ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОЛОТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК Ба истиқболи 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон натиҷаи кӯшишу талошҳои тулонии халқи тоҷик дар шебу фарози таърихи миллат мебошад. Фикри соҳибистиқлол шудан ва саъйи расидан ба давлатдории миллӣ дар зеҳни миллати тоҷик садсолаҳо нуҳуфта буд.
Истифодаи неруву имкониятҳои умумӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миёни давлатҳо, тақвияти муносибатҳои минтақавӣ дар заминаи Истиқлоли комил ба вуҷуд меояд. Барои амалисозии он, қабл аз ҳама, Ваҳдати миллӣ шарт ва зарур аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати бедории миллат мебошад. Озодӣ, истиқлолият сулҳу субот, ормиву осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ маҳз аз шарофати ваҳдати миллӣ насиби мо гардидааст. Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар кадом шахси соҳибмаърифат аз он иборат мебошад, ки чун гавҳараки чашм Ватанамон — Тоҷикистонро ҳифзу ҳимоят намояд ва онро азизу муқаддас дорад».
Поягузори Истиқлоли миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо сиёсати хирадмандона ва ақлу заковати тоҷикона мардумро ба Ваҳдати куллӣ расонид ва боиси хушнудии мардум шуда, кишварро ба пешравиҳои назаррас ноил гардонид.
Бояд тазаккур дод, ки як нафар метавонад Давлат, Миллат, ҳудуд, низоми сиёсии пойдор бисозад ва мо инро дар мисоли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос, дарк кардаву дида метавонем. Масалан, дар замони муқовиматҳои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин шахсияти таърихӣ тавонистаанд, давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот бидиҳанд. Яъне, гуфтан лозим аст, ки тавонистаанд, як давлат, як миллат, ҳудуд ва низоми сиёсии сартосариро ташаккул диҳанд ва Истиқлоли комилро таъмин намоянд.
Тавре таъкид намудем, воқеан Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани Истиқлол ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, Ватани худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯйи ояндаи дурахшон устуворона қадам гузоранд.
Даврони Истиқлол имкони воқеӣ фароҳам овард, то роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян гардад. Истиқлол рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтариннеъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокорона баҳри расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебоашд, ки меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, дар як вақт, ҳаёти озодонаи сокинон ва бахту саодати ҳақиқии миллатро таҳким бахшид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои Истиқлол кӯшиш намудааст, то дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин барои таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар шароитихуб муҳайё созад. Муҳимтарин дастовардҳое, ки дар даврони Истиқлол ба даст омадаанд, инҳо: давлатдории миллӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, Истиқлоли давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги миллӣ, заминаи воқеии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, сиёсати хориҷии кишвар, рушди маориф ва ғайраҳо маҳсуб меёбанд.
Истиқлоли кишвар барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардонидан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи чор ҳадафи стратегӣ– баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръат вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисобида шуда, муҳайё намудани заминаҳои воқеии рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани иқтисодиёт низ муҳим шуморида мешавад.
Воқеан, Истиқлол равнақ бахшидани арзишҳои миллӣ дар сарзамини бумиву аҷдодӣ ва дорои нишонаҳои хоси давлати хеш будан байни мамолики ҷаҳон аст. Истиқлол армони ҳазорсолаи тоҷик буд, ки баъди ҳазорсолаҳо ҷомаи амал пӯшид ва имрӯз давлати тоҷикон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби обруву эътибор ва нуфӯз аст, ки кулли мамолики дунё онро эътироф намудаву робитаҳои хуби иқтисодиву тиҷоратӣ доранд. Истиқлол ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлати миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги воло мебошад.
Маҷидзода Расул – ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,номзади илмҳои филологӣ
Имрӯз, 9 декабр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи геологияи тоҷик ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ба кори ҳамоиш директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сафарализода Носир ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимони соҳаи геологияро ба ин муносибат табрику таҳният хонда иброз дошт, ки ҳанӯз аз аввалҳои соҳибистиқлолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси соҳаи геология ва омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданок таъкид кардаанд: «Тоҷикистон сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ мебошад. Аммо ин боигарӣ то ҳанӯз кам омӯхта шудааст ва барои истихроҷу коркарди онҳо ба кадрҳои баландихтисоси ҷавону маҳаллӣ ниёз дорад».
Таъкид гардид, ки дар кишвари мо ибтидо аз соли 2011 бо фармони махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми декабр ҳамасола Иди геологҳои тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ва дар ин мавсим низ ҷашн гирифтани Рӯзи геологон беҳуда нест. Зеро, маҳз ин мавсими сол хотимаёбии корҳои саҳроиву экспедитсионӣ барои геологон аст, ки эшон иҷроиши корҳои саҳроӣ, дастовардҳову комёбиҳо ва навгониҳои худро ҷамъбаст менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти фаъолияти пурсамари геологҳо таъкид низ карданд, ки бигзор геологон дар як сол ду рӯз Ид дошта бошанд.
Аз ин иқдому дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон геологони тоҷик илҳому неруи нав гирифта, кӯшишу заҳмат мекашанд, ки дар ошкор ва дарёфти конҳои нав ба нави канданиҳои фоиданок дар сарзамини кишвар пурмаҳсул ва содиқона заҳмат кашанд.
Дар ин самт кормандони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар партави иқдому дастгириҳои Сарвари давлатамон тамоми малакаву дониш ва кӯшишу ғайрати худро ба он равона мекунанд, ки дар пешбурди соҳаи геология ва ғанӣ сохтани иқтисоди кишвар саҳми беандозаи худро гузоранд. Ва ба ин васила, дар соҳибистиқлолии соҳаи геологияи тоҷик ва иқтисоди кишвар саҳмгузор гарданд.
Зикр гардид, ки сарватҳои бойи табиӣ барои рушди иқтисод, саноат, энергетика, сохтмон ва амнияти захиравии кишварҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти бунёдӣ ва амалӣ доранд. Дар ин соҳаи иқтисодиёт, ҳамчун яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлат, вазифаи баланд бардоштани самаранокии коркард ва истифодаи захираҳои канданиҳои фоиданок ба миён гузошта мешавад, ки бе ҳалли он таъмини рушди устувори иқтисодиёт мушкил мегардад. Қисми муҳими сарватҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро базаи ашёи минералии он ташкил медиҳад.
Дар идомаи ҳамоиш сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода таъкид дошт, ки рушди минбаъдаи соҳаи геология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳкими заминаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, истифодаи технологияҳои муосир, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ вобастагии мустақим дорад. Зикр гардид, ки Саридора дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбута барои тақвияти иқтидори илмӣ, таҳияи харитаҳои геологӣ, муайянсозии конҳои дорои аҳамияти стратегӣ ва рушди инфрасохтори соҳавӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Гуфта шуд, ки бо ишора ба афзалиятҳои геологӣ ва захираҳои табиии кишвар таҳқиқоти муосир бояд бо истифода аз воситаҳои инноватсионӣ, таҷҳизоти наслҳои нави геофизикӣ ва стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардад. Қайд шуд, ки робитаҳои ҳамкорӣ бо марказҳои илмии хориҷӣ, ташкили лоиҳаҳои муштарак ва таҷрибаи байналмилалӣ имконият фароҳам меорад, то имкониятҳои геологию минералонии кишвар бо илми муосир ҳамқадам рушд кунад.
Инчунин, дар ҳамоиш Фарҳод Ғафуров – мудири лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар олимони соҳа маъруза намуда, оид ба натиҷаҳои тадқиқоти муосир, равандҳои геодинамикии қаламрав, хусусиятҳои петрогенетикии минтақаҳои алоҳида, хосиятҳои ҷинсҳои магмавию таҳшинӣ, омилҳои сейсмогенӣ ва тағйирёбии ҳолати геологию геофизикии кишварамон маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Дар фарҷом як зумра аз олимони соҳаи геология ба муносибати Рӯзи геологияи тоҷик бо сипосномаҳо ва ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ин қадршиносӣ ҳамчун эътирофи саҳми арзандаи онҳо дар рушди илми геология, иҷрои корҳои муҳими таҳқиқотӣ, таҳияи харитаҳои геологӣ, омӯзиши равандҳои сейсмикӣ ва такмили заминаи илмӣ-таҳқиқотии кишвар арзёбӣ шуд.
Барасии ду масъала дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
5 декабр ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа ду масъала: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Тавилдараи ноҳияи Сангвор ва номгузорӣ намудани он мавриди баррасии аъзои кумита қарор гирифта, аз натиҷаи он ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод гардид.
