Skip to main content

Мушовири президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодирзода Фарҳод Анвар дар чорабинии бахшида ба 130 - солагии Донишгоҳи нақлиёти Сиан иштирок намуд.

Дар ҳошияи чорабинӣ Форуми байналмилалии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Осиёи Миёна ва давлатҳои Аврупо баргузор карда шуд. Дар суханронии худ профессор Қодирзода Фарҳод дар мавзуи форуми мазкур, ки бо номи «Роҳ ба сӯи тарбияи рушди истеъдодҳои оянда» ташкил карда шуда буд, як чанд пешниҳодҳои ҷолиб манзури ҳозирин намуда, мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисони соҳа қарор гирифт.

Бояд ёдовар шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи нақлиёти Сиан барномаи табодули академӣ дар самти аспирантура ва докторантура ба роҳ мондааст.

Дар асоси барномаи мазкур довталабон дар риштаҳои гуногуни ин зинаи таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Инчунин, дар асоси шартномаи ҳамкорӣ аз ҷониби донишгоҳи мазкур бинои маркази муштараки технологияҳои иттилоотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бинои хобгоҳ барои 142 нафар аспирантон ва докторантони ҷавон сохта ба истифода дода мешавад.