
Рӯзи 28.12.2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Роҳбари давлати тоҷикон дар қатори дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ба самти фаъолияти илмию инноватсионии кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, рушди сармояи инсониро омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ номиданд.
Дар ҳақиқат пешрафти илм худ пешрафти тамоми соҳаҳои дигари иқтисодии хоҷагии халқ ба шумор меравад, ки он бо маориф низ вобастагии дорад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Тадқиқоти илмӣ дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҳамеша дастгирӣ ёфта истодааст ва он тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории тадқиқоти илмӣ, созмон додани марказҳо ва озмоишгоҳҳои замонавии илмӣ, инчунин тавсеаи ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар оянда ниҳоят муҳим ҳисобида мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазоратҳои Маориф ва илм, Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Рушди иқтисод ва савдо, Молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамчунин Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Академияҳои соҳавӣ вазифадор карда шуданд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар асоси супоришҳои Пешвои миллат зарур аст, ки тақвият бахшидани имкониятҳои илмии муассисаҳои болозикр, бо истифода аз лоиҳаҳои давлатию байналмилалӣ иҷро кардани тадқиқоти илмии дархӯри замони муосир ва дар иқтисодиёти кишвар татбиқшаванда таъмин карда шавад.
Академияи миллии илмҳо дар қатори Вазоратҳои Маориф ва илм, Муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, уҳдадор гардиданд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд. Ин тадбир аз роҳҳои асосии ба илм ва ихтироъкорӣ рӯй овардани шумораи бештари кадрҳо мегардад.
Дар Паёми имсолаи ғамхории Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба некуаҳволии сокинон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, боз ҳам равшантар эҳсос гардид. Дар ин ҷо иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овардан ҷолиб аст, ки омадааст: “Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам: музди меҳнати кормандони соҳаҳои дар боло зикргардида, махсусан соҳаи маориф ва илм дар ҳаҷми 20-30 фоиз иттиллоъ дода, ба сохторҳои марбут ба соҳаи маблағгузорӣ супориш дода шуд, ки дар муддати чор моҳ санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқиро тартиб дода, шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2025 супориши мазкур амалӣ карда шавад”.
Маълум аст, ки афзоиши музди меҳат ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири мусбат дорад. Вобаста ба афзоиши ин нишондиҳандаи иҷтимоӣ истифодаи ғизои солим аз ҷониби аҳолӣ боз хубтар шуда, ба дарозумрии ҳар як нафар мусоидат менамояд. Аз натиҷаҳои зикргардида бармеояд, ки Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешгирии таворум сайъу кӯшиши зиёд ба харҷ дода, музди меҳнатро дар солҳои 2020 то 2024 ба 100 фоиз расонид, ки 80 фоизи он аз солҳои 2024, 2025 рост меояд, ки ин нишондиҳандаи хеле баланд буда, аз заҳматҳои пайвастаи роҳбарияти мамлакат гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамин тариқ, таҷрибаҳои солҳои пешин нишон медиҳад, ки сол ба сол афзоиши музди меҳнат ва дар робита ба он паст шудани сатҳи камбизоатӣ боиси болоравии дарозумрии миёнаи аҳолӣ гардида истодааст.
Котиби илмии Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктор (PhD) Якубов Умарали Шералиевич
Ходими пешбари имлии Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.т. Хоҷаев Фируз Камолович
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Ҳар як миллат арзишҳои ба худ хосро дорост ва миллатро аз рӯи арзишҳои доштааш дар арсаи ҷаҳонӣ медонанду мешиносанд. Хушбахтона миллати куҳанбунёди тоҷик аз қадим дорои расму русум ва арзишҳои миллии хеш ҳастанд, аз он ҷумла сару либоси миллӣ ин муаррифкунандаи миллат ва шахсият аст, миллати тоҷик бо бузургиву ғайрату матонати ба худ хос фарҳангу маданияту донишу арзишҳои худро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда тавонистаанд.
Имрӯз (06.03.2025) бонувони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи модар" бо бабаркунии либосҳои миллии шинаму зебои тоҷикона аксияи "Тоҷикона мепушем" баргузор намуданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи таҷлили "Рӯзи модар" бонувони мардумшиноси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш намунаҳои либоси урфии бонувони тоҷикро аз минтақаҳои гуногуни кишвар муаррифӣ намуданд.
