Раванди пешрафти иқтисоди «сабз» идомаи мантиқии рушди устувор буда, дар фарқият аз охирин ҳамбастагии унсурҳои рушди иқтисодӣ ва устувории экологиро инъикос менамояд. Ташаббуси “Иқтисоди сабз” ба се принсипи асосӣ такя мекунад: истифодаи механизмҳои бозоргонӣ барои ба даст овардани рушди устувор, нигоҳдории сармояи табиӣ дар сатҳи милливу байналмилалӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ аз ҳисоби ташкил кардани ҷойҳои кории «сабз» мебошад[4,5]. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи Аврупо аз ҷумла Олмон ҷонибдори амалисозии принсипҳои “Иқтисоди сабз” мебошад.
Аҳдномаи сабзи Иттиҳоди Аврупо як қатор ҳадафҳои манфиатоварро муайян мекунад. Аврупо бояд то соли 2050 аввалин қитъае дар ҷаҳон мебошад, ки аз ҷиҳати иқлим “бетараф” гардида шавад. Ин маънои онро дорад, ки партовҳои газҳои гулхонаӣ аз он миқдоре, ки экосистемаҳо табиатан аз худ карда метавонанд, зиёд нахоҳад шуд. Тибқи нақша, партовҳои газҳои гулхонаӣ бояд то соли 2030 нисбат ба соли 1990 на камтар аз 55 фоиз кам карда шаванд. Воситаи асосии ноил гаштан ба ин ҳадаф дар тадбирҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд. Ин ҳам барои зарурати таъмини зиндагии беҳтару солим барои наслҳои оянда пешбинӣ карда шудааст.
Лоиҳаи Аврупои муосир бо назардошти устуворӣ ва адолати иҷтимоӣ се даҳсолаи ояндаро дар бар мегирад. Ин вокуниши Комиссия ба хатарҳои афзоянда ба иқтисоди ИА аз тағирёбии иқлим ва нобудшавии намудҳо мебошад. Дар миёни кишварҳои ИА Олмон “Созишномаи сабз”-ро дастгирӣ мекунад ва ҳатто дар назди худ ҳадафҳои муайянро гузоштааст, ки то соли 2045 ба он ноил шавад.
Модели технологияи сифатан нави Аврупо яъне “Аҳдномаи сабз” стратегияи нави рушд мебошад. Ногуфта намонад, ки нишондиҳандаҳои иқтисодии Аврупо асосан ба нигоҳ доштани асосҳои табиӣ вобаста аст. Ин об, ҳаво, хок, инчунин ҷангалҳо, уқёнусҳо ва иқлими устуворро дар бар мегирад. Пешгирӣ роҳи беҳтарини таъмини шукуфоӣ барои наслҳои оянда аст. Ҳадаф аз “Созишномаи Сабз” ва “Иқтисоди Сабз” ин аст, ки омили ҷудо кардани рушди иқтисодӣ аз истифодаи захираҳо ва ҳамзамон таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Ташаббусҳои сершумор дар доираи лоиҳа ба ширкатҳо барои ба нақшагирии зарурии амниятро фароҳам меоранд ва барои Иттиҳоди Аврупо шароити тобовартар ба бӯҳрон фароҳам меоранд.
Рушди устувор ҳамчун консепсияи рушд барои Иттиҳоди Аврупо нав набошад ҳам вале «Аҳдномаи сабз» ҳадафҳои бузургтареро низ дорост. Дар нақшаи тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва ҷомеа - аз саноат, савдо, нақлиёт ва кишоварзӣ то гуногунии биологӣ, мероси табиӣ, иқтисодиёти даврӣ ва тағйироти сохторӣ ба назар гирифта мешаванд. Андозҳо ва молия ҳамчун фишангҳои муҳими равандҳои тағйирот низ бояд мувофиқи меъёрҳои сабз табдил дода шаванд[1].
Қобили зикр аст, ки Олмон яке аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо буда, ба “Иқтисоди сабз” таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Аз ин лиҳоз, Олмон ба наздикӣ ба сатҳи нави иқтисодӣ расид, солҳои охир саноати пешбари худро рӯ ба таназзул оварда буд, зеро дар он шароит мувофиқ карда натавонист. Истеҳсоли саноатӣ дар Олмон мунтазам коҳиш ёфта ва ба истиснои бӯҳрони соли 2019, ҳоло дар сатҳи муқоиса ба 10 соли охир поён рафтааст. Олмон, ки бузургтарин муҳаррики иқтисоди Аврупо аст, раванди деиндустриализатсияро аз сар мегузаронад. Ногуфта намонад, ки яке аз сабабҳои кам шудани истеҳсоли маҳсулот дар кишвар бениҳоят гарон будани арзиши энергия мебошад. Барои ҳалли ин мушкилот ширкатҳои олмонӣ ба хориҷа ҳаракат карда истодаанд. Онҳо истеҳсоли маҳсулоти кишварашонро ба ШМА, инчунин ба Хитой ва дигар кишварҳо интиқол медиҳанд.
Имрӯз дар Аврупо газе истифода мешавад, ки арзиши он назар ба ШМА чор-панҷ баробар қимат аст, ки ин оҳиста-оҳиста боиси харобии ҳазорҳо марказҳои саноатии Аврупо мегардад. Олмон, нерӯгоҳи тавлидии Аврупо ба таназзул дучор шуд, ки то охири сол идома меёбад. Ҳатто чунин пешравиҳои сатҳи ҷаҳонии Олмон ба монанди марказҳои саноатии Фолксваген, Сименс ва Даймлер дучори баста шудани бесобиқаи корхонаҳо шудааст.
Корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли аз ҳад зиёди Чинро айбдор мекунанд, ҳоло он ки онҳо соҳибихтиёрии худро ба таври муассир нигоҳ дошта натавонистанд. Ногуфта намонад, ки истеҳсоли аз ҳад зиёди Чин ҳиссаи бозори Аврупоро дар дохил ва хориҷи кишвар коҳиш медиҳад ва технологияи нав ба монанди мошинҳои барқӣ ва зеҳни сунъӣ шабакаҳои маҳаллиро танг мекунад.
Чунин ба назар мерасад, ки кишварҳои аврупоӣ худро дар чунин шароите тасаввур мекунанд, ки берун шудан аз он хеле душвор хоҳад буд. Ба гуфтаи Ҳелен Томпсон, профессори иқтисоди сиёсии Донишгоҳи Кембриҷ, муқаррароти нав барои Аврупо вобастагии бештар аз гази табиии моеъ (LNG) аз Қатар ва ШМА аст. Ин маънои дучор шудан ба ноустувории Шарқи Наздик ва инчунин сиёсати печидаи ШМА-ро дорад[5].
Олмон маҷбур мешавад, ки аз нақшаҳои гузариш ба “Иқтисоди сабз” ба далели мушкилоти таъмини газ даст кашад. Дар ин бора Штеффан Котре, узви кумитаи бундестаг оид ба ҳифзи иқлим ва энергетика аз ҳизби «Алтернатива барои Олмон» ба рӯзномаи «Известия» изҳори ақида намуда буд.
23 июни соли 2024, Ҳукумати Олмон режими ба истилоҳ бонги хатар - марҳилаи дуввуми нақшаи фавқулодда дар соҳаи газ мебошад, ҷорӣ кард. Муовини канслери Олмон ва вазири умури иқтисод ва ҳифзи иқлим Роберт Ҳабек ин иқдомро бо коҳиши интиқоли газ аз Русия ва гаронии қимати газ рабт дод[3].
Технологияи сабз дар рушди устувори Ҳукумати Олмон дар гузариш ба “Иқтисоди сабз” нақши калидӣ дорад. Олмон як қатор қадамҳои қонунгузорӣ ва сиёсӣ барои ҳавасмандкунӣ ва дастгирии таҷрибаҳои устувор ва навовариҳо дар бахшҳои гуногунро андешидааст. Яке аз унсурҳои бунёдии сиёсати Олмон ин гузариши энергетикӣ (Energiewende) мебошад, ки нақшаи стратегӣ барои коҳиш додани вобастагӣ аз сӯзишвории истихроҷшаванда ва афзоиши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад. Ин гузариш ҳам сармоягузорӣ ба энергияи таҷдидшаванда ва ҳам тадриҷан даст кашидан аз ангишт ва нерӯи атомиро дар бар мегирад. Қобили зикр аст, ки барои рушди “Иқтисоди сабз” таҳияи лоиҳаҳои шамол, энергияи офтоб ва биоэнергетика дастгирии молиявӣ ва ҳавасмандкунонӣ лозим аст.
Дар соҳаи нақлиёт Ҳукумати Олмон барои коҳиш додани партовҳои гази карбон ва ташвиқи истифодаи мошинҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Ин ҳам дастгирии молиявӣ барои хариди мошинҳои барқӣ ва ҳам рушди инфрасохтори барқгиранда ва ҷорӣ кардани стандартҳои қатъии экологӣ барои мошинҳо ва нақлиёти ҷамъиятиро дар бар мегирад[2].
Ҳамин тариқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз ду ҳазор мошинҳои кироя ба истифода дода шудааст, ки ин қадами аввал барои рушди экологияи кишвар хеле муфид аст. Инчунин қадами навбатии Ташаббуси «Иқтисоди сабз»-и СММ ин «Роҳи нави ҷаҳонии сабз» мебошад, ки ҳамчун самти рушди ҷаҳонӣ муайян гардида, он дорои имконияти ба низоми иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонӣ баргардонидани устувориро инъикос менамояд. Аз ин рӯ, марҳилаи гузариши стратегияи рушди “Иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2037 идома дошта барои беҳбудии вазъи экологӣ, иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити ҷойҳои корӣ, ба танзим даровардани муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатияи фарҳангӣ, сармоягузорӣ ва фароҳам овардани фазои озоди тиҷорат байни кишварҳои мухталиф мусоидат мекунад.
Бо назардошти афзалияти технологияи “Иқтисоди Сабз” дар рушди иқтисоди миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди устувор, «иқтисоди сабз» густариш дода шуда, пешниҳод гардид, ки дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии “Иқтисоди сабз” ва “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” таъсис дода шавад. Мо вазифадор ҳастем, ки дар самти “Иқтисоди сабз” кадрҳои баландихтисосро тарбия намоем ва муқоиса бо таҷрибаи дигар кишварҳоро таҳлилу баррасӣ намоянд. Зеро пешравии ҷомеа аз “Иқтисоди сабз” вобастагӣ дошта ба рушди стратегияи кишварамон таъсири мусбат меорад.
Дар шароити муосири тағйирёбии иқлим, афзоиши ифлосшавии муҳити зист ва ниёз ба захираҳои барқароршаванда, “Иқтисоди сабз” ҳамчун як модели стратегии рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ шудааст. Хусусан дар кишварҳои Аврупо, ин равиш ба як самти асосии сиёсати иқтисодӣ ва муҳити зист табдил ёфтааст.
Дар ҳамин замина, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи табиӣ, имкони густариши “Иқтисоди сабз”-ро дорост. Бо вуҷуди чунин имкуниятҳо татбиқи унсурҳои ин модел дар кишвари мо метавонад ба рушди деҳот, эҷоди ҷойҳои корӣ, ҳифзи экосистемаҳо ва таъмини амнияти экологӣ мусоидат намояд.
Санавбарбону Воҳидова - сарходими илмии Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ доктори илмҳои таърих, профессор
Адабиёти истифодашуда:
-
Tatsachen ueber deutschland. Зеленая сделка Европы. Санаи муроҷиат 15.07.2025. https://www.tatsachen-ueber-deutschland.de/ru/germaniya-i-evropa/zelenaya-sdelka-evropy
-
Альберт Закиров. Германия скоро полностью перейдет на зеленую экономику: зачем это нужно? 26.03.2024. Санаи муроҷиат 14.07.2025. https://vc.ru/id2410926/1093747-germaniya-skoro-polnostyu-pereidet-na-zelenuyu-ekonomiku-zachem-eto-nuzhno#:..
-
В ФРГ заявили об отказе от «зеленой» экономики из-за газового дефицита. Рӯзномаи “Известия”. 24.07.2022. Санаи муроҷиат 10.07.2025. https://iz.ru/1354578/2022-06-24/v-frg-zaiavili-ob-otkaze-ot-zelenoi-ekonomiki-iz-za-gazovogo-defitcita.
-
Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе – 2022. 190 С-.
-
Яна Кудрявцева. Деиндустриализация и рецессия в Германии. Что происходит с экономикой ЕС? 10.10.2024. Санаи муроҷиат 14.07.2025. https://fomag.ru/news/deindustrializatsiya-i-retsessiya-v-germanii-chto-proiskhodit-s-ekonomikoy-es/