкил медиҳанд, ки бо стандартҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамоҳанг мебошанд. Ҳамоиши Самарқанд метавонад барои тезонидани музокироти Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва таҳияи санадҳои нави ҳуқуқӣ дар соҳаҳои энергетика, экология ва маориф замина гузорад. Ин раванди ҳуқуқӣ Тоҷикистонро ба фазои байналмилалии ҳуқуқӣ устувор пайванд менамояд.

Воқеан сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Самарқанд ва иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” қадами устувор дар таҳкими муносибатҳои ҳуқуқӣ бо Иттиҳоди Аврупо буд. Ин сафар заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳоро дар самтҳои энергетикаи “сабз”, рушди устувор ва мубориза бо тағйирёбии иқлим мустаҳкам намуд, ки метавонад ба шукуфоии минтақа мусоидат кунад.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Рӯзҳои 3–4 апрел дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон саммити байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки ин вохӯрӣ аввалин маротиба роҳбарони панҷ кишвари минтақаро бо роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо дар як ҷой ҷамъ овард. Барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ин саммит имкони таҳкими сиёсати бисёрсамта ва марҳилаи нави шарикии стратегӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев, ин чорабиниро як "фурсатҳои таърихӣ" хонда, таъкид кардааст, ки он метавонад заминаи ҳамкориҳои стратегии байни ду минтақа гардад. Барои Иттиҳоди Аврупо, саммити Самарқанд дорои аҳамияти стратегӣ мебошад ва мақсадҳои асосии зеринро дар бар мегирад:

а) дастрасӣ ба манбаъҳои алтернативии ашёи хом. Иттиҳоди Аврупо барои гузариш ба иқтисоди сабз ва пешрафти технологии худ ба ашёҳои хоме монанди литий, кобалт, уран ва ғайраҳо эҳтиёҷ дорад, аз ин рӯ барои таъмини он аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Қазоқистон ва Ӯзбекистон таваҷҷуҳ мекунад. Ин тамоюл ба коҳиши вобастагии технологӣ аз Чин, Иттиҳоди Аврупоро кӯмак мекунад. Дар Осиёи Марказӣ тақрибан 40% захираҳои ҷаҳонии марганес, литий, графит ва дигар канданиҳои фоиданок мавҷуд аст. Ба гуфтаи роҳбари Комиссияи Аврупо, бархе аз бозигарони ҷаҳонӣ танҳо ба истихроҷи захираҳои минтақа манфиатдоранд, дар ҳоле ки Аврупо ба рушди саноати маҳаллӣ, эҷоди ҷойҳои корӣ ва ифтитоҳи озмоишгоҳҳои илмӣ таваҷҷуҳ дорад.

Қазоқистон 175 намуди маҳсулотро ба Иттиҳоди Аврупо содирот мекунад. Ҳамзамон Қазоқистон 13% воридоти нафти Аврупоро тавассути лӯлаи Каспий таъмин мекунад. Ин лӯлаи гази бо дастгирии худи Иттиҳоди Аврупо устувор фаъолият мекунад, ҳамзамон Қазоқистон ва дигар кишварҳои минтақа роҳҳои алтернативии интиқоли ашёи хомро низ дар шароити ҳозира ҷустуҷӯ дорад. Аз 34 намуди ашёи хоми аҳамияти стратегӣ дошта барои иқтисоди Иттиҳоди Аврупо, Қазоқистон 19 намуди онро, аз ҷумла уран, мис ва литий таъмин менамояд. Ин худ аз рушди тиҷории ду минтақа ва давлатҳои минтақа далолат медиҳад;

б) диверсификатсияи энергетика ва нақлиёт. Барои Иттиҳоди Аврупо долони нақлиётии Транскаспий (Долони миёна) аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Дар чаҳорчӯби ташаббуси Global Gateway (Дарвозаҳои ҷаҳонӣ) барои ин масир 10 миллиард евро ҷудо карда шудааст. Ташаббуси Global Gateway-и Иттиҳоди Аврупо ҳамчун як алтернатива ба ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"- и Чин арзёбӣ мешавад, аммо аз ҷиҳати миқёси молиявӣ ва сатҳи амалӣ, он то ҳол суст ташаккул ёфта истодааст. Гарчанде 10 миллиард евро маблағи бузург ба назар расад ҳам, коршиносон, ба монанди Темур Умаров (Маркази Карнегии Русия ва АвруОсиё), таъкид мекунанд, ки ин барои исботи ҷиддияти Иттиҳоди Аврупо дар минтақа кофӣ нест. Дар ҳоле, ки Чин аллакай ба бузургтарин шарики тиҷоратии минтақа табдил ёфтааст;

