
Имрӯз, 8 апрел президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз захираҳои гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки захираи гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 1941 ташкил карда шуда, ягона манбаи табии махсусгардонидашудаи ботаникӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Фонди гербарии Институт бойтарин коллексияи растаниҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки дар ин ҷо бештар аз 200 000 намунаҳои хушки гербария кардашудаи наботот, аз ҷумла 28 000 растаниҳои ушнашаклон, 15 000 гулсангҳо, бештар аз 15 000 растаниҳои обсабз, ки дар музофотҳои минтақаҳои кӯҳии Памиру-Олой месабзанд (Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизстон), маҳфӯз мебошанд. Варақаҳои гербарӣ аз тарафи олимони гуногун ҳанӯз аз соли 1876 сар карда, то ҳоло ҷамъоварӣ карда шудаанд.
Таъкид гардид, ки захираи гербария на танҳо аз ҷихати бойигарӣ ва таърихи ҷамъоварии намунаҳои растанӣ, ки дар он ҷо аввалин гиёҳҳоро 135 сол пеш олимони намоёни рус ҷамъ карда буданд, балки аз ҷиҳати таркиби навъҳои гуногуни эндемикӣ, нодир ва сурхпусту ба он дохилшуда низ беназир аст. Дар айни замон дар захираи гербарий намунаҳои гербарийи гиёҳҳои шавқовар — боқимондаҳои флораи қадимии Осиёи Миёна, яъне боқимондаҳои флораи сеюми минтақа сабт шудааст.
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ давраи дуюми курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шуд.
Вобаста ба ин дар таърихи 04 апрели соли 2025 зимни нишасти якуми ин иқдом дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 300 нафар олимони ҷавон чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Маърӯзачӣ номзади илмҳои таърих Сафарзода Некрӯз дар мавзуи "Ҷурғофиёи таърихии Давлати Сомониён" гузориши илмӣ ироа намуд. Баъд аз гузориши илмии Сафарзода Некрӯз дар қисмати саволу ҷавобҳо ва муҳокимарониҳо олимони ҷавон фаъолона баромад намуданд.
Имрӯз дарси навбатии курси "Зан сарвар" баргузор гардид, ки дар он бо муаррифии барномаҳои таблиғӣ таҳқиқотӣ коршиносони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанин Расулова ва Бону Шарифзода иштирок намуданд.
Дар давоми муаррифӣ коршиносон оид ба дастгирии лоиҳаҳои таҳқиқотӣ ва амалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дастгирии лоиҳаҳои истеҳсолие, ки ба истифода аз ашёи табии маҳаллӣ равона шудаанд, инчунин ташвиқ ва таблиғи фарҳанги экологӣ дар маҳал маълумот дода майли худро оид ба ҳамкорӣ бо Шурои занони АМИТ иброз доштанд.
Иштирокчиёни дарс аз мавқеъ истифода намуда барномаҳои таҳқиқотии худро муаррифӣ намуда, бо коршиносон саволу ҷавобҳо анҷом доданд. Коршиносони ҳифзи муҳити зист ниёзмандиашонро ба омӯзгорон иброз дошта, иштирокчиёнро барои ширкат дар кори Форуми байналмилалии занон оид ба экология, ки дар Душанбе баргузор мешавад бо намоишгоҳи дастовардҳои худ ва хамчун иштирокчӣ даъват карданд. Ин даъват бо шодмонӣ аз ҷониби иштирокчиёни курси "Зан савар" пазируфта шуд.
4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд.
4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди муттасили муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупоро дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд. Таъкид гардид, ки Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобит миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо санади калидӣ гардида, ҳамкории байниминтақавиро танзим менамояд.
Нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Самарқанд ба кори худ оғоз кард.
Нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Самарқанд ба кори худ оғоз кард.
Дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доранд.
Ҳамоиш бо истиқболи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва аксгирии якҷояи роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмӣ оғоз ёфт.
Таъкид гардид, ки Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобит миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо санади калидӣ гардида, ҳамкории байниминтақавиро танзим менамояд.
3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем”.
Антонио Коста аҳамияти ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистонро таъкид намуда, Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик гуфтанд.
Ҷонибҳо оид ба аҳамияти Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки мувофиқасозиаш ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст, табодули афкор намуданд.
Истифодаи захираҳои азими табиӣ, гидроэнергетикӣ, ашёи хоми муҳим, зарфиятҳои кишоварзӣ, иқтидори саноатӣ ва транзитии Тоҷикистон барои рушди тиҷорат бо Иттиҳоди Аврупо судбахш арзёбӣ гардид.
Ҳамкории ду ҷониб дар раванди ислоҳот, рушди соҳаи энергетика, таҷдид ва сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ намунаи шарикии босубот номида шуд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармоя ва технологияҳои аврупоӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳи обии Роғун ва таҷдиди неругоҳи Норак манфиатдор аст.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи пешбурди сиёсати “иқтисоди сабз” бо Иттиҳоди Аврупо ҳамназар аст. Дар ин зимн Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон ва масъалаи тавлид ва содироти “энергияи сабз” муҳокима гардид.
Оид ба рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, тавсеаи барномаҳои бурсиявӣ ва дастгирии минбаъдаи таҳсилоти касбӣ табодули афкор сурат гирифт.
Зарурати идомаи ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардид.
Ҳамчунин оид ба афзоиши офатҳои муҳитизистӣ ва пайомадҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд.
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube