Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар таърихи 22 майи соли 2026 Конфронси ҷумҳуриявии илмии «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия, иқтисоди рақамӣ ва давлатдории миллӣ» баргузор мегардад.
Дар конфронси мазкур аспирантон ва олимону мутахассисони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимон аз марказҳои илми кишвар низ иштирок менамоянд.
Мавзуъҳои асосии кори конфронс:
1. Илмҳои химия, физикаю математика, геология ва техникӣ;
2. Илмҳои биология ва тиб;
3. Илмҳои кишоварзӣ;
4. Илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ.
5. Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия Дар конфронс дастовардҳои муосири олимони ҷавон дар самти рушди илм ва технологияҳои инноватсионӣ баррасӣ шуда, маърӯзаҳо (презентатсияҳо) дар ҷаласаҳои пленарӣ ва бахшҳо пешниҳод карда мешаванд.
ЗАБОНИ КОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. ТАЛАБОТ БАРОИ МАВОДҲО:
1. Фишурда дар ҳаҷми на зиёда аз 3-4 саҳифа дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешаванд.
2. Матни мақолаҳо дар шакли таҳриргари Word, бо ҳуруфи «Times New Roman», «Times New Roman Tj 12, фосилаи сатр - 1,0, рост - 1,0 см, дигар - 2,0 см анҷом дода мешавад.
3. Сарлавҳаи фишурдаи маърузаҳо – БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар мобайни саҳифа. Дар поён бо як фосила - насаб ва ҳарфҳои аввали номи муаллиф (ҳо); зери онҳо номи ташкилот, шаҳр, кишвар, суроғаи почтаи электронӣ.
4. Масъулият барои таҳрири илмӣ ва эътимоднокии мавод ба зиммаи муаллиф гузошта мешавад.
5. Ҳайати таҳририя, ки аз ҷониби кумитаи тадорукоти конфронс таъин гардидааст, ҳуқуқ дорад дастнависҳоеро, ки ба самти кори конфронс мувофиқат намекунанд, бинобар сабаби номуаяйнии аниқии ифодаҳо ва ё возеҳ набудани маводи илмӣ, ҷой доштани шумораи зиёди хатогиҳои услубӣ ва грамматикӣ рад намояд.
Маводи конфронс ҳамчун маҷмуаи мақолаҳои илмӣ бо индекси байналмилалии ISSN, UDC, LBC нашр карда мешавад. Мӯҳлати қабули маводҳо барои иштирок дар конфронс – 10 МАЙИ соли 2026 Дар давоми 2 ҳафта аз рӯзи баргузории конфронс маҷмуа дар вебсайти Академияи илмҳои Тоҷикистон: www.amit.tj ҷойгир карда мешавад.
Шахсоне, ки хоҳиши иштироки рӯзона ё ғоибонаро дар конфронс доранд, бояд то 10 майи соли 2026 ба суроғаи почтаи электронӣ: rakesh-23@mail.ru мақолаҳоро ирсол намоянд:– фишурдаи маърузаҳо (на бештар аз 8 саҳифа);– варақаи бақайдгирии иштирокчиён дар шакли электронӣ;
Дар шакли электронӣ ҳар як маводи ирсолшуда бояд дар файли алоҳида бошад. Дар файл ном ва насаби муаллиф нишон дода шавад. Варақаи бақайдгирии иштирокчиён, аз ҷумла ҳамаи ҳаммуаллифон ҷой дода шуда, дар файли алоҳида замима карда шавад.
Макони баргузории конфронс: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Раёсати АМИТ.
Маълумот барои тамос: Дар ш. Душанбе: Телефон барои маълумот: (+992) 927040908(992 37) 221-04-77Нишони электронӣ: rakesh-23@mail.ru
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфтанд.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, бо роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото мулоқот намуданд.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, бо роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото мулоқот намуданд.
Имрӯз, 1 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ҳамовозӣ ба робитаи дӯстии кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар роҳбарони муассисаҳои илмӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш зикр дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобитҳои дӯстонаи худро бо ҳамсоякишварҳо хуб ба роҳ мондааст. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон иброз медоранд: “Мо итминони комил дорем, ки густариши ҳамкории созанда бо якдигар дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, амниятиву экологӣ ва муқовимат ба таҳдиду хатарҳои глобалии муосир буда, ба манфиатҳои ҳаётии ҳамаи минтақа ва ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ комилан созгор аст”.
Таъкид гардид, ки кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон равобитҳои муштарак ва фарҳанги бисёр ҳам наздик доранд. Маҳз ин равобиту муносибатҳои дустона дар заминаи сиёсати бобарор ва сулҳҷӯёнаи роҳаброни ин кишварҳо мебошад, ки имрӯз мустаҳкам гардидааст. Бояд гуфт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосири тоҷик буда, дар сиёсати хориҷию дохилии кишвар заминаҳои назаррас гузоштааст.
Бояд қайд кард, ки бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъди ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ равобитҳои дӯстонаи худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ устувор намуд.
Имрӯз мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон маҳз аз ҳамин сиёсати сулҳҷӯёна ва бобарор маншаъ мегирад.
Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард. Дар натиҷа ба тарафдории номзад Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе 100% овозҳои вакилони интихобкунанда, ба тарафдории Каримзода Мунир
Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард. Дар натиҷа ба тарафдории номзад Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе 100% овозҳои вакилони интихобкунанда, ба тарафдории Каримзода Мунира Бобохон – сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона» 98% овозҳо, ба тарафдории Муҳиддин Нуриддин Давлатали – ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» 98% овозҳо, ба тарафдории Давлатзода Қудрат Қамбар – ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ 97% овозҳо ва ба тарафдории Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 99% овозҳои вакилони интихобкунанда дода шуданд.
