Skip to main content

(дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”)

Санаи 3-юми апрели соли 2025 дар масири ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо боз як марҳалаи ҷадиди таърихӣ роҳандозӣ гардид, ки барои Тоҷикистон низ ҳамчун саҳифаи нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ мегардад.

Дар қаринаи баргузории Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон рӯи кор омад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта ва Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд.

Аз моҳият ва мундариҷаи мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони олимақоми Иттиҳоди Авурпо бармеояд, ки ҷонибҳо вобаста ба рушду таҳкими самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, ҳам дар доираи роҳбурдҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҳам дар чорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоссаи густариши ҳамкориҳоро доранд. Дар иртибот ба ин маҳз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “мо Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем” ва “Тоҷикистон аз ташаббуси ба сатҳи стратегӣ баровардани муносибатҳо ҷонибдорӣ менамояд”. Дар ин замина, тавсеаи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои нави аврупоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоту афкори тарафайн қарор гирифт.

Боиси тазаккур аст, ки Иттиҳоди Аврупо солҳои охир ҷиҳати таҳким ва тақвияти робитаҳои гуногунапаҳлу бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ бо минтақа ҷаҳду самтгириҳои ҷиддӣ ва устувор дорад. Аз равиши феълии сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо чунин ба назар мерасад, ки Осиёи Марказӣ дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Иттиҳод дар радифи стратегияҳои қишварҳои абарқудрат ба мисли Россия ва Чин қарор дорад.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон, яке аз кишварҳои калидӣ дар минтақаи Осиё Марказӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар қаринаи равандҳои геосиёсӣ ва геофарҳангии муосир дар маркази таваҷҷуҳи Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои устувор қарор дорад.

Аслан, баррасӣ ва нишондоди дурнамои ҳамкориҳо байни кишварҳои ҷаҳон дар марҳалаи мураккабшавии низоми кунунии муносибатҳои байналмилалӣ то андоза пешгӯинашаванда ба назар мерасад. Аммо бо иртибот ба тамоюл ва таҳлили заминаҳои таърихӣ ва ҳолати кунуни муносибатҳои Тоҷикистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дурнамои рудши ҳамкориҳоро метавон мутақобилан судманд байни ҷонибҳо дар самтҳои зерин:

- иқтисоди рақамӣ;

- зеҳни сунъӣ ва нерӯи зеҳнӣ;

- иқтисоди сабз;

- технологияҳои саноатӣ;

- амнияти энергетикӣ;

- технологияҳои коммуникатсионӣ;

- илмҳои муҳити зист;

- низомҳои устувори нақлиётӣ;

- тиб ва пешгирии бемориҳои сироятӣ;

- илм ва маориф, математика ва илмҳои бунёдӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани таҳқиқот дар соҳаи физикаи назариявӣ ва истифодаи математика дар ояндабинии равандҳои техногенӣ ва табиӣ, ки ҳамчун самтҳои афзалиятноки таҳқиқотӣ илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2023 пешбинӣ гардидаанд арзёбӣ намуд.

Илова бар ин, Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо метавонанд ҳамкориҳи муассирро дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ба монанди СММ, ЮНЕСКО, САҲА ҷиҳати таҷлили чорабиниҳои байналмилалии муштарак, ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, робитаҳи илмиву адабӣ, таҳкими амнияти минтақа, масоили экологӣ, об, тағйирёбии иқлим ва ғайра тақвият бахшанд.

Аз ҷумла, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз мавзӯҳои меҳварӣ дар доираи муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо маҳсуб меёбад. Зеро ҷонибҳо имконоти бузурги роҳандозии тиҷорат дар бахшҳои мухталиф доранд, ки истифодаи он барои кишварҳо ва мардуми онҳо суд хоҳад овард. Масалан, иқтидори бузурги энергетикӣ, маъданҳои куҳӣ, кишоварзӣ, туризм. Аз ин рӯ, ҷалби сармоя ва технологияи аврупоӣ ба ин бахшҳо манфиатбор барои кишвар арзёбӣ мешавад ва татбиқи лоиҳоҳои муштарак дар ин ҷодаҳо саривақтӣ мебошад.

Самти илму маориф дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, бо инобати имконоту таҷрибаи пешқадами ин соҳаҳо дар Аврупо ва дарёфти мусоидати амалии кишварҳои узви Иттиҳод дар роҳи инкишофи низоми маориф ва илми Тоҷикистон ва омодасозии кадрҳои баландихтисосу муосир барои кишвари мо судманд ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Яке аз самтҳои дигари мубрам ин тавсеаи тақвияти ҳамкориҳои илмӣ дар доираи ниҳодҳои таҳқиқотии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва нерӯи зеҳнӣ, иқтисоди сабз, технологияҳои саноатӣ, илму инноватсия ба ҳисоб меравад, ки ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Ҳамин тариқ, дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои густурдаи мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дорои тамоюли шарикии стратегӣ арзёбӣ гардида, Тоҷикистон дар доираи самти аврупоии сиёсати хориҷии худ, тақвияти ҳамкориҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо тақвият мебахшад. Илова бар ин, масъалаи муҳим дар низоми нави равобити байналмилалӣ масъалаи рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҷалби сармояи кишварҳои аврупоӣ метавонанд ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намоянд. Дигар ин ки, тақвияти ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои амалигардонии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, ҳамзамон Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 дар кишвар ба манфиат хоҳад буд. Бо ин назардошт, рушди ҳамкориҳо хусусан дар самтҳои тиҷорат, иқтисод, илм, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, санъат, адабиёт ва ғайра дар солҳои оянда дар доираи муносибатҳои Тоҷикистону кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо судманд арзёбӣ мегардад.

Ардамеҳр Ашурзод- номзади илмҳои таърих, Котиби илмии

Институти омӯзишимасъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон