
15 ноябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки доираи васеи олимону муҳақиқони варзидаи кишвар рӯнамоии силсилакитоби “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” (Феҳристи бузургони тоҷик-форс), ҷ.1, китоби 1 ва 2 баргузор гардид.
Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, зикр намуданд, ки интишори силсилакитоби “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” (Феҳристи бузургони тоҷик-форс), ҷ.1, китоби 1 ва 2 ба муносибати Рӯзи Президенти Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, дар самти таблиғу ташвиқи мероси арзишманди фарҳангии гузаштагонамон, оммавигардонии ин ганҷинаи бебаҳои таърих, бедории насли ояндаи давронсоз дар партави ғояҳои ҳувиятсози миллии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти беандоза муҳим дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба мероси бойю пурғановати фарҳангии халқи тоҷик таъкид кардаанд: “Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд”.
Дар зарфи бештар аз 30 соли Истиқлоли давлатӣ ҳукумат ва ниҳодҳои марбутаи илмию маданӣ дар ростои ҳифзи манофеи миллӣ, эҳёи асолати фарҳангӣ ва суннату анъаноти неки ниёкон тадбирҳои судманд андешида, роҳро барои расидан ба марҳалаи нави давлатсозии миллӣ ҳамвор намуданд. Аммо шароити фарҳангӣ, сиёсӣ-иҷтимоӣ ва тамаддунии минтақа моро водор месозад, ки дар самти таблиғи мероси арзишманди фарҳангӣ, оммавигардонии он, тарғиби ғояҳои ҳувиятсози миллӣ бояд ба таври муназзам корҳои бештаре анҷом дода шаванд.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдулло дар симои ҳайати таҳририяи силсилакитоби “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” (Феҳристи бузургони тоҷик-форс), ҷ.1, китоби 1 ва 2 ходимони илмии АМИТ, ба вижа Маркази мероси хаттии АМИТ-ро ҷиҳати нашри он ба муносибати Рӯзи Президенти ҷумҳурӣ самимона табрик намуда, афзуданд, ки дар тули зиёда аз 30 соли Истиқлоли давлатӣ бо азму иродаи қавӣ ва талошҳои хастанопазир Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ниҳоят муҳим – ҳифзи мероси бойи фарҳангии халқи тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар шароити ниҳоят тезу тунди ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳо, ормонҳо ва ҳувияти миллӣ, таъриху фарҳанг, забону адабиёти миллати тамаддунофарамон ва дар масири ба оламиён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани дурдонаҳои фарҳанги халқ пайваста дастуру ҳидоятҳои арзишманду судманд ироа намуданд.
Сипас намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Шараф Раҳимӣ ба муносибати нашри силсилакитоби “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” (Феҳристи бузургони тоҷик-форс), ҷ.1, китоби 1 ва 2 табрикномаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба самъи ҳозирин расонд.
Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ – яке аз масъулони интишори лоиҳаи миллии “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” ба сухан баромада, изҳор карданд, ки воқеан интишори силсилакитоби “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” (Феҳристи бузургони тоҷик-форс), ҷ.1, китоби 1 ва 2 дар ҷашни Рӯзи Президент ҷумҳурӣ ҳодисаи муҳими фараҳбахши таърихист...
Роҳбари лоиҳаи миллии “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” директори ММХ АМИТ Раҳматкарими Давлат иштирокчиёни ҳамоишро хайрмақдам гуфта, арз карданд, ки лоиҳаи мазкур давомдор буда, ҷилди аввали он бо унвони “Феҳристи бузургони тоҷик-форс” иборат аз 3 китоб фарогири се ҳазору ҳафтсаду бист шахсияти илмиву адабӣ мебошад ва ду китоби он интишор ёфта, китоби сеюм дар арафаи ба табърасӣ қарор дорад.
Дар идома намояндаи Вазорати фарҳанги ҶТ Раҳмоналӣ Мирализода, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, узви вобастаи АМИТ Сахидод Раҳматуллозода, академик Носирҷон Салимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Умеда Ғаффорова фикру мулоҳизаи худро роҷеъ ба аҳамият ва моҳияти китоби мазкур баён намуданд.
Қобили арзёбист, ки таҳияи китоби мазкур дар доираи иҷрои Лоиҳаи миллии “Мероси фарҳангии Хуросони бузург”, бо дастгирии Фонди тадқиқоти Президентӣ аз ҷониби Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ мавриди татбиқ қарор мегирад.
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ


04 апрели соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ романи тозанашри нависанда Маҷид Салим “Ҳоҷи Ҳусайни Кангуртӣ” муаррифӣ гардид.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳунару завқи нависандагии Маҷид Салим ва романи тозанашраш суханронӣ намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш таъкид дошт, ки бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мардум бо таърихи адабиёти ниёкон ошноӣ пайдо намуда, осори пурғановати шоирони машҳури тоҷику форс дастрас гардид.
Гуфта шуд, ки Сарвари давлат зимни вохӯрӣ бо зиёиён ва дигар қишри ҷомеа борҳо таъкид доштанд, ки танҳо маърифат пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад ва аз солҳои аввали Истиқлолият ҳамеша таъкид мекарданд, ки сарчашмаи асосии худшиносӣ китоб аст. Дар воқеъ, китоб сарвати бебаҳост, ки ақлҳоро рӯшан ва заковатро комил мегардонад. Барои шинохт ва шиносонидани ҳамаҷонибаи фарҳанги ҳазорсолаи миллӣ нақши муҳим ва созгор дорад.
