БАЙНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИНСТИТУТИ СИНЗИЯНИИ ЭКОЛОГИЯ ВА ГЕОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ХИТОЙ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД
Имрӯз, 25 май қабл аз баргузории Форуми «Хатарҳои обӣ ва иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ» бахшида ба 115-солагии кӯли Сарез, ки дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Синзиянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ ба имзо расонида шуд.
Дар маросими ба имзорасонии Ёддошти тафоҳум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, директори Институти Синзиянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Чжан Яоминг иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки ин созишнома бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши офатҳои табиӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда таҳия гардидааст.
Дар доираи ёддошти мазкур ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои муҳими илмӣ ва техникӣ густариш диҳанд. Аз ҷумла, таҳқиқи офатҳои табиӣ, аз қабили сел, тармафароӣ, обхезӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, омӯзиши пиряхҳо ва равандҳои гидрологӣ, инчунин таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист аз самтҳои асосии ҳамкорӣ арзёбӣ мегарданд.
Ҳамзамон, дар доираи ин ҳамкорӣ масъалаҳои таҳия ва ҷорӣ намудани системаҳои муосири мониторинг ва огоҳии пешакӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, ҷонибҳо барои мубодилаи таҷриба ва истифодаи технологияҳои навин иқдом хоҳанд кард.
Банди муҳими дигари санад омодасозӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои илмӣ ва техникӣ мебошад. Дар ин замина баргузории семинарҳо, машғулиятҳои омӯзишӣ, конфронсҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ пешбинӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки имзои Ёддошти тафоҳум барои таҳкими робитаҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва Хитой, рушди таҳқиқоти муштарак ва тақвияти иқтидори илмӣ-техникӣ дар самти пешгирӣ ва идоракунии офатҳои табиӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи амалии ин санад ба густариши ҳамкориҳои судманд ва ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаи илм ва амнияти экологӣ мусоидат хоҳад кард.
塔吉克斯坦国家科学院、塔吉克斯坦共和国政府紧急情况与民防委员会以及中国科学院新疆生态与地理研究所签署谅解备忘录
今天,5月25日,在“水与气候风险:科学、监测与管理”论坛举行之前,为纪念萨雷兹湖成立115周年,并作为“2018—2028年水促进可持续发展国际行动十年”第四届高级别国际会议框架内的活动,该论坛在塔吉克斯坦国家图书馆举行。期间,塔吉克斯坦国家科学院、塔吉克斯坦共和国政府紧急情况与民防委员会以及中国科学院新疆生态与地理研究所签署了关于科技合作的谅解备忘录。
出席备忘录签署仪式的有塔吉克斯坦国家科学院院长、院士胡什瓦赫特佐达·科比尔琼·胡什瓦赫特,塔吉克斯坦共和国政府紧急情况与民防委员会主席拉贾巴利·拉赫莫纳利,以及中国科学院新疆生态与地理研究所所长张耀明。
应当指出,该协议旨在加强双方在科学研究、自然灾害研究以及在预防和消除紧急情况领域应用现代技术方面的合作。
根据该备忘录,双方决定在重要科技领域扩大合作。特别是,对泥石流、雪崩、洪水及其他紧急情况等自然灾害的研究,对冰川和水文过程的研究,以及气候变化对环境影响的研究,被视为双方合作的主要方向。
同时,在此次合作框架内,双方将特别关注现代监测和预警系统的开发与实施,并将推动经验交流和新技术的应用。
该文件的另一个重要内容是科学和技术人才的培养与能力提升。为此,双方计划举办研讨会、培训课程、科学会议,并实施联合科研项目。
会议强调,签署该谅解备忘录将为加强塔吉克斯坦与中国之间的科研联系、发展联合研究以及提升自然灾害预防和管理领域的科技能力奠定良好基础。
双方表示相信,该文件的实际落实将有助于扩大互利合作,并在科学和生态安全领域取得显著成果。
ОҒОЗИ КОРҲОИ ҲАФРИЁТИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ГУРИСТОНИ АСРИ БИРИНҶИИ НОҲИЯИ ФАРХОР
Аз 27 апрели соли ҷорӣ ҳафриёти бостоншиносии сеҷонибаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия ва Осорхонаи фонди Лерича-и Италия дар ёдгории таърихии “Чилтанбобо” – и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон оғоз гардида, то 22 майи соли 2025 идома меёбад.
Дар он бостоншиносон аз ҷониби Тоҷикистон Филимонова Т.Г. (роҳбаи экспедитсия) ва Ашурмадов И., аз ҷониби Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия Виноградова Н.М ва Зинаева С.С. ва аз ҷониби Осорхонаи фонди Леричаи Италия Ҷеованна Ломбардо иштирок доранд.