05 марти соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобасти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимони ҷавони муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимони ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят намуда, онҳоро барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ ташвиқу тарғиб намуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати – миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм, махсусан олимони ҷавон равона гардидааст. Бинобар ин олимони ҷавонро зарур аст, ки донишҳои замони муосирро аз худ намуда, барои баланд бардоштани мақоми илми тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар саҳми арзишманди хешро гузоранд.
Дар чорабинӣ ба як қатор олимони ҷавон, ки дар курси хонишҳои сиёсии "Сарварони сиёсӣ" иштирок карданд Шаҳодатномаи хатми курси мазкур тақдим карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар курси хонишҳои сиёсӣ 38 нафар олимони ҷавон фаъолона ширкат варзида, дар 13 дарсҳои ин курсҳо бо чеҳраҳои намоёни ҷумҳурӣ, ходимони давлатӣ ва академикҳо ва фаъолияти сиёсиву илмии онҳо ошно гардиданд.
Имрӯз (04.03.2025) бо ташаббуси шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Саҳми занон дар татбиқи Стратегияи рушди миллӣ” баргузор гардид.
Семинари илмиро директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуд.
Маърузаҳо аз ҷониби мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ Абилзода Г.С. дар мавзуи “Ҳокимияти демократӣ-омили муҳимми ташаккули шахсияти зан” ва ходимони илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ н.и.ф. Орифҷонова Н.Р. дар мавзуи “Саҳми занон дар чорчӯбаи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон”; д.и.ф.Самиев Б.Ҷ. дар мавзуи “Модар олиҳаи ҳусн ва парвардаи зебоӣ” ва ходими хурди илмӣ Сафарова Б.Қ. дар мавзуи “Баланд гардидани мақоми занон дар замони соҳибистиқлолӣ” баромад намуданд.
Дар охири кори семинар як қатор бонувони фаъоли Институт аз ҷониби Иттифоқи касабаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ИНСТИТУТИ ЭКОЛОГИЯ ВА ГЕОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ХИТОЙ
04 марти соли равон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо директори генералии Институти экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Чжан Яоминг баргузор гардид.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар робита ба рушди дурнамои ҳамкорҳои илмӣ бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои Хитой изҳори назар намуд.
Зимни мулоқот ба масъалаи баргузории конфронсу симпозиюмҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба ҳалли мушкилотҳои глобалии сайёра, аз ҷумла эълон гардидани «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таваҷуҳи хоса равона гардида, ҷонибҳо барои баргузор намудани як конфронси сатҳи байналмилалӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои таъсиси озмоишгоҳи наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир дар заминаи Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе), ки бо дастгирии ҷониби Чин ба истифода дода мешавад ба мувофиқа омаданд.
Қарор аст, ки озмоишгоҳи нав дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ дар моҳи апрел бо иштироки ҷонибҳо мавриди истифода қарор дода шавад.
Кормандони илмии Институти зоология ва паразитологияи АМИТ, якҷоя бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои шикорӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз таҳқиқоти муштаракро ҷиҳати баҳисобгирии саршумори яке аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон бузи кӯҳии пармашох (морхур) гузаронида истодаанд.
Ҳамзамон дар рафти таҳқиқот дигар ҳайвоноти ваҳшии ин минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ ЗАМОНАВӢ БО АСБОБУ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР ИНСТИТУТИ ФИЗИКА
03 марти соли равон бо ташаббуси роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров озмоишгоҳи спектроскопияи молекулавӣ бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону кормандон иштирок намуданд.
Таъсиси озмоишгоҳи нав бо дарназардошти зарурати рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки ин аз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушд ва инкишофи устувори кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чунин озмоишгоҳҳои наву замонавӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳои тулонӣ харидорӣ нашуда буданд. Ва ин ҳама таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ муҷҷаҳаз бо технологияҳои муосир аз натиҷаи заҳмату талошҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушавахт шаҳодат медиҳад.