Ҳамин аст, ки дар партави дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осори гаронбаҳои шоир ва мутафаккири шинохта Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ рӯйи чоп омадаанд, ва имрӯз ҳар як шахс метавонад аз ин осори шоир истифода барад.
Таъкид гардид, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ яке аз суханварони орифу фарзона, мутафаккир, соҳибфазилат ва шоири сухансанҷу нозукбаён мебошад, ки дар таърихи адабиёти тоҷик шарафёби мақом ва манзалати хос гардида, осори рангину арзишмандашмазраи дилҳоро шодоб мегардонад. Аз мутолиаи осори гаронбаҳояш маълум мегардад, ки Ҳоҷӣ дар замонаш аз ҷониби амалдорон сахтӣ ва ранҷи зиёд кашидааст.
Дар идома раиси Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, Шерхон Салимов, Кароматулло Мирзоев, Ҷамолиддин Яъқубов зимни суханронӣ доир ба мазмун ва муҳтавои роман ва осори гаронбаҳои мутафаккир ва орифи барҷаста Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигар паҳлуҳои эҷодиёти он маъруза намуданд.
Инчунин, нависанда Маҷид Салим зимни суханронӣ қайд кард, ки дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ақидаҳои пешқадам ба мисли аҳли илму ҳунар, танқиду мазаммати зулму золимон, инъикоси ишқу муҳаббати поки инсонӣ ва дигар фикру ақидаҳои панду ахлоқӣ хеле зиёданд. Осори гаронмоя ва панду ахлоқии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тулӯи офтоби рахшонро мемонад, ки зеҳни хонанда баъд аз мутолиаи онҳо рӯшан ва рӯҳаш болида мегардад.
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ давраи дуюми курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шуд.
Вобаста ба ин дар таърихи 04 апрели соли 2025 зимни нишасти якуми ин иқдом дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 300 нафар олимони ҷавон чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Маърӯзачӣ номзади илмҳои таърих Сафарзода Некрӯз дар мавзуи "Ҷурғофиёи таърихии Давлати Сомониён" гузориши илмӣ ироа намуд. Баъд аз гузориши илмии Сафарзода Некрӯз дар қисмати саволу ҷавобҳо ва муҳокимарониҳо олимони ҷавон фаъолона баромад намуданд.
Имрӯз дарси навбатии курси "Зан сарвар" баргузор гардид, ки дар он бо муаррифии барномаҳои таблиғӣ таҳқиқотӣ коршиносони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанин Расулова ва Бону Шарифзода иштирок намуданд.
Дар давоми муаррифӣ коршиносон оид ба дастгирии лоиҳаҳои таҳқиқотӣ ва амалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дастгирии лоиҳаҳои истеҳсолие, ки ба истифода аз ашёи табии маҳаллӣ равона шудаанд, инчунин ташвиқ ва таблиғи фарҳанги экологӣ дар маҳал маълумот дода майли худро оид ба ҳамкорӣ бо Шурои занони АМИТ иброз доштанд.
Иштирокчиёни дарс аз мавқеъ истифода намуда барномаҳои таҳқиқотии худро муаррифӣ намуда, бо коршиносон саволу ҷавобҳо анҷом доданд. Коршиносони ҳифзи муҳити зист ниёзмандиашонро ба омӯзгорон иброз дошта, иштирокчиёнро барои ширкат дар кори Форуми байналмилалии занон оид ба экология, ки дар Душанбе баргузор мешавад бо намоишгоҳи дастовардҳои худ ва хамчун иштирокчӣ даъват карданд. Ин даъват бо шодмонӣ аз ҷониби иштирокчиёни курси "Зан савар" пазируфта шуд.
4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд.
4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди муттасили муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупоро дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд. Таъкид гардид, ки Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобит миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо санади калидӣ гардида, ҳамкории байниминтақавиро танзим менамояд.
Нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Самарқанд ба кори худ оғоз кард.
Нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Самарқанд ба кори худ оғоз кард.
Дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доранд.
Ҳамоиш бо истиқболи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва аксгирии якҷояи роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмӣ оғоз ёфт.
Таъкид гардид, ки Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобит миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо санади калидӣ гардида, ҳамкории байниминтақавиро танзим менамояд.
3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем”.
Антонио Коста аҳамияти ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистонро таъкид намуда, Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик гуфтанд.
Ҷонибҳо оид ба аҳамияти Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки мувофиқасозиаш ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст, табодули афкор намуданд.
Истифодаи захираҳои азими табиӣ, гидроэнергетикӣ, ашёи хоми муҳим, зарфиятҳои кишоварзӣ, иқтидори саноатӣ ва транзитии Тоҷикистон барои рушди тиҷорат бо Иттиҳоди Аврупо судбахш арзёбӣ гардид.
Ҳамкории ду ҷониб дар раванди ислоҳот, рушди соҳаи энергетика, таҷдид ва сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ намунаи шарикии босубот номида шуд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармоя ва технологияҳои аврупоӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳи обии Роғун ва таҷдиди неругоҳи Норак манфиатдор аст.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи пешбурди сиёсати “иқтисоди сабз” бо Иттиҳоди Аврупо ҳамназар аст. Дар ин зимн Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон ва масъалаи тавлид ва содироти “энергияи сабз” муҳокима гардид.
Оид ба рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, тавсеаи барномаҳои бурсиявӣ ва дастгирии минбаъдаи таҳсилоти касбӣ табодули афкор сурат гирифт.
Зарурати идомаи ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардид.
Ҳамчунин оид ба афзоиши офатҳои муҳитизистӣ ва пайомадҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот гуфтугӯи судманд сурат гирифт.