Тибқи таҳқиқоти бостоншиносон зери гуристони ҳозирае, ки то ҳол мардуми ноҳия истифода мебаранд, ёдгории бузурги қадима ҷойгир аст. Дар тӯли омӯзиши солҳои зиёд аз ёдгории мазкур бозёфтҳои гуногуни бостонӣ ба даст омадаанд, ки ба давраҳои аввал ва миёнаи асри биринҷӣ (миёнаи ҳазораи III ва аввали ҳазораи II-и пеш аз милод ) рост меоянд.
Корҳои бостоншиносӣ идома дошта, натиҷаи он дар шакли мақолаҳои илмӣ ва илмӣ - оммавӣ нашр мегардад.
Имрӯз, 06 май дар толори Маркази “Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат” вохурии докторантони Phd бо сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи Phd-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ Салим баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории суҳбату вохуриҳо дар амал татбиқ сохтани Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 мебошад. Дар ин замина бояд гуфт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин ва бонуфузтарин муассисаи илмӣ дар ҷумҳурӣ буда, кадрҳои сатҳи баланди илмиро омода менамояд. Дар Академияи миллии илмҳо кадрҳои илмӣ дар зинаҳои магистратура, аспирантура, докторантураи Phd ва постдокторантура ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Зимни вохурӣ масъулин иброз доштанд, ки барномаи мазкур дар асоси принсипҳо ва талаботе, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир ба дурнамои рушди дарозмуҳлати низоми илму маорифи ҷумҳурӣ мустаҳкам шудааст, таҳия гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар он пеш аз ҳама ба принсипҳои тарбияи васеи кадрҳои илмӣ, ки рақобатпазирии иқтисодиёти кишварро таъмин менамояд, ба низоми тайёр намудани кадрҳои илмии рақобатпазир дар бозори меҳнат, бунёди иқтидори инноватсионии рушди илм, ташаккулёбии дониш ва малакаи зарурӣ ҷиҳати рушди устувор мусоидат менамояд, афзалият дода шудааст.
Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
5 майи соли 2025 дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ҷаласа доир гардид.
Дар ҷаласа Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мавриди баррасии аъзои кумита қарор гирифта, ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд.
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ давраи дуюми курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шуд.
Вобаста ба ин дар таърихи 02 майи соли 2025 зимни нишасти чаҳоруми ин иқдом дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 300 нафар олимони ҷавон чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзади илмҳои филология Зиёев Субҳиддин Насриевич ҷаласаро ифтитоҳ бахшид.
Маърӯзачӣ ходими калони илмии шӯъбаи Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сиёсатшинос Давлатзода Зубайдулло дар мавзуи "Мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон" гузориши илмӣ ироа намуд.
Дар интиҳои гузориш саволу ҷавоб ва муҳокима баргузор гардид.
ВОХУРИИ ДОНОРҲО БАҲРИ МУҶАҲҲАЗ ГАРДОНИДАНИ МАРКАЗҲОИ САРАТОНШИНОСӢ БО ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ВА ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ КАСБӢ
Имрӯз, 2 май дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо ибтикори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳамоҳангсози миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохурии донорҳо бо иштироки шарикони рушд баргузор гардид.
Дар вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадафи асосии вохурӣ таҷҳизонидани марказҳои саратоншиносии ҷумҳурӣ бо технологияҳои муосир ва омодасозии мутахассисони баландихтисос барои мубориза бо бемориҳои саратон мебошад.
Дар вохурӣ масъалаҳои таъмини марказҳои саратоншиносии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхисӣ ва табобатӣ, аз қабили дастгоҳҳои рентгенӣ ва суръатфизо, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таҷҳизотҳои мазкур барои ташхиси саривақтӣ ва табобати бемориҳои саратон моҳияти калон доранд. Ба гуфтаи директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Акбарҷон Муродзода, «Бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ва АБНА, мо тавонистем як қатор таҷҳизоти муосирро ба кор андозем, ки сатҳи хизматрасониро ба стандартҳои байналмилалӣ наздик кардааст. Аммо барои пурра таъмин намудани марказҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, дастгирии иловагӣ зарур аст».
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ҳамкорӣ бо АБНА дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии TAD6007, TAD6008 ва TAD6009 фаъолона кор бурда, ба тақвияти инфрасохтори марказҳои саратоншиносӣ ва рушди хизматрасонии радиатсионӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Илҳом Мирсаидзода директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ чунин қайд намуд: «Мо бо шарикони байналмилалӣ ҳамкории зич дорем, то технологияҳои пешрафта ва донишҳои муосирро ба Тоҷикистон ворид намоем. Ин на танҳо ба беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ, балки ба баланд бардоштани бехатарии радиатсионӣ дар кишвар мусоидат мекунад».
