Дар замони муосир кам нестанд олимоне, ки зимни баёни андеша каломи мавзунро истифода мебаранд. Дар гузашта ва имрӯз буданду ҳастанд афроде, ки маҳсули тафаккури онҳо назму насрро фаро гирифтаанд. Гурӯҳе маҳорати хешро дар назм бештар истифода карда, дар таблиғу таҳқиқи масоили иҷтимоӣ тавассути ашъор нақш гузоштаанд. Яке аз зумраи онҳо доктори илмҳои ҳуқуқ Дониёр Сангинов аст, ки аксар тамоюлоти фикриро тавассути шеър матраҳ менамояд. Номбурда бо тахаллуси “Дониёр” шеър гуфта, дар мавзуи ҳуқуқу қонун ва масоили сулҳу ваҳдату осоиш беш аз пеш иктифо намудааст. Ба қавли муҳаққиқ Равшани Ҳамроҳ, ки ба китоби ашъори номбурда таҳти унвони “Фахр дорам, тоҷикам” пешгуфтор навиштааст, шеърҳои Дониёр Сангинов тахайюли бадеиро кам мавриди баррасӣ қарор дода, ғолибан, андешаро барои хонанда ба таври равшан пешниҳод менамояд. Ин шакли услуб ва вижагиҳои илҳомию эстетикии муаллиф имкон фароҳам меорад, ки хонанда ҳадафи шоирро бидуни шарҳу тафсир дарк кунад: “Ағлаби шеъри Дониёр, асосан, аз воқеияти зиндагии имрӯзаи мо сарчашма мегирад. Вуқуъбаёниҳо назми ӯро аз тахайюл дуртар мебарад. Тобишҳои иҷтимоии назмаш дар китоби мавриди назари мо рӯшану чашмгиранд”.
Ба қавли шоир, ҷонфидоиҳои тоҷик оқибат раванди тоҷикистонсозиро тавлид намуда, ормони миллӣ бинобар татбиқи сиёсати сулҳ боис гардид, ки худогоҳии миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз хурофотзадагии динӣ бартарӣ ёбад. Мавсуф дар ин бобат чун ҳамаи ҳамватанон нақши Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олиро дар санаи 1992 ба унвони “санаи тақдирсоз” изҳор менамояд. Тибқи фикррониҳо, дар он замон бародар алайҳи бародар ҷангида, шаҳрвандони кишвар ба душмани ҷони якдигар мубаддал гардида буданд. Маҳз дар он овон ва дар якчунин авзоъ, ки масъалаи ҳастию нестии миллату давлатро падид оварда буд, раҳбари хирадманде ба майдони фаъолият омад:
Амри Ҳақ ин буд, ки омад як хирадманд он замон,
Ҳомии миллат ато шуд аз Худои меҳрубон.
Як ҷавонмаде, ки будаш сол чил, шуд роҳбар,
Сина бинмудӣ сипар бар ханҷару тиру камон.
Ҳокимият рӯ ба фақр оварда будӣ бегумон,
Душмани ҷони бародар буд бародар он замон.
Ҳамин омилҳо шоирро водор кардааст, ки бобати нақши калидӣ доштани Пешвои миллат дар умури давлатсозии миллӣ иктифо карда, маҳорати раҳбарию солории Сарвари давлатро ҷиҳати пойдории сулҳу рафоқат ва тантанаи осудаҳолӣ бар ҷанги хонумонсӯз таъкид кунад. Аз ҳамин хотир, ҳама гуна муваффақиятҳо дар чаҳорчӯби рушду тараққии сарзамин хушҳолӣ аст, ки онро барои шаҳрвандони кишвар Сарвари давлатамон тақдим намудаанд. Бинобар ин, омили ифтихору ҷоннисории мо бидуни дудилагӣ фаъолияти Пешвои миллат маҳсуб мешавад, ки сарзамини тоҷиконро аз буҳрони сиёсӣ ба давлати тараққикарда оварда, ҳама гуна хатарҳоро ҷиҳати ноором кардани авзоъ ва аҳволи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф менамоянд:
Рушду ободии кишвар баҳри миллат шодӣ аст,
Як ҷаҳон раҳмат бигӯем бар Шумо, эй Пешво!
Хидмати халқу Ватанро аз дилу ҷон мекунем,
Чун фидокоре Шумо бошад бари мо раҳнамо!
Илова бар ин, Дониёр Сангинов зимни баррасии масъалаҳои илмӣ ва аҳволи олимон аз таъсири амиқи Сарвари давлат ба уламои кишвар ёдоварӣ карда, оқибат ба хулосае меояд, ки суханпардозиҳои ғайри қобили қабул ҳеҷ гуна иртиботе бо илм надоранд. Бинобар ин, мавсуф ҳар гуна баҳогузориҳои ғайриилмиро дар ғайбати фард маҳкум мекунад:
Вой бар он соҳибунвоне, ки ғайбатгар шавад,
Як нафас дур аз китобу хомаву дафтар шавад.
Шоир дар каломи хеш аз ҳаргуна муваффақиятҳо хушнуд гардида, изҳори сипос менамояд, ки дар кишвари биҳиштосои мову шумо қабл аз ҳама, сулҳу осоиш ва рушду тараққии дилхоҳ соҳа ба мушоҳида мерасад. Мавсуф чун ҳар фарди ватандӯст аз шукуфоии давлат руҳбаланд гардида, хештанро дар муҳити солим дармеёбад ва ифтихор аз он менамояд, ки тоҷик асту дар кишваре иқомат мекунад, ки чун Эмомалӣ Раҳмон Пешво дорад. Дар воқеъ, инчунин илҳому ин гуна руҳбаландӣ дар натиҷаи муҳаққиқӣ ва худогоҳии инфиродӣ ба даст омада, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки инсон қаблан аз худ ва муҳити хонаводагӣ, сонӣ бо дарназардошти ҳидоятҳою дастурҳои Сарвари давлат роҳи хешро муайян намуда, ҳадафи олиро дар хидматгузории миллат таъин кардааст. Агар дар ин замина ба ашъори Дониёр Сангинов мутаваҷҷеҳ шавем, пас дер ё зуд натиҷагирӣ хоҳем кард, ки фахри шоир бо тоҷик будани худ дар заминаи ҳарфе аз суханрониҳои Пешвои миллат падид омадааст, ки гуфта буданд: “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”. Акнун ба шеърҳои шоир рӯ меорем, ки омили ифтихор ба мансубаи миллиро чӣ гуна ба қалам овардааст. Лозим ба ёдоварист, ки ифтихор бо мансубаи миллии худ дар асри ҳозир муқаддамтар аз дигар мансубаҳост ва дилхоҳ инсони муосир кӯшиш мекунад тавассути миллати мансуббуда муаррифӣ шавад. Аз ҳамин хотир, ифтихор доштан ба миллати худ зинаи аввалини ҳисси ҳувиятшиносии афрод баррасӣ мешавад. Акнун ба изҳороти шоир мегузарем, ки ифтихор ба миллатро дар кадом поя шарҳ додааст. Мавсуф чунин фахрро дар иттиҳоди миллат ва дар атрофи Сарвари давлат муттаҳидгардии шаҳрвандонро чун ифтихори миллӣ баррасӣ менамояд:
Тоҷике аз будани худ гар намояд ифтихор,
Чарх бояд гирд гардад, зери ҳар фармони ӯ.
Сарсупориҳои тоҷик, тоҷикистонсозӣ шуд,
Моҳу Хуршеди фалак насб аст дар айвони ӯ.
Дигар масъалае, ки шоир ба он дилбохтагии мушаххасе зоҳир намудааст, васфи Модар маҳсуб мешавад. Ба қавли мавсуф, модар ягона вуҷуде аст, ки меҳрро миёни башар тақдим медорад. Бинобар ин, модар дар тасвири шоир ягона мавҷуди табиат аст, ки фақат аз дидгоҳи мусбат матраҳ ёфта, ҳамаи хислатҳои наҷибона дар ҳастии ӯ баррасӣ мешавад. Шоир дар шеъре, ки ба модари хеш эҳдо намудааст, ҳеҷ кирдоре ва ҳеҷ нуқсе дар ҳастии модар намебинад ва пайваста гӯшзад мекунад, ки модар бинобар ҳаст намудани афрод набояд бемор бошад ва ё ин ки ба бистари беморӣ гирифтор гардад:
Ман шавам бемор агар бемор гардад модарам,
То шифои комилам маҳзун аз бори ман аст.
Ӯ надорад кинае аз нуқсу аз кирдори ман,
Шири модар ҳодие бар нек кирдори ман аст.