Пас аз аз фароҳам овардани шароити мусоид дар оянда олимон метавонанд дар ин озмоишгоҳ таҳқиқотҳои худро анҷом дода, ҳамзамон ба омӯзиши хусусиятҳои спектралӣ, динамикаи молекулавии растаниҳои полимерӣ ва доруворӣ бо усулҳои резонанси электронию паромагнитӣ, нишонаҳои спинӣ, инфрасурх бо таъсири омилҳои беруна яъне (экологӣ, география, радиатсионӣ ва ғайра) машғул шаванд.
Бояд гуфт, ки озмоишгоҳи нав бо 9 номгуи асбобу технологияҳои наву замонавӣ муҷаҳаз гардонида шуд.
Дар озмошигоҳ асбобу таҷҳизотҳои фуре спетрофотометр BK-UV1600C, спектрометр FTIR-990, калориметри дифференсиалии сканкунандаи DSC 300L, дастгоҳи электронии ченкунандаи зичӣ BK-DME 300S, таҷҳизоти гомогеникунанда баландсуръат KW-4A, таҷҳизоти сентрафуга MX-S, таҷҳизоти функсионалии ченкунандаи индуктивият, ғунҷоиш ва муқовимат TH2827C, печи баландҳарорати муфелии MX6-16TP, дастгоҳи ҳарротӣ барои коркарди металлҳо ва кристаллҳо муҷаҳаз гардонида шуданд.
Умуман, ҷиҳозонидани Озмоишгоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир имконият медиҳад, кормандони озмоишгоҳ таҳқиқотҳои худро дар ин самт анҷом дода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар баробари таҳқиқотҳои дар боло зикршуда кормандони озмоишгоҳ сохт ва таркиби макромолекулаҳои селюлозаи нахи пахтаро дар зинаҳои муайян омӯхта, таркиби монандии онҳоро дар вобастагӣ аз минтақаҳои гуногун барои растании солим ва носолим муайян намуданд. Ҳамзамон кормандони озмоишгоҳ барои табобати атрит, бемориҳои пӯст ва ғайра истифодаи лазерҳои камшидатро дар тибби ҷумҳурӣ ба роҳ монданд.
03 марти соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паём таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо иштироки роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ машварати корӣ доир гардид.
Зимни ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба масъалаи таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса равона гардид.
Гуфта шуд, ки мо бояд базаи техникии муассисаҳои илмиро мустаҳкам намуда, барои олимону кормандон ва хусусан муҳаққиқони ҷавон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварем.
Ҳамзамон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ироаи Паём бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи Институти химия озмоишгоҳи наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024 масоили мубрами пайванди илм бо истеҳсолотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани илм ва расидан ба натиҷаҳои илмии бозоргир ба муассисаҳои дахлдор аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа ҷиҳати пайванди илм бо истеҳсолот ин таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техинкаву технологияҳои муосир дар пояи муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои пурра таъмин намудани заминаи модиву техникии муассисаҳои илмӣ, харидории озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техникаву технологияҳои нав иқдомҳои муҳим рӯи кор омада истодаанд.
ИШТИРОК ДАР КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ИЛМИИ МАТЕМАТИКА БАХШИДА БА “БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ”
Дар Литсейи барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар доираи ҳафтаи илмии математика бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гадид, ки дар он директори Институти математика н.и.ф.м. Рахимзода А.О. ва ходими пешбари илмии Институти математика ва муаллифи китобҳои дарсии фаннҳои дақиқ Шарифзода А иштирок ва баромад намуданд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои 2020 – 2040 – Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст.
Олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт як қатор корҳои муҳимро ба анҷом расонида истодаанд.
Имрӯз бо мақсади тақвияти корҳо дар ин самт бо дастуру пешниҳодҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар конфренсия директори Инстиути математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. баромад намуда, оиди заҳмату ғамхориҳо барои пешрафти илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданаш, ки ин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушд ва инкишофи устувори кишвар гувоҳӣ медиҳад минатдорӣ баён намуданд.
Инчунин Раҳимзода А.О. аз номи Институт ба Литсейи барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе монография ва дастурамал барои ҳалли мисолу масъалаҳо тақдим намуданд.