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста Стратегияи миллии мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ ва барномаи давлатии пешгирӣ ва табобати суханронӣ намуд. Дар ин замина, барномаҳои муштарак бо АБНА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои ташкили курсҳои омӯзишӣ ва барномаҳои табодули таҷриба роҳандозӣ мешаванд
Шарикони рушд, аз ҷумла намояндагони АБНА ва донорҳои хусусӣ, омодагии худро барои идомаи дастгирии техникии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои мазкур изҳор намуданд. Онҳо аҳамияти ҳамкорӣ дар мубориза бо бемориҳои саратон ва баланд бардоштани сатҳи саломатии аҳолиро таъкид карда, ки дар оянда низ ба таъмини таҷҳизот ва омӯзиши кадрҳо мусоидат хоҳанд кард.
Дар фарҷоми вохурӣ, иштирокчиён изҳори сипос намуда қайд карданд, ки чунин вохӯриҳо метавонад ба сатҳи нави хизматрасонии тиббӣ дар марказҳои саратоншиносии кишвар саҳми худро гузорад.
Имрӯз, 1- уми май президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо хонум Сандра Стейскаль Мари намояндаи Агентии байналмилалии неруи атомӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт хонум Сандра Стейскаль Мари намояндаи Агентии байналмилалии неруи атомиро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки мо аз ҳамкории дарозмуддат бо Шумо шодем ва миннатдории хеш ва аҳли олимони академияро борои он , ки чанде қабл Маркази бехатарӣ, амният ва кафолатҳо дар самти ХБРА, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз ҷониби АБНА ба сифати Маркази ҳамкории минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ расман эътироф гардид, ба Шумо мерасонам.
Зикр гардид, ки Маркази мазкур бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ин боиси ифтихори мо аҳли илм аст.
Гуфта шуд, ки ҳафтаи қабли бо гузоштани санги асос барои бинои филиали ХБРА дар вилояти Хатлон ба корҳои сохтумони ҳусни оғоз бахшидем, ки ин метавонад барои боз ҳам мустаҳкам гардидани кор ва тақвияти он дар минтақа дар самти ХБРА роҳкушо гардад ва бовар дорем, ки барои ба истифода додани ин бино ба кор ба мо кумаки худро мерасонед, ҳамчунин омода ҳастем, ки ҳамкориҳоро тақвият бахшида ташаббусҳои минтақавиро мизбонӣ намоем ва ба татбиқи васеи ҳадафҳои “Атом барои сулҳ ва рушд” саҳмгузор бошем.
Дар охир хонум Сандра Стейскаль Мари намояндаи Агентии байналмилалии неруи атоми ибрози андеша намуда, оид ба ҳамкориҳо ва пешравиҳои ҷониби Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намууда, дарҷ намуд, аз ҳамкорӣ бо Шумо шодам ва дар оянда низ мехоҳам, ки ин ҳамкориамон рушд ёбанду дар омоданамоии мутахассиси ҷавон дар самти саратоншиносӣ кушиш ба харҷ диҳем.
30 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, дар бораи лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маркази рушди саноатӣ” оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода гузориш дод.
Гуфта шуд, ки мақсади таҳия ва қабули лоиҳаи мазкур саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар буда, ҷалби сармоя, бунёди кластерҳои агросаноатӣ ва коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар пешбинӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки масъалаи бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук, инчунин таъмини шуғли пурмаҳсул, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, дар барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, дарҷ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бо амалӣ намудани лоиҳаи мазкур зиёда аз 5500 шаҳрванди кишвар бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Баъди муҳокима лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки созишнома дар асоси тавофуқоти ҷонибҳо ба имзо расонда шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Доир ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши роҳбарони як қатор сохторҳо шунида шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарор барои дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин оид ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла идора ва назорати самараноки истифодаи замин қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро ба иҷрои дастурҳои маҷлиси навбатӣ, супоришҳои қаблии Ҳукумати кишвар, инчунин вусъати ободонию созандагӣ, корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишту кори баҳорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.
Дар Бохтар филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ сохта мешавад Апрель 30, 2025 10:31
ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сохтмони бино моҳи феврали соли равон оғоз шуда, аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3-ошёна иборат аст ва дар 12 садяк замин сохта мешавад. Бинои филиал аз озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои маъмурӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои муосир иборат мебошад.
Филиал бо мақсади рушд додани ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни муассисаҳои вилояти Хатлон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Сохтмони бино аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизоти дохили бино аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ маблағгузорӣ мешавад. Ҳамчунин баргузории машғулияти дарсии амалӣ ва иҷрои корҳои лаборатории донишҷӯёни ихтисосҳои химия ва биология дар синфхонаҳои замонавӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2024 зимни ифтитоҳи бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон муаррифӣ гардид.
