Skip to main content

Имрӯз, 7 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмии «Хуттали қадим дар континуитети таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ташаккули ҳувияти миллии халқи тоҷик» баргузор гардид. Дар конфронс маҷмуаи илмии «Хуттали Қадим дар континуитети таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ташаккули ҳувияти миллии халқи тоҷик» рӯнамоӣ гардид.

Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки таъриху тамаддуни Хуттали Қадим ҳамчун бахши муҳими мероси фарҳангиву маънавии миллати тоҷик дар ташаккули ҳувияти миллӣ, густариши равобити фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии таърихии ҷомеа нақши муассир дорад.

Қайд гардид, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи осори таърихиву фарҳангии ин минтақа барои муаррифии саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ аҳаммияти вижа касб менамояд.

Зикр карда шуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба ҳифз, таҳқиқ ва муаррифии мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати фарҳангии давлат қарор гирифта, барои рушди илми таърихшиносӣ ва бостоншиносӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Таъкид гардид, ки маҷмуа аз муқаддима ва 7 қисми асосӣ иборат буда, як таҳқиқи фарогир ва муназзами илмӣ дар омӯзиши таърих, фарҳанг ва тамаддуни Хуттал ба ҳисоб меравад. Он бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ва дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба табъ расидааст. Мураттиб ва муҳаррири масъули маҷмуа номзади илмҳои таърих Шарифзода Абдувалӣ мебошад.

Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои бостоншиносӣ, антропология, давлатдорӣ, равандҳои сиёсию иқтисодӣ, забон ва катибашиносӣ, фарҳанги моддӣ ва маънавӣ, топонимӣ, санъат ва анъанаҳои мусиқӣ, инчунин сиккашиносӣ ва муомилоти пулӣ инъикос ёфтаанд.

Навгонии асосии маҷмуа аз он иборат аст, ки бори нахуст дар таърихнигории Тоҷикистон, Хуттал дар заминаи мафҳуми континуитет ҳамчун як раванди давомдори таърихӣ ва тамаддунӣ таҳлил шудааст. Ин равиши методологӣ имкон медиҳад, ки равандҳои антропологӣ, институтсионалӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар як низоми ягона ва бо мантиқи дохилии худ фаҳмида шавад.

Сохтори маҷмуа бо такя ба принсипи пайдарҳамии таърихӣ ва ҳамоҳангии мавзӯӣ тарҳрезӣ гардида, мақолаҳо дар асоси мантиқи илмӣ ва тартиби солшуморӣ ҷобаҷо карда шудаанд, ки ин ба дарки таърих ҳамчун раванди муттасил мусоидат менамояд.

Дар умум, натиҷаҳои таҳқиқоти пешниҳодшуда нишон медиҳанд, ки Хуттал ҳамчун яке аз ҳавзаҳои муҳимми таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ дар ташаккули равандҳои тамаддунӣ ва ҳувияти миллии халқи тоҷик нақши барҷаста дорад.

Қобили зикр, ки дар таҳияи маҷмуа, дар қатори олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамчунин устодон ва муҳаққиқони як қатор муассисаҳои бонуфузи илмӣ ва таълимии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии молияву иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайнери Тоҷикистон, инчунин Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи А. Рӯдакӣ (шаҳри Панҷакент), ҳамчунин намояндагони муассисаҳои илмии Федератсияи Россия ва ҶИА иштирок намудаанд.

Дар идомаи конфронс академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор ва дигар олимону муҳаққиқон дар маърӯзаҳои хеш доир ба таърихи ташаккул ва рушди Хуттали Қадим, ҷойгоҳи он дар континуитети таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ, нақши мероси таърихиву фарҳангӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба омӯзиш, ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои бостонии минтақа ибрози назар намуданд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки таҳқиқи ҳамаҷонибаи таъриху тамаддуни Хутталон барои эҳёи хотираи таърихӣ, рушди худшиносии миллӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.