Шоир меҳри модарро нотакрор медонад ва бо гумони ғолиб хешро барои он дар ду ҷаҳон қурбон менамояд. Ба қавли номбурда, лаҳзаи бемодарӣ айёми раҳгумию саргардонӣ аст. Бинобар ин, шоир бо эътиқоди шадиде дар тасвири модар сахткӯш буда, мутмаин аст, ки пас аз Худо, модар асоситарин муттакои ӯ хоҳад буд:
Дар ҷаҳон баъди Худо бошӣ бароям муттако,
Бахту тахту зиндагиям аз дуоят, очаҷон.
Нақшу меҳри модар аксар шоиронро водор сохтааст ҷиҳати образофарии ӯ дар ҳамин меъёр иктифо кунанд, ки дорои хислатҳои хос буда, дар ҳаёти фарзандаш вазифаи муҳимро иҷро мекунад. Нақши модарро аҳли қалам вобаста ба фарҳанг, меъёрҳои иҷтимоӣ ва афзалиятҳои инфиродӣ фарқ мекунанд. Аз вижагиҳои хос ба модар мафҳумҳое маҳсуб мешаванд, ки дар дилхоҳ ҷомеа бобати тавсифи онҳо иктифо намудаанд. Дар замони шуравӣ ин мафҳумро бо “Ватан” ҳамроҳ намуданд. Айни замон мо чун мутолеакунанда меҳрро фақат дар кирдори модар ҷустуҷӯ мекунем, зеро меҳри модар поку беолоиш асту ғаразу буғзу кина дар он ба мушоҳида намерасад. Масалан, дар шеъри “Нидои модари кушташуда” шоир аз нидое ҳарф мезанад, ки хосси афроди ватанпарвар мебошад. Модар, ки фарзанди нолоиқро дар руҳияи меҳандӯстӣ тарбия карда, ба камол расонидааст, дар ҳеҷ сурат хиёнати ба Ватан кардаашро намебахшад:
Орзуҳо монд дар дил, вой аз фарзанди бад,
Гашт хоин миллатамро, сӯхт ҳам виҷдони худ.
Назари Дониёр Сангинов ба ҳайси шоир бобати инсоншиносӣ ва тасвири вазъи иҷтимоӣ ҳамоно пайгирӣ аз вижагиҳои хосси фарҳанги миллӣ аст, ки тоҷикон дар гузашта ва имрӯз онро замзама карда ва мекунанд. Бояд иқрор кард, ки айбҷӯйӣ аз нигоҳи шоир хӯйю хислати шайтонӣ аст ва инсон, хоссатан, зиёӣ муҳтоҷро боз ҳам муҳтоҷтар дидан нест. Бинобар ин, агар дар ғайбати дигарон сахткӯш бошем, ин иқдом моро ба бало наздик хоҳад кард. Чунки аз ҳама осонтарин иқдоми башарӣ низ гуфтани ҷурми дигарон мебошад:
Айби худ бингар, куҷо бар айби кас созӣ назар?
Нуқси кас ҷустан ҳамоно хислати шайтон бувад.
Он ки муҳтоҷ аст, эй дил, пеши по асло мазан,
Дасти ёрӣ кун дароз, к-аз фитрати инсон бувад.
Дар тасвирҳои камназири Дониёр Сангинов мо тоҷикро бохабар аз илму дониш ва ихтирооти башарӣ эҳсос мекунем. Номбурда ҳамватани худро чун нависанда Мароғаӣ (номи асараш “Саёҳатномаи Иброҳимбек ва балои таассуби ӯ) тавсиф мекунад, таассуби ӯро ҷиҳати ҳифзи якпорчагии ин сарзамин нишон медиҳад ва иқрор аст, ки теғи Синову лафзи Мавлавӣ дар натиҷаи нақши Сомонӣ падид омадаанд:
Сохтанд аз пайкари тоҷик садҳо пайкара,
То ки тоҷикро кунанд, хилватпарасти сад итоб.
Дар тафаккури шоир, тоҷик то ҷаҳон боқист, илму фанро силоҳ сохта, дар арсаи ҷаҳонӣ бо китобдорӣ машҳур гардидааст, дар ҳоле ки дигарон алайҳи якдигар бо тиру туфанг посух мегӯянд. Ба қавли номбурда, шеъри Бедил ниқобро аз чеҳраи олам баркашид ва нагзошт, ки инсон ҷаҳонро тавассути ниқоб маърифат кунад. Инчунин ақидаҳои фалсафию психологӣ низ дар фикронии Дониёр Сангинов мушоҳида мешаванд, ки завқу илҳоми ботинии ӯро исбот менамояд.
Ширин ҚУРБОНОВА, - сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих