Skip to main content

Бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт соли дуюм аст, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили “Хирад” баргузор мегардад.

Дар маҳфили зикргардида мунтазам олимону академикони соҳибмактаб баромад намуда, аз донишу таҷрибаи андухтаи хеш ҷавонон, иштирокдорони маҳфилро огоҳ намуда, олимону муҳаққиқони ҷавонро барои муваффақ гаштан ва баланд бардоштани илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ роҳнамоӣ мекунанд.

Имрӯз (28.02.2025) дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили навбатии “Хирад” – и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар баргузории маҳфил олимону адибон ва дӯстдорони адабиёт ширкат доштанд. Дар маҳфил китоби тозанашри устод Кучарзода Аламхон бо номи “Андешаҳои дунявӣ дар осори Садриддин Айнӣ” рӯнамоӣ гардид.

Нахуст, ба кори маҳфил президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, оид ба китоби тозанашри устод Аламхон Кучарзода ибрози андеша намуд.

Зимни баромади хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қайд намуданд, ки устод Аламхон Кучарзода яке аз адибонест, ки таҳқиқотҳои зиёде дар самтҳои гуногуни илмӣ адабӣ гузаронида дар тули фаъолияти пурмаҳсули хеш ҳазорҳо шогирдонро дар риштаи адабиёт тарбия карда, дар пешбурди адабиёти муосир саҳми ниҳоят калон дорад ва месазад, ки китобҳои таълифнамудаи устодро дар барномаҳои таълимӣ ҷой намуда, дар муассисаҳои олӣ ва ё дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шогирдон аз ин китобҳои пурмазмуну пурмуҳтаво таълим диҳем.

Таъкид гардид, ки китоби «Андешаҳои дунявӣ дар осори Садриддин Айнӣ» дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир беҳтарин раҳнамо баҳри ҷавонон ҷиҳати ҳифзу муаррифии арзишҳои миллӣ, ҳидоят ба худшиносии миллӣ, таҳаввули тафаккури миллӣ, тақвияти ҷаҳонбини аҳли ҷомеа, ифтихори миллӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқию илмӣ бахшида шудааст. Омӯзиши осори безаволи устод Айнӣ хонанда ва махсусан ҷавонони имрӯзаро дар шароити пур тезу тунди вазъи ногувори сиёсӣ қарор доранд, имконият медиҳад, ки ҷавонон аз таассуб ва хурофотпарастӣ дур шаванд. Воқеан устод Садриддин Айнӣ дар таърихи адабу фарҳанги муосири тоҷик бо осори гаронмояи адабию бадеӣ, мулоҳизоту афкори адабию эстетикӣ, ки саршор аз эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ва фарҳанггустарӣ ҳастанд, ҷойгоҳи махсус дорад ва боиси омӯзиш аст.

Сипас, Аламхон Кучарзода доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи АМИТ баромад карда, оид ба китоби тозанашраш “Андешаҳои дунявӣ дар осори Садриддин Айнӣ” маълумоти муфассал дода, ҷанбаҳои омӯхтанбоб будани асарашро баён дошт. Ҳамзамон аз Роҳбарияти академия ва ҳайати таҳририяи асари тозанашраш изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар идома директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳматкарим Давлатов ва Зафар Саидзода баромад намуда, оид ба асари тозанашри устод Аламхон Кучарзода андешаронӣ намуданд.