@RustamEmomali
Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон номзадии Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Каримзода Мунира Бобохон – сартабиби Муассисаи давлатии
Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон номзадии Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Каримзода Мунира Бобохон – сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона», аз ноҳияи Фирдавсӣ, Муҳиддин Нуриддин Давлатали – ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Давлатзода Қудрат Қамбар – ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, аз ноҳияи Шоҳмансур ва Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ноҳияи Сино пешниҳод гардида буданд.
@RustamEmomali
Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
@RustamEmomali
Субҳи имрӯз ба Наврӯзгоҳи имсолаи шаҳри Панҷакент, ки дар гулгашти назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, майдони Парчаму Нишони давлатӣ ва варзишгоҳи марказӣ ҷойгир шудааст, аз тариқи дарвозаҳои рамзӣ ҳазорон нафар сокинон ва меҳмонони шаҳр ворид шуда, ба тантанаҳои наврӯзӣ мепайвастанд ва ҳамдигарро бо фарорасии ин ҷашни миллӣ ва ҷаҳонӣ шодбош мегуфтанд.
Дастархони наврӯзии ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр, корхонаҳо, муассисаҳои таълимиро дар растаҳои идона намунаи ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ, аз ҷумла рамзи Наврӯз- “Ҳафт син”-у “Ҳафт шин” оро медоданд ва бонувон ҳама либосҳои атласу адрас ва чакан ба бар намуда буданду аз ҳар гӯша садои мусиқию суруд ба гӯш мерасид.
Аз дирӯз бонувони ҳунарманди шаҳр дар дегҳои бузург рамзи дигари Наврӯз- сумалак, омода карда буданд ва он низ дастархони наврӯзиро оро медод.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои кишвар Қобилҷон Хушвахтзода, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, дигар меҳмонон аз растаҳои наврӯзӣ дидан намуда, ба ҳунари сокинони шаҳр аҳсант хонда, онҳоро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфтанд.
Қисмати фарҳангии ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳр бо ҳузури ҳазорон нафар сокинони шаҳр баргузор шуд. Ҳозирин ва сокинони шаҳрро аз номи Ҳукумати мамлакат президенти Академияи миллии илмҳо, аз номи муовини авали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода муовини якуми раиси вилоят ва раиси шаҳр бо ҷашни Наврӯз муборакбод гуфтанд.
Таъкид шуд, ки ба фармудаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ “Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардидаанд.Яъне Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст”
Гуфта шуд, ки сокинони шаҳри Панҷакент ин ҷашни миллӣ ва ҷаҳониро бо дастовардҳо дар ҳама соҳаҳои иқтисод, вусъати кишту кор ва ободкориву сабзгардонӣ, бо рӯҳи болида ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар таҷлил менамоянд.
Дар тантанаҳои ҷашни наврӯзи шаҳр ҳамчунин меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сайёҳон аз Ҷумҳурии исломии Эрон иштирок намуданд.
Барномаи фарҳангии ин ҷашни куҳан бо иштироки ҳунармандони номвари кишвар Хосияти Зарафшонӣ, Эркин Одинаев, Орзугул Хӯҷамова, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Мардон Мавлонов, санъаткорон аз шаҳри Бухоро ва шаҳр ба тантанаҳои наврӯзӣ ҳусни тоза зам намуд.
Ҷашни Наврӯз дар ҳамаи корхонаю муассисаҳо,ҷамоатҳои деҳот маҳаллаҳо ва ҳар хонадон бо рангу ҷилои тоза таҷлил карда мешавад.
19 марти соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Қабл аз оғози чорабинии идона дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Наврӯзи ҷаҳонафрӯз” баргузор гардид.
Пас аз анҷоми конференсия дар саҳни бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби олимону кормандони муассисаҳои илмӣ хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмим, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хуришҳои баҳорӣ ороста шуд, ки тамошобинон аз онҳо ҳаловат бурданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамроҳи олимону кормандон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ аз хони наврӯзӣ ва маҳорати эҷодию ҳунарии олимону муҳаққиқон боздид намуда, ба омодагии ҷашни онҳо баҳои баланд доданд.
Дар идомаи чорабинӣ президенти академия ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, таъкид дошт, ки Наврӯз покиву покизакорӣ ва осудагиву накӯкориро дар ҳама давру замон талқин намуда, мардумро ба созандагиву бунёдкориҳо даъват мекунад. Ҳамин аст, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо мақоми расмиро соҳиб гардид, балки бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалиро касб карду ҳамчун омили ҳамгироӣ дар замони ҷаҳонишавӣ пазируфта шуд.
Гуфта шуд, ки имрӯз бо сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат кулли башарият маҳаки асосии Наврӯзро, ки инсонмеҳварӣ, ободкорӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилист, умқан дарк намуда, онро ҷузъе аз фарҳанги хеш пиндоштанд ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
Сипас, дар чорабинии идона ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо сурудҳои рангинашон хотири ҳозиринро шод намуданд. Дар фарҷом ғолибони мусобиқаи варзиши шоҳмот аз ҷониби роҳбарияти академия бо ҷом ва туҳфаҳои хотирмон қадршиносӣ гардиданд.