БОЗДИДИ РАИСИ МАҶЛИСИ БУЗУРГИ МИЛЛИИ ТУРКИЯ АЗ МАМНУЪГОҲИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҲИСОР
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия, профессор, доктор Нуман Куртулмуш, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, шоми 1 декабри соли равон ба шаҳри Ҳисор ташриф овард.
Меҳмононро дар Регистони Қалъаи Ҳисор раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфтанд.
Ҳамчунин, дар остонаи даромадгоҳи қалъа сокинони шаҳр меҳмонони олиқадрро тибқи таомули аҷдодӣ бо нону намак ва таҳти садои сурнаю карнай, хуш истиқбол гирифта, масъулони Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор онҳоро бо Арк, Қасри Ҳоким, Аскархона, растаи дӯконҳои ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи таърихии Мамнуъгоҳ ва таърихи гузаштаву имрӯзаи Ҳисори бостон шинос намуданд.
Имрӯз, 1 декабр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо роҳбари Барномаи минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ Андре Алгермиссен ва бо ҳамоҳангсози лоиҳаҳо оид ба Осиёи Марказӣ Ашраф Алиқулов мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи раванди таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар доираи Барномаи минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуда, зарурати таҳияи механизмҳои муассири ҳамоҳангсозӣ миёни муассисаҳои илмии кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалиро таъкид намуданд. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои илмӣ ва истифодаи қобилият ва донишҳои зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори минтақавӣ мебошад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид намуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст дар самтҳои афзалиятноки илмӣ — аз ҷумла илмҳои табиӣ, энергетика, экология, технологияҳои иттилоотӣ ва омӯзиши тағйирёбии иқлим — ҳамкориҳои худро тақвият бахшад. Қайд гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба баланд бардоштани иқтидори илмӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва рушди инфрасохтори илмии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи мулоқот Андре Алгермиссен роҳбари барномаи минтақавӣ, аз ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки Барномаи минтақавӣ омода аст дар доираи салоҳиятҳои худ аз ташаббусҳои нави илмӣ-инноватсионӣ, ташкили барномаҳои омӯзишӣ, рушди иқтидори кадрӣ ва вусъати шабакаҳои илмии минтақавӣ дастгирии ҳамаҷониба намояд. Зикр гардид, ки робитаҳои пурсамари илмӣ метавонад ба таҳкими суботу амнияти минтақа ва такмили механизмҳои идоракунии захираҳои табиӣ таъсири мусбат расонад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳамияти рушди дипломатияи илмиро таъкид намуда, омодагии худро барои таҳияи нақшаҳои мушаххаси ҳамкорӣ, баргузории конфронсҳо ва семинарҳои муштарак, ва густариши робитаҳо бо созмонҳои байналмилалӣ изҳор карданд.
Санаи 28 ноябри соли равон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди Ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон” ва ташкилоти байналмилаии НАБУ-и Олмон озмуни “Парандаи сол - 2026” баргузор гардид, ки дар он олимон ва коршиносон аз муассисаҳои илмии АМИТ ва дигар муассисаҳои марбутаи кишвар, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ташкилоҳои ҷамъиятӣ ва дӯстдорони табиат ширкат варзиданд.
Кори озмунро бо сухани ифтитоҳӣ ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Мирзораҳимзода А.К. оғоз бахшида, иброз намуд, ки озмуни «Парандаи сол» танҳо интихоби рамзи навбатӣ нест. Ин барномаи муҳими маърифатӣ ва ҳифзи табиат мебошад, ки олимон, хонандагон ва ҳамаи нафарони табиатдӯстро дар атрофи ғояи ҳифзи муҳити зист муттаҳид месозад. Ба шарофати ин озмун бисёриҳо дар бораи парандаҳо бештар медонанд ва ба табиат бо таваҷҷуҳи зиёд муносибат мекунанд.
Рӯнамои намудҳои парандагоне, ки барои интихоби - «Парандаи сол - 2026» пешниҳод карда шуданд, аз ҷониби ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ - Талбонов Х.М. манзур карда шуд.
Узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Саидов А.С. оид ба баргузории озмун дар солҳои қаблӣ ва парандагони интихобшуда ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки интихоби парандаи сол, одатан, тасодуфӣ нест: паррандаи сол метавонад ё намуди нодиру ниёзманд ба ҳифз бошад, ё баръакс - намуди маъмулӣ, вале барои табиат муҳим ва ба ҳама шинос. Дар Тоҷикистон дар тӯли солҳо парандагони гуногун, аз қабили мурғи ҳумо, ғози кӯҳӣ, кабки дарӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, товусаки биҳиштӣ, мурғи ҳилолӣ тибетӣ, ҳудҳуд, шоҳин, фароштуруки деҳотӣ, шоҳуқоб, заргулдор, саъба, фохтак ва дуғдоғи зебо «парандаи сол» интихоб шудаанд.
Гузаронидани озмун ба мардум кӯмак мекунад, ки муносибати эҳтиромонаро нисбат ба табиат пайдо кунанд, зебоӣ ва арзиши ҳатто намудҳои маъмултарини парандаҳоро эҳсос намоянд ва нақши онҳоро дар экосистема дарк кунанд.
Дар муҳокимарониҳо академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон - Комилзода Д., рӯзноманигори варзида - Маҷид Салим, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ – Саидов К.Х. ва директори ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди Ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон” - Раҳимов Н. баромад намуда оид ба намудҳои барои парандаи сол пешниҳодшуда ибрози андеша намуданд
.
Сипас озмуни «Парандаи сол - 2026» тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, натиҷаи озмун аз ҷониби Комиссияи баҳисобгирӣ ироа гардида, дар натиҷа аз 10 номинатсияи парандагони пешниҳодшуда бо овозҳои бештар кабки биёбонӣ (ё чил, кабки зирак) ҳамчун парандаи соли 2026 интихоб гардид.
КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ «МАТЕМАТИКА ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР» БАХШИДА БА 85-СОЛАГИИ ПРОФЕССОР СОБИРОВ ТЕМУР САФАРОВИЧ
Имрӯз, 28 ноябр дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии «Математика дар ҷаҳони муосир» бо иштироки зиёда аз 100 олими муҳаққиқ аз Тоҷикистон, Россия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Конфронси мазкур ба 85-солагии донишманди барҷаста, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Собиров Темур Сафарович бахшида шуд.
Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Амонзода Илҳом Темур, ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони ҳамоишро аз номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, хайрамақдам гуфт. Таъкид гардид, ки баргузор гардидани чунин чорабиниҳои илмӣ қадами муҳим дар тақвияти фазои илмию тадқиқотӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд.
Дар идома саҳми профессор Темур Собировро дар ташаккули мактаби математикӣ ва рушди илмҳои дақиқ махсус таъкид карданд. Зикр гардид, ки фаъолияти илмӣ, корҳои тадқиқотии арзишманд, дастгирии ҷавонони истеъдодманд ва саҳми ӯ дар муаррифии математикаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи созандаи ин донишманди барҷастаро боз ҳам устувор гардонидааст.
Сипас, директори Институти математика, Рахимзода А. О., дар суханронии худ аҳамияти илмӣ ва байналмилалии ҳамоишро баланд арзёбӣ намуда, зикр кард, ки баргузории чунин конфронсҳо барои густариши робитаҳои илмӣ, табодули таҷрибаи арзанда ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилаи илмии миёни кишварҳои дӯсту ҳамкор аҳамияти хоса доранд. Таъкид гардид, ки конфронс на танҳо минбари муҳими муаррифии дастовардҳои нави илмии олимон мебошад, балки барои шиносоии мутахассисон бо равандҳои муосири рушди математика дар сатҳи ҷаҳонӣ, муҳокимаи масъалаҳои мубрами назариявию амалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо заминаи арзишманд фароҳам меорад.
Дар қисмати асосии конфронс 11 маърӯзаи илмӣ пешниҳод гардид, ки ҳар яке ба масъалаҳои муҳими назариявӣ ва амалии математика бахшида шуда буд. Маърӯзаҳои пешниҳодшуда самтҳои гуногуни илми муосири математикаро дар бар гирифта, ба ширкаткунандагон имкони ошноӣ бо равандҳои нави рушди илм, натиҷаҳои пажӯҳишҳои охирин ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои мураккаби илмиро фароҳам оварданд.
Дар анҷоми рӯзи аввал меҳмонон ва намояндагони муассисаҳои илмии хориҷӣ аз сатҳи баланди ташкили ҳамоиш изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми назарраси Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар рушди илмҳои дақиқ баланд арзёбӣ карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки баргузории чунин конфронсҳои байналмилалӣ барои муаррифии дастовардҳои илмии муҳаққиқони тоҷик, тавсеаи ҳамкориҳои муштараки илмӣ ва таҳкими робитаҳои судманд миёни олимони кишварҳои гуногун аҳамияти хоса дорад.
Бояд гуфт, ки конфронси мазкур дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таҳкими пояҳои илмӣ-технологӣ, густариши тадқиқоти муосир, такмили сифати таълим ва боло бурдани сатҳи омодагии кадрҳои илмӣ-педагогӣ роҳандозӣ шудааст, баргузор гардид.
Ин иқдоми муҳим имконият фароҳам меорад, то олимон, омӯзгорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳа дастовардҳои илмӣ, таҷрибаҳои таълимӣ, равишҳои инноватсионӣ ва мушкилоти мавҷударо баррасӣ намуда, роҳҳои нави рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро дар муҳити илму маорифи кишвар муайян созанд.
ҲАМОИШИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ “ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ҚАРИНАИ ТАЪРИХНИГОРИИ МУОСИР: ДАВРАИ ҚАДИМ, АСРҲОИ МИЁНА ВА НАВ”
28 ноябри соли 2025 дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба 55- умин солгарди фаъолияти илмию пажуҳишии сарходими илмии шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш доктори илмҳои таърих, профессор Абдуқаҳҳор Саидов таҳти унвони “Таърихи халқи тоҷик дар қаринаи таърихнигории муосир: давраи қадим, асрҳои миёна ва нав” бахшида шуд.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.ф., профессор Муҳаммаддовуд Саломиён дар сухани ифтитоҳии хеш қайд намуд, ки фаъолияти илмии доктори илмҳои таърих, профессор Абдуқаҳҳор Саидов яке аз саҳифаҳои равшан ва пурбори таърихнигории тоҷик мебошад. Саҳми устод дар омӯзиш ва таҳқиқи таърихнигории таърихи халқи тоҷик ва пешрафти илми таърихнигории миллӣ хеле назаррас буда, китобу мақолаҳои илмиашон дар дохил ва берун аз кишвар мавриди эътирофи мутахассисон ва дӯстдорони таърих гардидаанд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки устод Саидов Абдуқаҳҳор муаллиф ва ҳаммуаллифи 26 рисолаи илмӣ, китоби дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ буда, зиёда аз 150 мақолаи илмии ӯ дар дохил ва хориҷи кишвар дар маҷмуаву маҷаллаҳои илмӣ чоп шудаанд. Аз ҷумла, яке аз мақолаҳои калони илмии ӯ доир ба таърихи Фарѓона соли 2011 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо забони англисӣ нашр гардидааст. Дар бисёр симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Хитой, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва мамолики дигар баргузор гардидаанд, ширкат варзида, суханронӣ намудаааст. Бобҳои чаҳорум ва панҷуми ҷилди сеюми «Таърихи халқи тоҷик» (Душанбе, 2013) ва боби дуюми ҷилди чоруми «Таърихи халқи тоҷик» (Душанбе, 2010) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Дар кори ин ҳамоиши илмию назариявӣ донишмандони собиқадор ва пажуҳишгарони ҷавон дар мавзуҳои гуногун суханронӣ намуданд.
БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ ГАРМХОНАИ ПАРВАРИШИ ЛИМОН ВА ДИГАР МЕВАҲОИ СУБТРОПИКӢ ДАР ЗАМИНҲОИ ТАҶРИБАВИИ ИНСТИТУТИ БОТАНИКАИ АМИТ
Имрӯз, 25 ноябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз гармхонаи парвариши лимон ва дигар меваҳои субтропикӣ дар заминҳои таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар қитъаи заминҳои таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дарназардошти бунёди боғи коллексионии растаниҳои субтропикӣ, бунёди боғи модарӣ ва дар оянда зиёд намудани ниҳолҳои навъҳои мандарин, афлесун, ба ниҳолҳои бо тарзи қаламча парваришёфтаи лимӯи Мейер, пандероза, грепфрут, лайм, авакадо, манго, фейхоа, чайота (бодиринги мексикоӣ), маракуя, мамордика, папая (дарахти харбуза) ва зайтун таҷрибаҳои омӯзишӣ гузошта шуданд ва бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии зироатҳои мазкур ва ба истеҳсолот пешниҳод намудани тавсияҳои асосҳои илмӣ дошта омӯзиши онҳо ба роҳ монда шудааст.
Таъкид гардид, ки дар минтақаи таҷрибавӣ бо мақсади омӯзиши маҳсулнокии дарахтони себи қадкӯтоҳ дар боғҳои интенсивӣ, ниҳолҳои себҳои дар тагпайвандҳои қадкӯтоҳ пайвандшуда, дар китъаи таҷрибавии институт шинонида шуданд ва мушоҳидаҳои фенологӣ ва таҳиқотҳои илмӣ гузаронида шуда истодаанд. Дар қитъаи таҷрибавӣ барои дар оянда ба роҳ мондани парвариши меваи кивӣ дар шароити Тоҷикистон, навъҳои гуногуни растании кивӣ шинонида шуд, ки парвариш ва усулҳои афзоиши он омӯхта шуда истоданд
Зимни боздид гуфта шуд, ки рустаниҳои ситрусӣ гурӯҳи калони дарахтони мевадори ҳамешасабзро ташкил дода, ба ҷинси ситрус (Citrus) мансубанд, ки мутааллиқ ба зероилаи норинҷиҳо (Aurantioideae) ва оилаи судобиҳо (Rutaceae) мебошанд. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рустаниҳои ситрусиро дар хандақҳо ва лимухонаҳо аз солҳои сиюми асри 20 мепарваранд. Барои ин хоса шароити иқлими вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Ҳисор, водии Кофарниҳони Поён, водии дарёи Панҷ, водии дарёҳои Сурхоб, Яхсу, водиҳои Данғараю Ёвон ва навоҳии тобеи марказ мувофиқ аст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки чайот-бодириги мексикоӣ (Sechium edule L.) растании бисёрсола буда, дорои танаи хазанда мебошад. Меваи чайот аз замонҳои қадим хӯроки ҳиндуёни Амрико мансуб мешуд. Чайотро бори аввал ба Тоҷикистон соли кормандони илмии Институти ботаника, физиология генетикаи растании АМИТ аз кишвари Краснодари Русия оварда, мавриди тадқиқот қарор дода буданд. Ҳамчунин тарзи афзоиши чайот, агротехникаи парвариш ва сифати ҳосили ба аст оварда ҳамаҷониба таҳқиқ карда шудаистодаст. Таркиби меваи чайот аз равған, протеин қанд, оҳар, каротин, моддаҳои минералӣ, калий, магний, оҳан, фосфор, витаминҳо С, В1, В2, РР ва инчунин протеин 19-аминокислотаҳо ки 8-и онҳо ивазнашаванда мавҷуд мебошад.
Гуфта шуд, ки маракуйя-marakuya меваи тропикӣ буда, ба гурӯҳи растаниҳои хазанда (печанда) масуб аст. Гули рангини зебои диққатҷалбкунанда мебошад. Мевааш дорӯзрӯя буда, то 8-10см андоза дорад. Меваи маракуйя аз шакли берунааш онқадар диққатҷалбкунанда набошад ҳам, дохили мевааш зарди базеб ва хуштаъм аст. Маракуйя бо сабаби таркиби бойи биохимиявӣ доштанаш, аҳамияти ғизоӣ ва шифоии хуб дорад. Меваи маракуйя аз 25-40 фоиз шарбат дорад. Дар таркиби шарбати меваи маракуйя правитамини А, витаминҳои С, В2, В3, В6, В9, микроэлементҳои К, Fe, Mg, P, ва 73% об, 22% ангиштоб, 2% сафеда, 0,7% ҷарбҳо дида мешаванд.
Инчунин, момордика (мomordica)- растании тропикӣ буда, ба гурӯҳи растаниҳои хазанда, яъне печанда сабзанда мансуб аст. Парвариши момордика дар қитъаи таҷрибавии Институти ботаника, физиологи ва гентикаи растании АМИТ омӯзиши нахустин дар шароити Тоҷикистон мебошад. Дар як сол то 2,5-3м қад мекашад ва худи ҳамон сол ҳосил медиҳад. Мевааш то 10-15 см месабзад. Момордика аз сабаби таркиби биохимиявии бой доштанаш, амияти ғизоӣ ва шифоии хуб дорад. Барои табобати бемориҳои гепертонӣ, геморрой, захми меъда, диабет, лейкомия, паст намудани холестерини хун, баланд брдоштани иммунитет, кам кардани ваз ва ғайра истифода мегардад.