в) тарғиби арзишҳо. Мавзӯъҳои демократия, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон дар рӯзномаи саммит ҳатман боқӣ хоҳад монд. Инчунин масоили тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳими зистӣ, рушд додани инфрасохторҳои сайёҳӣ дар муносибатҳои дуҷониба дар авлавият қарор мегиранд;

г) шарикӣ стратегӣ. Қабули "Эъломияи Самарқанд" метавонад як гоми бузург дар ташаккули муносибатҳои сифатан нав миёни ду минтақа бошад, аммо муҳимтар аз ҳама татбиқи амалии он ба шумор меравад. Кушодашавии дафтари Бонки сармоягузории Аврупо дар Тошканд ва нақшаи баргузор кардани форуми сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон то охири сол — паёмҳои мусбате ҳастанд, ки уфуқҳои нави ҳамкории байнимитақавиро шакл медиҳад. Саммити Самарқанд танҳо як қадами рамзӣ нест, балки кӯшиши воқеии Иттиҳоди Аврупо барои тақвияти мавқеи худ дар минтақа мебошад. Баромадани сатҳи ҳамкориҳо то сатҳи шарикӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба истиқлоли геосиёсӣ мушарраф гаштааст. Аз ин ҷиҳат, қудратҳои сиёсӣ, давлатҳои абарқудрат талош дорад, то ки дар минтақа нуфуз пайдо кунанд. Иттиҳоди Аврупо аз ин истисно набуда, талош дорад, ки тариқи барномаҳои гуногун бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории густурда дошта бошад;

ғ) ҷалби сармоя. Пеш аз аввалин саммити "Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо" раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен фикрҳои худро баён карда, эълон намуд, ки барои Осиёи Марказӣ чаҳорчӯби ташаббуси "Team Europe" бастаи нави сармоягузорӣ пешниҳод карда мешавад. Ин санади муҳими стратегӣ чор самти ҳамкориҳои афзалиятнокро дар бар мегирад: 1) нақлиёт; 2) захираҳои табиӣ ва аҳамияти стратегӣ дошта; 3) шабакаи рақамӣ ва рақамикунонӣ; 4) интиқоли об ва энергетика. Ёдовар бояд шуд, ки беш аз 40 фоизи ҳамаи сармоягузориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо рост меояд.

Илова бар ин, Урсула фон дер Ляйен чаҳор самти афзалиятнокро барои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян кардааст:

— Долонҳои нақлиётӣ – Иттиҳоди Аврупо долонҳои нақлиётии Транскаспий, махсусан роҳҳои гузаранда тавассути Қазоқситон ва Ӯзбекистонро дастгирӣ мекунад;

— Ашёҳои хоми аҳамияти стратегӣ дошта – Иттиҳоди Аврупо харидорӣ ва коркарди захираҳои табиии минтақаро яке аз самтҳои афзалиятнокӣ ҳамкориҳои дуҷониба мешуморад ва барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи канданиҳои фоиданоки Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ мекунад;

— Энергияи сабз – Иттиҳоди Аврупо лоиҳаҳои тавлиди энергияи тоза, аз ҷумла энергияи бодӣ, офтобӣ ва гидроэнергетикиро маблағгузорӣ мекунад;

— Инфрасохтори рақамии ҷаҳонӣ – Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, иқтидори Осиёи Марказиро бо рушди шабакаҳои мустақили интернетӣ ва ворид кардани интернети моҳвораӣ тақвият бахшад.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 3 - юми апрел ҷиҳати иштирок дар саммити "Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо" бо сафари корӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд. Зимни сафар бо Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта мулоқот анҷом дода, дар ин вохӯрӣ дурнамои таҳкими ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд. Ҳамзамон ҷонибҳо қайд карданд, ки Созишнома дар бораи шарикии густаришёбанда дар марҳилаи ниҳоии мувофиқа қарор дорад. Ба истифодаи захираҳои табиӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон барои рушди тиҷорат бо Иттиҳоди Аврупо, инчунин ба ҳамкории имконпазир дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва транзит таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаҳои НБО-и Роғун ва Норак, ҳамчун намунаи шарикии устувор эътироф шуд. Тоҷикистон таваҷҷуҳи худро ба ҷалби сармоя ва технологияҳои Аврупо дар ин бахш пайваста изҳор менамояд. Ҳамчунин рушди "иқтисоди сабз", истеҳсол ва содироти "энергияи сабз", инчунин тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва омодасозии касбӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, офатҳои экологӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли онҳо, инчунин идомаи ҳамкорӣ дар барномаҳои BOMCA ва CADAP - ро муҳокима карданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен низ мулоқот анҷом дода, густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои Аврупо, имзои Созишномаи нави шарикӣ ва татбиқи "Харитаи роҳ" барои амиқсозии ҳамкориро баррасӣ карданд. Пешвои миллат аз гузариши муносибатҳо ба сатҳи стратегӣ истиқбол намуда, омодагии Тоҷикистонро барои иштирок дар лоиҳаи пайвасти моҳвораии байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ изҳор намуданд.

Ҳамзамон бо Раиси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассо низ вохӯрӣ анҷом дода, бар асоси ҳамкории тӯлонӣ, бонк дар Тоҷикистон 184 лоиҳаро ба маблағи беш аз $1 млрд дар бахшҳои низоми молиявӣ, бахши хусусӣ, нақлиёт ва энергетика амалӣ намудааст. Лоиҳаҳои таъминоти об ва комуналӣ низ дар мулоқоти ҷонибҳо баррасӣ шуданд. Пешвои миллат зарурати васеъ кардани ҳамкориҳо дар шароити мушкилоти иқтисодии ҷаҳонӣ, ҷалби грантҳо ва маблағгузории имтиёзнокро таъкид карда, аҳамияти лоиҳаҳои муштаракро барои рушди иқтисодӣ ва устувории Тоҷикистон зикр намуданд. Инчунин бо сарони кишварҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон мулоқоти дуҷониба зимни сафар анҷом доданд.

Тибқи натиҷаҳои саммит, қарори таърихӣ дар бораи барқарор намудани шарикии стратегӣ байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо қабул карда шуд. Ҳамзамон дар ҷараёни суханронии худ, Урсула фон дер Ляйен эълон кард, ки Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби барномаи Global Gateway (Дарвозаҳои глобалӣ) бастаи сармоягузорӣ ба маблағи 12 миллиард евро омода намудааст ва ин маблағ ба самтҳои зерин равона карда мешавад: 3 миллиард барои бахши нақлиёт, 2,5 миллиард — барои ашёи хоми ҳаётан муҳим, 6,4 миллиард — ба лоиҳаҳои марбут ба энергетика ва 100 миллион — барои рушди интернети моҳвораӣ.

Тарафҳо мувофиқа карданд, ки чорабиниҳои иқтисодиро мунтазам баргузор мекунанд, аз ҷумла Форуми иқтисодии "Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо". Ҳамкории ду минтақа дар соҳаи масолеҳи хоми ҳаётан муҳим аҳамияти стратегии калон дорад. Роҳбарон тавофуқ карданд, ки эъломияи ҳамкориро дар ин соҳа амиқтар намуда, ба гузариш ба иқтисодиёти сабз ва рақамӣ мусоидат хоҳад кард.

Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ устувории иртибототи нақлиётиро ҳамчун афзалият эътироф намуда, мувофиқа карданд, ки платформаи ҳамоҳангсозӣ оид ба долони нақлиётии Транскаспӣ ва лоиҳаҳои муҳими зерсохториро дар ин масир дастгирӣ хоҳанд кард.

Роҳбарон таъкид карданд, ки мубориза бо тағйирёбии иқлим, аз байнравии гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист бояд фаъолтар сурат гирад. Иттиҳоди Аврупо қарори ҳамаи шарикони Осиёи Марказӣ барои пайвастан ба ташаббуси глобалӣ оид ба метан (Global Methane Pledge)-ро истиқбол намуд.

Ҷонибҳо инчунин дар бораи таҳияи навовариҳо дар ҳамкории обу энергетикӣ бо ҳадафи ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ мувофиқа карданд. Онҳо ҳамчунин изҳор доштанд, ки ҳамкориро барои беҳтар намудани вазъ дар тамоми ҳавзаи Баҳри Арал тақвият хоҳанд дод.

Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бори дигар таъкид карданд, ки пешбурд ва ҳифзи қонуният, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ — арзишҳои умумӣ ва асосӣ мебошанд.

Шарифов Искандар Иброҳимович - ходими илмии шуъбаи ИДМ,

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм