Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ дар он бо суръати баланд идома доранд, масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ барои ҳар як давлат аҳамияти хос пайдо мекунад. Наврӯз, ҳамчун ҷашни бостонии мардумони эронитабор, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, имрӯз ба яке аз рамзҳои муҳими фарҳангӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон табдил ёфтааст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Наврӯзи соли 2024 таъкид намуданд: “Мо ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад”. Эътирофи байналмилалии ин ҷашн ва саҳми Тоҷикистон дар густариши он, на танҳо боиси баланд шудани обрӯи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст, балки василаи муҳими дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон низ мебошад.
Наврӯз – пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо
Яке аз ҷанбаҳои муҳими Наврӯз, ки имиҷи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшидааст, арзишҳои умумибашарии он мебошад. Наврӯз дар моҳияти худ ҷашни сулҳ, дӯстӣ, ҳамзистии мусолиматомез, эҳтироми табиат ва инсон аст. Чунон ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми шодбошӣ қайд мекунад: “Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст”.
Ин арзишҳо дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон ба мушкилоти зиёди экологӣ, низоъҳои байнидавлатӣ ва байнифарҳангӣ рӯ ба рӯ шудааст, аҳамияти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ пайдо мекунанд.
Наврӯз ҳамчун оинаи ҳувияти миллии тоҷикон
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Бояд гуфт, ки дар масири таърихи тӯлонии халқамон Наврӯзи Аҷам дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро ташкил додааст. Агар забони тоҷикӣ ҳомии осори фаровону ҷовидонаи илмиву адабӣ ва ҳофизаи таърихии мардуми мо бошад, ҷашни Наврӯз дарбаргирандаву нигоҳдорандаи суннатҳои зиндаи халқ, расму ойинҳо ва фарҳанги миллӣ мебошад”.
Ин ақида нишонгари он аст, ки Наврӯз на танҳо як ҷашни миллӣ, балки воситаи муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ низ мебошад. Дар шароите ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои миллӣ таъсири манфӣ мерасонанд, чунин ҷашнҳои суннатӣ барои ҳифз ва густариши фарҳанги миллӣ аҳамияти хос доранд.
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ ВА НАВРӮЗ
Наврӯз дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба унсури калидии дипломатияи фарҳангӣ табдил ёфтааст. Ҳамасола баргузории ҷашни Наврӯз бо иштироки намояндагони кишварҳои мухталиф, сафирон ва ташкилотҳои байналмилалӣ, имкони муаррифии фарҳанги ғанӣ ва суннатҳои миллии тоҷиконро фароҳам меорад. Дар муносибатҳои мусоири байналмилалӣ Наврӯз ҳамчун унсури неруи нарм мебошад.
Эътирофи байналмилалии Наврӯз, ки дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи дипломатии роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ба даст омадааст, имкон додааст, ки кишвар ҳамчун ташаббускор ва пайравгори арзишҳои умумибашарии Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ шинохта шавад. Ин амр дар навбати худ ба тақвияти мавқеи Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ мусоидат намуда, барои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Самтҳои дигари дипломатияи фарҳангӣ дар робита бо Наврӯз. Наврӯз ҳамчун воситаи муҳими дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон на танҳо ба тақвияти мавқеи кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ, балки ба тавсеаи равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи фарҳангӣ низ мусоидат менамояд. Дар ин замина, чанд самти муҳими дипломатияи фарҳангӣ тавассути Наврӯз амалӣ мегардад.
Нахуст, Наврӯз ҳамчун пули иртиботӣ барои тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ хидмат карда, ҳамасола дар арафа ва ҷараёни ҷашнгирии Наврӯз дар Тоҷикистон ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо донишмандону муҳаққиқони кишварҳои гуногун ширкат варзида, дар хусуси ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Наврӯз мубоҳиса менамоянд.
Дуюм, Наврӯз ба таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистон бо ҷомеаи тоҷикон ва форсизабонони муқими кишварҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Ҳамасола намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ бо ҷалби тоҷикони муқими он кишварҳо чорабиниҳои фарҳангиро баргузор намуда, тавассути Наврӯз ҳисси ҳамбастагии миллиро тақвият мебахшанд.
Сеюм, Наврӯз ҳамчун василаи муаррифии ҳунар ва эҷодиёти мардумии тоҷикон хидмат мекунад. Ҳамасола дар доираи ҷашнгирии Наврӯз намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва амалии тоҷикон, инчунин барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони касбӣ ташкил карда мешаванд, ки тавассути онҳо мероси фарҳангии халқи тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.
Чаҳорум, истифодаи Наврӯз барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон аз самтҳои муҳими дипломатияи фарҳангӣ мебошад. Ҷашнвораҳои наврӯзӣ, ки бо шукӯҳи хоса баргузор мегарданд, таваҷҷуҳи сайёҳонро ба фарҳанг ва табиати зебои Тоҷикистон ҷалб намуда, ба рушди саноати сайёҳӣ мусоидат мекунанд.
Дар солҳои охир таҷлили байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Яке аз муҳимтарин чорабиниҳо – Фестивали байналмилалии “Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” мебошад, ки бо иштироки олимону мутахассисони кишварҳои гуногун бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор мегардад. Дар доираи ин чорабнии муҳим масъалаҳои гуногуни марбут ба таърих, фалсафа ва арзишҳои Наврӯз мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои ҳамкориҳои минбаъдаи илмӣ-фарҳангӣ заминаҳои нав ба вуҷуд меоянд.
Форуми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” низ аз рӯйдодҳои муҳим дар арсаи дипломатияи фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар ин форум ҳунармандони касбӣ аз кишварҳои гуногуни олам ширкат варзида, намунаҳои беҳтарини ҳунари миллии худро пешкаши тамошобинон мегардонанд. Дар баробари ин, дар доираи фестивал намоишгоҳҳои кулолгарӣ, қолинбофӣ, чакандӯзӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои мардумии кишварҳои минтақа ташкил карда мешаванд. Дар ин чорабинӣ мутахассисон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Чин ва диг. иштирок намуда, имкониятҳои ҳамкориро дар самти эҳё ва истифодаи мероси фарҳангии тоҷикон дар рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Таърихи эътирофи байналмилалии Наврӯз бо талошҳои пайгиронаи Тоҷикистон алоқаманд аст. Соли 2009 бо ташаббуси муштараки Тоҷикистон, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа, Наврӯз дар феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардид. Сипас, дар соли 2010 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсусро оид ба эълон намудани 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” қабул кард. Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон дар ин раванд нақши ташаббускориро бар дӯш дошт ва дар мулоқотҳои сатҳи баланд бо роҳбарони ЮНЕСКО ва СММ аҳамияти ҷаҳонии Наврӯзро таъкид менамуд. Соли 2023 Тоҷикистон бо ташаббуси муштарак бо Туркманистон, қатъномаи нави СММ-ро оид ба таҳкими ҷойгоҳи Наврӯз дар тақвияти сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии фарҳангӣ пешниҳод намуд, ки аз ҷониби 105 кишвари узви СММ дастгирӣ ёфт.
Наврӯз ба пойдории сулҳ ва ҳамкориҳои байни кишварҳои метавонад таъсири калон назаррас бошад минтақа. Дар шароити муосири геополитикӣ, Наврӯз ба яке аз омилҳои муҳими таҳкими сулҳ ва ҳамкориҳои минтақавӣ табдил ёфтааст. Фалсафаи Наврӯз, ки дар асоси эҳтиром ба табиат, инсон ва ҳамзистии мусолиматомези халқҳо бунёд ёфтааст, барои ҳалли масъалаҳои гуногуни минтақавӣ заминаи мафкуравӣ ва фарҳангӣ фароҳам меорад.
Баргузории чорабиниҳои муштараки Наврӯзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Шарқи Наздик ба густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун мусоидат менамояд. Дар доираи чунин чорабиниҳо на танҳо масъалаҳои фарҳангӣ, балки мавзӯъҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ низ мавриди муҳокима қарор мегиранд. Масалан, дар форумҳои Наврӯзӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ-энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар сатҳи минтақавӣ, Наврӯз ба ҳамгироии миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд. Дар солҳои охир ба ташаббуси роҳбарони кишварҳои минтақа муносибатҳои байнидавлатӣ тақвият ёфта, масъалаҳои сарҳадӣ, обӣ-энергетикӣ ва иқтисодӣ ҳалли худро меёбанд. Дар ин равандҳо Наврӯз ҳамчун унсури муттаҳидкунандаи фарҳангӣ нақши муҳим мебозад. Ҳамасола дар арафаи Наврӯз сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ гузаронида, масъалаҳои мубрами минтақавиро муҳокима менамоянд.
Тоҷикистон дар истифодаи Наврӯз барои таҳкими сулҳу субот дар минтақа фаъолона иштирок менамояд. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи анъанаву суннатҳои Наврӯзӣ дар таҳкими сулҳ ва ҳамкориҳои минтақавӣ аз ҷониби кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ меёбанд.
Наврӯз инчунин дар густариши ҳамкориҳои фаросарҳадӣ ва ҳалли масъалаҳои умумӣ нақши муҳим дорад. Масалан, дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо баргузории маросимҳои муштараки Наврӯзӣ ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мусоидат менамояд.
- Дурнамои истифодаи Наврӯз дар стратегияи дипломатии Тоҷикистон басо равшан ва умедбахш мебошад. Тоҷикистон дар оянда низ метавонад Наврӯзро ҳамчун унсури калидии стратегияи дипломатии худ ҳамчун “неруи нарм” итифода барад. Дар ин замина, чанд самти ояндадор мавҷуд аст:
- Густариши ҷуғрофии дипломатияи Наврӯзӣ. Тоҷикистон метавонад доираи кишварҳоеро, ки дар чорабиниҳои Наврӯзии сатҳи байналмилалӣ иштирок меварзанд, васеътар созад. Хусусан муҳим аст, ки дар ин раванд кишварҳои Аврупо, Амрико, Хитой, Ҳиндустон ва ғайра ҷалб карда шаванд. Ин ба тақвияти мавқеи байналмилалии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
- Таъсиси “Фонди байналмилалии Наврӯз” барои маблағгузории барномаҳои илмӣ-фарҳангии марбут ба омӯзиш ва тарғиби анъанаҳои Наврӯзӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар стратегияи дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон метавонад нақши муҳим бозад. Фаъолияти ин Фонд ба густариши “неруи нарм”-и Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири мусбат хоҳад расонд.
- Сеюм, дар шароити муосири рушди технологияҳо ва шабакаи ҷаҳонии Интернет, муҳим аст, ки дипломатияи Наврӯзии Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ низ густариш ёбад. Дар ин замина, таъсиси платформаҳои маҷозӣ (онлайнӣ), шабакаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои мобилӣ ва воситаҳои дигари иттилоотӣ-технологӣ барои тарғиби Наврӯз ва арзишҳои он дар сатҳи ҷаҳонӣ метавонад ба тақвияти имиҷи мусбати кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъсири мусбат расонад.
- Дар оянда Наврӯз метавонад ҳамчун василаи муҳими ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ истифода шавад. Дар ин самт, таъсиси Намоишгоҳи доимии маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва кишварҳои Наврӯзӣ, баргузории форумҳои соҳибкорӣ дар арафаи Наврӯз, таъсиси платформаҳои тиҷорати электронӣ барои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра метавонанд ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат намоянд.
Ниҳоятан, Наврӯз метавонад дар тақвияти мавқеи Тоҷикистон ҳамчун макони баргузории форумҳои байналмилалии сулҳу ҳамкорӣ нақши муассир дошта бошад. Дар ин замина, дар оянда баргузории конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва ҳамоишҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои сулҳу амният, ҳифзи муҳити зист, рушди устувор ва ғайра дар доираи ҷашнгирии Наврӯз метавонад идомаи мантиқии стратегияи дипломатии Тоҷикистон бошад.
Наврӯз ва сиёсати дохилии Тоҷикистон
Дар сиёсати дохилии Тоҷикистон, Наврӯз ҳамчун омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ хизмат мекунад. Чи тавре ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад”. Ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ буда, онҳо аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ, яъне офаридани зебоӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят менамоянд. Ин ҷанбаи маънавии ҷашн, ки ҳамоҳангии иҷтимоӣ ва адолати иҷтимоиро тарғиб менамояд, дар замони муосир, ки нобаробариҳои иҷтимоӣ яке аз масъалаҳои ҷиддӣ мебошанд, аҳамияти хос дорад.
Наврӯз ва зебоипарастии миллӣ
Дар фарҳанги тоҷикон, Наврӯз ҳамеша бо мафҳуми зебоӣ ва зебоипарастӣ пайванди ногусастанӣ дошт. Дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад. Ин ҷанба, яъне тарғиби зебоипарастӣ ва ободкорӣ, дар сиёсати дохилии Тоҷикистон нақши муҳим бозида, ба ташаккули имиҷи Тоҷикистон ҳамчун кишвари тамаддунсоз низ мусоидат менамояд.
Наврӯз ҳамчун омили рушди сайёҳӣ ва иқтисодӣ
Эътирофи байналмилалии Наврӯз ва баргузории ботантанаи он дар Тоҷикистон имкони ҷалби сайёҳони хориҷиро бештар гардонидааст. Ҳамасола дар айёми Наврӯз сайёҳони зиёд барои шиносоӣ бо тарзи ҷашнгирии Наврӯз, анъанаҳо ва урфу одатҳои мардуми тоҷик ба Тоҷикистон меоянд, ки ин барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад.
Наврӯз ҳамчунин ба рушди ҳунарҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ ва истеҳсоли молҳои анъанавӣ мусоидат менамояд. Ин амр на танҳо барои ҳифзи мероси фарҳангӣ, балки барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва даромад барои ҳунармандони мардумӣ низ муҳим аст.
Наврӯз ва ҳифзи муҳити зист
Дар фалсафаи Наврӯз, эҳтиром ба табиат, ҳифзи муҳити зист ва ҳамоҳангӣ бо он ҷойгоҳи махсус дорад. Муқаддас донистану эҳтиёт кардани табиат, поккории ҷӯйбору чашмаҳо ва тоза нигоҳ доштани дарёву обанборҳо барои мардуми бостонии мо суннати дерина ва бисёр муҳим мебошад. Дар шароити муосир, ки масъалаҳои экологӣ аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, ин ҷанбаи Наврӯз метавонад барои баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи муҳити зист мусоидат намояд. Тоҷикистон аз минбарҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои марбут ба Наврӯз барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла об ва тағйироти иқлим, фаъолона истифода мебарад. Ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, намунаи равшани ин амр мебошад.
Наврӯз ва амнияти озуқаворӣ
Таъкиди Пешвои муаззами миллат дар Паёми шодбошӣ ба мушкилоти глобалии амнияти озуқаворӣ – “Имрӯз сокинони беш аз 80 кишвари дунё аз мушкилоти қаҳтиву гуруснагӣ азият мекашанд” – нишон медиҳад, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни анъанавии кишоварзӣ метавонад барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъала истифода шавад. Мувофиқи таъкид аст, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни марди деҳқон – давомдиҳандаи кори Бобои Одам ба ҳисоб рафта, бо соҳаи кишоварзӣ робитаи мустақим дорад. Аз ин рӯ, Наврӯз метавонад ҳамчун василаи тарғиби кишоварзии устувор, таъмини амнияти озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим истифода шавад, ки ба баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар ин соҳаҳо мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, Наврӯз дар раванди баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим бозидааст. Эътирофи байналмилалии ин ҷашн, ки дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи роҳбарияти кишвар ба даст омада, ба Тоҷикистон имкон додааст, ки ҳамчун кишвари дорои фарҳанги қадима ва ғанӣ, арзишҳои волои инсонӣ ва сулҳхоҳ муаррифӣ шавад.
Наврӯз, ки дар моҳияти худ ҷашни эҳёи табиат, нав шудани сол ва оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, имрӯз ба рамзи муҳими фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ табдил ёфтааст, ки ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Наврӯзи соли 2024 қайд намуданд: "Маҳз ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз куҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад". Аз ин рӯ, Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни миллӣ, балки ҳамчун воситаи муҳими дипломатия, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва тақвияти мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти хос дорад ва бояд ин ҷанбаҳои он мавриди таваҷҷуҳ ва истифодаи бештар қарор гиранд.
Юсуфҷонов Фаридун Муҳаммадиевич, - ходими пешбари шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