“Мо ҳамеша ба неруи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусалламу собит гардидааст, ки дар он ҷойе, ки зиндагӣ ва муҳити зан хубу ором бошад, он кишвар дар вазъи такомулу гулгулшукуфӣ қарор дорад. Ба ин маънӣ низ тавре, ки Жан Жак Руссо гуфтааст: ”Агар тамоми неъматҳои дунё аз байн бираванд, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст”.
Ҳамин тариқ, лашкаркаши шуҷоъу далер Бонапарт Наполеони бузург ва кишваркушо низ беҳуда чунин нагуфта буд: ”Агар бихоҳед, ки андозаи пешрафти тамаддуни миллатеро бидонед, пас ба занони он миллат нигаред”.
Аз ин лиҳоз, пас набояд фаромӯш кард, ки маҳз дар саргаҳи ин ҳама бузургиҳо ва ҷаҳонишавиҳои рӯзафзун пеш аз ҳама нақши Зан - Модар басо ҳам назаррас буда, феълан низ саҳми эшон дар пешбурди ҷомеаи солим ва тарбияи маънавиву ахлоқӣ ва зеҳнии насли наврасу фардоиён аз пештара бештар аст. Чунки айни замон ҷомеаи муосир ва дунёи пуршӯру шару пур аз талотумҳои таърихӣ ба бонувони дорои ахлоқу одоби ҳамида ва соҳибхираду дорои фарҳангу маънавиёти воло ниёзи зиёд дорад. Ба ифодаи Шоири халқии Тоҷикистон, олиму омӯзгори шинохта, устоди гиромӣ Рустами Ваҳоб:
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Ҳамшабеҳ ба ин гуфтаҳо Виктор Гюго низ фармудааст: ”Ҳангоме, ки ҷомеа занонро нодида мегирад ва ҳуқуқашонро поймол мекунад, доғи бенавоӣ ва нанг бар пешонии ҷомеа мемонад”. Аз ин гуфтаҳо чунин хулоса баровардан зарур аст, ки феълан дар ҷомеаи муосири мо нақши бонувон басо ҳам бориз ва назаррас буда, имрӯз ҳам кулли занону модарони тоҷик дар самти пешбурди ҷомеаи солим ва бунёдкориҳою созандагиҳои даврони навин хуб ба назар мерасад.Чунки бе иштироки фаъолонаи занон дар ҷомеа аксар корҳо иҷро нашудаву шояд, ки нотамом мемонданд. Ба гуфти вассофи бонувон ва Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон устод Мирзо Турсунзода:
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо.
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бе тахаллус, бе насаб, бе ном мемондем мо.
Аз ин рӯ, барҳақ, арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми бонувон дар ҷомеа қарзи фарзандӣ ва вазифаи ифтихории ҳар як фарди соҳибхирад аст. Зеро қалби Зан-модар чун булӯр басо нозук асту зудшикан. Заҳмати шабонарӯзӣ, пурсабриву бедорхобӣ танҳо ба занону модарон хос буда, касро мутаҳайир мегардонад. Чунки баъд аз Офаридгор модар нахустин раҳнамову устоди кулли инсоният дар рӯйи олам аст.
Бояд қайд кард, ки бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ маҳз ба шарофати ҳамовозию дастгири фаъолонаи занони Тоҷикистон мавқеи хосу устувори худро пайдо кард. Беҳуда нест, ки Роҳбарияти олии кишварамон низ дар доираи сиёсати иҷтимоии худ, бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои махсуси давлатиро тарҳрезӣ ва амалӣ намуда истодааст, ки ҳар кадоми онҳо дар самти баланд бардоштани нақшу мақоми зан дар ҷомеа мавқеи калон доранд. Аз ҷумла, дар яке аз Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор супориш дода шуда буд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи занону бонувон ”Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва инчунин нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва амалӣ намоянд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми модарон, хоњарон ва бонувонро бахшида ба ин рўзи муборак табрик гуфта, барояшон умри дарози пурбаракат, тани сињат ва дар маљмуъ тамоми хушињои зиндагиро таманно менамоем.
Файзали ҲАКИМОВ - ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ
Имрӯз, 8 апрел президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз захираҳои гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки захираи гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 1941 ташкил карда шуда, ягона манбаи табии махсусгардонидашудаи ботаникӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Фонди гербарии Институт бойтарин коллексияи растаниҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки дар ин ҷо бештар аз 200 000 намунаҳои хушки гербария кардашудаи наботот, аз ҷумла 28 000 растаниҳои ушнашаклон, 15 000 гулсангҳо, бештар аз 15 000 растаниҳои обсабз, ки дар музофотҳои минтақаҳои кӯҳии Памиру-Олой месабзанд (Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизстон), маҳфӯз мебошанд. Варақаҳои гербарӣ аз тарафи олимони гуногун ҳанӯз аз соли 1876 сар карда, то ҳоло ҷамъоварӣ карда шудаанд.
Таъкид гардид, ки захираи гербария на танҳо аз ҷихати бойигарӣ ва таърихи ҷамъоварии намунаҳои растанӣ, ки дар он ҷо аввалин гиёҳҳоро 135 сол пеш олимони намоёни рус ҷамъ карда буданд, балки аз ҷиҳати таркиби навъҳои гуногуни эндемикӣ, нодир ва сурхпусту ба он дохилшуда низ беназир аст. Дар айни замон дар захираи гербарий намунаҳои гербарийи гиёҳҳои шавқовар — боқимондаҳои флораи қадимии Осиёи Миёна, яъне боқимондаҳои флораи сеюми минтақа сабт шудааст.
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ “САҲМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ИЛМ, ФАЛСАФА ВА ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӢ”
4-5 ноябри соли 2025 Маркази синошиносӣ дар ҳамроҳӣ бо шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1045 солагии Абуалӣ ибни Сино баргузор намудани Симпозиуми байналмилалиро дар мавзуи “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ” ба нақша гирифтааст.
Ҳадафи Симпозиуми мазкур фароҳам овардани платформаи ҷолиб барои мубоҳисаҳо, табодули дониш ва дастгирии ҳавасмандиҳои илмӣ дар соҳаҳои илмҳои инсоншиносӣ, иҷтимоӣ ва табиатшиносӣ, таҳкими робитаҳои таҳқиқотӣ-илмии байни донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ буда, баҳри пайдо намудани шарикони ҷаҳонӣ барои ҳамкории оянда имконият фароҳам меорад.
Дар симпозиум бо ширкати донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣ саҳми Ибни Сино дар рушди илму фалсафаи фазои фарҳангии форсу тоҷик; фалсафаи исломӣ ва фалсафаи умумиҷаҳонӣ; масъалаҳои омӯзиши осори энсиклопедии Абуалӣ ибни Сино дар асоси сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ ва дастхатҳо; рушди илму фарҳанг дар давраи Эҳёи Шарқ (асрҳои X-XI) ва нақши Абуалӣ ибни Сино дар он; робитаҳои фарҳангии халқҳои минтақа ва ҷаҳон дар асрҳои миёна ва мақоми Абуалӣ ибни Сино дар он; саҳми Абуалӣ ибни Сино дар раванди ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик; аҳамияти осори Абуалӣ ибни Сино барои замони муосир ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Мақолаҳо ва гузоришҳое, ки ба унвони Симпозиум пешниҳод мегарданд, бояд яке аз мавзуъҳои зеринро дар бар гирад:
• Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди фалсафаи ҷаҳонӣ (масъалаҳои онтологӣ, гносеологӣ, эпистемологӣ, фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, антропология, ахлоқ, мантиқ ва методологияи илмӣ);
• Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ (биология, геология, ва минералогия, метеорология, астрономия, риёзиёт, ҳандаса ва мусиқӣ);
• Илми тиб ва психология дар таълимоти Абуалӣ ибни Сино;
• Таҳқиқи мероси илмӣ-фалсафии Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон;
• Абуалӣ ибни Сино ва масъалаҳои фарҳанг, забон, таърих, тамаддун, тарбияи ҳуқуқӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқи (маънави)-и инсон;
• Абуалӣ ибни Сино ва эҷоди истилоҳоти илмию фалсафӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ ва таъсири он дар забонҳои дигари ҷаҳон;
• Педагогикаи Абуалӣ ибни Сино ;
• Поэтикаи Абуалӣ ибни Сино.
Ҳаҷми мақолаҳо якҷоя бо тасвир, ҷадвал, нақшаҳо ва калидвожаҳою фишурдаи мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бояд то як ҷузъи чопӣ (то 12 саҳифаи чопи компютерӣ) бошанд. Фишурдаи мақола ба як забон на зиёдтар аз 0, 5 саҳифа бошад, калидвожаҳо ҳатмист. Матн бояд дар файли барномаи Microsoft Office Word пешниҳод шуда, андозаи ҳарфҳо 14, гарнитураи Times New Roman, фосилаи 1,5 ва канораҳои матн аз ҳар тараф – 2,5 см бошанд. Саҳифаҳо бояд рақамгузорӣ шуда бошанд.
Мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ бояд то 10 сентябри соли 2025 ба суроғаи зерин ирсол ёбанд: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Тел.: +9923722213949, +992935055204, почтаи электронӣ: rnazariev@yahoo.com; тел: +992918536050, почтаи электронӣ: ramazoni.93@mail.ru.
Интизор меравад, ки пеш аз оғози Симпозиум маҷмуаи мақолаҳо нашр мешавад. Кумитаи тадорукот ҳуқуқашро дар интихоби мақолаҳо ва нашри минбаъдаи онҳо нигоҳ медорад.
Иштирок дар Симпозиум ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат мегирад.
Роҳкиро ва хароҷоти дигари ширкаткунандагони Симпозиум аз ҳисоби худи онҳо пардохт мешавад.
Кумитаи тадорукоти Симпозиум

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар кушодашавии расмии бинои IT - Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи “ICT WEEK-2025” баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Имрӯз, 5 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва як зумра олимону адибон аз ҷумҳурии ба мо наздику ҳамзабон маҳфили илмию фарҳангии “Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қабл аз суханронӣ ҳузури дӯстон, ҳамзабонон ва ҳамтаборони он сӯйи Омуро, ки ба сарзамини аҷдодии хеш ташриф оварда, ҳамроҳи мо дар баргузории ҷашни шукӯҳманди Наврӯзи бостонӣ ширкат меварзанд, ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ ва байналмилалӣ самимона шодбош гуфтанд.
Таъкид шуд, ки дар воқеъ, Рӯди обшори Ому тайи асрҳо моро ба ҳам мепайвандад ва ба баракату файзи баҳори нозанину Наврӯзи оламафрӯз сарзамини аҷдодӣ ва паҳнои Хуросони бузург ҳамешасабз боқӣ мемонад. Ҳарчанд ки аз таҷлили маросимоти Наврӯзӣ андаке гузашта, ҷашни Сездаҳбадар ҳам ба анҷом расидааст, суннатҳои дерини ҷашнӣ дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз ҳам идома доранд.
Мавриди зикр аст чун анъана ҷашну иҷрои суннатҳои наврӯзи дар кишварҳои қаламрави Наврӯз 40 рӯз идома пайдо мекардааст. Аз ин рӯ, ҷойи хушӣ аст, ки имрӯз Наврӯзи оламафрӯзро бо ҳузури фаъоли ҷамъи дӯстону ҳамтаборони он сӯйи Ому ҷашн мегирем. Боиси хушнудист, ки дар ин рӯзҳои офтобии Ватан, ба дунболи таҷлили Наврӯзӣ, бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон ва Бунёди байналмилалии Аҳмадшоҳи Масъуд ин маҳфили зебои илмию фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯз ва ҳамбастагии тоҷикони ду сӯйи Ому” баргузор мегардад.
Гуфта шуд, ки Наврӯз дар силсилаи ҷашну ойинҳо ва маросимоти мардуми тоҷик ҷойгоҳи асосӣ доштаву дорад. Мусаллам аст, мардуми мо дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш вобаста ба замон ва шароит ҷашнҳои зиёдеро таъсис дода, мавриди таҷлил қарор додаанд, ки бо рангу тобишҳои гуногун дар фарҳангу тамаддунҳои дигар миллату ақвом ҷилва карда, барномарезиҳои ҷашнии ононро зебу зинат дода омадааст.
Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз руҳи зинда ва суннати зиндаро дар худ таҷассум намуда, миёни ҷашну ойину маросими дигари миллӣ бостонитарину куҳантарин ва густурдатар будааст. Зиёда аз ин, Наврӯз пойдевори фаҳмиши илмии замонӣ ва тақвимӣ дар густураи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки ҷуғрофиёи васеъро фаро гирифта, на танҳо ба як қавму миллату нажод мутааллиқ аст, балки ба кулли мардуми инсондӯсту хирадпарасти сайёра иртибот мегирад.
Ҳамин аст, ки яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои Ориёӣ, алалхусус мардуми тоҷиктабори ду сӯйи Ому бешубҳа, Наврӯз аст. Агар мо даъвӣ пеш оварем, ки “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”, ҳеҷ гоҳ иштибоҳ нахоҳем кард, чаро ки маҳз дар ин ҷуғрофиё ва густураи таърихӣ аз қадимтарин замонҳо ойину суннат ва фарҳангу маросимоти Наврӯзӣ ба ҷилва даромада, боиси хушҳолию болидахотирии мардум гардиданд.
Аз ин гузашта, талошу кӯшишҳои мардуми фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик тайи таърихи тулонӣ умри ҷашнҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла Наврӯзро дароз карда, миллати куҳанбунёди моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ сохтаанд. Дар заминаи эҳёи суннату маросим ва ойину анъанаҳои дерпойи миллат ташаббусу ибтикороти раҳбарияти олӣ дар шахси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили тазаккури махсус аст.
Дар идома як зумра олимону муҳақиқион ва шоирону адибони ҳарду ҷониб зимни суханрониҳои хеш доир ба таърих ва фарҳангу оинҳои суннатии мардуми тоҷикзабон ва ҷашни аҷдодии ниёкон, аз ҷумлаи Наврӯз маъруза ва шеърхониҳо намуданд. Инчунин, маҳфил дар охир бо замзамаи шеъру сурудҳои овозхонҳои варзида анҷом ёфт.
04 апрели соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ романи тозанашри нависанда Маҷид Салим “Ҳоҷи Ҳусайни Кангуртӣ” муаррифӣ гардид.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳунару завқи нависандагии Маҷид Салим ва романи тозанашраш суханронӣ намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш таъкид дошт, ки бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мардум бо таърихи адабиёти ниёкон ошноӣ пайдо намуда, осори пурғановати шоирони машҳури тоҷику форс дастрас гардид.
Гуфта шуд, ки Сарвари давлат зимни вохӯрӣ бо зиёиён ва дигар қишри ҷомеа борҳо таъкид доштанд, ки танҳо маърифат пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад ва аз солҳои аввали Истиқлолият ҳамеша таъкид мекарданд, ки сарчашмаи асосии худшиносӣ китоб аст. Дар воқеъ, китоб сарвати бебаҳост, ки ақлҳоро рӯшан ва заковатро комил мегардонад. Барои шинохт ва шиносонидани ҳамаҷонибаи фарҳанги ҳазорсолаи миллӣ нақши муҳим ва созгор дорад.
Ҳамин аст, ки дар партави дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осори гаронбаҳои шоир ва мутафаккири шинохта Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ рӯйи чоп омадаанд, ва имрӯз ҳар як шахс метавонад аз ин осори шоир истифода барад.
Таъкид гардид, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ яке аз суханварони орифу фарзона, мутафаккир, соҳибфазилат ва шоири сухансанҷу нозукбаён мебошад, ки дар таърихи адабиёти тоҷик шарафёби мақом ва манзалати хос гардида, осори рангину арзишмандашмазраи дилҳоро шодоб мегардонад. Аз мутолиаи осори гаронбаҳояш маълум мегардад, ки Ҳоҷӣ дар замонаш аз ҷониби амалдорон сахтӣ ва ранҷи зиёд кашидааст.
Дар идома раиси Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, Шерхон Салимов, Кароматулло Мирзоев, Ҷамолиддин Яъқубов зимни суханронӣ доир ба мазмун ва муҳтавои роман ва осори гаронбаҳои мутафаккир ва орифи барҷаста Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигар паҳлуҳои эҷодиёти он маъруза намуданд.
Инчунин, нависанда Маҷид Салим зимни суханронӣ қайд кард, ки дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ақидаҳои пешқадам ба мисли аҳли илму ҳунар, танқиду мазаммати зулму золимон, инъикоси ишқу муҳаббати поки инсонӣ ва дигар фикру ақидаҳои панду ахлоқӣ хеле зиёданд. Осори гаронмоя ва панду ахлоқии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тулӯи офтоби рахшонро мемонад, ки зеҳни хонанда баъд аз мутолиаи онҳо рӯшан ва рӯҳаш болида мегардад.
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ давраи дуюми курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шуд.
Вобаста ба ин дар таърихи 04 апрели соли 2025 зимни нишасти якуми ин иқдом дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 300 нафар олимони ҷавон чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Маърӯзачӣ номзади илмҳои таърих Сафарзода Некрӯз дар мавзуи "Ҷурғофиёи таърихии Давлати Сомониён" гузориши илмӣ ироа намуд. Баъд аз гузориши илмии Сафарзода Некрӯз дар қисмати саволу ҷавобҳо ва муҳокимарониҳо олимони ҷавон фаъолона баромад намуданд.